Русҳо торих метарошанд
(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)
Замоне таҳсилкардагони донишгоҳҳои Русия ифтихор мефурӯхтанд ва шояд ҳам ҳақ доштанд. Бархурдорӣ аз дониши донишварони барҷастаи Русия дар муассисаҳое чун Донишгоҳи давлатии Ломоносов насиби ҳар навъи башаре намешуд. Он дониш дар ҳар гӯшаи ин кураи хокӣ мухотабу шунидору харидоре дошт, чун ҳосили пажӯҳишҳои чандсадсолаи мағзҳои мутафаккири бузургтарин кишвари ҷаҳон буд ва созгор бо тозатарин ёфтаҳои аҳли донишу пажӯҳиш дар саросари гетӣ, ҳарчанд бархе аз риштаҳои он бо андешаи расмии кишвари шӯроҳо олуда буд.
Бо фурӯпошии Шӯравӣ ва аз ҳам гусехтани шерозаҳои умур ҳатто дар густараи донишу донишпажӯҳӣ ин ифтихор дигар пучу беҳуда ҷилва мекунад. На ба хотири бутлони андешаи расмии шӯравӣ, балки ба хотири роҳи ботиле, ки бархе аз устодони он донишгоҳҳо паймудаанд. Гӯё бо фурӯпошии импротурии сурх сомона (систем)-и омӯзишӣ ва софӣ ё филтери донишмеҳвари он низ фурӯ рехтааст.
Агар на чунин буд, “донишмандон”-е чун А.Т. Фоменко ва Г. В. Носовский ҳам маҷоли буруз намеёфтанд. Ин ду пажӯҳишгар, ки таи чанд соли ахир рафҳои китобфурӯшиҳоро бо чандин ҷилд асари “торихӣ” анбоштаанд, зоҳиран ҳар ду риёзидонанд, вале аз чи бошад, ки ҳавои торихнигорӣ кардаанд ва торихро дар гирдобе аз фарзияҳои дурӯғолуд печондаанд. Дар як соли ахир аз ин ду “донишманд” се асар чоп шуда, ки базудӣ фаромӯш хоҳанд шуд.
Фарзияи модари ҳамаи фарзияҳои ин ду устоди Донишгоҳи Ломоносови Маскав ин аст, ки ҳар чи мо аз торих хондаем, бар мабнои донистаҳои мо дар садаи 17-уми мелодист ва бо донистаҳои кунунӣ созгор нест. Ба бовари онҳо, бештари навиштаҳои торихӣ дар воқеъ тафсире аз рӯйдодҳои давраи мавсум ба “Ошуфтагии бузург” ё “Великая Смута”-и Русия аст, ки садаҳои 16 ва 17-ро дарбар мегирад. Онҳо бар мабнои “назария”-и тозапардохтаи худ тамоми рӯйдодҳои муҳимми ҷаҳонро ба Русия нисбат додаанд ва ҳатто маҳалли зоиши Исои Масеҳро аз Носирия (Назарет) ба Крима (Крым) кӯч додаанд ва маҳалли хоксупории Марями муқаддасро ҳам ҳамон ҷо медонанд ва маҳалли Лавҳи Муқаддасро ҳам ва Шоҳ Артурро ҳам аз Инглистон ба Русия мунтақил кардаанд ва ӯро таҷассуме аз Исои Масеҳ ва Дмитрий Донской, аз шоҳзодагони руси садаи 14, донистаанд.
Ин ду донишпажӯҳ, ки дар воқеъ роҳзани донишанд, назарияеро зери унвони “Замоншиносии навин” ё “Новая хронология” поярезӣ кардаанд, ки ҳатто дар Донишномаи маҷозии Wikipedia ба унвони “назарияи илмии дурӯғин” ё «лженаучная теория» муъаррифӣ шудааст; назарияе, ки тавассути маҳофили илмии торихдонону бостоншиносон, забоншиносону риёзидонон, физикдонону ахтаршиносон такзиб мешавад.
Ин назария, дар воқеъ, зодаи миёнаҳои даҳаи 1990 аст; замоне ки ҳар азроҳрасидае метавонист газофагӯиҳои худро бо шуморгон (тираж)-е бештар аз 700 ҳазор нусха ҳам мунташир кунад. Пешоҳанги ин инҳирофи илмӣ Анатолий Фоменко, риёзидон ва узви Фарҳангистони улуми Русия буд, ки корҳои баъдиаш бо ҳамроҳии Глеб Носовский мунташир мешавад.
Бино ба назари ин ду риёзидони торихнигоршуда, замоннигории ҳамаи рӯйдодҳои торихӣ, ки мо медонем, ғалат будааст ва торихи мактуб (навишташуда)-и башарият кӯтоҳтар аз он аст, ки тасаввур мешавад ва аз садаи даҳуми мелодӣ ба он сӯ намеравад. Ба бовари онҳо, ҳамаи тамаддунҳои бостонӣ тасаввур ва хобу хаёли башарият аз тамаддунҳои баъдина будааст. Муаллифони ин назарияи бебунёд торихи башариятро ба наҳви худ бозсозӣ кардаанд, ки дар конуни он фарзияи мавҷудияти як импротурии ғулосо (дарбаргирандаи Урупо ва Осиё) дар садаҳои миёнӣ қарор дорад ва гӯё маркази сиёсии он импротурӣ ҳамоно хоки Русия будааст. Ба эътиқоди ин торихнашносон, додаҳои торихии маъруф аз пешинаҳои дур ношӣ аз дасткории санадҳои торихӣ будааст.
Дӯстам Умеди Ҷайҳонӣ огоҳам кард, ки А.Т. Фоменко ва Г. В. Носовский пас аз дарҳам кӯбидани додаҳои торихии Бохтарзамин ба торихи Ховарзамин ҳам даст ёзидаанд ва нахустин туъмаи онҳо “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ будааст. Дар китоби нави 669-сафҳаии ин ду пажӯҳишгари нобоб достонҳои “Шоҳнома”-и мо бозтобе аз рӯйдодҳои торихии Русия дар садаҳои 12 ва 17-уми мелодӣ унвон шудааст. Мусалламан, ин иддаъо ба ҳар гӯше хандадор мерасад. Агар рӯйдодҳои мазкур дар “Шоҳнома” ин ҳама ба мо наздик буда, пас чи гуна бузургони садаҳои 12 то 17-уми мелодӣ ва ҳатто бархе аз андешаварзони Бохтарзамин аз он ёд кардаанд? Аслан Каюмарси Пешдодию говаш дар торихи Рус кӣ метавонад бошад? Ва Фаридуну се писараш? Вале оё арзиши онро дорад, ки дар вокуниш ба чарандиёту «Наша Раша»-и торихии русҳо як матлаби пажӯҳишӣ бинависем ва собит кунем, ки Фоменко ва Носовский фаротар аз зери биниашон надидаанд ва ғалат кардаанд? Мусалламан на. Ҳадаф танҳо ин буд, ки таваҷҷуҳи андешаварзони тоҷикро ба ин вайронгарии торихии бархе аз русҳо ҷалб кунем, ки албатта, фаротар аз Русия хонандае надоранд.
No comments:
Post a Comment