Friday, October 23, 2020

Вомвожаситезӣ - мояи фақри забон

Яке аз суханоне, ки Меҳрёри Меҳрофарин дар мунозира бо Исфандиёри Одина бар он таъкиди дучандон дошт ва ба қавли худаш, “перомуни он дар бисёре аз китобҳо гуфтугӯ” кардааст, марбут ба вомвожаҳо (калимоти иқтибосӣ) буд. Парҳези ӯ аз вомвожаҳо дар гуфтораш комилан маҳсус аст, ки гоҳ сутуданист ва гоҳ накӯҳиданӣ. Дар ҳамон ҷумлае, ки ишора шуд, “перомуни он” беҳтар аз “дар атрофи он” аст. Дар воқеъ, дар он бофтори бахусус, вақте ки “перомун”-ро дорем, ниёзе ба “дар атроф” нест. Вале дар идомаи ҷумла мегӯяд: “дар бисёре аз китобҳо гуфтугӯ кардаам”. Зоҳиран “гуфтугӯ”-ро танҳо барои парҳез аз вожаи “суҳбат” ба кор бурдааст, ки вазъияти музҳики тундравони ҷунбиши сарагароиро ба намоиш мегузорад. Дар бораи мавзӯъе дар китоб “гуфтугӯ кардан” ба он монад, ки дар китобҳои ин оқо миёни худаш ва касе ё касони дигар гуфтугузоре сурат гирифта бошад. Чун дар забони порсӣ “гуфтугӯ” ду ё чанд тараф дорад, бар хилофи “гуфтор”, ки мутаъаллиқ ба як тан аст. Пас набояд мафҳумҳоро қурбонии парҳез аз вомвожаҳо ё, ба истилоҳ, поксозии забон кард. Чунин талошҳое роҳ ба чоҳ мебарад ва забонро фақир мекунаду аз равнақ меандозад. Аммо мушкили Меҳрофарин бо вомвожаҳо ба андозаест, ки бобати ҳузури онҳо дар забони порсӣ муддаъист, чунин забоне дигар вуҷуд надорад. Мегӯяд: “Забонеро, ки имрӯз мо забони порсӣ ном мебарем, ин забон ба ҳеч рӯй форсӣ нест, ба ҳеч рӯй туркӣ нест, ба ҳеч рӯй ъарабӣ ҳам нест. Мо як мардуми саргардон ҳастем, бо забоне бо номи форсӣ, ки 65 дарсади он ъарабӣ аст ё муъарраб шуда, мардум он бунвожаҳову решаро намефаҳманд ва вомдор аз забонҳои дигар аст.” Пештар ҳам дар ин гурӯҳ борҳо гуфтаем ва Исфандиёр ҳам бахубӣ дар вокуниш ба ин сухани ӯ ёдовар шуд, ки 80 дарсади забони инглисӣ ъиборат аз вомвожа (калимоти иқтибосӣ) аст. Яъне танҳо 20 дарсади тавонмандтарин забони ҷаҳони имрӯз асолатан инглисист ва мобақӣ аз забонҳои дигар омадааст. Дар воқеъ, инглисӣ аз 350 (!) забони дигар вомвожа пазируфта ва ба ҳамин далел ҳам саҳми он забонҳо дар баробари вожаҳои инглисии ноб бештар аст. Феҳрести бархе аз он забонҳо ба тартиби таъсиргузоришон бар забони инглисӣ чунин аст: лотин, юнонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ, испониёӣ, ҳуландӣ, искондиновиёӣ, жопунӣ, ъарабӣ, пуртуғолӣ, сонскрит, русӣ, моурӣ, ҳиндӣ, ъибрӣ, порсӣ, молоӣ, урду, ирландӣ, африкоонс, йидиш, чинӣ, туркӣ, нурвежӣ, савоҳилӣ... Дар ин миён бештарин саҳмро лотину юнонӣ доранд ва дар заминаҳои ъилмию фанноварӣ беш аз 90 дарсади вожагони инглисӣ решаи лотину юнонӣ доранд. Беш аз 90 дарсад, аммо забони инглисӣ на танҳо намурдааст, балки зиндатарину пӯётарин забони ҷаҳони имрӯз аст. Нуфузи забони лотинӣ бар инглисӣ фаротар аз вомвожаҳо ҳам меравад. Барои намуна, пешвандҳои co-, de-, dis-, inter-, non-, post-, pre-, re-, sub-, trans- ва пасвандҳои -able (-ible), -ation, -fy (-ify), -ment, -ty (-ity), ки дар забони инглисӣ ҳазорон вожа сохтаанду имрӯз ҳам месозанд, ҳама ва ҳама асолатан лотинианд. Афзун бар ин, ба монанди ҷамъбандии ъарабӣ, ки дар забони порсӣ имрӯза равоӣ дорад (ҷомеъа – ҷавомеъ, мадраса -мадорис, минтақа –манотиқ) , ҷамъбандии лотинӣ ҳам дар забони инглисӣ роиҷ аст: addendum – addenda (замима), aquarium – aquaria (обзидон), gymnasium – gymnasia (дабиристон), maximum – maxima (бешина), memorandum – memoranda (ёддошт), minimum – minima (камина), moratorium – moratoria (истимҳол), referendum – referenda (ҳамапурсӣ). Албатта, ин вожаҳоро мешавад ба шакли инглисӣ ҳам ҷамъбандӣ кард; ба монанди addendums, aquariums, gymnasiums ва ғайра. Дуруст шабеҳи “мадорис”, ки ба порсӣ “мадрасаҳо” ҳам гуфта мешавад ва “манотиқ”-ро “минтақаҳо” ҳам гӯянд. Вале дар забони инглисӣ вожаҳои лотине ҳастанд, ки ҳаргиз ба инглисӣ ҷамъбандӣ намешаванд, балки ҳамеша ҷамъбандии онҳо лотин аст. Ба монанди: alga – algae (ҷулбак, обсабз), desideratum – desiderata (хост; матлуб), larva – larvae (лорв, “личинка”), nucleus – nuclei (ҳаста). Агар инглисиҳо ҳам таъассубу вомвожаситезӣ доштанд, гумон намеравад, ки забонашон метавонист ба ҷойгоҳи кунуниаш бирасад. Аз ҳуҷуми вомвожаҳо ба забон мешавад ҷилавгирӣ кард; аз тариқи корбурди бешинаи мутародиф (вожаи ҳаммаъно)-и ноб, ки ъайни он маънои вомвожаро дошта бошад ва ба маънову мазмуну манзур осеб нарасонад. Аммо агар бихоҳем ба ҷои як вомвожа вожае нобро ба кор бибарем – ҳарчанд маънои дақиқи он мафҳуму манзурро надошта бошад – ба забонамон дӯстии хола-хирса кардаам ва бар он латма ворид овардаем ва забону баёнамонро бенавотар кардаем.

Бо сози сикка...

