Thursday, October 10, 2019

Пирӯзӣ аз ман асту зи Эрони зиндадил...


- Мо метавонееееееем!
- Хока метоне!!!


***

Кавдано, баҳс баҳси Эрон нест!
Баҳси ман аз табори хештан аст.
Оташи форсии ту – табхол,
Оташи форсии ман сухан аст! 

Ҳамин чаҳор мисраъи зиндаёд Лоиқи Шеръалӣ барояшон кофист. Мушти обдорест ба даҳони бефаровези гурӯҳи андаке порсиситез, ки ҳамарӯза об дар ҳован мекӯбанду ъалайҳи ъазамати забони ҷаҳонгири мо қаламфарсоӣ мекунанд. Як мушт патёраки беаслу насаб, берешаву бепеша, ки ба фармони бегонае ё таҳти таъсири зеҳни девонае дар Тоҷикистон, ки хостгоҳи порсист, мехоҳанд гӯри ин забонро бикананд. Ғофил аз он ки ҳар касе то кунун чунин ҷунуне дошта, устухонаш зери хоки сиёҳ табоҳ шудааст.

Кавдане аз табори ҳамон кавданоне, ки мухотаби устод Лоиқ дар он чакомаанд, ахиран дар ҳарзаномаи “СССР”, чопи Душанбе, дубора як чунин талоши шармбор кардааст. (Зимнан, Тоҷикистон танҳо кишвари Шӯравии пешин аст, ки нашрияе бо номи нангбори “СССР” дорад; ҳарзаномае, ки ошкоро истисмору истеъмори бегонагонро меситояд ва дар орзуи тадовуми бардагии тоҷикон аст).

Норӯзноманигори маълумулҳоле, ки сардабирии он ҳарзаномаи шумномро бар ъуҳда дорад ва ахиран дар расонаҳои иҷтимоъӣ бо номҳои гуногун аз ӯ ёд шуда (ба гунае, ки инҷо аз зикри ҳатто як номи ӯ маъзурем), фишурдаи чарандиёти худ дар бораи зарурати парҳез аз хатти порсиро дар ду ҷумла бад-ин шакл овардааст:

“А) Ин забони илм нест ва;

Б) Насли бе ин ҳам донишбезори мо тамоман аз хатти савод маҳрум хоҳад гашт.”

Инсофан, бояд иқрор кард, ки ӯ дар як мавриди бахусус садоқат ба харҷ додааст. Ҳамин ки худаш ва ҳамтоёнашро “донишбезор” меномад, ҳақиқати ноб аст. Масалан, дар ҳамон ҷумлае, ки нивишта, мебинед, ки “хатту савод” ҳам балад нест ва он ъиборатро ба шакли “хатти савод” оварда, ки гӯёи бесаводии худи ӯст. Дар ин ғалатномае, ки бо номи “Мо ва забони мо” мунташир кардааст, намунаҳои боризи бесаводии нивисанда мавҷ мезанад.

Бале, бесаводӣ. Дар садаи 21 мелодӣ “савод” фақат тавоноии хондану нивиштан нест, балки тавоноии дуруст хондану дуруст нивиштан аст, ки норӯзноманигори мавриди назар аз ҳар ду бебаҳра аст. Нимнигоҳе ба чарандиёти подарҳавои ӯ кофист, ки ба ин ҳақиқат пай бибаред.

Масалан, мафҳуми “бозгашт” дар баёни ӯ “баргардиш” тарҷума мешавад. “Таҳрик кардан” дар забони ӯ “таҳрик додан” аст ва аз ин феъли номаънус вожаи номаънустари “таҳрикдиҳанда”-ро месозад. Забони ъибриро “иврит” меномад ва забони ҳиндиро “индусӣ”. Ин моҷароҷӯи салитаи даҳр муддаъист, ки мухолифони дидгоҳҳои хиёнатбораш “бо авантюраашон номӣ шудаанд”...

Кӯтоҳсухан, аз сари ин норӯзноманигор як сатри обод таровиш накард, ки накард. Ва мову шумо дар замонае ба сар мебарем, ки дар сарзамини мо як чунин нобаладе худро соҳибхона ва дигаронро бегона медонад; ба худ иҷоза медиҳад, ки забонро ба дигарон омӯзиш бидиҳад; бо боди буруту ғабғаб дастурҳои кадушоҳгунае содир кунад... Ва мисли кӯдаке, ки пушти домони модари меҳрубон паноҳ бурда бошад, мухолифонашро бо танбеҳи ниҳодҳои марбута таҳдид мекунад ва аз модар шикоят мекунад, ки чиро гӯши бачаҳои маҳалларо, ки озораш додаанд, наметобад... Як чунин достонест!

