Saturday, July 17, 2021

Шабе, ки Ҳумо пар кашид

Дуруст 103 сол пеш дар ҳамин соъот ҷӯхаи марги булшевикҳо ба дастури сардамдорашон Влодимир Улёнуф (Ленин) вопасин хонаводаи салтанатии Русияро дар шаҳри Екотеринбург дар ғарби Сибрӣ ба рагбор баст. Тезор Никулойи Дувум ва ҳамсараш Олексондро ва панҷ фарзандашон Улго, Тотёно, Мориё, Оностосиё ва Олексей дар хуни ҳамдигар ғалтиданду мурданд. Ба ҳангоми марг Улго 22, Тотёно 21, Мориё 19, Оностосиё 17 ва Олексей 13 сол доштанд. Шоҳзода Олексей, ки интизор мерафт рӯзе ба тоҷу тахти Русия бирасад, гирифтори ҳемуфилӣ буд; беморие, ки дар бисёре аз хонаводаҳои салтанатии Урупои садаҳои 19 ва 20 шоеъ буд ва Олексей аз модараш ба ирс бурда буд.

 

Қасовати ин ҷиноят ба ҳадде буд, ки дар даврони шӯравӣ аз он ёд намешуд. Ва агар мешуд, пои Ленин дар миён набуд ва дар ъиваз мегуфтанд, бо пешравии тунду сареъи Артиши Сафед (ҳаводорони салтанат) нерӯҳои булшевик дар минтақаи Уроли Шӯравӣ тасмим ба қатли бидуни муҳокимаи тезор Никулой ва аҳли хонаводааш гирифтанд, чун нигарон буданд, ки мумкин аст ҳаводорони хонадони салтанатӣ онҳоро озод кунанд. Аммо дар ҳашт соли нахуст дастгоҳи таблиғотии Шӯравӣ бешармона дар мавриди сарнивишти хонадони салтанатӣ дурӯғпароканӣ мекард. Гуфта шуд, ки тезор Никулой ба қатл расида, аммо ҳамсару писараш ба хонае амн мунтақил шудаанд; дар моли септомбри 1919 хабари расмӣ ин буд, ки инқилобиюни дастичапӣ ҳамаи аъзои хонаводаро куштаанд; дар моҳи оврили 1922 гуфта шуд, ки онҳо аслан ба қатл нарасидаанду зиндаанд... Дар ҳоле ки ҳамаи аъзои хонаводаи салтанатӣ дар як шаб ва канори ҳам зери рагбори ҷӯхаи марги Ленин ҷон дода буданд. Евгенӣ Буткин (пизишки дарбор), Оно Демидуво (надимаи шаҳбону), Олексей Труп (ходими дарбор), Ивон Хоритунуф (сарошпази дарбор) ҳам, ки хонаводаи салтанатиро то охирин нафас ҳамроҳӣ карданд, ҳамонҷо кушта шуданд.

 

Дар паи инқилоби февриеи 1917 ва канорагирии Никулой аз тоҷу тахти импротурии Русия давлати муваққат хонаводаи салтанатиро нахуст дар ҳасри Кохи Олексондри Петругрод нишонд, сипас ба шаҳри Тубулски Сибрӣ табъид кард. Бино ба хотироти бозмонда аз духтарони тезор, бо вуҷуди бархе аз маҳдудиятҳо зиндагӣ барояшон ҳанӯз рангу бӯе дошт ва мешуд, масалан, аз панҷапаи кохи маҳалли иқоматашон ба беун нигоҳ карду одамонро дид. Пас аз расидани Ленин ба қудрат дар Петругрод ҳамин озодии андак аз онҳо ситонда шуд. Онҳо дар ду навбат ба Екотеринбург мунтақил шуданд ва дар иқоматгоҳи ҷадидашон панҷараҳо ранги сафед хурда буд ва имкони иртиботи ҳатто басарии онҳо бо ҷаҳони хориҷ ба сифр расид.