Худро ҳазор бори дигар ранг мекунанд,
Бо сози сикка нағмаву оҳанг мекунанд.
Ин луъбатакон* масти навои ду-се пашиз*
Ҳам бо сару ҳам бо думи худ ҷанг мекунанд.
Аз ин ки софу сода ба ҳарроҷ* мераванд,
Бадкораҳои* шаҳр басе нанг мекунанд.
Бо пардадарӣ, хирасарӣ, нобародарӣ
Номусу номи ҳам ҳадафи санг мекунанд.
Хушнуд онки сикка ба дастгоҳ рехта,
Шодию сӯр мардуми алданг* мекунанд.
Боқӣ ҳама назорагари хаста аз ҷидол
В-аз луъбатони хор, ки дилтанг мекунанд...
28 меҳри 1399 / 19.10.20
د.ر
______________________________
* Луъбатак, луъбат - лухтак, ъарӯсак, зоча
* Пашиз - пули ночиз
* Ба ҳар(р)оҷ рафтан - бо қимати поин ба фурӯш рафтан; дар музояда ба фурӯш рафтан
* Бадкора - руспӣ, фоҳиша
* Алданг - нодон, коно; буландболои нодон
خود را هزار بار دگر رنگ می‌کنند
با ساز سکه نغمه و آهنگ می‌کنند
این لعبتکان، مست نوای دو سه پشیز
هم با سر و هم با دم خود جنگ می‌کنند
از اینکه صاف و ساده به حراج می‌روند
بدکاره‌های شهر بسی ننگ می‌کنند
با پرده‌دری، خیره‌سری، نابرادری
ناموس و نام هم هدف سنگ می‌کنند
خوشنود آنکه سکه به دستگاه ریخته
شادی و سور مردم الدنگ می‌کنند
باقی همه نظاره‌گر خسته از جدال
وز لعبتان خوار که دلتنگ می‌کنند...
۲۸ مهر ۱۳۹۹
Таҳаммул кун, Ватан, имрӯз ҳам бо ту намемонем,
Ҳама маҷзуби осоиш, ҳама маръуби* Раҳмонем.
Ҳама оҳиста-оҳиста гушуда хандаи писта,
Равону рӯҳи вораста намехоҳем, намедонем.
Агар фарёд одам буд, дусад муште ба сар мезад,
Ки “Аз зиндон раҳоям кун, ки то фардо намеронем!”
Таҳаммул кун, Ватан, чунки шикам дар раддаи болост,
Балое рафта бар ту, лек мо ҷамъи шикамбонем.
Шикан дар ишкане уфтоду мушкил дар дили мушкил,
Даруни мушкилот, аммо, ба фикри роҳи осонем.
Шабехуне ба қалби бовари мо ворид оварда
Хабар аз сарзаминам, ки чу бесуфра яке нонем.
Ба Шаҳнома қасам, рӯҳи бузурги Тӯс озурдаст,
Шабеҳи Рустами дармонда рӯёрӯи як хонем.
Таҳаммул кун, Ватан, чунки ғиреви муъминон болост,
Агарчи дар масири гум шудан аз нури имонем.
Чунон часпида бар дину диёнат, ришамон то ноф,
Чунон хуспида, ки аз Морксу ришаш ҳам намехонем.
Ҷаҳонро мактабе бе пайрави тоҷик нест, лобуд,
Валекин дар макотиб ғолибан гунгу парешонем.
На лоики* ҷаҳонмеҳвар, ки савдояш тасовӣ буд,
На бединему бемеҳроб, на габру не мусалмонем.
Ва гаҳ, бо дидани ранҷе, ки аз Заҳҳок ҳосил шуд,
Ба ин андешаам, ки мо чи мавҷудем... Инсонем?
Таҳаммул кун, Ватан, имрӯз ҳам фардо шавад рӯзе,
Ва рӯзе гӯямат, парвардаи аъмоқи виҷдонем.
На ин рӯзе, ки бар мо сахт чун тонке гузар карда,
На рӯзи талхи дигарро саногӯему хоҳонем.
ДР
15.10.20
24 Mehr 1399
________________________
*Маръуб - тарсида, тарсонидашуда
* Лоик - боварманд ба ҷудоии дин аз сиёсат
تحمل کن وطن امروز هم با تو نمی‌مانیم
همه مجذوب آسایش، همه مرعوب رحمانیم
همه آهسته آهسته گشوده خندۀ پسته
روان و روح وارسته نمی‌خواهیم، نمی‌دانیم
اگر فریاد آدم بود دوصد مشتی به سر می‌زد
که "از زندان رهایم کن که تا فردا نمی‌رانیم!"
تحمل کن وطن چونکه شکم در ردّۀ بالاست
بلایی رفته بر تو، لیک ما جمعِ شکم‌بانیم
شکن در اشکنی افتاد و مشکل در دل مشکل
درون مشکلات اما به فکر راه آسانیم
شبیخونی به قلب باور ما وارد آورده
خبر از سرزمینم که چو بی‌سفره یکی نانیم
به شهنامه قسم، روح بزرگ توس آزرده‌ست
شبیه رستم درمانده رویاروی یک خوانیم
تحمل کن وطن چونکه غریو مؤمنان بالاست
اگرچه در مسیر گم شدن از نور ایمانیم
چنان چسپیده بر دین و دیانت، ریش‌مان تا ناف
چنان خسپیده که از مارکس و ریشش هم نمی‌خوانیم.
جهان را مکتبی بی پیرو تاجیک نیست لابد
ولیکن در مکاتب غالباً گُنگ و پریشانیم
نه لائیک جهان‌محور که سودایش تساوی بود
نه بی‌دینیم و بی‌محراب، نه گبر و نی مسلمانیم.
و گه با دیدن رنجی که از ضحاک حاصل شد
به این اندیشه‌ام که ما چه موجودیم... انسانیم؟
تحمل کن وطن، امروز هم فردا شود روزی
و روزی گویمت پروردۀ اعماق وجدانیم
نه این روزی که بر ما سخت چون تانکی گذر کرده
نه روز تلح دیگر را ثناگوئیم و خواهانیم
د. ر.
۲۴ مهر ۱۳۹۹

Саймуъмин Ятимуф ва забоншиносӣ

Баростӣ, бароям шигифтангез буд, ки Саймуъмин Ятимуф, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба мавзӯъи забону забоншиносӣ рӯй овардааст. Дуруст аст, ки ӯро ба ъунвони ъузви вобастаи Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон ҳам мешиносем, аммо агар хабаргузории давлатии “Ховар” (ношири мақола), рост мегӯяд, раиси амниятиҳои кишварамон дуктури ъулуми сиёсист; ки боз ҳам рабте ба забону забоншиносӣ надорад.


Ин шигифтии ман бо хондани оғози матлаб то ҳадди зиёде бартараф шуд. Оқои Ятимуф саъй карда аз манзари сиёсӣ ба мавзӯъи забон нигоҳ кунад; ва аз нигоҳи амнияти давлатӣ (на миллӣ). Дар ин сурат ъунвони матлаб бо мазмуни он ҳамхонӣ надорад (“Масъалаҳоизабоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат”). Ҳарчанд бо андак андешае дар бораи низоми шӯравизадаи Тоҷикистон инро ҳам мешавад фаҳмид. Дар чунин низоми пешвомеҳвар ҳамаи ъарсаҳои зиндагӣ – аз фазонавардию ъилми физик гирифта то ошпазию ошхурӣ – бояд бо ному симои пешво гиреҳ бихурад. Номи ӯ ба масобаи муҳри таъйиди ҳукуматист; ё лозимаи матраҳ шудан, хонда шудан, шунида шудани як матлаб.


Шӯрбахтона, аз ҳамон оғози матлаб дармеёбем, ки нивисанда ба мавзӯъе даст задааст, ки фаҳми он барояш муҳандисии ҳавофазо (“аэрокосмическая техника”)-ро мемонад. Пайдост, ки оқои Ятимуф на танҳо бо мавзӯъи забоншиносӣ, балки бо худи забони порсӣ ошноии кофӣ надорад. Фурсате барои зикри ҳамаи мавориди нақс нест ва бо банди нахусти мақола басанда мекунем:

 

“Забон ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ, натиҷаи фаъолияти интеллектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Он хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Неруест, ки қудрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечу тоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат аст, ба намоиш мегузорад”.

 

Забон муфрад аст; яъне исми танҳост. Пас забон наметавонад “зуҳурот” бошад. Агар ба забони русӣ фикр кунем, дармеёбем, ки манзури Ятимуф ба эҳтимоли зиёд “явление” будааст, ки ба забони мо “падида” тарҷума мешавад. Пас мешуд гуфт: “Забон чун падидае иҷтимоъӣ” ё “Забон чун яке аз мазоҳири иҷтимоъӣ”.

 

Бале, “иҷтимоъӣ” баробари дурусти “общественный” аст ва “ҷамъиятӣ” сифати марбут ба ҷамъият (“население”) аст, на ҷомеъа (“общество”). “Фаъолияти интеллектуалӣ” ғалат аст ва шакли дурусти он “фаъъолияти зеҳнӣ”-ст. Тарҷумаи “хотираи сиёсӣ” ба русӣ “политическое воспоминание” мешавад, дар ҳоле ки манзури муаллиф зоҳиран “политическая память” будааст. Пас бояд “ҳофизаи сиёсӣ” нивишт, на “хотираи сиёсӣ”. Ҷолиб аст, ки дар ин ҷумлаи дувум вожаи “иҷтимоъӣ”-ро ба маънои “общественный” дурусту баҷо ба кор бурдааст. Пас бад нест бидонад, ки “ҷамъиятӣ” ҳамон “иҷтимоъӣ” нест ва маънои дақиқаш болотар зикр шуд. “Ниҳоят мураккаб” баёни кӯчабозорӣ ё ъомиёна аст ва манзур аз он “бениҳоят мураккаб” ё “бисёр печида” ё “фавқулъода печида” аст...

 

Аз ин маворид дар ин мақолаи муфассал андак несту бисёр аст.Шояд агар маҷбур буд рисолаҳои ъилмиашро на ба забони ғайр (русӣ), балки ба забони худӣ (порсӣ) бинивисад, гӯётар мешуд.

