Tuesday, December 08, 2009

Forced charity is theft, not charity

Накӯкорӣ иҷборӣ намешавад

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)

Дар кишварҳои мустабид ҳар коре аз роҳи зӯру таъаддию иҷбор анҷом мегирад. Ҳатто корҳои хайру савоб. Гӯё ба гумони бархе, ки зимоми умурро дар даст доранд, мардум забони дигарро намефаҳманд ва зӯру фишор танҳо василаи баёну такаллум бо онҳост. Дар кишварҳои пешрафта ҳатто кӯдакро ба анҷоми коре - ҳатто агар савоб бошад - водор намекунанд, балки мекӯшанд аз роҳи тафҳиму тавзеҳи мантиқӣ ӯро ба анҷоми он кори накӯ мутақоъид кунанд. Чун водоштани кӯдак аз роҳи зӯру фишор ҷурм маҳсуб мешавад.

Дар Тоҷикистон саранҷом тасмим гирифтаанд нерӯгоҳи обии Роғунро бо сармояи худӣ бисозанд. Ба ростӣ, бунёди ин нерӯгоҳ ба рағми ҳасодату рақобати ҳамсоягони норафиқ гиреҳи мушкилоти фаровонеро барои мардуми кишвар боз хоҳад кард. Афзун бар равшанию гармии хонаҳо дар чаҳор фасли сол, барқ ба сармояи умдаи кишвар табдил хоҳад шуд ва судури он хизонаи давлатро пур хоҳад кард ва дар сурати истифодаи беҳина аз даромади он кишварро аз хоки фақру бенавоӣ ба маснади дороӣ хоҳад нишонд. Аммо наҳваи тақозои мақомот аз мардум барои мушорикат дар анҷоми ин тарҳ носавоб аст.

Барои анҷоми марҳилаи нахусти сохтмони ин нерӯгоҳи ғулосо мақомот мехоҳанд аз мардум 600 милюн дулор бирӯёнанд. Торнамо (сайт)-и раёсати ҷумҳурӣ зимни эъломи ин хабар навишт: "Ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ғайр аз оилаҳои камбизоъат, бояд бо маблағи на камтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад." Вожаи “бояд” дар таркиби ҷумлаи боло танҳо дар кишварҳои мустабид ба кор меравад. Вагарна, агар қарор аст мардум кори хайре анҷом диҳанд, иҷоза бифармоед, ки маблағи он садақаро худашон таъйин кунанд. Ва эъломи як чунин тақозо дар кишваре, ки бино ба омори расмӣ, 53 дарсади ҷамъияташ фақир ба шумор меоянд, чизе ҷуз зулму ситами фоҳиш нест. Ва агар қарор нест мардум ба пардохти он маблағ водор шаванд, маблағи мавриди назар ҳосил нахоҳад шуд.

Раисҷумҳур Раҳмон ҳам ҷумлаи мушобеҳеро дар ҷараёни дидораш аз устони Суғд ба забон ронд ва афзуд, ки “соҳибкорону сарватмандони кишвар бояд бо маблағҳои калон саҳмия харанд.” Дар кишваре, ки миёнгини даромади сарвари хонавода чизе ҳудуди 260 сомонӣ аст, интизори дарёфти 3000 сомонӣ таваққуъи газофест. Ба вижа ин ки шояд он сарвари хонавода соли 1996 ҳам водор ба хариди саҳоми Сангтӯда-1 шуда буд ва акнун бо гузашти 13 сол аз сарнавишти саҳомаш хабаре надорад. Дар чунин корҳо эътимодсозӣ нақши умдаро дорад, ки зоҳиран нодида гирифта шудааст.

