Мо қотилони “ман”-ем
(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)
Яке-ду рӯз пеш аз рӯи ғайзу нороҳатӣ рӯи сафҳаи Фейсбукам навиштам: “Хат-хатӣ мекунам ин зиндагии лаънатиро”. Дӯсте нигарон пурсид, ки чаро куфрони неъмат мекунию аз зиндагӣ менолӣ. Бо ҳамон шеваи мавзуну манзум навиштам: “То боз нависамаш... Шояд бояд ранда кард зиндагиро, бо ханда”. Дӯстам ҳам хандиду афзуд, ки шояд ранда кофӣ набошад ва кор ба арраву табару тешаву сӯҳон бикашад.
Ин ҳама аз рӯи дилсардию дилгармию андӯҳу шӯхию ханда буд. Вале агар баҷидд биандешем, андак нестанд онҳое, ки дӯст доранд зиндагишонро дубора бинвисанд. Ва гирам, ки чунин амри номумкин мумкин шавад, чӣ чизе тағйир хоҳад кард? Зиндагие, ки ҳама чизаш аз пеш таъйин шуда бошад, қобили хат-хатӣ шудан нест. Мо пеш аз ин ки по ба ҳастӣ бигзорем, бисот ҳамин буда ва ҳамин хоҳад монд. Ниёконамон ба ҷои мо андеша кардаанд ва мо чорае ҷуз пайравӣ аз он андешаҳо надорем. Ё дорем? Агар ҷуръат ба харҷ диҳем, ки “ман”-е аз худ ба намоиш бигзорем, ки бо “мо” дар тафовут ё ҳатто таноқуз бошад, оё ин “ман” то кай давом хоҳад овард?
Ҷомеъае, ки мо ба ирс бурдаем, ҳамон ҷомеъаи “голилеӣ”-ст, ки “ман”-и Голелейро дар “мо” ҳабс мекунад ва ҳарфи ғалаташро бар курсӣ менишонад. Ғофил аз ин ки садҳо сол баъд тамоми насли башарият ба бовари “мо” пушт мекунаду ба мантиқи “ман”-и Голилей рӯ меорад. Намуна аз Итолиё овардан ба монанди зира ба Кирмон бурдан аст. Магар “ман”-и Рӯдакию Фирдавсию Синою Берунӣ фаромӯшамон шуда, ки ҳар кадом ба навбаи худ тавассути “мо”-и ҳокимашон таъқиб шуданду ранҷҳо кашиданд?
“Ман”-и мо ҳамчунон маҳбус аст ва ёрои худнамоӣ надорад. Пеш аз ин ки ба дунё биёем, андешаҳои моро андешидаанд ва дар мағзи мо рехтаанд ва пушт кардан ба он андешаҳо носипосию беэҳтиромӣ ба гузаштагон талаққӣ мешавад. Ғофил аз ин ҳақиқат, ки ҳар касе ба фарохури даврони худ андешида ва чизе ҷуз он ҳам аз пешиниёну имрӯзиён интизор намеравад. Ғофил аз ин ки ҳамон “ман”-ҳои ёғӣ роҳро ба сӯи пешрафт ҳамвор кардаанд ва акнун ҳамон Рӯдакию Фирдавсию Синою Берунӣ роҳнамоёни пешрафт ба шумор меоянд, на он “мо”-е, ки дар замони он бузургон ҳоким буд. Чун танҳо андешидани мутафовит аст, ки таконеро вориди ҷомеъа мекунад ва роҳи тозаеро пешорӯи он мегушояд.
Шафтолуи ин шаф-шаф равшан аст: мизони эҳтиром ба фард ва андешаҳои фард дар ҷомеъаи мо наздик ба ҳеч аст. Дар натиҷа баёни андешае, ки бо тафаккури ғолиб муғоират дошта бошад, шигифтангез аст. Дар натиҷа маҷлисро барои мо интихоб мекунанд ва ҳатто дар интихоби раиси давлат раъйи “ман”-ҳо таҳлил меравад ва бакуллӣ нодида гирифта мешавад. Дар натиҷа барои мо таъйин мекунанд, ки чи бипӯшем, чи бихонем, чи бихурем, чи бигӯему чи нагӯем, чи бишнавему чи нашнавем, дар маросими ғаму шодӣ чанд меҳмон дошта бошему дар куҷо бинишинем... Ҳатто ногуфтаниҳо ва ношунуфтаниҳоямон таъйиншуда аст. Чаро? Чун “ман” таслими “мо”-и зӯргӯву беназокат шудааст. “Мо”-е, ки ҳамаро дар як зарф меандозад; зарфе, ки бо гӯри дастаҷамъӣ тафовути андаке дорад.