 

Табъан, вақте ки дар мавзӯъи забону забоншиносӣ мақола менивисем, интизор меравад дастикам забону баёни худамон шуста-руфтатар, дақиқтар ва беолоиштар бошад, то суханамон қурбу арзише дошта бошад. Сирфи вазиру кабир будан далел намешавад, ки дар бораи ҳар мавзӯъе доди сухан бидиҳем ва интизор дошта бошем, ки ҳамагон фармудаҳои моро ваҳйи мунзал пиндоранд ё ҳатто ҷиддӣ бигиранд.

Ҳоло ба гӯшаҳое аз муҳтавои ин мақола бипардозем. Мегӯяд:

 

“Майдони набарди забонҳо майдони сиёсӣ аст. Дар ин набард, маъмулан забони гурӯҳҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, синфҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, пирӯз мегардад.»

 

Барои сиёсатмадорону сиёсатмаобон ҳама чиз рангу бӯи сиёсӣ дорад. Хуроке, ки имрӯз ману шумо хурдем ҳам як мавзӯъи сиёсӣ аст. Агар он хурок имрӯз ба меъдаамон намерасид, сиёсатмадорон ба дардисар меуфтоданд. Дастшӯиву қазои ҳоҷат ҳам як мавзӯъи сиёсист. Агар имрӯз ба дастшӯӣ дастрасӣ надошта бошем, фардо гиребони сиёсатмадоронро мегирем... (Албатта, инҳо, ки мегӯям, марбут ба кишварҳои бедору озод аст, на Тоҷикистон, ки дар сурати набуди пояитарин имконоти зиндагӣ ҳам сиёсатмадорон дар амонанд).

 

Пас чиро забон барои сиёсатмадорону сиёсатмаобон як мақулаи сиёсӣ набошад? Ин ки Русия бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии фаровони худаш ба Тоҷикистон омӯзгори забони русӣ мефиристаду ба мадориси русизабон дар он сӯи дунё кумак мекунад, на аз рӯи башардӯстист, балки як амри сиёсист ва барои ҳифзи нуфузи Русия бар Тоҷикистон ё ҳар ҷои дигар сурат мегирад. Пас мешавад оқои Ятимуфро дарк кард, ки “майдони набарди забонҳо”-ро “майдони сиёсӣ” медонад.

 

Агар чунин аст, чиро бояд оқои Ятимуф, ки масъули амнияти миллии мост (на Русия), дар ин “набард” ба забони русӣ майдон бидиҳад? Агар ӯ аз манфиъатҳои миллии Тоҷикистон ҳимоят мекунад, оё набояд нигарони маҳдуд шудани доираи корбурди забони миллӣ дар дохили кишварамон бошад? Бавежа ин ки худи ӯ забони ғолибро забони нерӯе медонад, ки аз ҳокимияти сиёсӣ бархурдор аст. Агар дар Тоҷикистон тоҷикон аз ҳокимияти сиёсӣ бархурдоранд, чиро забони русӣ ҳамчунон ҷойгоҳи рафеътаре дорад? Масалан, чиро рисолаҳои ъилмӣ ба забони русӣ нивишта мешавад? Барои чи забони муъошират бо созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон ҳамчунон русӣ аст? Барои чи омӯзгорони забони русӣ нисбат ба омӯзгорони забони миллии Тоҷикистон дастмузди бештар мегиранд? Ахиран шумори омӯзгорони фиристодаи Русия дар Тоҷикистон ба 50 тан расид, ки таъмини хонаи онҳоро давлати Тоҷикистон ба ъуҳда дораду дастмуздашонро Русия мепардозад; ки табъан бамаротиб бештар аз дастмузди омӯзгорони тоҷик аст. Пас бар мабнои истидлоли оқои Ятимуф мешавад гуфт, ки ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон дар дасти тоҷикон нест?

 

Аммо дар воқеъияти амр барои аксарияти мутлақи инсонҳои рӯи Замин забон на василаи сиёсӣ, балки василаи баён аст. Ба ҳамин содагӣ. Сомона (систем)-ест мураккаб аз нишонаҳо ё садоҳои шифоҳию нивишторию кашидорӣ, ки инсонҳо бо истифода аз он бо ҳамдигар муъошират мекунанд. Ин сомона барои миллатҳои гуногун меросҳои гуногун офаридааст. Масалан, инглисиҳо бо истифода аз василаи баёни худ (забони инглисӣ) осори Ҷефрӣ Чоусер (Geoffrey Chaucer) – Падари адабиёташонро, ки дар садаи 14-уми мелодӣ мезист, мехонанд; ҳарчанд бисёре аз суханонашро дигар намефаҳманд, аммо ба доштанаш меболанд. Русҳо ҳам бо истифода аз василаи баёни худашон (забони русӣ) осори бозмонда аз садаи 19-уми мелодӣ ба қалами Падари адабиёташон Пушкинро мутолеъа мекунанд ва ӯву осорашро мояи ифтихори миллати рус медонанд. Мо ҳам бо истифода аз василаи баёни худамон (забони порсӣ) осори Абӯҳафси Суғдию Абӯъабдуллоҳи Рӯдакиро, ки аз саромадони адабиёти мо дар садаи нуҳуми мелодӣ будаанд, мехонему онро дурахшонтарин нигин аз мероси роҳёфта ба садаи 21 медонем. Пас бояд пазируфт, ки агар забонамонро “порсӣ” надонему хатти Рӯдакӣ (дабираи порсӣ)-ро нахонем, ҳаққи маънавии ифтихор ба мероси бозмонда аз ҳеч як аз порсигӯёнро надорем; он чи Рӯдакӣ бошаду чи Аҳмади Дониш ва ҳар бузурги дигаре, ки забони худро порсӣ медонисту ба порсӣ ҳам менивишт.

 

Ва нигоҳи фарҳангӣ ва ғайрисиёсӣ ба мақулаи забон, ки ман пойбанди он ҳастам, чунин аст: Арзишмандтарин тафовути миёни инсон ва ҳайвон фарҳангу тамаддун аст. Хишти аввали ин фарҳангу тамаддун забон аст. Ба қавли Арасту, инсон ҳайвони нотиқ аст. Яъне одамон ба василаи забони худ фарҳангу тамаддун меофаринанд ва бад-ин ҷиҳат аз забони худ посдорӣ мекунанд. Посдорӣ аз забоне хосс посдорӣ аз он фарҳангу тамаддуни хосс аст. Ин нигариш ба забон бори дигар зарурати “порсӣ” номидани забони миллии Тоҷикистон ва бозгашт ба дабираи порсиро барҷастатар мекунад. Чун пушти по задан ба ному хатти порсӣ гусасте дар ин фарҳангу тамаддун эҷод кардааст, ки ошкору бармалост. Афзун бар ин, забони порсӣ ба хатти порсӣ ҳамин ҳоло ҳам дар ҳоли тавлиди анбӯҳи ъазиме аз осори арзишманди зеҳнист. Пойбандии мо ба хатти пириллику истилоҳи сиёсии истолинзоди “забони тоҷикӣ” монеъ аз таъаллуқи он осор ба мероси фарҳангии мо хоҳад шуд ва муҳимтар аз он, дари он ганҷинаи фавқулъода ъазими дониши имрӯзиро ба рӯи тоҷикон баста нигаҳ хоҳад дошт.

 

Шӯрбахтона, маънои ҷумлаи баъдии Ятимуфро чандон дарнаёфтам: “Забони ҳоким ҳамчун муҳимтарин абзори сиёсати давлат рафта-рафта чархро дар доираи қаламрави муайяни забонӣ оламгир мекунад.”

 

Агар дуруст фаҳмида бошам, мегӯяд, забони ҳоким, ки абзори сиёсии давлат аст, забонро дар "қаламрави муайяни забонӣ" ҷаҳонгир мекунад.

 

Боз ҳам печида шуд, аммо ба ҳар ҳол, дар доираи “қаламрави муъайяни забонӣ” наметавон ъоламгир шуд, чун ҷаҳон дорои ҳазорон қаламрави забонӣ аст. Аммо забонҳое ҳастанд, ба монанди порсӣ, ки замоне на танҳо дар Эрону Афғонистону саросари Осиёи Миёна ва Қазоқистон чира буд, балки тамоми шибҳи қорраи Ҳиндро ҳам фаро гирифта буд ва дар бахшҳое аз Урупову Офриқо ҳам ривоҷ дошт. Ба чунин забоне мешавад гуфт “ъоламгир”. Порсӣ имрӯз ҳам ҷузъи забонҳои матраҳу ҷаҳонгир аст.