Пас таъаҷҷубе надорад, вақте ки чунин фарди бесаводе бигӯяд: забони порсӣ, яъне забони миллии тоҷикони ҷаҳон, забони ъилм нест. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки ин ҷумлаи ӯ  (“Ин забони илм нест”) марбут ба забон аст, на хат. Яъне касе, ки худро тоҷик медонаду дигаронро тоҷикситез, бо забони дароз мегӯяд, ки забони тоҷикон забони ъилм нест! Чун барои ин “СССР”-зада танҳо забони русӣ забони ъилм аст лобуд. Инро касе мегӯяд, ки дониши русиаш дар ҳадди даромехтани вожагони русӣ бо порсӣ хулоса мешавад ва мутмаиннан, даҳ дарсади он забонро ҳам балад нест.

Оё тоҷике, ки забони, эҳтимолан, модарии худро нотавон медонад ва онро фақат дар чаҳордевории хона тасаввур мекунад, на дар осори ъилмӣ, меҳандӯст аст ё хоин? Тоҷике, ки мункири “Донишнома”-и Пури Сино шуда бошад ва забони ӯро ғайриъилмӣ бидонад, аслан тоҷик аст ё тоҷикситез? Худ донед. Аммо бузургвор Лоиқ дар соли 1983, пеш аз ҳулули баҳори бозсозӣ (переструйко), посухи ин тоҷикситезро ба беҳтарин шакли мумкин дода ва чунин ҳукми ҳакимона карда буд:

Гоҳо аз минбарҳо
дар кунгураҳо
дар китобу дафтарҳо
рӯзномаву маҷаллаҳо
нотиқи булфузуле,
қаламкаши гӯле
бо бонги баланд
бо ранги баланд
мегӯяд
ё менависад:
Халқи тоҷик
дар гузашта
бесавод буд
саросар...

Қаҳ! Қаҳ! Қаҳ!
Эй кавдан!
Эй сагдаҳан!
Ту бесаводӣ
Ё Рӯдакӣ?
Ту бесаводӣ
Ё Фирдавсӣ?
Ту бесаводӣ
Ё Сино?
Ё Хайём?
Ё Ҳофиз?
Ё Саъдӣ?
Ё Румӣ?
Ё Низомӣ?
Ё Саноӣ?
Ё Аттор?
Ё Соиб?
Ё Ҷомӣ?
Ё Биноӣ?
Ё Камол?
Ё Носири Хисрав?
Ё Бедил?
Ё Саййидо?
Ё Дониш?
Ё Шоҳин?

Дар баробари ин бузургон
Кӯрии ту мусаллам аст,
Омин!

Забонеро, ки ин “нотиқи булфузул” ғайриъилмӣ медонад, нашрияи New Scientist дар садаи 21-уми мову шумо ъилмитарин забони ҷаҳон эълом кардааст. Ба таъбире дақиқтар, ба гузориши ин маҷаллаи ъилмии муътабари ҷаҳон, Эрон бештарин оҳанги рушди интишори осори ъилмӣ дар ҷаҳонро дорад (https://www.newscientist.com/article/dn20291-iran-is-top-of-the-world-in-science-growth/). Ба забони порсӣ, албатта, ки дар Эрон забони ҳамаи ъулуми мавҷуд дар гетист.

Забоне, ки ин “қаламкаши гӯл” ғайриъилмӣ хонда ва забони миллии тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бино ба баррасии мароҷеъи интернетӣ, ҳаштумин забони Интернет дар ҷаҳон аст ва нахустин забони манотиқи мусалмоннишин. Яъне дар Интернет ба забони порсӣ (ба дабираи порсӣ) матолиби бештаре вуҷуд дорад, то ба забонҳои чинию ъарабию туркию итолиёию юнонию ғайра. (https://w3techs.com/technologies/overview/content_language/all?fbclid=IwAR299Jx0Oj21i-3rPvNBrAEXT-I-oYxEdgOjKVj8n3Md52qs1I6Wu-5Wu98)

Забоне, ки ин намакнашнос ғайриъилмӣ хонда ва забони миллии тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ду тан аз бузургтарин донишмандони риёзидони рӯзгори моро парварондааст: Марями Мирзохонӣ ва Фаридуни Дурахшонӣ (Кӯчари Биркор). Ин ду донишманд бо фосилае андак бузугтарин ҷоизаи риёзии ҷаҳон (Филдз)-ро бурданд, ки бо номи “Нубели риёзӣ” маъруф аст.