Саркӯби андешаҳо ва хостаҳои инфиродӣ аз авони кӯдакӣ оғоз мегирад ва то дами марг идома дорад. Ба даҳони кӯдаке, ки муҳити атрофашро зери суол мебарад, бедиранг муҳри сукут мезанем ва ба пурсишҳои фаровони ӯ танҳо як посух дорем: “Хап шин!” Дар натиҷа “ман”-и кӯдак аз рушд боз мемонад ва табдил ба “мо” мешавад; “мо”-и танбалу абусу бетакопӯ; як қатра ранги сапед, ки дар сиёҳӣ таҳлил рафтааст. Мо қотилони “ман” ҳастем.
Аммо чи лутфе дорад ҷомеъае, ки тамоми оҳодаш нусхаҳои тамому камоли ҳамдигар бошанд? Агар ҳама мисли ҳам биандешанд, андешаи тоза аз куҷо хоҳад омад? Лобуд аз хориҷ; аз ҷое, ки “ман”-ҳое иҷозаи андешидан доранд ва ҷое, ки фард арзиши маънавӣ дорад ва хостаҳои фард таслими фишорҳои ҷамъ намешавад ва бад-ин гуна роҳро ба сӯи таҳаввулоти созандаи бештар боз мекунад.
Дар ҷомеъае, ки ҳаққи инфиродии аъзои он нодида гирифта мешавад, мардум табдил ба рама мешаванд ва раҳбари давлат худ ба худ табдил ба чӯпон мешавад. Чӯпон бо рама ҳар он чи мехоҳад, мекунад. Аз диди чӯпон, рама танҳо барои давоми умри ӯ вуҷуд дорад ва лоғайр. Аз ин рӯ, вақте чӯпон бихоҳад барои қазои ҳоҷат аз як гӯша ба гӯшаи дигари мулкаш биравад, рамаро аз роҳҳо канор мезананд, роҳҳо баста мешавад ва қарор нест аз рама садое барояд. Агар садое баромад, хафааш мекунанд. Рама ҳаққи раъй надорад. Рама фармонпазир аст. Раъй, ҳар он чи ҳаст, бо чӯпон аст. Қатли “ман”-ҳо “мо”-ро гӯспанд мекунад.
Рама якранг аст.
Дар натиҷа аҷаб нест, ки бибинем ҷомеъаи мо замоне либоси “мудернизм”-ро ба тан карда буду гӯё аз андешаҳои куҳан бурида буд. Ва акнун ҳам аҷаб нест, ки бибинем ҷомеъа ба таври дастаҷамъӣ либоси “диндорӣ”-ю “порсоӣ” ба тан мекунад. Дар ҷомеъае, ки “ман” мурдааст, иттифоқот ба таври дастаҷамъӣ ва бидуни андеша меуфтад. Кандукову ҷустуҷӯе на дар бединӣ ва на дар диндоришон анҷом намепазирад. Фикри “ҳоло мардум чи хоҳанд гуфт?” бузургтарин дағдағаи фардҳост ва фардҳо барои обрӯи худ пеши “мардум” зиндагӣ мекунанд, на барои рушду такомули худ ва мардуми худ.
Пас чи фарқе мекунад, ки ин зиндагиро хат-хатӣ бикунему зиндагие тоза боз нависем ё на. Ҳар он чи ҳаст, ҳамин аст.
Магар ин ки ормоншаҳреро тасаввур кунем, ки дар он мардум дигар рама нестанд ва фард-фарди ҷомеъа ҷойгоҳи худро доранд ва Андеша зоидаи таҷрубиёту андӯхтаҳои фардҳост. Ва муҳимтар аз ҳама, Андешаҳое ҳаст, ки зиндагие шукуфотарро ваъда мекунанд ва дар қайду банди куҳнагароӣ нестанд ва рӯ ба равшаноии фардо доранд. Он вақт мешавад хат-хатӣ кард ин зиндагии лаънатиро.
No comments:
Post a Comment