Wednesday, January 27, 2010

Lack of Critical Thinking

Андар интиқод

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Дар ҷомеъаҳои суннатӣ, ҳамонанди ҷомеъаи Тоҷикистон, интиқод писандида нест ва чи басо, ки густохӣ ва беадабӣ арзёбӣ мешавад. Интиқод аз ҳар касе: аз устод, аз шогирд, аз зердасту забардаст, аз фарзанду аз волид ва ҳатто аз худ. Навъи охири интиқод, албатта, на нишони беадабӣ, балки намоёнгари заъфи инсон пиндошта мешавад. Дар натиҷа биниши мӯшикофонаи наққод (интиқодӣ) аз ҷомеъа рахт бармебандад ва ҷомеъа роҳро бо чоҳ иштибоҳ мегирад.

Тамошои саҳнаҳое аз баҳсу ҷадали намояндагони порлумони Бритониё бо нахуствазирашон барои намояндагони ҷомеъаҳои суннатӣ буҳтовар аст. Бисёре боварашон намешавад, ки чи гуна метавон раҳбари як қудрати ҷаҳониро ин гуна дар баробари дурбинҳо истинтоқ карду ба ҳар нуктаву ҷумлааш эрод гирифт. Ва он ҳам бо ҳаёҳӯю сарусадои дастаҷамъӣ. Нахуствазир маҷбур аст ба ҳамаи эродҳо бо диққати тамом гӯш диҳад ва агар қодир аст, аз дидгоҳҳо ва сиёсатҳояш дифоъ кунад. Ба ростӣ, чарха ё муҳаррики асосии сиёсати ин кишвар ҳамин интиқодҳои ошкори порлумонист. Ҳамин интиқодҳост, ки иштибоҳҳои давлатро ошкор мекунад ва ба он самту сӯ медиҳад.

Агар диди наққод вуҷуд намедошт, ҳеч навъ пешрафте дар ҷаҳон муяссар намешуд. Аз роҳи ҳамин интиқодҳост, ки ҷомеъа дар паи роҳи беҳтаре барои беҳзистӣ мегардад ва саранҷом онро меёбад.

Дар воқеъ, интиқоди созанда танҳо бадгӯӣ аз корномаи касе нест, балки зикри мунсифона ва воқеъбинонаи нукоти заъфу қуввати он фард аст ва ба манзури беҳбуди кор анҷом мегирад, на бо кинатӯзӣ. Аз ин рӯ интиқоди созанда на танҳо нишони бадҷинсӣ ё бадахлоқии интиқодгар нест, балки баёнгари диди борику ахлоқи шоиста ва афкори созандаи ӯст. Интиқоди созанда, яъне талош барои беҳбуди авзоъ.

Дар ҷомеъае, ки ба ин навъи интиқод маҷол намедиҳанд, афрод дар баробари ҳар навъ интиқоде осебпазир мешаванд. Яъне дигар намешавад аз ҳеч кору сухани ӯ эрод гирифт, чун интиқод сахт озораш медиҳаду боъиси ранҷиши ӯ мешавад. Ба пиндошти ӯ, интиқодгар мехоҳад ӯро хору забун кунад. Ин осебпазирӣ ба навбаи худ як навъ ошуфтагии шахсиятиро ба бор меоварад, ки дар илми равоншиносӣ ба он худшефтагӣ (нарциссизм – рус.) мегӯянд.

Афроди худшефта вақте ба ному мақоме мерасанд, беш аз пеш ба ҳар навъ интиқод ҳассос мешаванд ва танҳо интизори онҳо шунидани таърифу тамҷиди шахсашон аст. Ба онҳо ин эҳсоси пучу козиб даст медиҳад, ки аз ҳар навъ хато мубарро ҳастанд ва шахсияташон ба ниҳояти камол расидааст. Дар натиҷа худшефтагон ба худ иҷоза медиҳанд, ки дигаронро сахт бо тозиёнаи интиқод бикӯбанд, аммо на аз навъи созандааш. Интиқоде, ки аз даҳони худшефтагон садо медиҳад, ба ростӣ, бо қасди тавҳину таҳқир, бо баёне тунду зананда эрод мешавад. Чун аз диди онҳо, ҳама ноқисанду танҳо эшон комил ва бо афроди ноқис ҳар навъ рафтор равост.

