Friday, March 29, 2013

ZP Mission


Рисолати “Забони порсӣ”


Бо сипос аз нашрияи вазини “Озодагон” ва шахси Рустам Маҷидов, ки аз қазо дар гурӯҳи “Забони порсӣ” ҳам ҳузур дорад, барои интишори нақде инчунин аз нахустин шумораи маҷаллаи “Забони порсӣ”. Ба маҷаллаи муҳаққару ройгони мо, ки аз пули ҳамвандони фарҳангдӯсти гурӯҳ рӯида ва ҳайъати таҳририяаш касе ҷуз нависандагони матолиби шумора нестанд, ифтихор додаанд. Хирадманде гуфтааст: “Вайронгартарин интиқод бетафовутист”. Пас Рустам Маҷидови арҷмандро меситоям, ки бетафовут нест. Аз сӯи дигар, Густов Флубер (Gustave Flaubert) мегӯяд: “Кор ҳар чи беҳтар бошад, интиқоди бештарро ба худ ҷазб мекунад”. Пас нахустин гоми маҷаллаи “Забони порсӣ”-ро ҳам бояд сутуд, ки интиқод аз он нақли маҳофили нашрияи гаронвазне чун “Озодагон” шудааст. Аз интиқод истиқбол мекунем. Чун зомини тақвияту таҳким аст.

Ба эродҳои Рустам Маҷидов, ки мутаассифона, бисёре аз онҳо куҳнаанду борҳо баҳсашро кардаем, ҳамин ҷо як ба як посух хоҳам гуфт.

***

Рустамҷон ба нақл аз Мутаҳҳарӣ мегӯяд: 

“Барои аз байн бурдани як ақида муҳим нест ба он хуб ҳуҷум шавад; кофист, ки аз он бад муҳофизат шавад” Ба мисли ин, имрӯз аз забони муосири тоҷикию порсии Варорӯд (ё ҳамон Мовароуннаҳр, ки сарзамини Осиёи миёна аст) хеле бад муҳофизат мешавад. Чунин менамояд, ки сафи муҳофизони бади он меафзояд”
Идомаи навишта бармало мекунад, ки қишре аз “муҳофизони бад”-и забон афроде чун нависандаи арҷманди он мақолаи интиқодӣ ҳастанд, ки забони порсиро бо ъиборати муғлақи “забони муосири тоҷикию (?) порсии Варорӯд” мешиносанду мешиносонанд, бар афроди пойбанд ба номи асил ва имлои асили забон метозанд ва пойбандии шадиду бардагунаи худ ба имлои русиро “муҳофизати хуб аз забони муосири тоҷикию порсии Варорӯд” мепиндоранд, ки мусалламан, музҳик (хандаовар) аст. Яъне агар дар ташхиси номи забони модариамон гичу гӯл шавем ва онро бо ъиборате ҳафтодманӣ таъбир кунем ва имлои русиро ъайни моли ҳалоли рӯдакинишон бар сина ончунон бифишорем, ки бар ъумқи қалбамон бинишинад, аз ҷумлаи “муҳофизони хуби забон” ҳастем. Ва агар номи забони модаримонро фирдавсивор “порсӣ” бидонем, имлои забонро синовор ҳифз кунем (ки “Платон”-ро Афлотун ва “Сократ”-ро Суқрот навишта буд) ва ба сони тамоми порсинависони дирӯзу имрӯзи ториху ҷаҳон “ъарабӣ”-ро бо “ъ” бинависем, аз зумраи “муҳофизони бади забони муосири тоҷикию порсии Варорӯд” хоҳем буд. Аз Рустамҷон хоҳишмандам сари ин нукта андешае жарф дошта бошад, то дарёбад, ки аз зовияе ғалат вориди мавзӯъ шуда ва сару таҳи қазияро иштибоҳ гирифтааст.

***
Рустами арҷманд мегӯяд: 

“Ҳоло забони тоҷикии порсиро бо ин ном қабул кунем ё на, масъалаи дигар аст”. 

На, ҷони бародар, ъайни масъала ва дар воқеъ, мағзи масъала ҳамин аст. Ононе, ки ба гувоҳии торих гӯши ҷон супурдаанд ва қоил ба порсӣ будани забони модарии мо ҳастанд, он гусасти маснӯъии кремлинмеҳварро напазируфтаанд. Ҷое дигар ҳам гуфта будам: агар ҳатто тамоми ҷаҳон якшаба номи ранги “сиёҳ”-ро табдил ба “сапед” кунанд, моҳияти ранги сиёҳ ъиваз намешавад ва он ҳамчунон сиёҳ мемонад. Тағйири номи забони модарии мо, ки Рустамҷон дар таҳмилӣ будани он ҳам бедалел шак ворид карда, сиришти забони моро ъиваз накард. Шоху барги онро қайчӣ зад, аммо сиришташ дастнахурда монд ва он шоху барги бурида дубора аз шираи он сиришт нӯши ҷон мекунаду дар ҳоли рӯидан аст ва ҳаминак мо шоҳиди ин рӯйдоди шигарфи боз ҷустани рӯзгори васли хеш ҳастем, ки Мавлавӣ ҳам мегӯяд, баногузир иттифоқ хоҳад уфтод. Пас номи забони мо “ҳар чи бодо, бод!” нест, балки порсӣ аст. Дарки ин нукта бисёре дигар аз гиреҳҳои зеҳниеро, ки дӯстам Рустам пайдо кардааст, хоҳад гушуд. Агар ихтилофи дидгоҳи мо бар сари ин ном аст, тамомии баҳсро бояд ба гунае дигар тарҳ мекарду мекардем.