 

Бисёре аз ҷумалоти ин мақола мафҳум нест ва ниёз ба тарҷума дорад. Мешавад сирфан ҳадс зад, ки манзури нивисанда чист. Аммо гоҳ ҳатто намешавад ҳадс зад. Ба монанди ин банд:

 

“Неру ва тавонмандие, ки забон дар тӯли ҳаёти инсон, дар фазо ва вақт нишон медиҳад, ифодакунандаи назарияи инъикос мебошад.(?) Ҳамин тариқ, воқеият сабабгори пайдоиши мафҳумҳо аст.(?) Мафҳумҳо, истилоҳот ва дефинитсияҳо вақте шакл мегиранд, ҳуқуқи зиндагӣ пайдо мекунанд, ки ҳастӣ ё ниёзҳои ба он алоқамандро бо таркибҳои овозӣ дар худ таҷассум намоянд”.(?)

 

Бо вуҷуди баёни ғарибу бешерозае, ки ба назар меояд, дучори осеби тарҷумазадагӣ шудааст, дар ин мақола нукоти дурусте ҳам мехонем, ки албатта, аз бадеҳиёт (“аксиома”) аст. Ба монанди ин яке:

 

“Дар тӯли таърих миллат (хонда шавад забон) ба сахттарин муқобилият ва гоҳо ҳатто тааррузи аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон рӯ ба рӯ мегардад. Забони миллӣ вақте аз ин набард солим, бегазанд ва пурқувват бадар меояд, агар мардум, махсусан зиёиёни фидокор зарфият ва масъулияти ҳимояи манфиатҳои миллиро ба уҳда бигиранд ва амал кунанд”.

 

Ҳаққ асту рост. Маънии “таъарруз”, ки Ятимуф ба кор бурда, дастдарозию ситам аст. Ва бузургтарин таъарруз ба забони миллии тоҷикон дар авоили садаи 20-уми мелодӣ сурат гирифт, ки паёмади таҷовузи Артиши Сурх ба Иморати Бухорои порсигӯ ва таҷзияи он ба се “ҷумҳурӣ”-и вобаста ба Кремлин буд. Ба салоҳдиди Истолин на танҳо номи забонамон, ки аз оғози пайдоишаш “порсӣ” (форсӣ) ном дошт, тағйир кард, балки расмулхатти он ҳам ду бор (1929 ва 1939) ъиваз шуд ва дастури забон дасткорӣ шуд; русида ва узбакида шуд. Ин яке аз боризтарину ошкортарин намунаҳои таъаррузу таҷовуз ба як забон дар тӯли торихи башарият аст, ки ба дасти “аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон” анҷом шуд. Ин таъарруз ҳамчунон идома дорад ва ба касоне, ки оқои Ятимуф “зиёиёни фидокор” меномад, на танҳо иҷозаи рафъи паёмадҳои вайронгари ин таъарруз ва барқарории ҳайсияти забон дода намешавад, балки ин равшанфикрони ҳомии манфиъатҳои миллиро афроди наздик ба давлат ба хиёнат муттаҳам кардаанд. Аз диди онҳо, посдорӣ аз забони модарӣ ва дифоъ аз он дар баробари золимонатарин таъаррузи аҷнабиён (тағйири ному хатти забон, дасткории дастур ва вожагони он) ъайни хиёнат аст ва тан додан ба таъаррузи аҷнабиён ва пойбандӣ ба паёмадҳои вайронгари он – ъайни хидмат ба миллат. Чунин иддиъоеро бархе аз муаллифони мустаъор дар хабаргузориҳои давлатӣ ъалайҳи посдорони забони миллии Тоҷикистон кардаанд, ки мутмаиннам, исму расмашон барои Кумитаи амният ошност. Аз раиси ин кумита интизор меравад, ки барои дифоъ аз сухани ҳаққи худаш ҳам, ки шуда, ҷилави интишори он туҳматномаҳоро бигирад ва муҳимтар аз ҳама, заминаро барои бартараф кардани паёмадҳои таъаррузи фарҳангӣ ва бозгашт ба ному хатти ростини забонамон порсӣ фароҳам кунад.

 

Саймуъмин Ятимуф дар идомаи мақолаи худ чанд мавзӯъро дарҳам меомезад, Дар се банди пайиҳам мо ҷаставу гурехта аз дидгоҳи ӯ дар бораи устод Садриддини Ъайнӣ, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) ва Исмоъили Сомонӣ огоҳ мешавем. Инҳо ҳама дебочаест барои мадҳу тамҷиди Саймуъмин Ятимуф аз Эмомъалии Раҳмон, ки дар ин мақола хадамоти ӯ барои забони мо бисёр бузургтар аз хадамоти Исмоъили Сомонӣ арзёбӣ шудааст:

 

“Дар замони раҳбарӣ – давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик забони модарии мо дар чунин манзалат намеистод ва истода ҳам наметавонист.”

 

Албатта, оқои Ятимуф ба ъунвони марди ошно бо маҳофили ъилмӣ набояд интизор дошта бошад, ки огоҳон барои ин маддоҳии эшон кӯчактарин арзиши ъилмӣ қоил бошанд. Бисёр беҳтар буд, агар оқои Ятимуф хадамоти оқои Раҳмон дар ростои таҳкиму устувории забони моро бармешумурду собит мекард, ки беназир буда, то мешуд дар бораи намунаҳои мушаххас суҳбат кард.

 

Масалан, дар бораи Яъқуби Лайси Саффор (840-879), он мисгари мискини тоҷик аз Систон, ки подшоҳи тавонгари Эронзамин шуд, мешавад чунин гуфт. Мешавад гуфт, ки кори ӯ баростӣ беҳамто буд ва фаротар аз хадамоти ҳамаи подшоҳони тоҷики дигар пас аз ӯ. Ҳудуди 200 сол аз ҳукумати аъробу ъарабӣ бар Эрону эронӣ мегузашт ва забони дарбор ҳам баночор ъарабӣ буд. Ҳамин мисгари бенаво, ки ба подшоҳӣ расид ва соли 251 ҳиҷрии қамарӣ (865 мелодӣ) дар набард бо хавориҷ чира шуд, шоъире дар мадҳи ӯ қасидае суруд. Он замон ҳам чун имрӯз маддоҳӣ расми дарбор буд, аммо ба забони ъарабӣ – забони дарбор. Яъқуб қасидаро шуниду ҳеч нафаҳмид. Шоъирро сарзаниш карду гуфт: “Чизе, ки ман андар наёбам, чиро бояд гуфт?!”

 

Ҳамин як ишораи султонӣ басанда буд, ки шоъирони дарбор ба забони подшоҳ булбул шаванду чакома сароянд. Гӯянд, нахустини онҳо Муҳаммад ибни Васифи Сагзӣ (Систонӣ) буд, ки дар дарбори Яъқуб номанигорӣ мекард. Ӯ ба маҳзи ин ки эроди подшоҳро шунид, шеъре ба порсӣ суруду Яъқубро ситоиш кард:

 

Эй амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ъом,

Бандаву чокару мавлои ту бошанду ғулом!

Азалӣ хатте дар лавҳ, ки мулке бидиҳед,

Ба Абиюсуфи Яъқуб ибн-ал-Лайси ҳумом*.

Ба латом* омад ратбилу* лате хурд ба линг,

Латра* шуд лашкари ратбилу ҳубо* гашт куном*.

“Лиман-ил-мулк”*, ту, амиро, бихондӣ ба яқин,

Бо қалилалфия, к-ат дод дар он лашкар ком.

Ъумри ъаммор туро хосту зи ӯ гашт барӣ,

Теғи ту кард миёнҷӣ ба миёни даду дом.

Ъумри ӯ назди ту омад, ки ту чун Нӯҳ бизӣ,

Дари окор тани ӯ, сари ӯ боби таъом.

________________

* Ҳумом – подшоҳи боҳиммат

* Латом – ҷанг, набард

* Ратбил – жандапил, лақаби фармонравои Систон

* Латра - пора-пора, дарида

* Ҳубо – гард, ғубор

* Куном – зистгоҳ

* Лиман-ил-мулк – подшоҳӣ кирост? Подшоҳ кист? Иқтибос аз ояи қуръонии “Лиман-ил-мулк ил-явмуллоҳ ал-воҳиду-л-қаҳҳор”

 

Ин мадҳияи Васифи Сагзӣ аз куҳантарин чакомаҳои бозмонда ба порсии дарист. Ёдоварӣ мекунам, ин иттифоқ соли 865-и мелодӣ уфтода; замоне ки устод Рӯдакӣ Ҷаъфари шашсола буд.