Дар чунин ҷомеъае диди интиқодӣ мемирад. Ва марги диди интиқодӣ ба маънои рукуди зеҳни наққод аст. Яъне мардум бо шароити худ – сарфи назар аз ин ки чи навъ шароит аст – месозанду хӯ мегиранд ва фикри беҳбуди авзоъ ба зеҳнашон намеояд, чун барои беҳбуди авзоъ бояд нақд кард.

Аз ин рӯ ҳеч ҷомеъаи пешрафтае дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки зеҳни наққод дар он пирӯз набошад. Ҳар он ки роҳи пешрафтро паймуда, ҳатман аз вазъияте, ки қаблан дошта, нохушнуд будааст ва ба перомуни худ бо диди интиқодӣ нигаристааст ва ба фикри чора уфтодааст.

Парвариши диди интиқодӣ аз хонавода оғоз мегирад.
Дар ҷомеъаҳои суннатӣ ин навъи дид ҳамвора саркӯб шудааст ва хислатҳои як бачаи хуб дар хонавода маъмулан “бачаи бечора”, “мазлум”, “фақир”, “сархам” ё “сарбазер” аст. Ҷолиб ин ҷост, ки дақиқан ҳамин хислатҳои як кӯдак дар кишварҳои пешрафта падару модар ва омӯзгоронро нигарон мекунад. Яъне гӯшагирию камҳарфии як кӯдак нишонаҳои навъе гирифтории равонӣ тасаввур мешавад ва ҳатман он кӯдакро ба як равонпизишк муъаррифӣ мекунанд ва ба муъолиҷааш мепардозанд. Кӯдаки солим дар ҷомеъае пешрафта кӯдаке пурҷунбуҷӯш, пурҳарф, пурпурсиш, пуриддаъо ва наққод аст.

Ояндаи кадом як аз ин ду кӯдак равшантар аст? Сархам ё сарфароз? Чун ба ҳар рӯй ҳамин кӯдаконанд, ки ҷомеъаи фардоро сархам ё сарфароз мекунанд.

Зиҳӣ диди интиқодӣ!

5 comments:

soranblog.com said...

...واكنون مفتخريم كه وب سايت تحليلي "سوران بلاگ دات کام" را به شما خوانندگان گرامي معرفي كنيم.
http://soranblog.com

Адаш ИСТАД said...

Хеле хуб навиштаед! Ахсант!

D said...

Шумо мехрубонед, окои Истади гиромй.

Anonymous said...

Дуруд бар дусти азиз Дориюш!
Рости, хуб зикр гардида, ки мучиби рушду нумуьи дарахти хар чомеае аз рехтани оби интикод бар пояи он аст.Аммо мардуми гумрохи мо аз ошкор кардани уюбу иштибохоти хеш аз чониби касе мехаросанд ва моил нестанд, ки касе аз ишон ба истилох "ошкорнамои" бикунад.Ин хама хоки аз худдустдори ва худгароии худи мост.Мо он кадар худпараст гаштаем, он кадар асири ин "ман-ман"-хои худ гаштаем,ки вичдони мо ичозат намедихад, ки касе моро аз "бини боло" гап бизанад.МО одатамон шуда, ки бо хамин шевае, ки дорем завраки хаёту кору фаолиятамонро пеш мебарем,зиндаги намоем ва нагзорем,ки касе ба умури мо мудохила кунад.

D said...

Дуруд бар дусти гиромй Фирдавс. Дакикан, хамон тавр аст, ки фармудед. Танхо бо диди интикодист, ки гузинахои тоза барои зиндагии бехтар рунамо мешавад.