Албатта, дар нишасти Шӯрои Ҷамъиятӣ, ки рӯзи 4 декабр баргузор шуд, Э. Раҳмон тасреҳ кард, ки харидории саҳоми нерӯгоҳи Роғун иҷборӣ нест. Аммо дар ҳамон нишаст ҳам ӯ ибрози умедворӣ кард, ки ба таври миёнгин (мутавассит) ҳудуди як милюн хонавода саҳоми нерӯгоҳро бо арзиши 5000 сомонӣ хоҳанд харид. Раисиҷумҳур зимни таъкид ба ин нукта, ки харидории саҳом “довталабона” аст, ҳатто шумори ононеро таъйин кард, ки метавонанд ин саҳомро нахаранд: 300 ҳазор хонавода. Намешавад ҳам ба наъл кӯбиду ҳам ба мех. Агар ин иқдом “довталабона” аст, таъйини теъдоди хонаводаҳое, ки аз харидории саҳом маъофанд, маънӣ надорад. Он ҳам дар кишваре, ки “умедворӣ”-и раҳбари он ҳамеша фармон ё дастури ӯ талаққӣ мешавад ва маъмурони иҷрои он бедиранг дастбакор мешаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин бахш аз суханони раисиҷумҳур, ки “соҳибкорону сарватмандони кишвар бояд бо маблағҳои калон саҳмия бихаранд”, бисёре чашм ба ахбор дӯхтаанд, то бибинанд, ки аз ҷайби сарватмандони ростин чи пуле ба сандуқи Роғун ворез хоҳад шуд. Барои ҳама ҷолиб аст бидонанд, ки масалан, худи Э. Раҳмон ва хонаводаи сарватмандаш чанд дарсад аз дороиашонро ба ҳисоби нерӯгоҳи Роғун мунтақил хоҳанд кард ва барои дигарон намунаи ибрат хоҳанд шуд. Пешгомӣ дар амри хайр савоби бештаре дорад.

Тамоми ин гуфтаҳо дар “Ногуфтаниҳо” ба маънои мунсариф кардани мардум аз мушорикат дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун нест. Сохтмони ин нерӯгоҳ барои сарзамини мо аҳамияти ҳаётӣ дорад ва саҳм гирифтан дар он вазифаи виждонии фарзандони ин обу хок аст. Аммо ҳеч коре набояд аз роҳи тавҳин ба шуъури миллат ва барда пиндоштани он сурат бигирад. Кори хайр, агар довталабона аст, бигзоред довталабона бимонад.

Мо, иддае аз порсигӯёни бурунмарзй ҳам дар ҳоли ҷамъоварии кумак барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳастем. Ҳеч кадом саҳоме намехоҳем ва танҳо хостаи мо бениёзии мардуми Тоҷикистон дар арсаи энержист. Аммо ин иқдоми мо на бо даъвати давлати Тоҷикистон, балки ба нишони ҳамраъйӣ бо мардуми он сурат мегирад, ки ба барқи Роғун ниёзи мубрам доранд. Роғун акнун чун як ормони миллӣ тоҷиконро перомуни худ фаро овардааст. Бегумон ҳар фарзанди ин сарзамин, ки аз ранҷҳои он огоҳ аст, дар ҳадди тавони худ дар сохтмони нерӯгоҳ саҳм хоҳад гирифт. Агар раҳбарони кишвар ҳам ҳадди тавони худро бисанҷанд, бегумон ин нерӯгоҳ сохта хоҳад шуд. Магар нагуфтаанд, ки “дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест”?

2 comments:

Anonymous said...

Dusti aziz, maqolaaton oli-janobast. Va bisyor xub qaid kardaed ki in da'wat ba saxowat nabuda balki yak naw' da'wati zuraki hast. Va har kore ki ba zuraki shawad va az doxili insonho naboaroyad, natijaash nokomi xohad bud.
Va inchunin yak joi nigaroni onast ki hamai in mardumro ba sahmiya da'wat mekunand va yaqin doram kase foidae az in sahmiyaho naxohad burd. Va dar oyanda mushkiloti ziyod xohad shud va in hukumati xudkomai mo boz ziyodtar misdoqiyati xudro az dast xohad dod.
Dariushjoni giromi, iloho hamesha qalamaton burro va mufid baroi insoniyat boshad.

D said...

Сипос аз луфтатон, Беноми гиромй.

Ба хафтаномаи арчманди "Нигох" барои чопи ин ногуфтании матбуъотии Точикистон нихояти сипосгузориамро баён медорам.