***
Ҳоло, агар қабул дорем, ки забони мо ҳамон забони порсии Рӯдакию Мавлавию Ҳофизу Саъдию Аҳмади Донишу Садриддин Ъайнист, ки баъд аз юриши сурх бегонагон номе дигар барояш баргузиданду бар соҳибони забон таҳмил карданд (иттифоқе, ки соли 1964 дар Афғонистон такрор шуд), пас бояд аз осебҳои торихии ворида ба забонамон дар тӯли давраи истилои Сурх ҳам огоҳ бошем. Бояд бароямон ин пурсиш вуҷуд дошта бошад, ки чаро вожаи “пролетОр”, ки дар нишони давлатии “Ҷумҳурияти Худмухтори Шӯравии Иҷтимоъии Тоҷикистон” (1929) мебинем, дар навишти имрӯзии мо “пролетАр” шудааст. Бояд аз худамон бипурсем, ки чаро Аҳмади Дониш “Порис” мегуфту менавишт (“Потии порисӣ он сарвқади зуҳраҷабин...”) ва ҳоло афроде чун Рустами арҷманду ёрони ҳамназараш “Париж” менависанд? Ин тағйир кай, чигуна ва чаро иттифоқ уфтод? Кӣ дастурашро содир карда буд? Дастури худӣ буд ё аз садҳо фарсанг дуртар дикта шуда буд? Бояд бароямон суол бошад, ки чаро ъунвони рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” дар поёни даҳаи 1920 мелодӣ ба хатти лотин “Tajikistan-i Surx” навишта мешуд, аммо ба дастури окодемисян Семёнов дар хатти расмии лотинамон табдил ба “Tocikistoni Surx” шуд. Бояд ёдамон бошад, ки то дирӯз вожаҳои “республика”, “округ”, “участка” ҷузъи лоинфакки “забони адабии ҳозираи тоҷик” маҳсуб мешуданд, ки он ҳам аз осебҳои ҳавлноки юриши сурх бар забони миллат буд, ки дар поёни даҳаи 1980 фарҳангдӯстоне дастбакори кандани ин ъалафҳои ҳарза шуда буданд. Оё ба назари Рустами арҷманд, тамоми он осебҳо руфта ва забон суфта шуда? Мусалламан, чунин нест. Ин фароянди бозрустан ҳамчунон идома дорад ва то замоне идома хоҳад дошт, ки дарахти забони порсӣ дубора тановар шавад ва навиштаҳои мову шумо ба забони модаримонро на 7 милюн, ки беш аз 200 милюн тан бихонанду дарёбанд.

***
Рустам Маҷидов бо зикри “фарқ доштани гӯиши тоҷикон ва порсизабонони Варорӯд аз Эрон” менависад: 

“Барои мисол, мо калимаи “телевизион”-ро ба ҳамин тарзи талаффуз ва навишт қабул дорем ва истифода мекунем. Ҳоло аз мо мехоҳанд аз ин навишту талаффуз рӯ тобему “тилвизюн”-ро қабул намоем. Ҳадди ақал метавонистанд шакли дар Эрон пазируфташудаи “симо”-ро пешниҳод кунанд”.

Хуб буд, агар Рустамҷон тавзеҳ медод, ки манзур аз “мо” киҳо ҳастанд. Оё он “мо” ҳамаи тоҷиконро фаро мегирад ё афроди пойбанд ба имлои русиро? Агар манзураш аз “мо” ҳамаи тоҷикон аст, оё банохудогоҳ тобеъияту миллияти тоҷикии ҳамаи дастандаркорони маҷаллаи “Забони порсӣ”-ро лағв кардааст? Агар манзураш аз “мо” касони пойбанд ба имлои русӣ аст, бояд мефаҳмид, ки суҳбат аз имлои порсӣ аст, на русӣ. Вожаи television ба забони порсӣ ба шакли تلویزیون “телевизюн” овонависӣ мешавад. Мо ки худамонро порсизабон медонем, бо чи далеле мантиқӣ бояд онро табдил ба تلویزیان “телевизион” кунем, ҷуз ин ки бегонагон аз мо хоста буданд? Ҳоло ки дасти ситами фарҳангии бегонагон аз сарамон дур шуда, чи зарурате боқӣ мондааст, ки ғуломи як дастури ноҳамхон бо рӯҳи забонамон бимонем? Вақте ки ба хатти порсӣ бармегардем (ва ин иттифоқ хоҳад уфтод), касоне чун Рустами арҷманд чигуна хоҳанд донист, ки имлои ин вожа ба порсӣ تلویزیان “телевизион” нест, балки تلویزیون “телевизюн” аст?
 

Зимнан, вожаи “телевизюн” дар Эрон ҳам “телевизюн” аст. “Садо ва Симо” исми хосси “Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ”-и Эрон аст. Яъне ҳеч кас дар Эрон аз шумо нахоҳад хост, ки “симо”-ро равшан ё хомӯш кунед. Номи он дастгоҳ ба порсии меъёр ҳам “телевизюн” аст.

Агар Рустаму ёрони ҳамандешашро ин пурсиш озор медиҳад, ки чаро “о”-и лотин дар вожаи television табдил ба “вов” (у) шуда, бояд бидонанд, ки дар бештари маворид он ҳарф ба порсӣ “у” баргардон мешуда ва мешавад. Ба “Суқроту Афлотуну Буқрот” мешавад бори дигар таваҷҷуҳ кард, ки пайрави ҳамин қоъидаанд. Ва ҳамин тавр баръакс, “у”-и кӯтоҳи мо ба лотин ва русӣ “o” баргардон шуда ва мешавад. Намунаи боризаш “Согд” аст, ки ҳамон “Суғд”-и порсист. Агар дӯстон ҷуръат мекарданду ин эроди ноъилмиро аз донишварони рус мегирифтанд, ки “чаро “у”-и моро табдил ба “о” кардед”, ҳатман рисолае таҳвилашон медоданд. Ва он гоҳ шояд боварашон мешуд. Чун рисола аз Маскав омадааст ва истидлол аз они русҳост. Асафбор нест?

***
Рустам Маҷидови арҷманд ба мавзӯъи обшустаи “Обама ва Убомо” ҳам ишора карда, ки дар ин маврид мақолаи муфассале дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” мунташир шуда буд ва дар ҳамин шумораи нахусти “Забони порсӣ” ҳам мақолаи пурмағзи Исфандиёри Одина мавзӯъро бахубӣ шикофтааст. Истидлолҳоро такрор намекунам, чун дӯстон маҷалларо дар ихтиёр доранд ва метавонанд бо диққати бештар ҷустори “Порсиёна бигӯем, порсиёна нависем...”-ро бихонанд ва агар эроде доранд, бо зикри далелҳои худ, ъолимона бигиранд. Инҷо ба ҳамин қадр иктифо мекунем, ки имлои “Barak Obama” ба забони порсӣ باراک اوباما аст ва дӯстоне, ки алифбои порсӣ балад ҳастанд, ҳатман медонанд, ки он ба пириллик “Борок Убомо” баргардон мешавад, ки аз диди савтиёт ҳамхону ҳамхун бо порсист. 

