Номаи саргушода
Ба ҷаноби оқои Ҳомид Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон
Ба аъзои Шўрои вазирони Ҷумҳурии Исломии
Афғонистон
Мо, аъзои гурўҳи “Забони порсӣ”, аз бузургтарин гурўҳҳои тоҷикистонӣ дар фазои Фейсбук, ки дар Тоҷикистон, Узбакистон,
Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Русия, Урупо ва Омрико зиндагӣ
мекунем, ҳамвора пайгири рўйдодҳои фарҳангии Афғонистон ҳастем ва пешрафти онро
пешрафти худ ва шикасти онро шикасти худ медонем. Зеро Афғонистон ҷузъе аз густараи
фарҳангии воҳидест, ки мо ҳам аз он бархостаем. Занҷирае, ки моро ба ҳам
пайванд медиҳад, забони порсист ва ситораҳои дурахшоне, ки аз обу хоки он сомон
тулўъ кардаанд; ба монанди Абушакури Балхӣ,
Абумуайяди Балхӣ, Робеъаи Балхӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ,
Мавлоно Ъабдурраҳмони Ҷомӣ, Ъалишери Навоӣ, Саноии Ғазнавӣ, Абусаъиди Гардезӣ,
Халилуллоҳи Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, Моили Ҳиравӣ ва садҳо бузургвори дигар.
Ҷои басе таассуфу нигаронист, ки ин пайванди
танготангу ногусастании фарҳангӣ имрўза ба
мазоқи бархе аз давлатмардон хушоянд нест ва гўӣ раванди пинҳоне роҳ уфтодааст,
ки мешавад онро “порсиситезӣ” таъбир кард. Раванде, ки барои ҳамаи атбоъи
кишварҳои мо, сарфи назар аз таъаллуқоти қавмишон, зиёнбор аст. Чун забони порсӣ
дар падидорӣ ва рушду нумувви ҳамаи фарҳангҳои минтақа саҳми басазое доштааст
ва тазъифи он ба маънои тазъифи ҳамаи фарҳангҳои минтақа хоҳад буд.
Мусаввабаи ахири Шўрои вазирони Афғонистон дар бораи мамнўъияти истифода аз
“забонҳо ва лаҳҷаҳои
бегона ва калимоти номаънус”-ро мешавад аз
ҳамин манзар дид. Камтар касе шак дорад, ки манзур аз “лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус” чист. Дар тасреҳи ин тасмим Нисор
Аҳмади Жванд, мудири кулли бахши байнулмилалии телевизюни миллии Афғонистон, ба
расонаҳо гуфтааст, ки “эҳтимолан, тасмими ахири Шўрои вазирон ъумдатан бар
мавзўъи манъи истифода аз лаҳҷаҳои бегона мутамаркиз аст ва шомили манъи пахши
барнома ба забонҳои хориҷӣ намешавад”.
Шўрбахтона, ин мавзўъ собиқа дорад ва баррасии пешинаи он моро дар баробари
воқеъияте такондиҳанда қарор медиҳад, ки номи он чизе ҷуз “порсиситезӣ”
наметавонад бошад.
Намунаҳои ин корзори ношоист
дастури бархе аз мақомҳои Афғонистон дар бораи парҳез аз корбурди вожагони
порсии ноб аз қабили “донишгоҳ”, “донишкада”, “нигористон”, “дабистон” ва ғайра
аст. Агар он мақомҳо аз пешинаи ин вожаҳо огоҳ буданд, мусалламан, чунин
тасмими ъаҷулона намегирифтанд.
Магар “Лашкаргоҳ”, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон, бо “донишгоҳ” тобеъи
қавоъиди муштараки вожасозӣ нестанд? Ва агар
пасванди “-када”
барои забони муштараки мову шумо бегона аст, Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ
оё метавонист аз вожаи “майкада” баҳра бигирад, онҷо ки мегўяд:
Ҳар тарафе саф зада мардуму деву дада,
Лек дар ин майкада пой надоранд, по (?)
Ё агар “нигористон” барои мову шумо бегона аст,
чигуна ба ашъори Мавлавӣ роҳ ёфта, онҷо ки мегўяд:
Бар баҳораш чашмаву нахлу гиёҳ
В-он гулистону нигористон гувоҳ (?)
Ва агар моро бо “дабистон”
миёнае нест, ин вожаро дар осори Мавлавӣ
чи таъбир кунем, ки мегўяд:
Як дамам фозилу устод
кунад,
Як даме тифли дабистон
кунадам (?)
Аз ин намунаҳо дар
осори бузургони дигар ҳам фаровон суроғ дорем, аммо бо Мавлавӣ иктифо мекунем,
ки барои ҳамаи мову шумо ба як андоза ъазиз аст.