 

Пас аз он чашмаи илҳоми шоъирони порсигӯ фаварон кард. Фирӯзи Машриқӣ яке дигар аз чомасароёни порсигӯи он даврон буд, ки соли 283-и ҳиҷрии қамарӣ (896-и мелодӣ) даргузашт ва аз ӯ фақат нуҳ байт ба ёдгор мондааст. Аз ҷумла ин дуто:

 

Мурғест хаданги* ӯ ъаҷаб диде,

Мурғе, ки шикори ӯ ҳама ҷоно.

Дода пари хеш каркасаш ҳадя,

То бачаашро барад ба меҳмоно.

______________________

* Хаданг – тир ё найзае, ки аз дарахти сифту сахте бо ҳамин ном сохта шудааст

 

Абӯсолики Ҷурҷонӣ ҳам аз ҷумлаи шоъирони он даврон буд, ки ба лутфи порсигароии Яъқуби Саффору наводагонаш пеш аз Абӯҳафси Суғдиву Одамушшуъаро Рӯдакӣ ба порсӣ шеър сурудаанд.

 

Оё мешавад гуфт, ки хидмати бузурги Яъқуби Лайси Саффорӣ барои эҳёи забони мо дар баробари хадамоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳеч аст? Истор (мавзеъ)-и ӯ ё дар воқеъ, сиёсати забонӣ (language politics)-и Яъқуби Лайс боъис шуд, ки забони порсӣ бо намое тоза самандарвор аз зери хокистари рӯзгор пар кашаду дубора дарӣ (дарборӣ; расмӣ) шавад. Зимнан, пойтахти Саффориён шаҳри Заранҷ буд, ки акнун шаҳри кӯчаке дар устони Нимрӯзи Афғонистон дар ҷануби ғарби кишвари ҳамсояву ҳамтабор аст. Яъне наводагони Саффориёнро имрӯз ҳам “тоҷик” ба маънои эронӣ меноманд. Пас наметавон Сомониёнро бунёнгузори давлатдории тоҷик номид. Тоҷикон пеш аз Сомониёну Саффориёну Тоҳириён ва пештар аз он ҳам давлатҳои бешуморе доштаанд.

 

Фикр намекунам ҳатто хадамоти басазову бисёр арзишманди Сомониён дар ростои истеҳкоми забони порсиро бишавад барҷастатар аз сиёсати забони Яъқуби Саффорӣ донист, ки бар хилофи аслоф (пешиниён)-и Тоҳирии худ ба забони аҷнабӣ (ъарабӣ) такя накард ва забони аслии тоҷиконро, ки порсӣ буд, бар курсӣ нишонд. Кори хубе, ки Сомониён карданд, тадовуми ин сиёсати забонӣ буд. Талошҳои Сомониён боъиси рушду шукуфоии фавқулъодаи забони порсӣ шуд ва забони моро дар канори ъарабӣ ва ҳамсанги ъарабӣ дар минтақа садрнишин кард.

 

Дугмаи “оғоз” (start)-е, ки Саффориёну Сомониён дар садаи нуҳуми мелодӣ заданд, рафта-рафта забони порсиро на танҳо дар Эронзамин, балки дар тамоми кишварҳои перомуни он бар ҷойгоҳи расмӣ нишонд. Садҳо сол пас аз он ҳам порсӣ роҳи худро ба манотиқи дигар мепаймуд ва забони расмии дарбори Ҳиндустону ақмор (вобастагон)-и он ва дарбори турки Ъусмонӣ шуд. Порсӣ дар саросари Осиёи Марказиву Қазоқистон ё забони расмӣ буд ё забони аслии омӯзишу парвариш. Порсӣ ба Урупо ҳам роҳ ёфт ва дар миёни мардуми бумии Урупои Шарқӣ ҳам гӯишварону чомасароёне дошт.

 

Оё боз ҳам метавон гуфт, ки оқои Раҳмон дар ростои таҳкиму густариши забони мо хадамоти арзишманде анҷом додааст?

 

Шӯрбахтона, оқои Ятимуф мушаххасан намегӯяд, ки дар давраи давлатдории оқои Раҳмон чи иттифоқе рух дода, ки “дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик” забони моро дар болотарин манзалати мумкин қарор додааст. Бештарин талоши ӯ барои гушудани ин муъаммо банди зерин аст:

 

“Пешвои миллат дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳои сиёсӣ, гуфтугӯҳои мустақим бо аҳли зиё ва мардум муҳимтарин масъалаҳои забоншиносии тоҷикро мавриди омӯзиши дақиқ, таҳлилу арзёбии амиқ қарор дод. Боиси ифтихор аст, Роҳбари давлат дидгоҳи хешро бо забони шево, лаҳни гуворо, барои омма фаҳмо, бо истифода аз далелҳои раднопазири таърихӣ ва санъати бузурги сухандониву суханварӣ иброз медорад”.

 

Оё “забони шевову лаҳни гуворо” хидматест, ки дар баробари шукӯҳу ъазамати корномаи порсии Саффориёну Сомониён битобад? “Санъати бузурги сухандониву суханварӣ” хуб аст, аммо чи касе онро арзёбӣ кардааст? Мутаассифона, дар ин мақолаи Саймуъмин Ятимуф аз ин “санъат” хабаре нест. Пас арзёбии ӯ дар ин маврид то куҷо метавонад муътабар бошад?

 

Ба ҷои ин куллигӯӣ беҳтар аст ба ҳақоиқ (facts) рӯй биоварем.

 

Тоҷикон дар Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби куҳантарину ғанитарин забони импротурӣ буданд. Ва тоҷикон нахустин миллати Осиёи Марказии Шӯравӣ буданд, ки дар соли 1989 барои ин забони куҳану ғанӣ ҷойгоҳи расмӣ хостанду комгор шуданд. Давраи бедорию худшиносии тоҷикон фаро расида буд. Тоҷикон дар чорчӯби Шӯравӣ хоҳони бозгашти ному хатти забон шуданд. Ва боз ҳам комгор шуданд. Тасмими давлати кумунистӣ бар ин буд, ки зарфи панҷ сол заминаи бозгашт ба дабираи порсӣ чида шавад ва номи ростини забон ҳам ба шакли “тоҷикӣ (форсӣ)” вориди забони қонунгузорӣ шуд. Ҳамаи инҳо дар замони Шӯравӣ иттифоқ уфтод, ки ҳанӯз кишваре бо номи “Тоҷикистон” дар нақшаи ҷаҳон вуҷуд надошт.

 

Шӯравӣ фурӯ пошид. Ҷанг шуд. Эмомъалии Раҳмон рӯи кор омад. Дар соли 1994 номи ростину асили забон (форсӣ) ба пешниҳоди як намояндаи маҷлис, ки ба русӣ суҳбат мекард, андохта шуд. Муҳаммадҷони Шакурӣ он рӯйдодро бо ҷузъиёт ба қалам супурдааст:

 

“20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Намояндаи халқ Шуҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни асосӣ калимаи «форсӣ» фурўгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ, забони мо забони тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам, мо аз миллат ва забони худ бояд фахр кунем. Вай ва баъзе касони дигар гумон доштаанд, ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад. Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳони» вай ба намояндагони халқ маъқул афтод. Порлумони Тоҷикистон он рўз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.”

(Хуросон аст инҷо, сафҳаи 157)

 

Яъне дар поёни ъумри Шӯравӣ ин фурсат ба тоҷикон дода шуд, ки забони худро саффоривор эҳё кунанд; аммо дар оғози даврони “истиқлол” ин фурсати тилоӣ аз тоҷикон рабуда шуд. Барномаи гузор ба хатти худӣ (порсӣ) ҳам лағв шуд. Ва ҳар боре, ки мардум хоҳони бозгашт ба хатти худӣ шуданд, мақомҳо ва ҳатто болотарин мақоми ҳукумат ба даҳонашон заданд, ки қарор нест аз хатти русӣ канда шавем (Лобуд инҷо ҳам нигоҳ, нигоҳи комилан сиёсӣ будааст то фарҳангӣ). Хиёбонҳои шаҳрҳои бузурги Тоҷикистонро нивиштаҳои зебову ҳунармандонае ба дабираи порсӣ ороста буданд. Ҳамаи онҳо зудуда шуд. Ва Тоҷикистон баргашт ба хафақони фарҳангии Шӯравӣ. Ва ҳатто бадтар аз он. Ҳатто дар Иттиҳоди Шӯравии истолинӣ асли 34-уми Қонуни Асосии 1931 забони моро “тоҷикӣ (форсӣ)” номида буд, аммо дар ҳукумати раҳмонӣ ҳамон як шиносоии нима-нимкораро ҳам аз забони мо дареғ доштаанд.