 

Хона мутаъаллиқ ба бозаргоне бо номи Никулой Ипотйеф буд, ки булшевикҳо онро базӯр мусодира карда буданд, то аз он як зиндони тамомъайёр бисозанд. Онро расман “хонаи хосманзура” (“дом особого назначения”) номиданд ва манзур аз он ҳамон зиндони хонадони салтанатӣ буд. Тезор ва бастагонаш иҷоза надоштанд аз маҳдудаи “хонаи хосманзура” берун бираванд. Ҳатто иҷоза надоштанд аз равзанаи кӯчаке, ки барои таҳвия боз монда буд, ба ҳаёти хона нигоҳ кунанд. Оностосиё, духтари 17-солаи тезор, як бор аз ин равзана ба берун сар кашиду сарбоз шиллик кард. Аъзои хонавода, ки бар забонҳои русӣ, фаронсавӣ, инглисӣ ва олмонӣ тасаллут доштанд, иҷоза надоштанд ҷуз ба забони русӣ суҳбат кунанд, чун зиндонбононашон ҳамон як забонро балад буданд. Онҳо иҷозаи дастрасӣ ба лавозимашонро надоштанд, ки дар саройи муҳаввата нигаҳдорӣ мешуд. Бисоташон мудом бозрасӣ мешуд ва ҳарчи пулу ашёи қиматӣ ёфт мешуд, “барои бақои ҳукумати шӯроии Урол” ба яғмо мерафт.

 

Фарзандони тезор ъалоқаи хоссе ба ъаксбардорӣ доштанд ва дар воқеъ, ҳеч хонаводае салтанатӣ дар он даврон ба андозаи хонадони Румонуф аз саҳнаҳои зиндагии худ ъакс барнадошта буд. Ҳар кудом як дастгоҳи ъаккосии “Броунӣ” доштанд. Дар хонаи хосманзура ҳамаи дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ъаккосӣ мусодира шуд.

 

Давр то даври хона ҳисоре ба буландои 4 метр кашида буданд, то на аз дарун нигоҳе ба берун русух кунаду на воруна. Зоҳиран нигоҳе русух карда буд, ки дертар деворе буландтару муҳкамтар дар баробари ҳисори аввал қад кашид.

 

Дар нимашаби 17 жуие (июл) аъзои хонаводаи Румонуф ва ҳамроҳонашро ба баҳонаи инки бояд ба маҳлли амнтаре мунтақил шаванд, аз хоб бедор мекунанд. Ҳамаро дар утоқаки кӯчаки зерзаминӣ қарор медиҳанд ва аз онҳо мехоҳан мунтазири мошин барои интиқол ба маҳалли амнтар бимонанд. Мошин аз роҳ мерасад, дар боз мешавад ва мардони мусаллаҳ ворид мешаванду ҳамаро дар як он ба рагбори гулула мебанданд. Пайкарҳоро дар асид (тезоб) оғушта мекунанду дар ду гӯри дастаҷамъӣ ба хок месупоранд. Ва бад-ин гуна ҳукуматеро оғоз мекунанд, ки ваъдаи хушбахтию додварзӣ ба оҳоди башарро дода буд.

 

Маҳалли ҷиноят акнун аз сафҳаи ҳастӣ зудуда шуда. Дар соли 1977 ба муносибати шастумин солрӯзи инқилоби вайронгари Уктубр ба дастури Ҳизби Кумунисти Шӯравӣ хонаи Ипотйеф бо хок яксон шуд; 59 сол пас аз эъдоми фаҷеъи хонаводаи Румонуф ва 14 сол пеш аз марги худи Иттиҳоди Шӯравӣ. Дар соли 2003 дар ҷои хонаи Ипотйеф калисои бошукӯҳе ба ёди хонадони Румонуф қад ъалам кард. Калисои уртудукси Русия қурбониёни он моҷароро шуҳадои қиддис ъунвон кард.

 

Дар соли 1998 Бурис Елтсин, раисҷумҳури вақти русия, эъдоми хонаводаи Румонуфро яке аз шармбортарин сафаҳоти торихи кишвараш номид.

 

Барои шахси ман абъоди инсонии ин қазия пуррангтару такондиҳандатар аз буъди сиёсии он аст. Чи басо “додхоҳон”-е, ки бо иртикоби ваҳшиёнатарин ҷиноёти башарӣ пиндоштаанд, ки дар ҳоли эъмори як ҷомеъаи мубтанӣ бар ъадолат ҳастанд. 

 

Мурури номаҳо ва ёддоштҳои бозмонда аз фарзандони тезор, бавежа чашор духтари ӯ, ки бузургтар буданду мушоҳидоти ҷолибе аз рухдодҳои перомуни худ доштанд, мавзӯъро равшантар мекунад. Ҳелен Ропопурт (Helen Rappapport), торихнигори баноми бритониёӣ, дар китоби “Чаҳор хоҳар: Зиндагии бохтаи душесҳои бузурги Румонуф” (Four Sisters: The Lost Lives of The Romanov Grand Duchesses) бо ҷузъиёт моро бо ъаволими пуралами онон ошно мекунад.

No comments: