Wednesday, December 16, 2009

Media Discrimination in Tajikistan

Табъизи расонаҳо дар Тоҷикистон

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)

Дар оғози пайдоиши рӯзноманигорӣ дар Эрони садаи 19 ба ин ҳирфаи навин “воқеъанигорӣ” мегуфтанд. Чун вазифаи як рӯзноманигор танҳо баёни воқеъаҳову воқеъиятҳо буд.

Баъдан, ки забони порсӣ гирифтори балои тарҷумазадагӣ шуд, ин вожаро аз фаронсавӣ баргардон карданд. Вожаи фаронсавии “journaliste” баргирифта аз “jour” ба маънои “рӯз” аст ва маънои дақиқи “journal” “рӯзнома” аст. Бад-ин гуна, “рӯзноманигор” ҳам тарҷумаи дақиқи “journaliste”-и фаронсавӣ аст.

Бо тағйири номи “рӯзноманигорӣ” вазифаи он ҳам то ҳадди зиёде тағйир кард. Давлат, ки аз тавони фавқулъодаи воқеъанигорон ва таъсири навиштаҳои онҳо бар афкори умумӣ огоҳ шуда буд, талош кард ин ҳирфаро барои пешбурди ҳадафҳо ва таблиғи дидгоҳҳои худаш дар инҳисораш дарорад. Бад-ин минвол дар кишварҳои истибдодзада, ки дар он замон сифати ҳамаи кишварҳои ҷаҳон буд, рӯзноманигорӣ ба хидмати мошинҳои давлатӣ даромад ва аз мардум фосила гирифт.

Бо зуҳури рӯзноманигории мустақилли “зеризаминӣ”, ки ба вазифаи ибтидоии ин ҳирфа содиқ буд ва чизе ҷуз баёни воқеъиятҳо намегуфт, пояҳои истибдод дар бисёре аз кишварҳо мутазалзил шуд. Кишварҳои озоду мардумсолоре шакл гирифтанд, ки дар онҳо мафҳуми “рӯзноманигории расмӣ” ё “давлатӣ” бемаъно шуд. Рӯзноманигорӣ аз давлат фосила гирифту якпорча шуд ва миёни тӯдаҳо баргашт ва қудрати белаҷоми давлатҳоро маҳор кард, то на дар хидмати худ, балки дар хидмати миллате бошанд, ки пули байтулмолро мепардозад.

Аммо дар Тоҷикистон, мусалламан, ин иттифоқ ҳанӯз науфтодааст. Дар кишвари “ҳуқуқбунёду демукротик”-и мо ҳамчунон “матбуъоти расмӣ” дорем ва “матбуъоти мустақил” ва миёни ин ду урдугоҳ пайкори ошкору ниҳоне пайваста дар ҷараён будааст. Давлат ҳамвора ба матбуъоти расмӣ иноят карда ва бо матбуъоти мустақил ситезида ё кӯшидааст бо тарфандҳое мустақилҳоро ҳам давлатӣ кунад. Аммо ба ҳар рӯй ҳар ду, бо вуҷуди тафовутҳо, “худӣ” ба шумор меоянд.

Гузашта аз ин ду урдугоҳи рӯзноманигорӣ, гурӯҳи дигаре аз хабарнигорони тоҷик ҳастанд, ки бакуллӣ аз марҳамати давлат бебаҳраанд ва ҳатто гоҳ аз сӯи давлат лаккаи хиёнат бар онҳо зада мешавад: рӯзноманигороне, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд. Ин хабарнигорон, ҳарчанд аксаран тоҷиканд, аз чашми давлат хабарчинони бегонае беш нестанд, ки ҳаргиз ба суди миллат каломе бар забон нарондаанд. Ишколи кор дар он аст, ки давлатиҳо маъмулан миёни мафҳумҳои “давлат” ва “миллат” тафовуте намебинанд. Аммо басо давлатҳое, ки бар сари миллатҳо балоёи фаровоне овардаанд ва рӯи душманро сафед кардаанд.

Аз ин рӯ, метавон натиҷагирӣ кард, ки дар Тоҷикистон мо ду навъ рӯзноманигор дорем: “худӣ”, ки шомили расонаҳои расмию нимамустақиллу мустақил мешавад ва “бегона”, ки барои расонаҳои хориҷию байнулмилалӣ кор мекунад. Давлат миёни ин ду гурӯҳи умдаи хабарнигорон марзи мушаххасе кашидааст ва гурӯҳи дувумро ба унвони “хабарнигорони номаҳрам” ба бархе аз нишастҳои худ фаро намехонад.

