Tuesday, July 14, 2020

Забонҳои эронӣ

Дар баҳсҳои ахир чизе, ки шигифтзадаам кард, ин буд, ки бархе аз ҳаммеҳанонам бо мафҳуми “забонҳои эронӣ” ошно набуданд. Бархе аз порсиситезони дуоташа мепурсиданд: “Магар забони курдиро ҷузъи гурӯҳи забонҳои форсӣ намедонӣ?!”Тасаввури он ҳамватан ин буд, ки мо курдиро як забони порсӣ медонем; ғофил аз ин ки “порсӣ” (забони мо) номи фақат як забон аст ва намешавад ҳеч забони дигареро “ҷузъе аз забони порсӣ” донист; аз ҷумла курдиро, ки он ҳам ба монанди порсӣ аз забонҳои эронии ғарбист.

Барои рафъи сӯитафоҳумҳо дар ин замина ба “забонҳои эронӣ” бипардозем, ки мақулае ъилмист, на эҳсосотӣ. Ва ҳатто забони Толибони Афғонистон, ки худро душмани Эрону эронӣ медонанд, аз диди ъилмӣ ҷузъи забонҳои эронӣ (“иранские языки” / Iranian Languages) ба шумор меояд. Ва забони он эрониситези Тоҷикистон ҳам сад дарсад эронӣ аст. Кофист, ин истилоҳоти русию инглисиро дар Интернет ҷустуҷӯ кунед, то матолиби фаровоне дар бораи ин мафҳуми ъилмӣ гиратон биёяд.

Кӯтоҳсухан ин ки гурӯҳи “забонҳои эронӣ” шохае аз “забонҳои ҳиндуэронӣ” аст, ки дар хонаводаи “забонҳои ҳиндуурупоӣ” вуҷуд дорад. Роиҷтарин забонҳои эронӣ дар дунёи имрӯз порсӣ, пашту ва курдӣ аст. Албатта, дар канори ин се забони аслӣ даҳҳо забони дигар ҳам дорем. Худи курдӣ гурӯҳе аз забонҳоро дарбар мегирад, ки бархе ҳамчунон онҳоро гӯиш медонанду ъиддае ҳам ба далели ғайримафҳум будани онҳо барои гӯишварони дигари курдӣ, забон ба шумор меоваранд; ба монанди курмонҷӣ, эломӣ, лакӣ, калҳурӣ, зозо-гуронӣ, суронӣ ё курдии миёна ва ғайра. Гӯишҳои курдии роиҷ дар Эрони имрӯзӣ барои бештари порсизабонон тақрибан мафҳум аст ва барои бисёре аз курдҳои берун аз Эрон номафҳум. Порсӣ ва курдӣ бо ҳам наздикии қобили таваҷҷуҳе доранд, чун ҳар ду ҷузъи забонҳои ғарбии эронианд. Бо ин тафовут, ки бисёре аз забоншиносон ҷойгоҳи забонҳои курдиро дар миёни забонҳои шимолиғарбии эронӣ ташхис додаанду мақоми порсиро дар ҷумлаи забонҳои ҷанубиғарбии эронӣ. Албатта, забоншиносоне ҳам ҳастанд, ки мавқеъияти забонҳои курдиро байнобайни забонҳои шимолиғарбӣ ва ҷанубиғарбии эронӣ ташхис додаанд.

Мо забонҳои эронии бисёре доштаем, ки дигар дар миён нестанд ва ба ъунвони “забонҳои мурда” аз онҳо ёд мешавад. Ба монанди ниёзабони эронӣ (ки баромада аз ниёзабони ҳиндуэронӣ буд), авестоӣ, порсии бостон, порсии миёна, паҳлавӣ, бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, осӣ (усетиёӣ)-и куҳан, ванҷӣ, дарвозӣ ва ғайра.

Забонҳои эронии зинда ба ду шохаи аслӣ тақсим мешаванд:

1. Забонҳои эронии ғарбӣ (ки муҳимтаринашон порсӣ ва курдӣ аст);
2. Забонҳои эронии шарқӣ (ки муҳимтаринашон пашту ва осӣ (усетиёӣ) аст).

Шохаи забонҳои эронии ғарбӣ ду тираи мушаххаси дигар дорад:

1. Ҷанубиғарбӣ (ки порсӣ намояндаи ғолиби он аст);
2. Шимолиғарбӣ (ки ба бовари ғолиб, курдӣ дар раъси он қарор дорад).

Шохаи забонҳои эронии шарқӣ ҳам ду тираи мушаххас дорад:
1. Ҷанубишарқӣ (ки пашту роиҷтарини онҳост);
2. Шимолишарқӣ (ки осӣ (усетиёӣ) бузургтарини онҳост ва кӯчактарин шохаи забонҳои эронӣ ба шумор меояд).

Бештари забонҳои эронии гузаштаву имрӯзи Варазрӯд (Осиёи Миёна) аз ҷумлаи забонҳои эронии шарқианд; ба монанди бохтарию хоразмию суғдию сакоӣ ва имрӯза ҳамаи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ. Забони пашту ҳам, ки дар Афғонистону Покистон роиҷ аст, ъузви ҳамин гурӯҳ аст.

Бо мурури ин ҳақоиқи ъилмӣ он чи равшан шуд, ин аст, ки порсӣ танҳо яке аз даҳҳо забони эронист ва ба ҳеч рӯй намешавад фақат ҳамонро “забони эронӣ” номид. Чун забонҳои эронии дигар ҳам дорем. Ва ба ҳамин шева, дар Тоҷикистон ҳам намешавад фақат забони порсиро “тоҷикӣ” номид, чун дар Тоҷикистон ҳам забонҳои тоҷикӣ (эронӣ)-и дигар дорем.