
Хуршед пир шуд
Аз бас дамиду тофт
Дар чинси одамй
Одамгарй наёфт
***
Хингони худо мархамати Ёр бидиданд
Аз хостанихо талабиданду бичиданд
Сарбози хакикат ба тахи чох бипусад
Деву дади мо бин ки охе накашиданд
Аз додварй киссаи бисёр шунидем
Ин «додварон» киссаи моро нашуниданд
Дерест саропо газали хасрату яъсам
Ин куррахарон аз азал аммо нарамиданд
Садхо чу мани зор ба уммеди хакикат
Аз гулшани уммед шамиме нашамиданд
***
Фардо расиду нур бирафту ситора шуд
Мохи мунир боз шикасту дупора шуд
Чашмам даруни халкаи дуди сигор монд
Сонияхо даруни вучудам шумора шуд
Зехни мушаввашам ба лавандй ба хоб рафт
Осуда аз фазилату бе фикри чора шуд
Афсуни Готхо бишикасту зи ёд рафт
Калби рахим хам бичиголиду хора шуд
То нури рафта боз ба руям русуб кард
Пайгоми Зартухишт мароми дубора шуд
26 August 2006
03:17 am
Prague