 

Дар замони шӯравӣ Кремлинро муқассир медонистем. Дар замони “истиқлол” чи касе муқассир аст, ки мо ҳанӯз ҷуръат надорем номи асилу ростини забонамонро эълом кунем ва ба хатти худамон бинивисем? Боз ҳам Кремлин? Пас баростӣ бояд бар сари соҳиби “ҳокимияти сиёсӣ” дар Тоҷикистон, ки дар оғози мақолаи оқои Ятимуф ба он ишорае шуда буд, андеша кард.

 

Саймуъмин Ятимуф дар идомаи тамҷидоташ аз раисҷумҳури Тоҷикистон пораеро аз китобе мансуб ба қалами оқои Раҳмон овардааст:

 

«Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойнамак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. –Â Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. −Â С. 139-140).

 

Ҳамин як гул ҳам барои мо баҳор мешавад, ки аз қавли оқои Раҳмон бишнавем, ки забонамон “форсӣ” аст, ҳарчанд маҷоли эъломи расмии ин ҳақиқатро надоранд.

 

Табъан, забони авестоӣ аз саромадони забонҳои эронист ва муртабит бо порсӣ. Вале “идомаи таърихӣ”-и забони авестоӣ донистани порсӣ аз диди бештари забоншиносон дуруст нест. Пайванди забонҳои эронии зиндаи дигаре чун пашту ва забонҳои помирию яғнобӣ бо авестоӣ танготангтар аст, то порсӣ. Яъне авестоиро ғолибан забони эронии ховарӣ (шарқӣ) медонанд ва ҳеч забоншиносе онро забони эронии ғарбӣ ба шумор наовардааст. Дар ҳоле ки порсӣ як забони эронии ғарбӣ аст ва забонҳои паштуву помирию яғнобӣ – эронии шарқӣ.

 

Ин масъала як ёдоварии кӯчаки дигар аст, ки сирфи раисҷумҳур будан ба ҳеч касе ҳаққи мусаллами изҳори назари ниҳоӣ дар бораи масоилеро намедиҳад, ки ӯ аз онҳо бадурустӣ огоҳ нест.

 

Пештар суҳбат аз он доштем, ки мардум ҳатто дар замони шӯравӣ хоҳони бозгашт ба номи асил ва хатти модарӣ буданд ва Кремлин ба он маҳал гузошт. Аммо акнун аз қалами раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистон ин ҷумалот таровидааст:

 

“Асос гузоштан ва ташаккул додани тарзи ҷаҳонбинии ба сохти давлатдорӣ мувофиқ аз наздиктарин ва муҳимтарин вазифаҳои раҳбарияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Табақаи ҳукмрон, сарфи назар аз майлу хоҳиши мардумони қаламрави зердаст, бо кулли имконот забон, фарҳанг, маданият ва урфу одати хешро ба хотири расидан ба мақсадҳои сиёсии худ ҷорӣ менамояд”.

 

Ятимуф бепардаву ошкоро мегӯяд, ки табақаи ҳоким сиёсати забонии мавриди назари худро сарфи назар аз “майлу хоҳиши мардумони қаламрави зердаст”-аш пиёда хоҳад кард.

 

Истифодаи раиси Кумитаи амният аз истилоҳи “мардумони қаламрави зердаст” бароям бисёр ъаҷиб буд. Шабеҳи ин аст, ки як мақоми нерӯи аҷнабӣ дар бораи мардуми бумии кишвари ишғолшуда суҳбат кунад. Вагарна як вазири давлати Тоҷикистон ба чи далеле бояд мардуми кишвари худашро “мардуми зердаст” талаққӣ кунад?

 

Саймуъмин Ятимуф, агар вазир аст, хидматгузори мардуми Тоҷикистон ба шумор меояд. Ӯ муваззаф аст дастпешибар ва бо курниш (таъзим) дар пешгоҳи мардум амнияти мардуми Тоҷикистонро фароҳам кунад, на ин ки мардуми Тоҷикистонро “зердаст”-и худ хитоб кунад. Торих гувоҳ аст, ки мардум ҳамеша забардаст будаанд ва дар ниҳоят ин мардум будаанд, ки ба ҳисоби давлатҳо расидаанд.

Як нерӯи ишғолгар шояд мардуми сарзамини ишғолиро зердасти худ бидонад. Аммо оё вазири тоҷики як вазоратхона (кумита)-и Тоҷикистон метавонад худро забардасту мардуми кишварро зердаст қаламдод кунад? Ин аз ъаҷоиби ин мақола буд.

 

Ва ҳамин ҷумла гӯёи ҳақоиқи дигаре ҳам ҳаст. Он чи ин ҷумла мегӯяд, ба баёни дигар ин аст: “Шумо, тоҷикон, шояд бихоҳед, ки забонатон “порсӣ” ном бигираду расмулхаттатон ҳам порсӣ бошад. Аммо сиёсати мо, забардастони шумо, муҳимтар аз дидгоҳу тамоюли шумост. Ба далоили сиёсӣ ин хостаи шуморо нодида мегирем”. Ва он далоили сиёсӣ ҳам ба эҳтимоли қариб ба яқин чизе ҷуз вобастагӣ ба Кремлин нест.

 

Аз ин ҷумла якка хурдам, чун бараҳнатарин баёни дурии тадриҷӣ ва физояндаи мақомҳои Тоҷикистон аз назари мардум буд. Агар оқои Ятимуф хоҳони бақои ин ҳукумат аст, табъан бояд бидонад, ки дурӣ аз мардум ва зердаст донистани онҳо ҳеч ҳукуматеро ба сарманзили мақсуд нарасондааст ва Тоҷикистон ҳам аввалӣ нахоҳад шуд.

 

Ин суханони бахусуси оқои Ятимуф мадракест барои инкор ва поёни ин шиъор, ки "Тоҷикистон як кишвари демукротику ҳуқуқбунёд мебошад".

 

Беҳтарин бахши ин мақолаи муфассали Саймуъмин Ятимуф барои шахси ман ин пора аст:

 

“Хотираи аслии миллат хат, осори хаттӣ ва муҷассамаҳои таърихи бостон мебошанд. Маводу масканеро, ки истилогарон имкон доранд, нобуд мекунанд, то чунин ёдгорӣ боқӣ намонад. Мақсад: наслҳои баъдина набояд гузаштаи худро донанд, онро тозаву равшан тасаввур намоянд, «одами нав», «олами нав» созанд, ҷаҳон ва таърихи онро аз дидгоҳи ғосибон бубинанд, арзёбӣ кунанд, нисбат ба таърихи миллати худ ҳамчун ба «даврони ҷоҳилия» нафрат дошта бошанд, гузашта ва имрӯзи худро аз варақи сафед оғоз намоянд ва дар доираи ҷаҳонбинии фармоишӣ ҷонсупорӣ кунанд. Онҳо мекӯшиданд, ки маркази идоракунандаи маънавиёт ва арзишҳо на ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, яъне тоҷикият ва ватани аҷдодӣ, балки хосияти бегонагии фосилавӣ дошта бошад».

 

Тасвире дақиқу равшан аз диди кумунистҳои аҷнабӣ, ки мехостанд барои тоҷикон ояндае русӣ бисозанд ва гузаштаи дурахшони онҳоро "ъаҳди ҷоҳилия" тарсим кунанд.

 

Бар мабнои ҳамин фармудаи дуруст мешавад гуфт, ки дур нигаҳ доштани тоҷикон аз забони худашон, ки порсист ва осори хаттишон, ки ба дабираи порсист, талошест барои сутурдани ҳофизаи миллат. Дар замони шӯравӣ осори хаттии моро месӯзонданд, то наслҳои баъдӣ ҳофизаи торихӣ надошта бошанд; порсизабону тоҷик набошанд, то бишавад аз ин ҷинси мансухшуда касе дигар, миллате дигарро муҳандисӣ кард. Оё мешавад умедвор буд, ки ҳоло авзоъ ба гунае дигар хоҳад буд, чун раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ин ҳақиқат пай бурдааст?

 

Мобақии мақолаи рӯдадарози оқои Ятимуф марбут ба таблиғоти давлатист, ки шоистаи таваҷҷуҳ нест. Дар ин миён хабту хатоҳое ҳам сурат гирифта, ки баночор бояд ба онҳо ҳам пардохт, то доман паҳн накунанд.

 

Масалан, ин тиккае, ки оқои Ятимуф аз суханони оқои Раҳмон нақл мекунад, масъаладор аст:

 

«Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 125).

 

Ҳофизаи торихии мо набояд бад-ин андоза кӯтоҳ бошад. Яъне кӯтоҳӣ дар ин замина ба маънои инкори торих аст.