Фаридуни Дурахшонӣ, курди эронӣ, таҳсилоти риёзиашро дар Эрон гирифта ва донишомӯхтаи риштаи риёзии Донишгоҳи Теҳрон аст. Ба забони порсӣ, албатта.

Равоншод Марями Мирзохонӣ ҳам, ки аз навҷавонӣ дар зумраи афроди боистеъдоди истисноӣ буд, донишомӯхтаи Донишгоҳи Санъатии Шарифи Теҳрон аст. Ва замоне ҳам, ки ба хотири ҳуши хориқулъодааш ба Донишгоҳи Ҳорворди Омрико пазируфта шуд, ба гувоҳии шоҳидон, аз дарсҳо ба хатту забони порсӣ ёддошт бармедошт (She used to take her class notes in Persian. https://news.stanford.edu/press-releases/2017/07/15/maryam-mirzakhanedal-winner-dies/). Ва ҳамин нобиғаи эронии порсигӯ, ки донишашро ба хатту забони порсӣ фаро гирифта буд, нахустин зани торихи ҷаҳон шуд, ки ҷоизаи Филдзро ба даст овард.

Ин носипос резахори хони порсӣ забонеро хор дониста, ки дар рӯзгори мо нивисандагони бузурге аз Афғонистонро ба бор оварда ва ба ақсо-нуқоти ҷаҳон гусел кардааст. Ҳамин имрӯз ҳам Холид Ҳусейнӣ аз пурфурӯштарин нивисандагони инглисизабон дар ҷаҳон аст. Чанд сол пеш дар як соли воҳид Холид Ҳусейнӣ беҳтарин нивисандаи инглисизабони ҷаҳон, Ъатиқи Раҳимӣ беҳтарин нивисандаи фаронсавизабони ҷаҳон (барандаи ҷоизаи Гункур) ва Ҳумайро Қодирӣ беҳтарин достоннивиси порсизабон эълом шуданд. Ҳамагӣ зодаи Афғонистонанд ва ҳар се дониши аввалияи худро ба забони порсӣ гирифтаанд. Яъне хишти аввалашон росту сари ҷояш будааст. Бар пояи ҳамон хишти порсӣ буд, ки ба авҷе дар осмони адабиёти ҷаҳонӣ расиданд. Зимнан, хонандагони осори Холиди Ҳусейнию Ъатиқи Раҳимӣ хуб медонанд, ки чи андоза он достонҳо сиришта аз баёну тасвирҳои порсист!

Ҳоло аз ин патёраки “СССР”-задаи пирилликбарсар бояд пурсид, ки чи дарде дорад. Пириллик чи ифтихоре барои ту офаридааст, ки бар рухи мо бикашӣ? Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки суҳбат аз забони мову шумост; забони порсӣ. На забони русӣ, ки забони иншову халлоқияти тоҷикони бисёре буда ва онҳоро ба мақому мартабаҳои ъилмӣ ҳам расондааст, ки Русия ҷузъи дастовардҳои худ медонад, на тоҷикон. Ҳангоме ки ба ду чашми сар мебинем, ки тоҷикони дигар ба хатту забони модарии мову шумо ба қуллаҳои басе буландтари ъилму дониш даст ёфтаанд, оё ин пурсиш худбахуд падид намеояд, ки чиро мо дар банди пириллики тоҷиккуш ҳастем? Пириллике, ки халлоқиятро аз тоҷик биситонад ва тоҷикро водорад, ки танҳо аз роҳи забоне ғайр (русӣ) ба манзилате ъилмӣ бирасад, оё миллатсоз аст ё миллатсӯз?!

Ҳангоме ки тамоми додаҳои ъилмию пажӯҳишӣ собит мекунад, ки тоҷикон бо гузор ба хатти порсӣ на танҳо ба уқёнусе аз осори куҳану навини ъилмӣ даст меёбанд, балки метавонанд қатраҳое барои он уқёнуси худӣ ҳам биофаринанд, чигуна метавон бо он мухолифат кард? Бо чи пиндоре ҷуз пиндори тоҷикситезона?

Мегӯяд: “Роҷеъ ба Забони Тоҷикӣ, ки ин мардум аз номбарии он ор медонанду ақоиди хешро сари дигарон бор карданиянд, ки гӯиё ин 1 падидаи сунъии пасошӯравист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ авҷ гирифт ва ғ. ва ҳ.,овардани чанд масал кофист, то ҳақиқати кулл фош шавад. Падару модар ва бобову бибиҳои мо оё намегуфтанд, ки «Забони Тоҷикиро намефаҳмӣ?», «О, ман бо ту ба Тоҷикӣ гуфта истодаам!»

Магар ин ҳақиқати “сунъӣ” аст, ки то соли 1928 забони иморати пешини Бухоро ва Тоҷикистони он рӯзгор расман “форсӣ” ном дошт? Оё санаде ҳаст, ки хилофи ин ҳақиқатро собит кунад? Оё тамоми бузургони мо хоин будаанд, ки забони худро “порсӣ” номидаанд? Оё касе ҳаст мункири ин ҳақиқат бошад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ сирфан ба хотири тазъифи забони порсӣ ва эҷоди ихтилоф миёни тоҷикон истилоҳи сиёсии “забони тоҷикӣ”-ро сохту ҷо андохт? Забони порсӣ, ки куҳантарин забони тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва рақиби шумораи яки забони русӣ, дар берун аз марзҳои Шӯравӣ ҳам забони расмии ду кишвари дигар буд. Илзомоти сиёсӣ ҳукумати истолиниро бар он дошт, ки на танҳо ном, балки хатту дастуру талаффузи ин забонро ҳам дасткорӣ кунад, то гӯишваронаш аз аслу решаи худ дур биуфтанду чунин манкуртҳое падид оянд. Ҳеч аҳаде ҳаст, ки ин ҳақиқатро бо истидлоли торихӣ рад кунад? Нест. Чун торих гувоҳи ҳамин ҳақиқат аст.

Ва касе, ки аз фармудаҳои мардумии Тоҷикистон огоҳ бошад, ҳатман ин масалро шунидааст: "Форсию ростиша бигӯ..." Мардуми бумии Тоҷикистон ин масалро ҳатто дар замони Шӯравӣ, ки порсикушӣ ҷараён дошт, хуб ба ёд доранд.
Фақат нотоҷикон онро намедонанд.

Ва боз мегӯяд: “Ва боре андешидаед, ки чаро афғонҳои мӯҳтарам аслан сари дарӣ ё порсӣ баҳс надоранду мо дорем?”

Албатта, агар нивисандаи он музахрафот сари сӯзан ъақле дошт ё дастикам шома ё бӯёии рӯзноманигорона, медонист, ки мавзӯъи “форсию дарӣ” дар Афғонистон 55 сол аст, ки фурӯ наменишад. Аз замоне ки Зоҳиршоҳи афғон ба тақлид аз Истолин ва бо ҳадафи тазъифи порсӣ ва дурӣ аз Эрон дар соли 1964 номи “форсӣ”-ро дар Афғонистон табдил ба “дарӣ” кард (яъне сифати забони порсиро ба исми забон табдил кард), то кунун баҳси “форсӣ ё дарӣ” дар Афғонистон фурӯ нахуфтааст. Душманони порсӣ дар Афғонистон, ки ъумдатан аз қавмгароёни паштун ҳастанд, тоҷикони он сарзаминро вомедоранд, ки ба “донишгоҳ” бигӯянд “пуҳантун” ва ба “додгоҳ” бигӯянд “соранволӣ” ва ба “сарҳанг” бигӯянд “дагарвал”... Душманони порсӣ дар он сарзамин мехоҳанд инҳоро ба ъунвони “мусталаҳоти миллӣ” ҷо биандозанд. Ъайни кори “СССР”, ки вожагону истилоҳоти нокуҷоободии нопорсиро ба зӯр мехоҳад дар забони мардум ҷорӣ кунад. Инҳо ҳама ба ҳамон баҳси “порсӣ ё дарӣ” бармегардад. Ҳеч тоҷики фарҳехтаи Афғонистонро намешиносам, ки забони худро чизе ҷуз “порсӣ” бидонад.

Шодравон Қаҳҳори Ъосӣ, аз тоҷикони Афғонистон, танҳо яке аз бешумор чомасароёни он сарзамини модарист, ки дар тасбити номи “порсӣ” чакомаҳое сурудааст. Аз ҷумла ин яке:

Гул нест, моҳ нест, дили мост порсӣ,
Ғавғои кӯҳ, тараннуми дарёст порсӣ.
Аз офтоб муъҷиза бар дӯш мекашад,
Рӯ бар муроду рӯй ба фардост порсӣ.
Аз Шом то ба Кошғар, аз Синд то Хуҷанд,
Ойинадори ъолами волост порсӣ.
Торихро, васиқаи сабзи шукӯҳро
Хуни ману каломи муталлост порсӣ.
Рӯҳи бузургу табли хуросониёни пок,
Чатри шараф, чароғи Масеҳост порсӣ...

Кӯр аст чашме, ки ин мисраъҳоро набинад ва кар аст гӯше, ки ин фарёдро нашнавад.

Агар ин одамак чунин иддиъоеро дар ҳузури Латифи Пидром карда буд, чи мешуд? Ҳамон тоҷики Бадахшони Афғонистон, ки беш аз нисфи ъумри сиёсиаш барои боз овардани ҳувийяти порсӣ барои забони миллии сарзаминаш ҳазина шудааст.

Намуна ки андак нест. Аммо оё дирояте аз он сӯи баҳс ҳаст, ки ин намунаҳоро дарёбад ё дастикам худашро ба кандукове водорад, то бибинад, ки чи ғалате муртакиб шудааст?

Иттифоқан, мушкиле, ки тоҷикон дар Афғонистон доранд, иддиъоҳое шабеҳи иддиъоҳои бепояи “СССР” аст, ки аз сӯи нотоҷикон ё ғайритоҷикон тарҳ мешавад. Дар Тоҷикистон, аммо, чунин иддиъоҳоеро касоне тарҳ мекунанд, ки мисли ин нобалад худро “тоҷик” медонанд ва бо суханонашон тоҷик будани худро зери суол мебаранд. Пас мушкили тоҷикони порсигӯи Тоҷикистон бамаротиб печидатар аст. Касоне дар ин сомон худро душмани тоҷикон муъаррифӣ кардаанд, ки ба таври истеҳзоомезе худро “тоҷик” меноманд.

Ва ҷолиб аст, агар бидонед, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамин душмани дуоташаи порсӣ дар Тоҷикистон пули сафар ва ҳузур дар чанд нишасту кунфронсро додааст. Ҳамон Ҷумҳурии Исломие, ки ду бор маро аз хоки сиёсии Эрон рондааст ва ҳаққи вуруд ба он хокро аз ман барои ҳамеша гирифтааст. Ва ҳар молу дороие, ки дар Эрон дорам (ки хушбахтона, надоштам), расман мусодира шудааст.

Аммо магар ҳувийяти инсонӣ тобеъи сиёсат аст? Яъне агар имрӯз аз Раҳмон дили хуше надорем, дигар тоҷик набошем? Ва агар Эрон режими нописанде дорад, ки хушоянди мо нест, дигар аз буду набуди худамон ҳам бибурем?

Ҳаргиз сотури сиёсат хутути ватани маро таъйин накарда буд, ки ин бор бикунад. Ватани ман густараи забони порсӣ буда ва ҳаст.

Ҳарзаномаи “СССР” дар ин нивиштаи худ бори дигар собит кард, ки масъалаи душманӣ бо порсӣ дар Тоҷикистон комилан сиёсист, на ъилмӣ. Ин бесавод ҳам, ки дам аз хусумат бо порсӣ мезанад, сад дарсад дар ҳоли анҷоми як маъмурияти сиёсист, на исботи як ҳақиқати ъилмӣ.

Пас ононе, ки ъатои сиёсатро ба лиқояш бахшидаанд, баосудагӣ метавонанд ҳамчунон дунболи ҳақоиқи ъилмӣ бигарданд ва чарандиёти ин тоифаро ҳазёни барошуфтагони бесавод таъбир кунанд.

