Monday, February 21, 2011

Who's Woken Up Arabs?

Кӣ арабҳоро бедор кард?

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Дар ҷаҳони араб рухдодҳое ҷараён дорад, ки маҷаллаи “Economist”-и чопи Ландан рӯи ҷилдаш онро “The Awakening” (Бедорӣ) унвон мекунад ва дар расонаҳои дигар бо номи “Баҳори ҷаҳони араб” аз он ёд мешавад. Баҳор муқорини шукуфтан асту шукуфоӣ ва тасаввури ғолиб бар ин аст, ки такону талотуми мардумӣ ва фирори мустабиддони даҳсолаҳо дар ниҳоят ба шукуфоӣ хоҳад анҷомид. Гоҳ расидан ба мақсуд (шукуфоӣ) метавонад ба дарозо бикашад, аммо таҳаввулу тағйир оғози ҳар навъ шукуфоист. Обе, ки бетакону ором барои даҳсолаҳо бимонад, табдил ба мурдоб мешавад.

Раҳбарони шимоли Офриқову Ховари Миёна ҳам акнун маҷбуранд ёд бигиранд, ки ҳар омадане рафтане ҳам дорад, вагарна талотуми мардумӣ аз бистар ба соҳил барашон хоҳад андохт. Ин паёмест, ки мардуми ин минтақаҳо ба саросари ҷаҳон фиристодаанд. Раҳбароне, ки писаронашонро барои варосати “тоҷу тахт” омода карда буданд, акнун на танҳо аз фикри ҳукумати маврусӣ (ирсӣ) дасту дил шустаанд, балки ба фикри ҳифзи ҷону моли худ ва хонаводаашон уфтодаанд ва дарбадар дунболи паноҳгоҳе мегарданд. Таваҳҳушу куштори қаззофигуна дар Либӣ ҳам дар ниҳоят чорасози идомаи истибдодашон нахоҳад шуд.

Аммо ин бедорӣ аз куҷо сарчашма мегирад? Чи гуна аст, ки тӯдаҳои дирӯз сарбазеру фармонбардор имрӯз бо густохии тамом сар баланд кардаанд ва ҳаққашонро мехоҳанд? Магар ҳаминҳо набуданд, ки ба султаи қаҳҳору ҷаббори мустабиддонашон сари итоъату таслим фуруд оварда буданд? Ва раҳбари ин ҷунбишҳо чи касест, ки ҷое номе аз ҳеч кадом ба чашм намехурад?

Бисёре дар ин замина ба қудрати расонаҳо ишора мекунанд. Ҳатто бархе аз риштаҳои рӯзноманигорӣ дар донишгоҳҳои Ғарб бо зикри ин нукта, ки “расонаҳо сарнавишти миллатҳоро шакл медиҳанд” довталабонро ба таҳсил мехонанд. Оё ба ростӣ ҳукумати чаҳорум ба андозае нерӯ гирифта, ки қудрати се ҳукумати аввалро бад-ин гуна ба чолиш, ва дар ниҳоят, ба лаҷанзору фаромӯшхонаи торих мекашонад?

Дар баҳсҳое, ки сари ин мавзӯъ даргирифтааст, ғолибан ду тарафро мебинем. Тарафи нахуст мекӯшад қудрати расонаҳо (матбуъот)-ро ҳаюлоӣ, азим, шикастнопазир ва дарҳамандоз вонамуд кунад. Дар ҳоле ки тарафи дувум расонаҳоро басодагӣ ҳомили ахбору иттилоъот медонад, на бозигаре, ки битавонад дар арсаи сиёсию иҷтимоъӣ таҳаввулоте чун инқилобро биофаринад. Ин як намунаи клоссик аз ифроту тафрит аст. Чун ба назар мерасад, “миёнгини заррин”-и ин баҳс посухи пурсиш бошад.

Дар ҳамаи рӯйдодҳое, ки шимоли Офриқо ва Ховари Миёнаро дарменавардад, ҷои пои расонаҳоро метавон дид. Шояд агар Холид Саъид, як веблогнависи 28-солаи мисрӣ дар шаҳри Искандария, тавассути маъмурони давлатӣ дар моҳи жуан (июн)-и 2010 кушта намешуд, Ҳуснӣ Муборак ҳам бо ин сарнавишт дучор намеомад. Қатли ҳамон веблогнависи ҷавон буд, ки ҷомеъаро такон дод ва доманаи эътирозот рафта-рафта саросари кишварро фаро гирифт ва Муборакро фирорӣ дод. Аммо расонаҳо буданд, ки ин хабарро мунташир ва пайгирӣ карданд ва фазоеро падид оварданд, ки ба поёни сӣ сол истибдоди Муборак анҷомид.