 

Баъд аз Сомониёни порсигӯ дар Эронзамин Ғазнавиён қудратро ба даст гирифтанд. Аз таборе турк буданд, аммо оё забони дарбор ҳам туркӣ шуд? На. Дар давраи Ғазнавиён мо шоҳиди шукуфоии беш аз пеши забони порсӣ будем ва ҳамаи шоҳону шоҳзодагони Ғазнавӣ порсигӯ буданд.

 

Дар воқеъ, пас аз Сомониён ҳам фармонравои минтақа (Осиёи Марказӣ) пайваста тоҷикон будаанд. Масалан, оё фикр мекунед, ки бо омадани Қарохониён бар сари қудрат дар минтақа, ки то соли 1211 мелодӣ ҳукумат карданд, Варорӯд ҳам қарохонию турк шуда буд? Иттифоқан, дуруст воруна. Қарохониёни турктабор беш аз пешиниёни худ дар таҳкиму густариши забону фарҳанги порсӣ сиҳҳа гузоштанду худашон ҳам батамом порсигӯ шуданд.

 

Дуруст ба ҳамин шева ҳамаи фармонравоёни Эронзамин сари таслим бар пешгоҳи забони порсӣ гузорда буданд. Шояд шамшери сиёсии онҳо кора кард, аммо аз шамшери фарҳангӣ бенасиб буданд. Дар натиҷа, фарҳанги кишвари “зердаст” забардаст шуд. Ҳамаи шаҳриёрони Эронзамин, сарфи назар аз қавмияти онҳо, тобеъи забони порсӣ будаанд ва бархе аз онҳо, ба монанди наводагони Темурланги ғаддор, табдил ба бузургтарин густарандагони забону фарҳанги порсӣ дар ҷаҳон шуданд.

 

Фарқе намекард, ки тараф юнонист ё ъараб ё қипчоқ аст ё барлос, забони дарбор порсӣ буд. На танҳо забон, балки андешаварзӣ ё идеулужии дарбор ҳам порсию эронӣ буд. Маҳмуди Ғазнавӣ, он ғуломи турктабор ҳам, ки ба султонӣ расид, порсиро пос дошт ва худро подшоҳи Эрон медонист, на Туркистон.

 

Монғитҳоро ҳам бисёре ба ъунвони дудмони ғайритоҷики ҳоким бар Варорӯд ъунвон мекунанд. Монғитҳо, асолатан, сарбозони Нодиршоҳи Афшор, подшоҳи Эрон, буданд, ки Бухороро дубора ба ҳайъати Эрон баргардонданд ва бо марги Нодиршоҳ дар соли 1747 ҳукумати он хитта аз Эрон (Бухоро)-ро ба дасти худ гирифтанд. Асолатан турку муғул буданд, аммо дар даврони иморат ба ҳадде малика ё модари эронӣ (тоҷик) доштанд, ки мутмаиннан, охирин амири монғитҳо (Ъолимхон) бештар тоҷик буд, то монғит ё узбак ё ҳар чизи дигар.

 

Танҳо забони модарии охирин амири Бухоро порсӣ буд ва вопасин нивиштаҳои ӯ бо номи “Торихи ҳузнулмилали Бухоро” ба порсӣ нигошта шудааст. Фарзандони ӯ ҳам порсизабонанд ва ғолибан худро тоҷик медонанд. Чун пушт андар пушт аз модарони тоҷике аз Шерозу Кобулу Ҳисору Кӯлоб ба дунё омада буданд.

 

Афзун бар ин, забони порсӣ (забони тоҷикон) ҳамеша забони дарбор буд. То замони таҷовузи Рус ба Бухоро дар соли 1920 забони расмӣ порсӣ буд.

 

Пас намешавад гуфт, ки “пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият (Тоҷикистони Раҳмон) дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд”.

 

Ҳарфи чаранде беш нест ва таъаҷҷуб мекунам, ки оқои Ятимуф онро дар мақолаи худ гунҷондааст.

 

Забони порсӣ дар минтақаи мо ҳамеша забони расмӣ буд; то соли 1924, ки Иттиҳоди Шӯравӣ русиро тазриқ кард. Баъд аз он порсӣ ранг бохт. Торихро, ки намешавад гӯл зад.

 

Аз ҳамаи нивиштаҳои оқои Ятимуф дар бораи оқои Раҳмон мегузарам, чун ҳолати бардамаобона ва тамаллуқкорона дорад, ки берун аз баҳси ъилмии забоншинохтист.

 

Рӯ ба поёни мақола оқои Ятимуф ба мавориде ишора карда, ки ҳолати забоншинохтӣ дорад ва барои ман ҷолибтар аст. Ҳарчанд бештари гузораҳояш ба як шогирди тозакоре мемонад, ки бо вожагон сарукор пайдо кардааст. Масалан, мегӯяд:

 

“Барои мисол дар забони тоҷикӣ замонҳои феъл, аз ҷумла, бо роҳи флексия тавассути феъли ёридиҳандаи «будан», «шудан» ифода меёбад. Дар забони англисӣ ин вазифаро феъли ёридиҳандаи «be» [biː], ки бо истифода аз ҳиссачаи to[tuː] – (муродифи суффикси –ан-и забони тоҷикӣ) to be [tuː biː] шакли масдар мегирад, иҷро менамояд. Ва, албатта, тавассути флексия бо тобишҳои замонӣ вазифаҳои грамматикии худро ба тарзи гуногун − муродифҳои грамматикии худ иҷро мекунад. Тавре мебинем, ин таркиб аз лиҳози фонетикӣ (to be done [tuː biː dʌn]) ба феъли «будан», ҳамрешагии худро нишон медиҳад. Мисол: «To be or not to be that is the question» [tuː biː ɔː nɒt tuː biː ðæt iz ðiː ˈkwesʧən] (Будан ё набудан – ин аст асоси масъала!).”

 

Ин ҳаяҷони як фарди тозаворид ва ҷӯёи рамзу рози забоншиносиро дармеёбам. Масалан, ин ки эҳсос кардааст, to be done (ту би дон)-и инглисӣ бо “будан”-и порсӣ тақрибан ҳамсадост, ин дуторо ҳамреша пиндошта, агар яке надонад. Дар ҳоле ки to be done худ масдаре мураккаб аст ъиборат аз се бахш. Бахши охири он (done), ки сифати феълии “анҷомшуда” аст, рабте ба боқии бахшҳо надорад, то бишавад онро бо “будан” гиреҳ зад. Ҳарчанд пайванди мустақими решашинохтӣ миёни ду феъли порсию инглисии “будан” ва be вуҷуд дорад, ки Ятимуф аз он ғофил мондааст.

 

Дар мақолаи С. Ятимуф мавориде ҳам ҳаст, ки бо воқеъиятҳои забоншинохтӣ созгорӣ дорад. Ба монанди ин яке:

 

“Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бештари калимаҳое, ки дар таркиби луғавии забони англисӣ бо таркиби овозии st омадаанд, ҳолати предметро нишон медиҳанд: stood [stʊd] – истод; stable [steɪbl] – устувор; establish [ɪsˈtæblɪʃ] – муқаррар кардан; stop [stɒp] – ист, яъне хешигарии худро ба мантиқи грамматикии феъли ёридиҳандаи забони тоҷикӣÂ (аст) бо тобишҳои семантикӣ ва алоқаҳои решагӣ ба намоиш мегузоранд.”

 

Таркиби St дар бисёре аз вожагони фарангӣ (урупоӣ) бо “ист”-у “аст”-и порсӣ решаи ягона дорад. Ба монанди station, ки “истгоҳ”-и порсӣ ҳам дайни ҳамрешагиро баҷо оварда ва побарҷост. Ё state, ҳамон “устон”-и порсӣ, ки дар таркиби номи бисёре аз кишварҳо ба шакли пасванди “-истон” омадааст. Ишора ба ҳамрешагии “устувор”-у stable ҳам фаротар аз интизорам буд.

 

Дар идома ҳам муаллиф ба намунаҳое ишора мекунад, ки шояд барои худи ӯ мояи таъаҷҷуб буда бошад, аммо барои забоншиносон тозагӣ надорад. Мисли ин ки “зимистон”-и порсӣ бо “зима”-и русӣ ҳамреша асту ҳоказо.