Ишкол инҷост, ки Рустам исрор дорад номҳову вожаҳои хориҷиро ба имлои русӣ бинависем ва ба ин гумони ботил аст, ки ин шеваи “муҳофизати хуб” аз забони порсист. Чигуна мешавад бо дифоъ аз имлои русӣ аз забони порсӣ “муҳофизат” кард? Вақте ки дар тамоми осори клоссик ва имрӯзии порсӣ “а”-и лотин “о”-и порсӣ маҳсуб мешавад, чаро бояд ҳанҷори забонро шикаст ва онро русмаобона “ОбАма” гуфт? Дар забони порсӣ такякалом (ударение) рӯи ҳиҷои охир меуфтад, на яке монда ба охир (ки талаффузи русист). Умедворам Рустами гиромӣ то инҷо дарёфта бошад, ки дар ҳоли дифоъи сарсахтона аз имло ва талаффузи русӣ аст. Ба чи далели ъақлоние имло ва талаффузи русиро бояд “тоҷиконатар” аз имло ва талаффузи порсӣ (тоҷикӣ) бидонем?

***
Шояд сари Рустам Маҷидовро ба дард овардам бо ин посухи тӯлонӣ. Аммо чораи ҷуз пай гирифтани ҷустор дар баробари пиндор нест. Бавежа онҷо ки мегӯяд: 

“Фаъолони гурӯҳ... меъёри забони порсии Эронро дастур қарор додаанд ва даъват мешавад дигарон низ ҳамин корро кунанд. Аммо то куҷо ин дуруст аст? Ҳоло, мо наметавонем билкулл ин ҳуҷҷатро аз эрониён нусха кунем. Дар ҳоле ки мо вожаҳое мисли “даромад” ва “баромад”-и тоҷикӣ дорем, чаро “вурудӣ” ва “хуруҷӣ”-и арабиро бигирем? Ё “корд”-и тоҷикиро гузошта “чоқу”-и туркиро қабул кунем?.. Бадтар аз ҳама он аст, ки пешниҳод мешавад вомвожаҳои русиро, ки ба онҳо аллакай одат кардаем, бигзорему вомвожаҳои англисию фаронсавиро бигирем. Бале, аз як аҷнабӣ рӯ гардонему равем назди аҷнабии дигар. Ҳоло чи фарқ дорад?!”
Фарқ ин аст, ки мо бед гуфтаему Рустами арҷманд бод шунидааст.
 
Забони порсӣ мунҳасир ба чордевории қишлоқҳои мо намешавад, балки ба фарохнои даштҳову дарёҳо ҳам мерасад ва бахши ъазиме аз ҷаҳонро фаро гирифтааст. Аксарияти қариб ба иттифоқи ҳамзабонони мо огоҳу нохудогоҳ баёнеро пазируфтаанд, ки забони меъёрро шакл додааст. Забони меъёр ҳамон забонест, ки бештарин теъдоди фаровардаҳо (маҳсулот)-и зеҳнӣ ба он офарида мешавад. Ҳадаф аз тарвиҷи забони меъёр берун ҷастан аз пушти ҳамон чордевории қишлоқҳо ва пар гушудан бар фарози даштҳову дарёҳо ва бахши ъазиме аз ҷаҳон аст, ки порсӣ онҷо гӯишвароне дорад. “Даромад” ва “баромад” тарҷумаи мӯбамӯ ё гартабардорӣ (“калька”) аз “вход” ва “выход”-и русӣ аст ва дар осори ҳеч бузурги порсигӯе дақиқан ба ҳамин маънӣ ба кор нарафтааст. Ҳоло бифармоед, ки кадом яке аҷнабисту кадом худӣ. Аз бади рӯзгор ин вожаҳо пеш аз дасткории русҳо дар забонамон бо маъноҳое дигар ҳузур доштаанд. “Даромад” дар забони порсӣ ҳамон маънои “ъоидот” (“доход”)-ро дорад ва “баромад” ба маънии “раво кардан” ё “барори кор” аст ва ба ҳамин маънӣ ҳам дар фарҳангномаҳои клоссики порсӣ омадааст. Ҳоло, агар дар миёни ҷамъи ъазиме аз порсигӯён берун аз чордевории худамон суҳбат аз “даромаду баромад” ба миён оварем, оё фаҳмида хоҳем шуд? Ё аслан муҳим нест, ки фаҳмида шавем?

***
 
Рустами гиромӣ бо қотеъияти рашкбарангезе ҳукм мекунад, ки “вурудӣ” ва “хуруҷӣ” ъарабист, ғофил аз ин ки ин вожаҳо бо ҳайъати порсие, ки ба худ гирифтаанд, танҳо дар забони порсӣ ба ин маъонии хос ба кор мераванд. “Вход” ва “выход” ба забони ъарабӣ “мадхал” ва “махраҷ” аст, на “вурудӣ” ва “хуруҷӣ”, ки ҳар ду барсохтаи порсигӯён ва натиҷатан порсист.

Рустамҷон аз қотеъияти муфрат кӯтоҳ намеояду “корд”-ро аз аз таркиби вожагонии порсии Эрон берун меандозад ва “чоқу”-и порсиро ба туркон мебахшад. Ғофил аз он ки “корд” дар порсии Эрон ҳам корбурди фаровон дорад, аммо маънии он дақиқтар аст ва танҳо дар мавриди корди бузург ба кор меравад. Ва “чоқу” баромада аз “чок” (пора, бурида) ва пасванди порсии “-у” пок порсист ва вежаи корди кӯчак аст. Ҳоло бояд диққат дар корбурди вожаҳоро фидои таъассуби маҳаллие кунем, ки Рустами гиромӣ ба намоиш гузоштааст? Оё беҳтар аст ба яке “корд”-у ба дигарӣ “чоқу” гуфт ё ъибороти “корди калон” ва “корди хурд”-ро сохт, ки дар ниҳоят ҳеч касе ҳам аз он ъиборот баҳра нагирад?

