Соли Нави мо акнун нест
вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ
Хеле дӯст доштам, ки дар “Ногуфтаниҳо”-и ин ҳафта каломе чанд аз соли гузашта мегуфтам, ки шояд бо гуфтаниҳои ин ҳафта дар ҳафтаномаҳои Тоҷикистон ҳамгун мебуд. Аммо инро мегузорем барои Наврӯз, ки соли нави табиъӣ ва ростини мост.
Намедонам чаро бо ҷабри рӯзгор ёдамон рафтааст, ки Соли Нави мо ҳанӯз фаро нарасидааст. Беш аз се моҳи дигар қарор аст чашмбароҳ бимонем, то таҳаввулоте рух бидиҳад ва дар “Ногуфтаниҳо”-и наврӯзӣ ба канкошаш бинишинем.
Шигифтии ман худ шигифтангез нест. Мантиқи он ин ҷост: мо ба унвони насли башари кунунӣ чаро бояд пайрави одобу русуми бегонагон бошем ва аз ойини худ парҳез кунем? Кӣ гуфтааст, ки сол акнун тағйир мекунад? Инҳо ки ҳама шартист!
Мутмаиннан азизоне садо баланд хоҳанд кард, ки “бегона кадом аст?! Мо ки солҳост бо ҳамин Соли Нав ва ҳамин солшуморӣ сар кардаем!” Аммо посухи росихи ман мудом ин буда, ки торихи миллат ва сарзамини ман солмандтар аз воқеъиятҳои гузарои имрӯзист. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки миллати тоҷики ориёӣ бо дарки комил аз пешинааш Наврӯзро сароғози гоҳшумориаш қарор хоҳад дод.
Он рӯз акнун ҳам фаро нарасидааст. Ҳукумати кунуниро афкори дигаре андармон (машғул)-и худ кардааст. Аммо бегумон, ҳукумате, ки Наврӯзро сароғози расмии солшумории Тоҷикистон эълом кунад, сабти торих хоҳад шуд.
Бигзарем аз он ки соли нави масеҳӣ ҳам пайванди танготанге бо пешинаи мо дорад. Дар воқеъ, 25 декабр – рӯзи зоиши Митро ё Меҳри эронист, ки пайравони навини масеҳиятро ба он водошт, то якуми январро оғози соли нав эълом кунанд. Вагарна на замон бо оғози сол созгор асту на устураҳои бозмонда аз пешиниён.
Ҳатто худи фарангиҳо (урупоиён) пеш аз пазириши масеҳият соли навро дар ҳаволии рӯзи 21 март (Наврӯз) ҷашн мегирифтанд. Беҳтарин далели он номи моҳҳои фарангист: “сентябр” ба забони лотинӣ ба маънои “ҳафтум” аст. Ба ҳамин тартиб, “октябр” – “ҳаштум”, “ноябр” – “нуҳум” ва “декабр” – “даҳум” маъно медиҳад. Бо ин васф “январ” ва “феврал” моҳҳои ёздаҳум ва дувоздаҳуми соланд. Бо ин радёбии забоншинохтӣ метавон дарёфт, ки оғози сол бо моҳи “март” мусодиф мешавад. Ҳамон моҳе, ки Наврӯзи мо барои худ баргузидааст. Ҷолиб ин ҷост, ки дар созмонҳои ҳавошиносии кишварҳои фарангӣ 21 март оғози баҳор маҳсуб мешавад ва марзи зимистон дар ҳамин рӯз ба сар мерасад.
Қазия аз ин қарор аст, ки дар садаҳои пешин мардуми Фарангистон (Урупо) пайрави дини эронии меҳрпарастӣ буданд ва дар рӯзи 25 декабр зоиши дубораи Меҳр (Хуршед)-ро ҷашн мегирифтанд. Пас аз пазириши масеҳият ҳам ин одати мардум побарҷо монд ва сарони калисо тасмим гирифтанд ин рӯзро ба ҷои “рӯзи мелоди Меҳр” “рӯзи мелоди Масеҳ” унвон кунанд ва бад-ин гуна аз асароти дини куҳан бикоҳанд. Аммо бо гузашти замон ва бо афзоиши дониши башарият моҳият ва ҳақиқати тасмими калисо ошкор шуд.
