(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Солҳост, ки бегонагон ба мо ҳушдор медиҳанд. Мегӯянд, ки агар кор ба ҳамин ривол идома дошта бошад ва ислоҳоте сурат нагирад, рӯ ба шикасту нокомӣ ҳастем. Мегӯянд, ки ҳатман бояд илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъи он ёфту пиёда кард, вагарна вовайлои пинҳонӣ давои дардамон нахоҳад шуд. Таъкид мекунанд, ки агар авзоъ бетағйир бимонад, нооромиҳои Қирғизистон гули баҳмани як силсила таҳаввулоти фарогири минтақаист; гӯ ин ки Аскар Оқоев ва Қурбонбек Боқиев дар интизори расидани ҳамсарнавиштонашон аз минтақа нишастаанд. Бегонагон мегӯянд ва гуфтаҳояшон ба гӯши шунавое намешинад. Чун бегонаанд ва Худо медонад ангезаи ростинашон аз ин ҳама нигаронӣ ва шояд ҳам воҳима чист. Онҳо ки тоҷик ё узбак ё ҳатто қирғиз нестанд, ки сарнавишти мардуми минтақаи мо барояшон ин ҳама аҳамият дошта бошад!
Тоза ба ин намунаҳои тарснок шабаҳҳои гурезон ё парешони раҳбарони Тунису Урдуну Яману Миср изофа шудаанд. Ва боз бегонаҳо ҷор мезананд, ки “Оҳон! Коре кунед, вагарна саранҷоматон чунин асту чунон аст!” Мо ин ҳушдорҳоро ба роҳатӣ пушти гӯш меандозему кашкӯли гадоӣ даври гардан, ва бо лабханде малеҳ дубора дарюзагарӣ мекунему шоҳона зиндагӣ мекунем ва сангеро такон намедиҳему хореро намеканем, ки то бод чунин бодо!
Аммо агар барои як лаҳза пардаи бадгумониҳоро канор бизанем ва ба нури хирад маҷол диҳем, ки ба даруни сарҳои гаронамон биборад, шояд дарёбем, ки қазия аз чи қарор аст. Шояд ҳоҷу воҷу ҳайрон бимонем, ки “бегонагон” чи беҳтар аз бачаҳои Саъдӣ ба дарки ин мисраъҳо расидаанд, ки “Банӣ Одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор”. Ва ин ки мани тоҷики навъӣ имрӯз дучори балое шавам, баночор он бало ба ҳамсояҳои дуру наздикам сироят хоҳад кард. Чун кураи Замин яке бештар надорем ва аз як ҳаво танаффус мекунем ва бо ҳазорон ришта ба ҳам васлем. Бо дарки ин нукта мафҳуми “бегона” ҳам таъбире дигар пайдо мекунад ва паёми “бегона” ҳам ба гунае дигар ба гӯшҳо фурӯ меравад.
Тозатарин ҳушдори “бегонагон” аз Гурӯҳи Буҳрони Байнулмилалӣ (ГББ) расид, ки рисолаташ пешгирӣ ва ҳалли муноқишоти маргбор дар саросари ҷаҳон аст. Ҳарфи ҳисоби ин гурӯҳи байнулмилалӣ ин аст, ки агар давлатҳои Осиёи Миёна шоистасолориро мароми кори худ накунанд, дар ояндаи қобили пешбинӣ дучори бало хоҳанд шуд. Шоистасолорӣ, яъне ин ки як троктурчӣ набояд раиси, масалан, идораи пулис шавад, балки бояд ба пушти фармони ҳамон троктураш баргардад. Яъне танҳо ононе, ки тавоноӣ ва салоҳияти анҷоми як корро доранд, ба анҷоми он кор гумошта шаванд.
Бино ба арзёбии ин гурӯҳ, дар миёни панҷ кишвари Осиёи Миёна Қирғизистону Тоҷикистон бадтарин мавқеъиятро доранд. Коршиносони ин ду кишвар ба ГББ гуфтаанд, ки то чанд соли оянда дигар омӯзгори хубе барои парвариши кӯдакон ва пизишки ҳозиқе барои дармони беморон пайдо нахоҳад шуд. Чун гувоҳиномаи донишро мешавад ба содагӣ дар изои чанд баргаи сомонӣ харид ва дониш ҳақиру беарзиш шудааст. Аз сӯи дигар, зерсохтҳо (инфраструктура)-и ҷомеъа, ба монанди роҳҳову дабистонҳову бемористонҳо, дар ҳоли фарсоишанд. Дар ин гузориш мехонем:
“Муҳимтар аз ҳама ин ки давлатҳо дар саросари минтақа зоҳиран ба ин хаёл буданд, ки мероси онҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳамеша давом хоҳад овард ва пулҳое, ки барои анҷоми ислоҳот, беҳбуди омӯзишу парвариш ва таъмиру нигаҳдорӣ ихтисос ёфта буд, маъмулан ба ҳадар мерафту басанда набуд.”