***
Дар идома менависад: 

“Агар дар муҳофизати забони порсием ва ба ин хотир маҷаллае чоп мекунем, пеш аз ҳама бояд худамон забони худро пок кунем. Агар имкони истифодаи вожаҳои порсӣ-тоҷикӣ ҳаст, чаро аз вомвожаҳои арабию туркӣ ва ғайра истифода кунем? Ҳоло, мо ба кӣ мехоҳем забони ноб биомӯзем, ки худамон ба забони ғайр сухан мегӯем ва менависем?”
Шояд ишколи решаӣ дар дарки Рустамҷон аз рисолати гурӯҳ ва маҷаллаи “Забони порсӣ” бошад, ки барои рахна кардани деворҳо омада, на барафроштани деворҳо ва мунзавӣ (изолированный)-тар кардани тоҷикҳо дар ҷазирае, ки гирифтораш омадаанд. Ҳадаф даст ёфтан ба дуриҳост, на кӯтоҳ кардани дастҳо. Манзур гуфтану шунуфтан аст, на ба гӯши худ қисса хондан. Омоҷ бозёфтани тавонмандии ҷаҳонгири порсист, на маҳдуд кардани он ба чордеворӣ. Хоста ғанитар кардани пуштвонаи вожагонист, то битавон бо такя бар он дубора ба пешрафти ъилму фан ноил шуд, на ъақиму нозо (безурриёт) кардани зеҳнҳо. Пештар ҳам гуфта будам, агар дунболи забони поку ноб (ъорӣ аз вомвожа) мегардед, намунаҳояшро дар миёни қабилаҳои бешазори Омозун (Amazon) хоҳед ёфт, ки бо ҷаҳони берунӣ ҳеч пайванду доду ситаде надоштаанд ва шумори луғоти забонашон аз 500 вожа фаротар намеравад ва шумораашон “як, ду, бисёр, бисёр, бисёр” аст.

Дар ҷаҳон ҳеч забони пешрафтае нест, ки вомвожагони бисёре надошта бошад. Тавонмандтарин забони ҷаҳон, ки инглисӣ бошад, 80 дарсади вожагонашро мадюни забонҳои дигар аст. Далели вом гирифтани вожаҳо дар забонҳои пешрафта афзудан бар ғино (боигарӣ)-и маъноии забон аст. Мусалламан, то ҷое, ки метавонем аз вожагони ноби порсӣ баҳра бигирем, бояд чунин кард. Аммо дар мавориде як вомвожа маъноеро илқо мекунад, ки вожаи худӣ надорад. Ба монанди вожаи “қалб”, ки баҳсашро дар гурӯҳ доштем. “Қалб” ҳамон “дил” аст. Аммо “қалбшинос” ҳамон “дилшинос” нест. “Қалбшинос” пизишки мутахассиси ъузви мушаххасе аз бадан аст ва “дилшинос” фардест, ки аз дилу эҳсосоту ъавотифи кас огоҳ бошад. Ҳоло ба хотири таъассуб ва бегонаситезии бархе аз дӯстон месазад, ки яке аз ин маъноҳоро қурбонӣ кунем ва ба ҳар ду “дилшинос” гӯем? Мешавад чунин кард. Аммо забони порсӣ дар натиҷаи ин таъассуби мо ғанитар мешавад ё бечоратар? Мусалламан, дувумӣ посухи дуруст аст.

***
Дорем ба поёни матлаб наздик мешавем, агар андаке дигар ҳавсала кунед. Умедворам Рустами гиромӣ ба тамоми пурсишҳое, ки матраҳ кардааст, посухи дархур бигирад.

Менависад: 

"Дар ҳоле ки “Вожаномак”-и маҷалла миёни бештар аз 65 калима ҳамагӣ 15-16 калимаи порсисту боқӣ арабист, метавонем гӯем, ки маҷалла барои омӯзиши забони порсии тоҷикист?”
Бале, метавонем. Албатта, Рустамҷон дар тавсифи ин бахш иғроқро ба кор бурда ва аз шумори вожагони порсии ноб дар он феҳрест костааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба он чи болотар ъарз шуд, тамоми ин 65 вожа моли ҳалоли забони порсист, чун ҳамагӣ дар навиштаҳои порсии шумораи якуми маҷалла омадаанд ва дар забони рӯзмарраи даҳҳо милюн порсигӯи ҷаҳон ба кор мераванд. Бо ин тафовут ки бархе аз “муҳофизони хуби забони муосири тоҷикию порсии Варорӯд” гоҳ зиёдӣ аз вожаҳои ъарабие кор мегиранд, ки дар забони меъёр ва забони маҷалла корбурди камтаре дорад ё аслан надорад. Ба монанди ҳамин вожаи “калима”, ки имрӯза танҳо дар матнҳои мазҳабӣ меояд ва дар соири бахшҳо ҷои худро ба вожаи порсии ноби “вожа” додааст. Ононе, ки доду ҳавор аз “ъарабгароӣ”-и порсизабонон сар додаанд, ғолибан намедонанд, ки дар забони худашон корбурди вомвожаҳои нозарур бас бештар аст. Пас ин эродро наметавон ҷиддӣ гирифт.