Ва аммо ин ки гузор ба хатти порсӣ мардуми Тоҷикистонро гирифтори бесаводӣ мекунад, чаранде беш нест. Эй кош ин садоҳои “виҷдон” дар замони Истолин буланд мешуданд, ки ду бор якшаба хатти Тоҷикистонро ъиваз карда буд. Яъне то дастур аз боло меояд, сар фуруд меояд. Имрӯз ҳам, то Раҳмон бифармояд, фармон баҷо ояд.

Албатта, мо дигар тобеъи он фармонҳои давлатӣ ҳам нестем ва қасд дорем, ки тоҷикиятро ба ҳар тариқи мумкин зинда нигаҳ дорем. Ҳатто агар давлати марказӣ хилофи тоҷикият дастур медиҳад ва порсиро, ки ъунсури аслии тоҷикият аст, аз тоҷикони Тоҷикистон дареғ медорад. Тоҷикон порсӣ хоҳанд хонд. Инро чи давлат бихоҳаду чи на, дар миёни тоҷикон пиёда кардаем ва хоҳем кард. Ҳеч касе қодир нест тоҷиконро аз ин муҳаррики вуҷудашон, ки порсист, маҳрум кунад.

...Маъмулан, ҳангоме ки ин тоифаи худбохта барошуфта мешавад, дам аз ҷангу интиқому хунрезӣ мезанад. Пештар ҳам шоҳидаш будем. Мутасаддиёни ҷанги, ба истилоҳ, дохилии Тоҷикистон ҳамин ҷосусакони Русия буданд, ки равшанфикрон ва нерӯи пешрави Тоҷикистонро душмани мардум ҷилва доданд, то бардагии тоҷикон идома дошта бошад. Ҷангро ҳамин нохалафони мо доман заданд. Устод Тоҳир аз ҷанг безор буд ва ободгартарин тоҷики торихи муъосир аст. Ҳамин ҷосусакони амниятии “тоҷик”-и Кремлин устоди ъазизро сардамдори нооромиҳо муъаррифӣ карданд. Дар соли 1991.

Фақат 28 сол бо он балвои КГБ-и Шӯравӣ фосила дорем. ФСБ, вориси бисёр қавитару пурдоманатари КГБ, ки “СССР” ошкоро аз он дифоъ мекунад, он дарсҳоро хуб ба ёд дорад ва ба фикри такрори онҳо ҳам ҳаст; он гуна ки аз суханони маъмури сарсупурдааш дар “СССР” бармеояд. Ҳамчунон ба фикри ба ҷони ҳам андохтани тоҷик бо тоҷик аст. Он бор кор кори Русия ва надонамкории тоҷикон буд. Ин бор умедворам ҳеч тоҷике тан ба дасисаи Кремлин надиҳад ва ҳисоби забону фарҳангро аз сиёсати палид ҷудо бидонад ва даст ба силоҳ наёзад ва ин қиморро набозад ва ҳамчунон порсигӯ бимонад. Мисли ҳазор соли пешин.

Зинда бод порсӣ забони миллии тоҷикони ҷаҳон!

***

Саранҷом, боз ҳам чанд фуҳши обдору намакину мондагор аз устоди варҷованд Лоиқ ба нотоҷикони эронситезу порсигурез, ки сабт аст бар ҷаридаи торих:

Ман Эронам, ки Ъишқ эълом кардам, 
Ҷаҳонеро сафо инъом кардам. 
Худою анбиё аз ман бинозанд, 
Ки ман исломро ислом кардам.

***
Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ.
Ба тоҷику ба эронӣ
Муҳаббат бод арзонӣ.
Садоқат бод,
Наҷобат бод,
Шаҳомат бод арзонӣ!

***

Яке гуфтӣ, ту эронӣ, дигар гуфтӣ ту тоҷикӣ,
Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст!
(1977)

***

…Пирӯзӣ аз ман асту зи Эрони зиндадил, 
Нафрини ман ба ҳастии бемуттакои туст! (1976)

2 comments:

playbajar said...

Attempt to abstain from being taken to an "end" room. When arriving at the last phases of arrangement, numerous salesmen take the client to a different room, and at times even a different "shutting" sales rep. Attempt to keep away from this if conceivable, remaining in the open where you are more averse to be threatened. satta king
play bazaar
satta matka

Play said...

Forex exchanging should be possible on the web. Realize what patterns are going on and what they mean with regards to the market, and use what you have figured out how furthering your potential benefit. Try not to get excessively sure about your investigation and overextend your financial limit, be that as it may. Satta King
Play Bazaar