Мо акнун 1 январро расман оғози соли нави худ медонем, чун аз ҷумлаи миллатҳои мағлубем, ки ба иродаи “миллатҳои ғолиб” тан додаанд. Мо танҳо нестем. Миллатҳои мағлуб бешуморанд. Аммо андак касе дар ин миён ин пурсишро аз худ мекунад, ки “чаро бояд аз ойини бегонагон пайравӣ бикунам?” Ва андак миллате дар баробари “якуми январ” гузиниши дигаре дорад.
Мо дар зумраи он миллатҳои хушиқболем, ки дар баробари “якуми январ” Наврӯзро дорем. Наврӯзеро, ки ҳам бо сиришти табиъат созгор аст ва ҳам дар пешинаи мо (то ҳамин ҳаштод сол пеш) нақш доштааст. Намедонам чӣ монеъе вуҷуд дорад, ки ба солшумории худӣ баргардем. Ба қавли Саъдии Шерозӣ:
Куҳан ҷомаи хеш перостан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.
Тоҷикон аз ворисони қавмеанд, ки дақиқтарин солшумории торихи ҷаҳонро поя ниҳодааст. Ин воқеъияти ноб аст. Пас метавон бо такя ба ҳамон солшуморӣ, ки имрӯз ҳам дар ақсо нуқоти ҷаҳон муътабар аст, Наврӯзро оғози соли нави тоҷикон эълом кунем ва дар остонаи Наврӯз ба натиҷагирӣ аз соли гузашта бинишинем. Эйдун бод!
16 comments:
Бо дуруд ва сипос бар дӯсти арҷмандам Дориюш, умедворам ки бо кӯшишу талоши хастагинопазири Шумо ва пуштибонии ҳамандешонатон Наврӯзро сароғози солшумории расмии Тоҷикистон хоҳем кард.
Наврӯз ягона ҷашнест аз ҷашнҳои бостонии мо, ки бо ҳама давру замону ҳамагуна дину мазҳабу ҳукумату давлат созгор будааст. На Сикандару ҷонишинонаш, на халифаҳои Уммавиву Аббосӣ, на султонҳои турку хонҳо муғул ва на амирони манғиту подшоҳони русу раисҳои ҳизби камунист натавонистанд ин ҷашнро аз фарҳанги мо решакан кунанд. Зеро Наврӯз зодрӯз ва ё солрӯзи ҳиҷрати фиристодае аз паёмбарони Худо нест, балки ҷашни табиъиву худоии оғози соли нав аст, ки ба хости худи Худованд дар замину осмон бо баробар шудани шабу рӯз дар оғози баҳор фаро мерасад. Кадом ҷашне беҳтар аз Наврӯз офаридгории Худовандро барои ҷаҳониён намудор мекунад? Магар на дар баҳор аст, ки замину осмон ба хости Худованд аз хоб бедор мешаванд ва зиндагӣ аз нав оғоз мешавад?
Чанде пеш ҳам Эрон бо пешниҳоди қатъномае аз СММ дархост кард то Наврӯзро ҷашни байнулмилалӣ эълон кунад. Мо — мардум ва кишвари Тоҷикистон — бояд ин пешниҳоди Эронро дастгирӣ кунем ва солшумории расмии Тоҷикистонро низ аз Наврӯз оғоз кунем.
Агар гоҳшумории кишварамон аз Наврӯз оғоз шавад, бархе аз ҷашну бузургдоштҳои бегона ва “таҳмилӣ” худ ба худ аз миён хоҳанд рафт. Ҷои онҳоро метавонем бо ҷашнҳое пур кунем, ки реша дар таърих ва фарҳанги худамон доранд. Барои намуна, ҷашни “шаби ялдо” ва рӯзи бузургдошти эзиди ҷангу пирӯзӣ Баҳром ва эзидбонуи обу борону борварӣ Ноҳидро метавон ҷойгузини 1 январ, 23 феврал ва 8 март кард.
Дуруд бар дусти гиромиам Умед ва сипоси фаровон аз пуштибонй аз Наврузи човидон ва аз афзудахои вазину арзишманд дар ин бобат. Ба умеди рузе, ки ин орзухо пиёда шаванд.
Мутаассифона дар чомеъаи имрузии Точикистон афроде хастанд, ки на танхо чашни масехи, балки чашни Наврузро хам кабул надоранд.Барои ин гурух одамон танхо чашнхои мазхаби вучуд доранду халос. Ва бадбахтона теъдодашон хам дар холи афзудан аст.
Таквими миллии бостони торихи зиёда аз хафтхазорсола дорад. Он яке аз рукнхои асосии фарханги мардуми мост. Дар ин бобат дар блоги Герби шердор чанд бор сухан карда будам. Афсус, ки байни рушанфикрон ва тасмимгирандагон жарфнои амикест, ки садои аввалиро дуввуми намешунавад. Агар хама рушанфикрон баробар дар ин бора дод зананд, эхтимол садояшон ба гуши тасмимгиранда бирасад...
Duroud ba Dariush giromi, va hamvatanoni rushanfikri man. Faghat mekhostam yak nazari kuchaki khudro dar ilova bar guftahoye ki guftanash zarur bud va hast ilova kunam. Hamin ravandi 'in begona hastu on ajnabi' dar tojikiston ziyod shudaast, ki na hamesha az tarafi ravshanfikron parokanda meshavad. albatto illati soli navi melodiro begona donistani barkheho az ruzi valentinro begona donistani barkhe digar fargh mekunad, vale umedvoram in maqolai Doriushi giromi dar yak sath bo navishtahoi ziddidunyavii nafarone ki 8 mart yo ruzi valentonro begona mekhonand ba yak ma'ni qabul nashavad. charo ki az ruyi in mantigh, kas metavonad ba osoni guyad, ki pesh mo in libosi urupoiro ba tan namekardem, zanho ham dar dunyoyi digare zindagi mekardand, va inho ba farhangi mo begona ast. shoyad mo boyad retorikai masalaguzorii ehyoyi arzishhoi farhangi bostoniamonro ki hadaf az on payvandi tojikiston ba farhangi farsi ast ivaz kunem. yane ba begona budanash ziyad takid nakunem vale beshtar ba mantigh va sudi yak rasm yo simbol dar nisbati sunnati digare gufta shavad.
Irodatmand. Khurshed.
Хуршеди гиромӣ, дуруст дарёфтаӣ. Манзур ин нест, ки ҳамаи ҷашнҳои тозаёфтаро матрук бидонему рӯ ба ҳазораҳои пеш оварем. Агар ҷашнеро дар бисоти торихии худамон надошта бошем ва аз касе ба орият гирифта бошем, боке нест. Ҳар навъ ҷашн баҳонае барои шодист ва шодӣ ҳамеша писандида аст.
Ҳадаф он аст, ки аз худшиносӣ шаммае тӯша бигирем. "Соли Нав" барои мо ихтироъ ё кашфи тозае набуд. Мо аз ҳазорон сол пеш онро таҷлил мекардем ва дар дақиқтарин рӯзи он ба ростӣ оғози шукуфоии табиъат аст, ҷашн мегирифтем. Пас ниёзе набуд, ки ба истилоҳ, дучарха дубора ихтироъ шавад ё Омрико дубора кашф шавад. Ниёзе набуд, ки Соли Нави худро раҳо кунем ва ҳамроҳ бо тӯдаҳои беҳувият ё худбохта Соли Нави бегонагонро бипазирем.
Таҷлил аз Соли Нави фарангӣ ҳам ба унвони баҳонае барои шодӣ ишколе надорад. Аммо ҷи хуб мешуд агар мо расман нишон медодем, ки ба дарки худшиносии миллӣ расидаем ва Соли Нави худро бозёфтаем ва ба дабира ё хатти худ менависем ва ба аъзои ҷудомонда аз пайкари воҳиди порсиён пайвастаем.
Тавоноии ҳар миллате дар намодҳои миллию фарҳангии он таборуз меёбад. Таҷлил аз Соли Нави фарангӣ ҳам нишонаи боризе аз тавоноию қудрати фарангиён аст. Мо акнун мухторем, ки ба оғӯши Наврӯз баргардем, агар ирода кунем.
Чи хуш гуфтед устод! Боиси дастгирист! Ээ Худо, ба каллаи вакилону хукуматдорон хираду дониш дех, то харчи зудтар ба расму оини худ баргардем. Ба гуфти устод Адаш Истад хама якчоя дод зада талаб намудан лозим. Устод, ба як чиз равшани меандохтед. Дар холати Навруз соли нав шудан кадом солшуморй (дар назар дорам моххоро) кабул аст?
Солшумории митрои, яъне ориёи. Кабули ин солшумори, ки хафт хазор солро дар бар мегирад ориёнажодии точиконро ба чашми тамоми чахониён равшан нишон хохад дод. Аммо рушанфикрони Точикистон доир ба пешниходхои камина оиди ин масъала ва тачлили чашни хафтхазорсолагии фарханги ориёи хомуши ихтиёр кардаанд. Аммо рузномахои хукуматии Узбекистон маколахои доир ба фарханги митрои дар Герби шердор навиштаи каминаро чоп карда истодааст.
Дуруд бар шумо, дӯстону ҳамандшони арҷманд!
Мардуми Тоҷикистон сол аз сол Наврӯзро пуррангтар ва соли нави милодиро камрангтар ҷашн мегирад. Ин воқеъият далелест бар ин идаъо, ки дер ё зуд Наврӯз сароғози гоҳшумории кишварамон хоҳад худ. Ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон низ ин воқеъиятро пазируфта аст, вагарна перору порсол як ҳафтаро таътил эълом намекард.
Дар Тоҷикистон расми ҷашнгирии соли нави милодӣ – аз арчаву Бобои Барфиву Барфак гирифта то шодбошу табрикот – ҳама саросар русист: Бобои Барфиву Барфак кандаву гирифта аз Дед Мороз ва Снегурочка ҳастанд ва “Соли Нав қатӣ!” тарҷумаи “С Новым Годом!” аст. Бадтар аз ҳама ин аст, ки расму русуми русиёнаи соли нав дар ҷашни Наврӯз низ асар кардааст. Кор ба ҷое расидааст, ки Мири Наврӯзиро канор гузоштаанд ва аз куҷое Бобои Деҳқоне сохтаву барояш Маликаи Баҳоре низ тарошидаанд, ки тақлиди кӯр-кӯрона аз ҳамон Дед Морозу Снегурочка ҳаст. Магар Ҳофиз гуфта ки “беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми Бобои Барфӣ”?
Дар ин бора гуфтанӣ бисёр аст, аммо ҷони калом ин аст ки чаро “он чӣ худ дорем, зи бегона таманно мекунем?”. Мо бояд кӯшиш кунем то Наврӯз қонунан ҷашни Соли Нав ва оғози рӯзшумории расмии Тоҷикистон эълом шавад. Солшумории расмии кишварамон низ бояд ҳиҷрии хуршедӣ бошад, зеро мо миллате ҳастем ариёнажод, аммо мусулмон.
Хама миллатхои тамаддунсоз огози солшумориро аз мавлуди паёмбари худ гирифтаанд. Ба ин сабаб яхудиён таквими зиёда аз панчхазорсола доранд. Агар точикон гохшумории миллии худро эхё накунанд, чунин маъно хохад дод, ки меросхури паёмбарони бостонии ниёгони худ Митро ва Зардушт нестанд. Яъне ориёи нестанд. Як гурух душманони миллати точик дар Интернет (масалан Хидоятов ва Расулов) ва дар нашрияхои гуногун бо инкори ориёнажодии точикон машгуланд. Он донишмандони точик, ки макоахои каминаро оиди эхёи таквими милли, ислохи герби Точикистон, поягузории низоми маориф дар асоси хафт мархилаи камолоти инсонии митрои нодида гирифтаанд, ба осиёби чунин душманони халки точик об рехта истодаанд.