***

Рустам Маҷидов рӯ ба поёни матлаб менависад: 

"Танҳо дар саҳфаи аввали маҷалла ҳашт хато пайдо шуд. Дар дохили муқоваи маҷалла соли чоп 1392, мувофиқи солшумории Эрон, нишон дода шудааст ва 2013, ки мувофиқи тақвими расмии Тоҷикистон аст, дар қавсайн омада аст. Дар ҳоле ки тарҷумаи тоҷикии “Шоҳзодаи хурдакак”-и Экзюпери ҳаст, баргардони эронии онро бо номи туркии “Шоҳзодаи кучулу” чоп кардаанд."
Ёдоварӣ боиста аст, ки вожаи “саҳфа” саҳв аст ва манзур “сафҳа” ё “саҳифа” буда. Шояд ҳам дар чидани ҳуруфи матлаб ин иштибоҳ рух додааст. Мисли яке ду маврид хатои имлоии дигар дар болотари матлаби Рустам Маҷидов (ба монанди “наврӯз” ба ҷои “Наврӯз”, “Муттаҳарӣ” ба ҷои “Мутаҳҳарӣ”, вергулҳои беҷо, “омада аст” ба ҷои “омадааст”, беинсиҷомӣ дар имлои ташдидҳои ъарабӣ чун “билкулл” дар баробари “сафи...” ба ҷои “саффи...”, “бахшиданӣ” ба ҷои “бахшуданӣ”, “сирилик” ба ҷои “сириллик” ва чанде дигар). Одамисту ҷоиз-ул-хато. Аз Рустамҷон хоҳишмандам он “ҳашт хато дар сафҳаи аввал”-ро баршуморанд, то бибинем аз хатоҳои имлоӣ будаанд ё илқоӣ.

Чун маҷалла ба забони порсӣ ва вежаи забони порсӣ ба ду алифбост, солшумории он ҳам ба ду гуна (русӣ ва эронӣ) омадааст ва набояд барои каси фарҳехтае чун Рустам Маҷидов эҷоди пурсиш мекард.

Дар мавриди қиссаи “Шоҳзода-кучулу” (ки Рустамҷон баиштибоҳ “Шоҳзодаи кучулу” навиштааст): агар ӯ дебочаи гӯшаи “Кӯдакистон”-ро мехонд, мусалламан, сардаргум намешуд. Маҷаллаи “Забони порсӣ” тарҷумаи “Шоҳзода-кучулу” ба қалами Аҳмади Шомлуро мунташир мекунад, ки ба ҳамин ном борҳо чоп шудааст. “Шоҳзодаи хурдакак” барои забони меъёр андаке хурдакак аст ва гироию ривоҷ надорад. Ва сад албатта, “кучулу” ба маънии бачаи хурдсол сирфан порсист ва дар забони туркӣ вуҷуд надорад.

***
Саранҷом, Рустам Маҷидов бо пурсишҳои сангине матнашро ба поён мебарад:
“Ҳоло ин маҷалла барои ҳифзи забони тоҷикист ё тахриби он? Барои нишондани забони порсӣ бар ҷойгоҳи муносиб дар Мовароуннаҳр аст ё тарғиби гӯиши эронӣ?”
Бо руҷӯъ ба оғози баҳс Рустамҷон бояд худро аз сардаргумии “тоҷикӣ-форсӣ” раҳо кунад, ки монеъи аслӣ дар дарки мобақии суҳбатҳост ва ба иттиҳоми баноҳақ бастан ба ину он меанҷомад. Мусалламан, маҷаллаи “Забони порсӣ” барои нишондани забони порсӣ бар ҷойгоҳи муносиби он дар хостгоҳаш, ба баракати ёрии шумори андаке аз ҳамвандони хайрпешаи ин гурӯҳ, вориди майдон шудааст. Маҷаллаи гӯишӣ нест, балки меъёр аст, ки барои бархе метавонад дар оғоз сангин бошад. Ин маҷалла барои касоне, ки ба дур аз ғаразу таъассуб мехоҳанд бар донистаҳои худ дар бораи забонашон биафзоянд, ганҷи шойгони ройгоне хоҳад буд. Омадааст, ки бисозаду барафрозад. Омадааст, то ҳамин сӯитафоҳумҳоро бартараф кунад.

Барои Рустамҷон комгорӣ мехоҳам.

Tuesday, March 12, 2013

Номаи саргушода ба давлати Афғонистон

Номаи саргушода

Ба ҷаноби оқои Ҳомид Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон
Ба аъзои Шўрои вазирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Мо, аъзои гурўҳи “Забони порсӣ”, аз бузургтарин гурўҳҳои тоҷикистонӣ дар фазои Фейсбук, ки дар Тоҷикистон, Узбакистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Русия, Урупо ва Омрико зиндагӣ мекунем, ҳамвора пайгири рўйдодҳои фарҳангии Афғонистон ҳастем ва пешрафти онро пешрафти худ ва шикасти онро шикасти худ медонем. Зеро Афғонистон ҷузъе аз густараи фарҳангии воҳидест, ки мо ҳам аз он бархостаем. Занҷирае, ки моро ба ҳам пайванд медиҳад, забони порсист ва ситораҳои дурахшоне, ки аз обу хоки он сомон тулўъ кардаанд; ба монанди Абушакури Балхӣ, Абумуайяди Балхӣ, Робеъаи Балхӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мавлоно Ъабдурраҳмони Ҷомӣ, Ъалишери Навоӣ, Саноии Ғазнавӣ, Абусаъиди Гардезӣ, Халилуллоҳи Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, Моили Ҳиравӣ ва садҳо бузургвори дигар.

Ҷои басе таассуфу нигаронист, ки ин пайванди танготангу ногусастании фарҳангӣ имрўза ба мазоқи бархе аз давлатмардон хушоянд нест ва гўӣ раванди пинҳоне роҳ уфтодааст, ки мешавад онро “порсиситезӣ” таъбир кард. Раванде, ки барои ҳамаи атбоъи кишварҳои мо, сарфи назар аз таъаллуқоти қавмишон, зиёнбор аст. Чун забони порсӣ дар падидорӣ ва рушду нумувви ҳамаи фарҳангҳои минтақа саҳми басазое доштааст ва тазъифи он ба маънои тазъифи ҳамаи фарҳангҳои минтақа хоҳад буд.

Мусаввабаи ахири Шўрои вазирони Афғонистон дар бораи мамнўъияти истифода аз “забонҳо ва лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус”-ро мешавад аз ҳамин манзар дид. Камтар касе шак дорад, ки манзур аз “лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус” чист. Дар тасреҳи ин тасмим Нисор Аҳмади Жванд, мудири кулли бахши байнулмилалии телевизюни миллии Афғонистон, ба расонаҳо гуфтааст, ки “эҳтимолан, тасмими ахири Шўрои вазирон ъумдатан бар мавзўъи манъи истифода аз лаҳҷаҳои бегона мутамаркиз аст ва шомили манъи пахши барнома ба забонҳои хориҷӣ намешавад”. Шўрбахтона, ин мавзўъ собиқа дорад ва баррасии пешинаи он моро дар баробари воқеъияте такондиҳанда қарор медиҳад, ки номи он чизе ҷуз “порсиситезӣ” наметавонад бошад.