 

Аммо рафта-рафта оқои Ятимуф бо касби эътимод ба нафси бештар чизҳое мегӯяд, ки забоншиносонро ба ханда вомедорад. Намуна:

 

“Калимаҳои забони тоҷикӣ, ки бидуни тағйири таркиби овозӣ ба таркиби луғавии дигар забонҳо, аз ҷумла забони англисӣ ворид шудаанд, хеле зиёданд. Онҳо дар ҳарду забон ба як маъно корбарӣ мешаванд. Барои мисол: band [bænd] – банд (aшёе, ки дар як гурӯҳ, даста ҷамъ омадаанд, бастабандӣ шудаанд ва ё ҷамъ оварда шудаанд; монеа эҷод кардан, басташудан); pass [pɑːs] − пас (пас рафтан, пас гузаштан, пас мондан); past [pɑːst] – паст, (дар охир, дар ниҳоят); calf [kɑːf] – калф (ҷузъи табиӣ, санги бузург, харсанг); part [pɑːt] – парт (қисм, ҷузъ, тиқа, пора). Бо ин маънӣ, он дар шеваи мардуми ҷануби Тоҷикистон серистеъмол аст. Он ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ истифода карда мешавад: парткардан (қисм—қисм кардан); now [naʊ] – нав.”

 

Инҳое, ки дар мақолаи оқои Ятимуф омадааст, ҷолиб аст, аммо арзёбии забоншинохтӣ нашудааст.

 

Бисёр хандададор аст, ки тасаввур бикунем, вожаи “банд” аз забони “тоҷикӣ” вориди забони инглисӣ шудааст. Аслан забони “тоҷикӣ” дар забоншиносии Ғарб ъададе нест. Яъне ҷузъи забонҳое нест, ки инглисӣ аз он вожае пазируфта бошад ё на. Ҳар чи вомвожапазирӣ буда, аз забони мо, порсӣ, буда ва фаровон ҳам буда. Аммо band-и инглисӣ баргирифта аз "банд"-и порсӣ нест, балки ҳамрешаи он аст.

Албатта, ки дар забони инглисӣ вомвожаҳои порсӣ яке-дуто нест, балки фаровон аст. Масалан, khaki, ки дар забони инглисӣ роиҷ аст, ҳамон “хокӣ”-и порсист, ки барои ранги либоси низомӣ ба кор меравад. Ё Sepoy, ки инглисиён гӯянд, ҳамон “сипоҳӣ”-и порсист, ки инглисиҳо аз дарбори порсигӯи Ҳинд ба мерос бурдаанд. Ба монанди садҳо вожаи дигар.

 

Ва ин дидгоҳи ҳаваскорона (amateur)-и оқои Ятимуф ҳам ҷаззоб асту пуштвонаи ъилмӣ надорад:

 

“Калимаҳои тоҷикие, ки бо тағйироти ҷузъии овозӣ ва ё истифодаи категорияҳои ёридиҳандаи грамматикӣ мавриди истифода қарор доранд, аз рӯйи мантиқи тобишҳои маъноӣ ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони англисӣ ба осонӣ шинохта мешаванд. Барои мисол: star [stɑː] – ситора; lip [lip] – лаб; borborrowingburden [bɔː, ˈbɒrəʊɪŋ, burden] – бор, бурдан, чизеро дар худ доштан, баранда будан; typhoon [taɪˈfuːn] – тӯфон; top [tɒp] – асосӣ, чизе, ки дар мадди аввал, дар боло меистад, теппа; daughter [ˈdɔːtə] – духтар; door [dɔː] – дар; сow [kaʊ] – гов; сlé [kle] (франсузӣ) − key [kiː] (англисӣ) – калид; murder [ˈmɜːdə] – мурдан, куштор; rob [rɒb] – рабудан; eyebrow [ˈaɪbraʊ] − абрӯ; gulob [gulob] ¬– гулоб; gulqand [gulqand]¬ – гулқанд; candle [kændl] – қандил; two [tuː] – ду; rafting [ˈrɑːftɪŋ] – навъи варзиш, бо қаиқҳои махсус поин рафтан дар дарёҳои ниҳоят тезоби кӯҳӣ.”

 

Боз ҳам бояд гуфт, ки дар ҷаҳони Фаранг (Ғарб) “забони тоҷикӣ” як ъиборати ноошност; ҳарчанд номи асили забони мо (Persian) барои ҳамагон ошносту муътабар. Ҳеч аҳаде ба Шумо нахоҳад гуфт, ки масалан, “ситора” вожаест “тоҷикӣ”, ки бо Star дар забони инглисӣ ҳамреша аст. Чун “забони тоҷикӣ” танҳо дар маҳдудаи Иттиҳоди истолинӣ ва барои Шӯравӣ вуҷуд дошт ва забони мо фаротар аз марзубуми он импротурӣ ҳамчунон “порсӣ” (Persian) ном дорад.

 

Аммо бисёре дар ин сомон ҳам медонанд, ки star дар забонҳои инглисию олмонӣ, estrella ба забонҳои лотинбун ва ҳатто שטערן (shtern) дар забони йидиш решае ягона доранд. Инҳо вожагоне ҳиндуурупоӣ ҳастанд, ки ба решае ягона бармегарданд. Ба монанди ҳамаи вожаҳое, ки С. Ятимуф намуна овардааст. Яъне на инглисиҳо он вожаҳоро аз мо ситондаанду на мо аз онҳо дуздидаем. Вожаест, ки решае воҳид дорад. Чун ҳазорон сол пеш мову инглисиҳову олмониҳову испониёиҳову пуртуғолиҳову ҳамаи ҳиндуурпоиҳо ба ниёзабони воҳиди ҳиндуурупоӣ суҳбат мекардем ва ҳазорон сол аз ҳам фосила гирифтему забонҳои хосси худамонро шакл додем. Пас на мо аз онҳо гирифтаему на онҳо аз мо; балки забонамон яке будаасту батадриҷ шоха-шоха шудааст. Акнун яке порсию дигарӣ инглисӣ суҳбат мекунад; ҳарчанд вожагони мушобеҳи бисёре доранд. Ба монанди “тундар”, ки ба инглисӣ thunder гӯянд ё “духтар”, ки ба олмонӣ Tochter гӯянд. “Ситора” ҳам аз ҳамон қумош аст. Ба монанди “топор” дар забони русӣ, ки чиқадр шабеҳи “табар”-и мост, аммо яке нест. Ҳарчанд бо “табар” як буну реша дорад.

 

Пас ҳар гирде гирду (чормағз) нест. Инро мешавад дар бораи ҳамаи “ёфта”-ҳо дар мақолаи оқои Ятимуф такрор кард.

 

Мақолае, ки бо ъунвони забоншинохтӣ моро ҳам ҷазби худ кард, аммо моҳияти батамом сиёсӣ дошт. Талоше буд барои тавҷеҳи сиёсати забонии ҳукумати Раҳмон, ки аз диди ман, тавҷеҳнопазир аст. Бисёр ноъоқилона аст, ки шумо забони порсиро номе дигар биниҳед ва ба хатте дигар бинивисед.

 

Аз диди ҳамагон бисёр шигифтангез аст, ки давлати Тоҷикистон барои гузор ба хатти порсӣ иқдоме накунад. Нахуст ин ки бештари тоҷикони ҷаҳон ба хатти порсӣ менивисанду мехонанд. Тоҷикистону Узбакистон шумори бисёр камтар аз тоҷиконро дарбар доранд. Дигар ин ки тамоми дониши имрӯзӣ ба хатти порсӣ муҳайёст ва ба хатти пириллик намешавад дониши казоӣ ҳосил кард.

 

Намунаи саридастӣ: Моҳи гузашта ҷустуҷӯи вожаи “обёрӣ” ба хатти пириллик (хатти русии тоҷикон) 231000 натиҷа дод. Ва ба хатти порсӣ: 10 900 000 натиҷа. Яъне тоҷикон бо гузор ба хатти худашон (порсӣ) дар бораи, масалан, обёрӣ, ба дастикам 47 баробар бештар матолиби интернетӣ дастрасӣ доранд. Пас чиро бояд дар доми пириллик бимонем? Тасаввур кунед, ки чи миқдор иттилоъоти порсӣ барои тоҷикон мавҷуд асту пинҳон, сирфан ба далели ин ки хатташон худӣ (порсӣ) нест ва русӣ аст!

 

Бисёре мепурсанд: мабодо ҳукумат ҳам дар ноогоҳии мардум манфиъат дошта бошад ва ба ҳамин далел моил ба боздодани хатти мардум (порсӣ) ба худашон нест!

 

Ин пурсишест миёни Шумо ва виҷдони Шумо.

 

Агар аз ман бипурсед, мутмаиннам, ки саранҷом тоҷикон ба хатти худ (порсӣ) хоҳанд нивишт ва забони худро бадурустӣ “порсӣ” хоҳанд хонд. Қудратҳои хурду бузург ва ҳатто импротуриҳо омадаанду рафтаанд, аммо порсӣ мондааст.

 

Зинда бод порсӣ ва поянда бод Тоҷикистон!