Нишасти маҳрамонаи раисиҷумҳур Раҳмон бо хабарнигорони “худӣ”, ки рӯзи 8 декабр анҷом гирифт, аз намунаҳои боризи табъиз миёни дастандаркорони расонаҳо дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷа изҳороте аз он нишаст ба берун аз маҳалли дидор ва ҳатто ба Маскаву Тошканд дарз кард, ки мизони воқеъияташон норавшан аст ва боъиси бигӯ-магӯҳои фаровони байнулмилалӣ шуда ва хоҳад шуд. Боризтарини онҳо суханони раисиҷумҳур дар бораи бозпас гирифтани Самарқанду Бухоро аз Узбакистон буд, ки ғавғои матбуъотӣ роҳ андохтааст. Суханоне, ки ба ростӣ, баёнгари орзуи бисёре аз тоҷикон ва дар кул, порсигӯён аст, аммо ҳаргиз тасаввур намерафт, ки бад-ин шева (аз сӯи раҳбари давлат) ва бо ин манзур (водоштани мардум ба харидории саҳоми нерӯгоҳи Роғун) баён шавад.

Ин изҳорот касро ба ёди мақоли мардумии “Пеш аз пода гард баланд накун!” меандозад. Давлати Тоҷикистон, ки акнун барои анҷоми як тарҳи энержӣ рӯи ниёз ба мардум овардааст ва ҳаҷми даромади нохолиси саронааш дар поинтарин пояи ҷадвали кишварҳои Шӯравии пешин қарор дорад, дар ҳадде нест, ки иддаъоҳои арзиашро ба ин шева баён кунад. Дар “Ногуфтаниҳо”-е дигар муфассалан ба ин мавзӯъ хоҳем пардохт ва хоҳем санҷид, ки чи гуна метавон ба он орзуи дерин, бо гомҳои сиёсию иҷтимоъии бихрадона, расид.

Дар ҳоли ҳозир дар бораи изҳороти раисиҷумҳур дар он нишасти маҳрамона барои “матбуъоти худӣ” метавон танҳо бо ҳадсу гумон ва бо такя ба шунидаҳои таъйиднашуда сухан гуфт. Аммо агар ба изҳори назари Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати хориҷа таваҷҷуҳ кунем, ки мегӯяд, мақолоти мунташира дар Маскав дар бораи суханони Раҳмон бофтаи тахайюли нависандааш будааст, пурсиш ин аст, ки чаро ин “шоеъа” офарида шуда? То набошад чизаке, мардум нагӯянд чизҳо.

Шоеъа ё овоза замоне падид меояд, ки иттилоъ андак бошад. Ва иттилоъ замоне андак мешавад, ки манбаъ аз пахши он худдорӣ кунад. Агар дар нишасти 8 декабр рӯзноманигорон ба “худӣ”-ю “бегона” тақсим намешуданд, мақоми аввали давлат ҳам бо эҳсоси масъулияти бештар сухан мегуфт. Ва дар воқеъ, як сиёсатмадор ҳамеша бояд он масъулиятро мадди назар дошта бошад. Ба вижа агар бо рӯзноманигорон тараф аст.

Рӯзноманигор “худӣ”-ю “бегона” надорад. Рисолати рӯзноманигори ростин пахши воқеъиятҳост. “Ман рӯзноманигорам. Пас рост мегӯям” шиъори рӯзноманигорони ростин аст. Ва мутмаиннан, дар миёни афроде, ки давлат ба унвони намояндагони “матбуъоти худӣ” мешиносад, бисёранд касоне, ки рисолати ростини рӯзноманигорӣ мароми зиндагишон аст.

5 comments:

Anonymous said...

Шумо хунари хуби навиштори бо инглисиву русиро низ доред. Чаро ин навиштахои хеле хам чолибатонро бо ин ду забон дар дигар чойхо низ чоп намекунед? Мутмаинам, ки расонахои зиеде хостори чопи ин навиштахои шумо хханд буд.

Ф

D said...

Сипос аз лутфат, Ф-и гиромй.
Сари фурсат ба забонхои дигар хам метавон навишт. Аммо дар холи хозир мухимтар он аст, ки ин сухбатхо дар махофили "худй" бештар бичархад.

Anonymous said...

Ин махофили худи ки мегуед,н а бештар аз хадди аксар 50 хонандаи Як Дарвеш ва на бештар аз хадди аксар 500 е 1000 хонандаи Нигох мебошад. Ва ин афрод хам хеч раъйе дар чомеа надоранд ва хеч коре хам карда наметавонанд, сарфи назар аз он ки хама "зиеиянд" (агар ба мизони шураив баркашем)

Ф

Anonymous said...

Илхом:

Дуруд устод Дориюш. Ман як мухлиси ашаддии торнигори Шумоям. Чаноби Рачабиён, Худо ёру мададгоратон бод.Кайхо мехостам паёми худро ба Шумо расонам.Хаста набошед.

D said...

Дуруд, Илхоми фарзона. Сипоси фаровон аз паёми мехрборатон.

Агар навиштахои нокобил ба дарди камтар аз як дарсади мардум хам бихурад, хушнуд хохам буд. Хар навъ дигаргуние аз даруни хастае кучак огоз мегирад ва фарогир мешавад.

Поянда бошед.