Намунаҳои ин корзори ношоист дастури бархе аз мақомҳои Афғонистон дар бораи парҳез аз корбурди вожагони порсии ноб аз қабили “донишгоҳ”, “донишкада”, “нигористон”, “дабистон” ва ғайра аст. Агар он мақомҳо аз пешинаи ин вожаҳо огоҳ буданд, мусалламан, чунин тасмими ъаҷулона намегирифтанд. Магар “Лашкаргоҳ”, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон, бо “донишгоҳ” тобеъи қавоъиди муштараки вожасозӣ нестанд? Ва агар пасванди “-када” барои забони муштараки мову шумо бегона аст, Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ оё метавонист аз вожаи “майкада” баҳра бигирад, онҷо ки мегўяд:

Ҳар тарафе саф зада мардуму деву дада,
Лек дар ин майкада пой надоранд, по (?)

Ё агар “нигористон” барои мову шумо бегона аст, чигуна ба ашъори Мавлавӣ роҳ ёфта, онҷо ки мегўяд:

Бар баҳораш чашмаву нахлу гиёҳ
В-он гулистону нигористон гувоҳ (?)

Ва агар моро бо “дабистон” миёнае нест, ин вожаро дар осори Мавлавӣ чи таъбир кунем, ки мегўяд:

Як дамам фозилу устод кунад,
Як даме тифли дабистон кунадам (?)

Аз ин намунаҳо дар осори бузургони дигар ҳам фаровон суроғ дорем, аммо бо Мавлавӣ иктифо мекунем, ки барои ҳамаи мову шумо ба як андоза ъазиз аст.

Ин вожагон бо торупуди фарҳангҳои минтақа пайванд хурдаанд ва ҳеч мақоме наметавонад онҳоро аз ҳофизаи торихии мо бизудояд ва ҳеч раисиҷумҳуре ҳақ надорад корбурди онҳоро манъ кунад. Тасаввури ин ки порсигўён барои гўишварони забонҳои дигар вожаҳоеро ба ъунвони “мусталаҳоти миллӣ” таъйин кунанд ва базўр бихоҳанд он “мусталаҳот”-ро бар ҳалқу зеҳну даҳони дигарон савор кунанд, як амри номумкин аст. Ворунаи он ҳам на аз мантиқ бархурдор асту на муҷоз. Вожаҳо ба гузарномаи сиёсӣ ниёз надоранд, бавежа дар забони порсӣ, ки марзи сиёсӣ намешиносад. Марзҳои фарҳангиро бо марзҳои сиёсӣ яке напиндорем. Бавежа барои кишваре чун Афғонистон, ки забони форсӣ (дарӣ) яке аз ду забони расмии он аст, чунин иқдомоте ниҳояти касри шаъну эътибор ба шумор меояд. Афғонистон бояд аз ҷилавдорон (пешгомон)-и рушду густариши забони порсӣ бошад, на аз ҷилавгирони он. Мо аз рушду густариши забони пашту ҳам башиддат ҳимоят мекунем, аммо иқдомоти ахири бархе аз давлатмардони Афғонистонро, ки тазъифи порсиро лозимаи пешбурди пашту гумон кардаанд, зишту ғалат медонем. Дар воқеъ, порсиситезӣ метавонад ба тазъифу фаромўшии забонҳои дигар ҳам бианҷомад, ки ба гунае аз забони порсӣ моя ё баҳра гирифтаанд. Аз сўи дигар, дар канори рақиби қавист, ки метавон ба шукуфоӣ даст ёфт; на бо дур рондани рақиби қавӣ аз майдон.

Афғонистон кишваре такқавмӣ нест ва ҳеч қавме аз аксарияти ғолиб (беш аз 50 дарсад) бархурдор нест. Ҳар қавме барои худ забоне дорад, аммо забони порсӣ фароқавмӣ аст ва василаи муъоширату тафоҳуми қавмҳои гуногуни кишвар аст. Афзун бар ин, беш аз 200 милюн нафар дар саросари ҷаҳон ба ин забон сухан мегўянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукот, забони порсӣ барои кишварҳои мо неъмате беҳамто ва бистари пешрафт аст, агар балад бошем аз он нигаҳдорӣ кунем.

Кори забонро бояд ба дасти кордон супурд. Давлати ҳеч кишваре пажўҳишгоҳ ё фарҳангистони забону адаб нест, ки барои соҳибзабонон таъйини таклиф кунад. Гузашта аз ин, забони порсӣ ба далели фаромарзию фароқавмӣ буданаш, тобеъи дастурҳои худсаронаи як давлати бахусус нест. Забонварони порсигў сирфан дар Афғонистон нестанд ва бо ҳеч шигирду тарфанде наметавон якпорчагии онро хунсо кард. Намунаи боризи ин талошҳои нофарҷом Иттиҳоди Шўравист, ки бо тағйири номи расмии забон ва ду бор тағйири алифбо ҳам натавонист порсиро тикка-пора кунад. Бо ин ки давлати феълии Тоҷикистон ҳамчунон пойбанди пириллик аст ва гўш ба фарохони равшанфикрони он кишвар мабнӣ бар бозгашт ба дабираи порсӣ намедиҳад, ҳамин гурўҳи маҷозии мо ва воқеъиятҳои фарҳангии Тоҷикистон ҳокӣ аз бозҷустани рўзгори васли хеш ва мондагорию якпорчагии порсист. Натиҷаи талошҳои муфтазаҳонаи Толибон барои ба ҳошия рондани забону фарҳанги порсӣ барои шумо равшантар аст.