Ба ин сабаб масъалаи эхёи таквим ва гузаронидани чашни хафтхазорсолагии фарханги митрои, яъне ориёи аз масъалахои хеле пурахамиятест, ки хастии миллати точикро муайян хохад намуд.
Враги нашего народа не раз писали, что таджики это те турки и другие неиранские народности которые во времена правления иранских царей перешли на персидский язык. Чем мы можем доказать, что наши предки били арийцами если не сохранили ничего арийского?
По этому восстановление арийской летоисчисления в Таджикистане приобретает огромное политическое значение.
Сангинов
Дуруд бар шумо!
Дӯсти арҷмандам Дориюш! Маро бибахшед, ки дар торнигоратон андешаҳоямро менависам. Аммо беҳтар аз маҳфили Шумо ҷойгоҳе барои гуфту шуниду табодули назар дар бораи масоили фарҳангиву иҷтимоъиву дигар дарду балои тоҷикону Тоҷикзамин нест.
Ман назари устоди арҷманд Адаш Истадро дар бораи дигар кардани нишони расмии Тоҷикистон ба ҷон қабул дорам ва кӯшиш низ дорам ки шердоламон дубора нишони кишвар гардад. Зеро агар аз решаҳои асотириву таърихиву дигар вижагиҳояш бигзарем, ҳаминаш бас аст, ки замоне нишони шоҳони Суғд будааст ва ин идаъоро деворнигорае дар Афросиёб ва бозмондаҳои порчаҳои зарбафти занданеҷӣ таъйид мекунанд.
Аммо дар бораи ойини Зардушту Митро ман бар ин боварам ки ҳар чӣ аз ин ойинҳо барои мо даркор буд ниёконамон дар ҳамон оғози раванди мусулмон шудан гирифта ва бо русуми исломӣ омехта кардаанд. Яке аз нишонаҳои ин бозгирифт ва корбурд ҳамин Наврӯз аст. Давлати Тоҷикистон низ дар пайравӣ аз пешиниён кӯшиш кард даст ба чунин омезиш занад, аммо танҳо коре, ки кард номгузории меҳмонсарое ба “Авесто”, баргузории Соли фарҳанги ариёӣ ва “бозсозии” Дирафши Ковиёнӣ барои парчами раёсати ҷумҳурӣ буд. Сипас порсолро Соли Имом Абуҳанифа ном гузошт ва даст ба домани фарҳанги исломӣ шуд. Аммо ин барномаҳо лофу газофе беш набуд ва яке ифроту дигаре тафрит аст.
Ҷанҷол миёни “ариёдӯстон” ва “исломдӯстон” коре беҳуда аст. Лофу газофи “ариёдӯстон” дар бораи бартарии фарҳанги бостониямонро “исломдӯстон” қабул надоранд ва ифроту тафрити “исломдӯстон” дар бораи бартарии фарҳанги исломиямонро “ариёдӯстон” намепазиранд. Ин ҷанҷол нирӯи моро аз созандагӣ ба сӯзандагӣ мекашонад. Мо ки дар худкушӣ ҳамто надорем, бояд бипазирем, ки миллати тоҷик ҳар кӣ ҳаст ҳамин аст, ки имрӯз аст. Лофу газову ифроту тафрит моро ба нобудӣ мебарад. Бояд пазируфт ки имрӯз мардуми тоҷик мусулмон ҳастанд ва фарҳангаш низ омехтае аз расму ойинҳои тоҷикиву исломӣ (на арабиву бадавӣ) аст.