Гузориши ГББ бо таъкиди бештар бар мавзӯъи фарсоиши зерсохтҳо ва паёмадҳои ногувор ва маргбори он меафзояд:
“Фарсоиши сареъи зерсохтҳо шиддати нодорӣ ва бегонагии мардум аз давлатро бештар мекунад. Нопадидии хадамоти аввалия тундравони исломиро, ки ҳамакнун ҳам нерӯе ҷиддӣ дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд, бо муҳиммоти бештар алайҳи раҳбарони минтақа таъмин мекунад ва бунияи иҷтимоъии онҳоро тавсеъа медиҳад. Рушди иқтисодӣ ва коҳиши фақр ба хобу хаёл табдил мешавад; фақиртарини ин кишварҳо беш аз пеш ба содироти нерӯи корӣ вобаста мешаванд. Хашм бар сари коҳиши шадиди хадамоти асосӣ дар нооромиҳои Қирғизистон дар оврил (апрел)-и 2010, ки ба сарнагунии Қурбонбек Боқиев анҷомид, нақши муҳимме дошт. Ин омил метавонад дар кишварҳои дигар, бахусус Тоҷикистон ҳам, дар ояндаи начандон дур нақши мушобеҳеро бозӣ кунад”.
Кадом фарзанди ин обу хок аз хондани сатрҳои боло хурсанд мешавад? Мусалламан, барои якояки мо хондану шунидани чунин пешгӯиҳое ногувор аст ва барои тоҷикони бурунмарзӣ - шармовар. Аммо оё бӯи ҳақиқате аз тавсифи мушкилоти мо дар ин гузориш намеояд? Оё ин ҳақиқатро ба хотири талхиаш бояд тард кард ва нодида гирифт? Ва агар гӯшҳоямонро ба ин гузориш бибандем, мушкилотамон ҳал хоҳад шуд? Гумон аст. Пас шояд “чашмҳоро бояд шуст” ва авзоъро ҷӯри дигар, воқеъитар дид ва ба ислоҳи он андешид.
Гузориши ГББ ба умеди ҷилавгирӣ аз вуқӯъи бало барои давлатҳои Осиёи Миёна, созмонҳои байнулмилалию кишварҳои кумаккунанда ва давлатҳои Чину Русия тавсияҳое ироа кардааст. ГББ аз давлатҳои минтақаи мо мехоҳад, ки ба шеваи кишварҳои Болтик ва Гурҷистон барномаи муфассал ва дарозмуддатеро барои решакании фасоди молӣ тадвин ва иҷро кунанд, тавоноии мудириятии ҳукуматҳои маҳаллиро афзоиш диҳанд, аз баҳракашӣ аз пизишкону омӯзгорон барои анҷоми корҳои номарбуте чун даъват ба раъйдиҳӣ ва хадамоти иҷтимоъии дигар худдорӣ кунанд, ба заминаи омӯзишу парвариш таваҷҷуҳи бештар кунанд ва ба ҷои насби “тахтаҳои сафеди рақамӣ” дар мактабҳо нахуст донишомӯзонро бо китобҳои дарсии муносиб таъмин кунанд ва як ришта ислоҳоти дигарро анҷом диҳанд, ки бояд, дар воқеъ, ибтикори худи мо барои беҳбуди зиндагии мардумамон бошад, на пешниҳоди “бегонагон”.
Ва вақте ки дар яке аз шумораҳои ахири маҷаллаи “Тойм”-и Омрико чеҳраи раҳбари Тоҷикистонро ба унвони яке аз 10 ҳокими худкомаи ҷаҳон мебинӣ, беш аз пеш дар нигаронию сарафкандагӣ фурӯ меравӣ.
Зиндагӣ дар хориҷ пайванди одам бо кишвари зодгоҳашро намегусалад; чи басо ки онро устувортар мекунад. Дар хориҷ мазоҳире чун фарҳанги мардум, фарҳанги давлат ва ҳокими кишвар мизони эҳтироми шумо дар баробари дигаронро таъйин мекунад. Аз ин рӯ тоҷикони бурунмарзӣ ташнаи расидан ба Тоҷикистоне озоду обод ҳастанд, ки мояи сарбаландию ифтихори фарзандони ин сарзамин бошад. Барои расидан ба он ормоншаҳр ногузир бояд ба тавсияҳои созанда гӯш дод ва ислоҳоти лозимро пиёда кард, то ваҷҳаи байнулмилалии кишвар тармим шавад ва мо бо сари баланду садоқати калом канори ҳам меҳанамонро чунин тавсиф кунем: Тоҷикистони озоди ман!
1 comment:
Bisyor kori neke mekuned, Doriyush, ki tavassuti in haftanoma chunin andeshahovu nuqtahoi zaruriro ba mardum merasoned. Khasta naboshed, barodari giromi.
Insohro metavon zindoni kard, vale fikri ozodro hej vaqt nametavon komilan mahdud kard. Khirad az boloi johili hatman dar jomeai mo niz piruz khohad gasht.
Khudo nigahbon!
BK
Post a Comment