Бо таваҷҷуҳ ба нукоти боло, мо, ҳамвандони гурўҳи фейсбукии “Забони порсӣ”, бо фарохони додхоҳонаи фарҳангиёни Афғонистон ҳамнаво мешавем ва бо рўйкард ба хиради шумо лағви фармони мамнўъияти “лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус”-ро хоҳонем, ки на дар ҳитаи салоҳиятҳои давлат аст ва на бо хиради рўзгор ҳамхонӣ дорад ва Афғонистонро ба инзиво мекашонад. Нафси ин ҳақиқат, ки мо, атбоъи чандин кишвар, паёмамонро ба забоне муштарак ба шумо иблоғ мекунем, баёнгари аҳаммияти забони порсӣ барои Афғонистон ва минтақа аст. Забоне, ки барои васл кардан омада, на фасл кардан.

Ҷаноби раисиҷумҳурӣ!

Аз Шумо, ки поёни давраи раёсати ҷумҳурии худро тай мекунед, хоҳишмандем, аз худ меросе баҷо бигзоред, ки кинхоҳона ва нифоқангез набошад, ба суди ҳамаи ақвоми кишвар, аъам аз тоҷику паштуну ҳазораву узбаку туркману нуристонию ғайра бошад ва ба таҳкими дўстию рафоқат ва ҳамбастагии миёни ақвом бианҷомад. Забони порсӣ он василаест, ки бар тадовуми дўстиҳову пайвандҳо меафзояд. Андўхтаи кишварҳои пешрафта ҳам ҳокист, ки танҳо бо таъмини озодию ъадолат, риъояти ҳуқуқи ақвом, эҳтиром ба забону фарҳанги онон, хирадварзӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои башарӣ метавон орзуи пешрафтро бароварда сохт.

Дар фарҷоми ин номаи саргушода месазад, ки бар ин ҳақиқат таъкиди дучандон дошта бошем: душманӣ бо забони порсӣ душманӣ бо Афғонистон аст.

Бо арҷ,
Гурўҳи фейсбукии “Забони порсӣ”
(бо 5347 ъузв)

22 исфанди 1391 (12.03.2013)


نامه سرگشاده به دولت افغانستان

نامۀ سرگشاده

به جناب آقای حامد کرزی، رئیس‌جمهوری افغانستان
به اعضای شورای وزیران جمهوری اسلامی افغانستان

ما اعضای گروه «زبان پارسی»، از بزرگ‌ترین گروه‌های تاجیکستانی در فضای فیس‌بوک، که در تاجیکستان، ازبکستان، افغانستان، ایران، فزاقستان، پاکستان، روسیه، اروپا و آمریکا زندگی می‌کنیم، همواره پیگیر رویدادهای فرهنگی افغانستان هستیم و پیشرفت آن را پیشرفت خود و شکست آن را شکست خود می‌دانیم. زیرا افغانستان جزئی از گسترۀ فرهنگی واحدی است که ما هم از آن برخاسته‌ایم. زنجیره‌ای که ما را به هم پیوند می‌دهد، زبان پارسی است و ستاره‌های درخشانی که از آب و خاک آن سامان طلوع کرده‌اند؛ به مانند ابوشکور بلخی، ابوالمؤید بلخی، رابعۀ بلخی، مولانا جلال‌الدین بلخی، مولانا عبدالرحمان جامی، علیشیر نوایی، سنایی غزنوی، ابوسعید گردیزی، خلیل‌الله خلیلی، واصف باختری، مایل هروی و صدها بزرگوار دیگر.

جای بسی تأسف و نگرانی است که این پیوند تنگاتنگ و ناگسستنی فرهنگی امروزه به مذاق برخی از دولتمردان خوشایند نیست و گویی روند پنهانی راه افتاده است که می‌شود آن را «پارسی‌ستیزی» تعبیر کرد. روندی که برای همۀ اتباع کشورهای ما، صرف نظر از تعلقات قومی‌شان، زیان‌بار است؛ چون زبان پارسی در پدیداری و رشد و نمو همۀ فرهنگ‌های منطقه سهم بسزایی داشته است و تضعیف آن به معنای تضعیف همۀ فرهنگ‌های منطقه خواهد بود.

مصوبۀ اخیر شورای وزیران افغانستان دربارۀ ممنوعیت استفاده از «زبان‌ها و لهجه‌های بیگانه و کلمات نامأموس» را می‌شود از همین منظر دید. کمتر کسی شک دارد که منظور از «لهجه‌های بیگانه و کلمات نامأنوس» چیست. در تصریح این تصمیم، نثاراحمد ژوند، مدیر کل بخش بینالمللی تلویزیون ملی افغانستان، به رسانه‌ها گفته است که «احتمالاً تصمیم اخیر شورای وزیران عمدتاً بر موضوع منع استفاده از لهجههای بیگانه متمرکز است و شامل منع پخش برنامه به زبان‌های خارجی نمیشود». شوربختانه، این موضوع سابقه دارد و بررسی پیشینۀ آن ما را در برابر واقعیتی تکان‌دهنده قرار می‌دهد که نام آن چیزی جز «پارسی‌ستیزی» نمی‌تواند باشد.

نمونه‌های این کارزار ناشایست دستور برخی از مقام‌های افغانستان دربارۀ پرهیز از کاربرد واژگان پارسی ناب از قبیل «دانشگاه»، «دانشکده»، «نگارستان»، «دبستان» و غیره است. اگر آن مقام‌ها از پیشینۀ این واژه‌ها آگاه بودند، مسلماً چنین تصمیم عجولانه نمی‌گرفتند. مگر «لشکرگاه»، مرکز ولایت هلمند افغانستان، با «دانشگاه» تابع قواعد مشترک واژه‌سازی نیستند؟ و اگر پسوند «- کده» برای زبان مشترک ما و شما بیگانه است، مولوی جلال‌الدین بلخی آیا می‌توانست از واژۀ «می‌کده» بهره بگیرد، آن‌جا که می‌گوید:

هر طرفی صف زده مردم و دیو و دده
لیک در این میکده پای ندارند پا

یا اگر «نگارستان» برای ما و شما بیگانه است، چه گونه به اشعار مولوی راه یافته، آن‌جا که می‌گوید:

بر بهارش چشمه و نخل و گیاه
وآن گلستان و نگارستان گواه

و اگر ما را با «دبستان» میانه‌ای نیست، این واژه را در آثار مولوی چه تعبیر کنیم که می‌گوید:

یک دمم فاضل و استاد کند
یک دمی طفل دبستان کندم

از این نمونه‌ها در آثار بزرگان دیگر هم فراوان سراغ داریم، اما با مولوی اکتفا می‌کنیم که برای همۀ ما و شما به یک اندازه عزیز است.