Устоди арҷманд, оё қабули солшумории митроӣ - ориёӣ, ки ба гуфти Шумо “ҳафт ҳазор солро дар бар мегирад ва ориёнажодии тоҷиконро ба чашми тамоми ҷаҳониён равшан нишон хоҳад дод”, моро тофтае ҷудобофта дар миёни ҷаҳониён нахоҳад кард? Аз ҳама ҷаҳониён бигзарем, ки коре ба мову ариёнажодиву мусулмониву аслан будану набуданамон надоранд, аммо чаро мо бояд худ ба дасти хештан худро аз Эрону Афғонистону тоҷикони Узбакистон зиндаҷудо кунем? Бе ин ҳам тоҷику Тоҷикистон дар миёни чаҳор кӯҳ дарбасту хоназиндон аст. Чигуна бошад, ки ҳама ҷаҳониён (дурусттараш фарангиён) як солшуморӣ дошта бошанд ва Эрону Афғонистон як солшуморӣ ва мо солшуморие дошта бошем, ки на бо ҷаҳониён ҳамхон бошаду на бо хешовандонамон яксон? Ин ноҳамсониву ноҳамоҳангӣ зиндагии мардумро душвортар мекунад. Мардум бо ҳамин солшумории хуршедии милодиву ҳиҷрии қамарӣ зиндагонӣ ба сар мебаранду ҷашнҳои милливу идҳои мазҳабияшонро баргузор мекунанд. Дар солҳои 1970-ум шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ чунин як солшуморие аз оғози подшоҳӣ дар Эрон раво кард, аммо мардум напазируфтанд ва шоҳ водор шуд аз он солшуморӣ даст кашад. Бовар намекунам, ки мардуми Тоҷикистон солшумории митроиро бипазиранд. Тарки одат амрест муҳол.
Бино бар ин мӯътақидам, ки агар рӯзе бояд гоҳшумориямонро дигар кунем, оғози рӯзшуморамон бояд Наврӯз бошад ва оғози солшуморамон ҳиҷрати Паёмбари Ислом (с). Яъне ҳамон гоҳшуморие, ки дар Эрону Афғонистон ҳаст ва дақиқтарин гоҳшуморӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Бовар дорам, ки аз пазириши ин гоҳшуморӣ ҳам лаъл ба даст меояд (“ариёдӯстон” хушнуд хоҳанд шуд) ва ҳам ёр намеранҷад (“исломдӯстон” розӣ хоҳанд буд).
Ахамияти сиёсии масъаларо инкор намекунам. Онхо хастии миллат ва давлатдории точиконро зери суол карор додаанд. Даъвохои аз кабили «точикон аз асирони харбии ба Осиёи Миёна оварда шуда пайдо шудаанд», «Сомониён дар асл турк буданд» хама ба максади инкори халке бо номи точик, инкории нажодии он ва инкори хукуки таърихии давлати мустакил доштани он навишта шуда истодаанд. Борис Литвинский хангоми тахрири китоби «Точикон» фарханги митроиро аз он берун андохта (мисолаш нодида гирифтани кабристонхои ориёии болооби Зарафшон) ба чунин хучумхо замина фарохам овардааст.
Дуруд бар азизон ва сипос аз баргузории ин баҳси созанда.
Дар мавриди Наврӯз ман бовармандам, ки он марбут ба ҳеч дину ойине нест. Ҷашнест ба тамоми маъно миллӣ, ки аз мантиқу ҳанҷори табиъӣ бархурдор аст.
Дар мавриди моҳҳо гумоне дар ин зарурат раво намебинам, ки саранҷом бояд ба моҳҳои худии фарвардину урдибиҳишту хурдод баргардем. Чун дар фарҳангу торихи мо решаи жарфе дорад. Ба ин нукта ҳам таваҷҷуҳ дошта бошед, ки шоҳи Эрон тавонист ин моҳҳоро, ки ба фаромӯшхонаи торих супурда шуда буданд, дубора зинда кунад. Ба гунае, ки ҳатто таъассуби сӯзандаю вайронгари исломӣ натавонист бисоти ин моҳҳоро барчинад. Ва Эрон дигар ба ҳамалу асаду ҳут, ки номҳои тозӣ (арабӣ), аммо асолати чинӣ доранд, барнагашт.