Ин вожагон бо торупуди
фарҳангҳои минтақа пайванд хурдаанд ва ҳеч мақоме наметавонад онҳоро аз ҳофизаи
торихии мо бизудояд ва ҳеч раисиҷумҳуре ҳақ надорад корбурди онҳоро манъ кунад. Тасаввури ин ки
порсигўён барои гўишварони забонҳои дигар вожаҳоеро ба ъунвони “мусталаҳоти
миллӣ” таъйин кунанд ва базўр бихоҳанд он “мусталаҳот”-ро бар ҳалқу
зеҳну даҳони дигарон савор кунанд, як амри номумкин аст. Ворунаи он ҳам на аз
мантиқ бархурдор асту на муҷоз. Вожаҳо ба гузарномаи сиёсӣ
ниёз надоранд, бавежа дар забони порсӣ, ки марзи сиёсӣ намешиносад. Марзҳои
фарҳангиро бо марзҳои сиёсӣ яке напиндорем. Бавежа барои кишваре чун
Афғонистон, ки забони форсӣ (дарӣ) яке аз ду забони расмии он аст, чунин
иқдомоте ниҳояти касри шаъну эътибор ба шумор меояд. Афғонистон бояд аз ҷилавдорон (пешгомон)-и рушду густариши забони порсӣ
бошад, на аз ҷилавгирони он. Мо аз
рушду густариши забони пашту ҳам башиддат ҳимоят мекунем, аммо иқдомоти ахири
бархе аз давлатмардони Афғонистонро, ки тазъифи порсиро лозимаи пешбурди пашту
гумон кардаанд, зишту ғалат медонем. Дар воқеъ, порсиситезӣ
метавонад ба тазъифу фаромўшии забонҳои дигар ҳам бианҷомад, ки ба гунае аз забони порсӣ
моя ё баҳра гирифтаанд. Аз сўи дигар, дар канори рақиби қавист, ки метавон ба
шукуфоӣ даст ёфт; на бо дур рондани рақиби қавӣ аз майдон.
Афғонистон кишваре
такқавмӣ нест ва ҳеч қавме аз аксарияти ғолиб (беш аз 50 дарсад) бархурдор
нест. Ҳар қавме барои худ забоне дорад, аммо забони порсӣ фароқавмӣ аст ва
василаи муъоширату тафоҳуми қавмҳои гуногуни кишвар аст. Афзун бар ин, беш аз
200 милюн нафар дар саросари ҷаҳон ба ин забон сухан мегўянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукот, забони порсӣ
барои кишварҳои мо неъмате беҳамто ва бистари пешрафт аст, агар балад бошем аз
он нигаҳдорӣ кунем.
Кори забонро бояд ба
дасти кордон супурд. Давлати ҳеч кишваре пажўҳишгоҳ ё фарҳангистони забону адаб
нест, ки барои соҳибзабонон таъйини таклиф кунад. Гузашта аз ин, забони порсӣ
ба далели фаромарзию фароқавмӣ буданаш, тобеъи дастурҳои худсаронаи як давлати
бахусус нест. Забонварони порсигў сирфан дар Афғонистон нестанд ва бо ҳеч
шигирду тарфанде наметавон якпорчагии онро хунсо кард. Намунаи боризи ин
талошҳои нофарҷом
Иттиҳоди Шўравист, ки бо тағйири номи расмии забон ва ду бор тағйири алифбо ҳам
натавонист порсиро тикка-пора
кунад. Бо ин ки давлати феълии Тоҷикистон ҳамчунон пойбанди пириллик аст ва гўш ба
фарохони равшанфикрони он кишвар мабнӣ бар бозгашт ба
дабираи порсӣ намедиҳад, ҳамин гурўҳи маҷозии мо ва воқеъиятҳои фарҳангии Тоҷикистон
ҳокӣ аз бозҷустани рўзгори васли хеш ва мондагорию якпорчагии
порсист. Натиҷаи талошҳои муфтазаҳонаи Толибон барои ба ҳошия рондани забону
фарҳанги порсӣ барои шумо равшантар аст.
Бо таваҷҷуҳ ба нукоти боло, мо, ҳамвандони
гурўҳи фейсбукии “Забони порсӣ”, бо фарохони
додхоҳонаи фарҳангиёни Афғонистон ҳамнаво мешавем ва бо рўйкард ба хиради шумо
лағви фармони мамнўъияти “лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус”-ро хоҳонем, ки на дар ҳитаи салоҳиятҳои давлат аст ва на
бо хиради рўзгор ҳамхонӣ дорад ва
Афғонистонро ба инзиво мекашонад. Нафси ин ҳақиқат, ки мо, атбоъи чандин
кишвар, паёмамонро ба забоне муштарак ба шумо иблоғ мекунем, баёнгари аҳаммияти
забони порсӣ барои Афғонистон ва минтақа аст. Забоне, ки барои васл кардан
омада, на фасл кардан.
Ҷаноби раисиҷумҳурӣ!
Аз Шумо, ки поёни
давраи раёсати ҷумҳурии
худро тай мекунед, хоҳишмандем, аз худ меросе баҷо бигзоред, ки кинхоҳона ва
нифоқангез набошад, ба суди ҳамаи ақвоми кишвар, аъам аз тоҷику паштуну
ҳазораву узбаку туркману нуристонию ғайра бошад ва ба таҳкими дўстию рафоқат ва
ҳамбастагии миёни ақвом бианҷомад. Забони порсӣ
он василаест, ки бар тадовуми дўстиҳову пайвандҳо меафзояд. Андўхтаи кишварҳои
пешрафта ҳам ҳокист, ки танҳо бо таъмини озодию ъадолат, риъояти ҳуқуқи ақвом,
эҳтиром ба забону фарҳанги онон, хирадварзӣ ва арҷгузорӣ
ба арзишҳои волои башарӣ метавон орзуи пешрафтро бароварда сохт.
Дар фарҷоми ин номаи саргушода
месазад, ки бар ин ҳақиқат таъкиди дучандон дошта бошем: душманӣ
бо забони порсӣ душманӣ бо Афғонистон аст.
Бо арҷ,
Гурўҳи фейсбукии “Забони порсӣ”
(бо 5347 ъузв)
No comments:
Post a Comment