این واژگان با تار و پود فرهنگ‌های منطقه پیوند خورده‌اند و هیچ مقامی نمی‌تواند آنها را از حافظۀ تاریخی ما بزداید و هیچ رئیس‌جمهوری حق ندارد کاربرد آنها را منع کند. تصور این که پارسی‌گویان برای گویشوران زبان‌های دیگر واژه‌هایی را به عنوان «مصطلحات ملی» تعیین کنند و به‌زور بخواهند آن «مصطلحات» را بر حلق و ذهن و دهان دیگران سوار کنند، یک امر ناممکن است. وارونۀ آن هم نه از منطق برخوردار است و نه مجاز. واژه‌ها به گذرنامۀ سیاسی نیاز ندارند، به‌ویژه در زبان پارسی که مرز سیاسی نمی‌شناسد. مرزهای فرهنگی را با مرزهای سیاسی یکی نپنداریم. به‌ویژه برای کشوری چون افغانستان که زبان فارسی (دری) یکی از دو زبان رسمی آن است، چنین اقداماتی نهایت کسر شأن و اعتبار به شمار می‌آید. افغانستان باید از جلوداران رشد و گسترش زبان پارسی باشد، نه از جلوگیران آن. ما از رشد و گسترش زبان پشتو هم به‌شدت حمایت می‌کنیم، اما اقدامات اخیر برخی از دولتمردان افغانستان را که تضعیف پارسی را لازمۀ پیشبرد پشتو گمان کرده‌اند زشت و غلط می‌دانیم. در واقع، پارسی‌ستیزی می‌تواند به تضعیف و فراموشی زبان‌های دیگر هم بینجامد که به گونه‌ای از زبان پارسی مایه یا بهره گرفته‌اند. از سوی دیگر، در کنار رقیبی قوی است که می‌توان به شکوفایی دست یافت؛ نه با دور راندن رقیب قوی از میدان.

افغانستان، کشوری تک‌قومی نیست و هیچ قومی از اکثریت غالب (بیش از 50 درصد) برخوردار نیست. هر قومی برای خود زبانی دارد، اما زبان پارسی فراقومی است و وسیلۀ معاشرت و تفاهم قوم‌های گوناگون کشور است. افزون بر این، بیش از 200 میلیون نفر در سراسر جهان به این زبان سخن می‌گویند. با توجه به این نکات، زبان پارسی برای کشورهای ما نعمتی بی‌همتا و بستر پیشرفت است، اگر بلد باشیم از آن نگهداری کنیم.

کار زبان را باید به دست کاردان سپرد. دولت هیچ کشوری پژوهشگاه یا فرهنگستان زبان و ادب نیست که برای صاحب‌زبانان تعیین تکلیف کند. گذشته از این، زبان پارسی به دلیل فرامرزی و فراقومی بودنش، تابع دستورهای خودسرانۀ یک دولت بخصوص نیست. زبانوران پارسی‌گو صرفاً در افغانستان نیستند و با هیچ شگرد و ترفندی نمی‌توان یک‌پارچگی آن را خنثی کرد. نمونۀ بارز این تلاش‌های نافرجام، اتحاد شوروی است که با تغییر نام رسمی زبان و دو بار تغییر الفبا هم نتوانست پارسی را تکه پاره کند. با این که دولت فعلی تاجیکستان همچنان پایبند پیریلیک است و گوش به فراخوان روشنفکران آن کشور مبنی بر بازگشت به دبیرۀ پارسی نمی‌دهد، همین گروه مجازی ما و واقعیت‌های فرهنگی تاجیکستان حاکی از باز جستن روزگار وصل خویش و ماندگاری و یک‌پارچگی پارسی است. نتیجۀ تلاش‌های مفتضحانۀ طالبان برای به حاشیه راندن زبان و فرهنگ پارسی برای شما روشن‌تر است.

با توجه به نکات بالا، ما، هموندان گروه فیس‌بوکی «زبان پارسی» با فراخوان دادخواهانۀ فرهنگیان افغانستان هم‌نوا می‌شویم و با رویکرد به خرَد شما، لغو فرمان ممنوعیت «لهجه‌های بیگانه و کلمات نامأنوس» را خواهانیم که نه در حیطۀ صلاحیت‌های دولت است و نه با خرَد روزگار هم‌خوانی دارد و افغانستان را به انزوا می‌کشاند. نفس این حقیقت که ما، اتباع چندین کشور، پیام‌مان را به زبانی مشترک به شما ابلاغ می‌کنیم، بیانگر اهمیت زبان پارسی برای افغانستان و منطقه است. زبانی که برای وصل کردن آمده، نه فصل کردن.

جناب رئیس‌جمهوری! از شما که پایان دورۀ ریاست حمهوری خود را طی می‌کنید، خواهشمندیم از خود میراثی بجا بگذارید که کین‌خواهانه و نفاق‌انگیز نباشد، به سود همۀ اقوام کشور، اعم از تاجیک و پشتون و هزاره و ازبک و ترکمن و نورستانی و غیره باشد و به تحکیم دوستی و رفاقت و همبستگی میان اقوام بینجامد. زبان پارسی، آن وسیله‌ای است که بر تداوم دوستی‌ها و پیوندها می‌افزاید. اندوختۀ کشورهای پیشرفته هم حاکی است که تنها با تأمین آزادی و عدالت و رعایت حقوق اقوام و احترام به زبان و فرهنگ آنان و خردورزی و ارج‌گذاری به ارزش‌های والای بشری، می‌توان آرزوی پیشرفت را برآورده ساخت.

در فرجام این نامۀ سرگشاده می‌سزد که بر این حقیقت تأکید دوچندان داشته باشیم: دشمنی با زبان پارسی، دشمنی با افغانستان است.

با ارج
گروه فیس‌بوکی «زبان پارسی»
(با 5347 عضو)

22 اسفند / حوت 1391
12/03/2013