Ва агар тағйири солшуморӣ дар Эрон акнун анҷом мегирифт, бо рӯйкарди рӯзафзуни тӯдаҳои Эрон ба фарҳанги бостонӣ, бегумон он ҳам ҷон ба саломат мебурд ва солшумории шаҳаншоҳӣ зинда мемонд.
Доштани солшумории мутафовит дар миёни милали ҷаҳон падидаи тозае нест. Барои намуна, дар Исроил акнун соли 5770 аст ва дар кишварҳои араб соли 1431-и ҳиҷрии қамарист.
Оғози солшуморӣ пиндоштани ҳиҷрати паёмбари ислом ба ростӣ талошест барои пиёда кардани ҳадафи арабҳои садри ислом, ки мехостанд ба мо биқабулонанд, ки пеш аз ислом тамаддуну торихе надоштем. Яъне ба заъми онҳо, дини ислом буд, ки ба мо ториху тамаддун дод ва пеш аз он ҳар чи буд, кашку бод буд.
Шояд тарҳи ин мавзуъ (тағйири солшуморӣ) дар ҳолати кунунии Тоҷикистон, ки дучори эҳёи исломгароии ифротӣ шуда, дурӣ аз мантиқи замон бошад. Аммо ба назари ман, ба эҳтимоли қариб ба яқин ин иттифоқ дар Эрони оянда, Эроне минҳои ҳукумати мазҳабӣ, хоҳад уфтод.
Умеди мухтарам!
Оинхои митроиву зардушти дар шароити кунунии Точикистон аз оинхои мурда хисоб мешаванд ва хеч имкони зинда кардани хатто яке аз онхо масалан зардушти нест. Дар огози истиклоли Точикистон намояндагони дини зардушти аз кишвархои хорича ба Точикистон хеле зиёд омадурафт карданд, аммо як нафар хам пайрави дини зардуштиро пайдо карда натавонистанд. Ба ин сабаб ходимони дини мусулмони дар ин масъала биме надоранд.
Миср давлати исломист. Наввад дар сади ёдгорихои меъмории он, ки тоисломианд, сабаби ривочи туризм ва афзоиши сарвати мамлакат гардидаанд.
Ягон мусулмони мисри «ин мероси кофирон» гуён ба вайрон кардани ёдгорихои меъмори намекушад. Баракс бо ахромхои замони тоисломи сохтаи халки худ ифтихор мекунанд.
Эхёи торихи гумшуда, гиромидошти фарханги ориёи маънои тарки дини исломро надорад ва чомеаро харгиз ба исломиву ориёи таксим нахохад кард.
Мо на бояд ба мисли баъзе ифротихои исломи фикр кунем, ки онхо ба куллан рад кардани хама гуна афкор чи бостониву чи муосири дар ислом вучуд надошта мекушанд. Ба тарафдори ба замони муосир овардани хама гуна акидахои митроиву зардушти нестем. Дар забони руси ибораи рациональное зерно хаст, ки онро магзи рационали бигуем, дуруст будагист. Мо тарафдори аз афкори митроиву зардушти гирифтани он магзи рационалистием, ки ба пешрафтанамон мусоидат мекунад.
Агар ба таърихи пешрафти кишвархои Гарб амиктар бингарем, хохем дид, ки барои пешрафти истехсолоти онхо накши асосиро масонхо бозидаанд. Масонхо оинномаи худро дар асоси оинномаи сангтарошхо таълиф кардаанд. Сангтарошхо бошанд, идомадихандагони суннатхои митрои буданд. Масонхо чанговарони собики дар чанги салиби аз горати кишвархои Шарк бойшударо мачбур карданд, ки ба саноати кишварашон маблаггузори кунанд.
Агар мо дар доираи акидахои исломи махдуд шавем, дур не хеле зуд Точикистонро ба Афгонистони дуюм табдил медихем. Он гох душманони миллатамон аз чор тараф гуруххои ифротиро маблаггузори кардан мегиранд, то ки харгиз аз ин вартаи марговар берун омада натавонем.
Post a Comment