Албатта, инқилоби Тунис аз муҳаррикҳои аслие буд, ки ба муътаризони мисрӣ рӯҳияи инқилобӣ дод. Инқилоби Тунис ҳам муттакӣ ба расонаҳои иҷтимоъие чун Facebook ва Tweeter буд. Талотуми мардумии Баҳрайн ҳам. Яману Урдуну Либӣ ҳам. Ҳама ба гунае бо расонаҳои иҷтимоъии интернетӣ гиреҳ хурдаанд. Ҷунбиши Сабзи Эрон дар соли 2009 нахустин ҷунбиши мардумӣ буд, ки бо иттико ба расонаҳои интернетӣ по гирифт ва ҳамчунон идома дорад. Бо ин ки ҷунбиши Эрон ҳанӯз ба ҳадаф нарасидааст, пешоҳанги ҳамаи ҷунбишҳои мардумии дигар дар минтақа ба шумор меояд, чун ҳамагӣ дорои вежагиҳои ҳамгун ҳастанд: ҳеч кадом раҳбари мушаххас надоранд ва ҳамагӣ муттакӣ ба расонаҳоанд.

Аммо ҷаҳони араб аз неъмати дигаре ҳам ба номи шабакаи телевизюнии “Алҷазира” бархурдор аст, ки ба таври шабонарӯзӣ аз Қатар тамоми рӯйдодҳои ҷаҳони арабро пӯшиш медиҳад ва садои мардуми муътариз бе мумонеъат аз тариқи он ба забонҳои арабӣ ва инглисӣ дар саросари ҷаҳон пахш мешавад. Шояд битавон ба ҷуръат иддаъо кард, ки бузургтарин дастоварди арабҳо дар даҳсолаҳои ахир ҳамин шабакаи “Алҷазира” аст, ки манфури мустабиддон ва маҳбуби мардуми одӣ шудааст. Омрико ҳам дар Кобулу Бағдод дафтари ин шабакаро бумборон карда буд; ҳукуматҳои Мубораку Қаззофӣ ҳам ташнаи хуни гардонандагони “Алҷазира” буданду ҳастанд. Аммо чашми ҷаҳониён дар ин рӯзҳо аз сафҳаи телевизюни “Алҷазира” канда намешавад, ки бо ҳазорон ранҷу заҳмат садову симои мардуми муътаризро ба чашму гӯши ҷаҳониён мерасонад.

Доманаи ҷаҳонгири расонаҳо ба ҷунбишҳои мардумӣ ин имконро додааст, ки бидуни раҳбар ҳам садои эътирозашонро баланд кунанд, дида ва шунида шаванд. Вале агар бишавад мизони таъсиргузории расонаҳо (Интернет, матбуъот, телевизюн, родю)-ро 50 дарсад талаққӣ кард, 50 дарсади дигар ба омилҳои дигаре бармегардад, ки шояд битавон онро “мояи буҳронӣ” (критическая масса – рус.) номид: мизони истибдод, тӯли давраи истибдод, мизони фасоди раҳбарон, мизони огоҳии мардум аз ҳуқуқашон ва аз истибдоди ҳоким ва мизони беҳзистии мардум. Дар кишварҳое, ки яке аз ин омилҳо ба шохиси мавриди ниёз нарасида бошад, наметавон интизори ҷунбишеро дошт, ҳатто бо пӯшиши пайвастаи расонаҳо. Расонаҳо рӯйдодҳоеро пӯшиш медиҳанд, ки дар ҳоли вуқӯъ бошад. Аз ин рӯ мебинем, ки “бедории ҷаҳони араб” давлатҳои мустабидду худкомае чун Арабистони Саъудиро канор мегузорад; ҳарчанд суҳбат аз ҳуқуқи башар дар ин салатанати ҳудуди 80-сола латифаи нобаҷову талхест.

Аммо шакке дар сайри такомулӣ ва рушди худшиносии миллатҳо нест. Он “мояи буҳронӣ” ба дур аз хостаи ину он саранҷом шакл мегирад ва идомаи истибдодро номумкин мекунад.

1 comment:

بوی جوی مولیان said...

از دیدمن تونی بلیر عرب ها به گونه بیدار کرده که این خواب چهل ساله بیدار تر ازین بیداری کنونی است.