Monday, April 24, 2017

Дмитрий Орешкин: Мубориза бо фасод рози комгории Новолнӣ аст

Дмитрий Орешкин, коршиноси сиёсии Русия
Имшаб мусоҳиби фавқулъода хубе доштам. Дмитрий Орешкин, сиёсатдон ва ҷуғрофидони сиёсии Русия ва коршиноси сиёсии он кишвари ъазим, ки ҳар коре мекунад, собунаш ба тани мо ҳам мехурад. Вале ин бор суҳбати мо сирфан дар бораи Русия буд ва интихоботи соли ояндаи Русия ва номзадии эҳтимолии Олексей Новолнӣ (Alexey Navalny) дар онҷо.

Хушам омад аз коршиносе, ки зарурати интихоби сангар азияташ намекард. Аз оғоз то поёни мусоҳиба бесангар, яъне бетараф буд ва баду хуби Новолниро барои ман бепарво тарсим мекард.

ДР: Рози комгории сиёсии Новолниро чигуна тавзеҳ медиҳед?

Дмитрий Орешкин: Ба назари ман, рози муваффақияти Новолнӣ ҳамон чизест, ки морксистҳо “гузор аз каммият ба кайфият” меномиданд. Ӯ бо такя бар як мавзӯъи воҳид дар ҳоли сохтани шахсияти сиёсии худаш аст. Дар ниҳоят, бузургтарин моҳӣ гираш омада, ки исмаш “Дмитрий Медведев” аст. Ғайр аз ин, ӯ дар Интернет маҳорати хоссе дорад. Ва Интернет дар саросари сарзамини мо дар дастрас аст. Ӯ истеъдоди сиёсии хориқулъода дорад ва шароитро бисёр хуб дарк мекунад. Шароит ҳам бар вифқи муроди ӯ шакл мегирад. Ба хотири ин ки мардум доранд ба сутӯҳ меоянд ва шиъори “Криме моли мост” дигар харидори чандоне надорад. Ҳарчанд афкори ъумумӣ ҳанӯз моил нест Путинро зери суол бибарад, аммо мавзӯъи фасод ва мавзӯъи хоҷагони бадсириште, ки дар атрофи тезори хушмаром ҷамъ шудаанд, беш аз пеш тарафдор дорад. Инҳо ҳамааш бо ҳам мусодиф шуда. Афзун бар шаҳомату поймардии шахси Новолнӣ, ки хураи сиёсат аст. Ҳамаи инҳо боъис шуд, ки мардуми бисёре дунболаш роҳ биуфтанд.

ДР: Ҳоло ки суҳбат аз фасод шуд, ба назари Шумо, Новолнӣ барои анҷоми ин корзор пулашро аз куҷо дармеоварад?

Дмитрий Орешкин: Онҳое, ки рӯйдодҳои сиёсиро дунбол мекунанд, шакке надоранд, ки ӯ бо бархе аз муассисоти бонкӣ сарукоре дорад. Афзун бар ин, ӯ аз тариқи Интернет пул ҷамъоварӣ мекунад. Мо ба ин навъи фаъъолият истилоҳан “Сандуқи Yandex” мегӯем.  Вале равобити ӯ бо бонкҳо то андозае пӯшида аст... Мусалламан, Новолнӣ Робин Ҳуди ҷангали Шервуд нест. Новолнӣ як шахсияти ъодӣ ҳам нест. Дар ҷавониаш машғули “гринмейлинг” буд. “Гринмейлинг”, яъне хариди теъдоди зиёде аз саҳомҳои як ширкат ва фурӯши онҳо ба қимати бештар барои ба даст овардани идораи он ширкат.  Ман наметавонам бигӯям, ки ӯ одами комилан худист, он тавре, ки хелеҳо тасаввур мекунанд. Ва дар ъайни ҳол сиёсати калон дар кишварҳои бузург ба хотири чашму абрӯ сурат намегирад. Ҳатман бояд пуле барои пардохт дошт.

ДР: Соли 2011 дар интихоботи Думои Давлатии Русия Олексӣ Новолнӣ шиъоре сар дода буд, ки “Ба ҳар ҳизбе раъй бидиҳед, ба ҷуз ҳизби “Русияи воҳид” (“Единая Россия”). Ҳатто номи ин шеваи раъйдиҳӣ шуда буд “Шеваи Новолнӣ” (“вариант Навального”). Пештар аз он оқои Новолнӣ ҳизби ҳокими Русияро “ҳизби кулоҳбардорону дуздон” ("партия жуликов и воров") номида буд. Ин ҳисси танаффури ӯ аз ҳизби “Русияи воҳид” аз куҷо бармеояд?

Дмитрий Орешкин: Новолнӣ хураи сиёсат аст. Ӯ баростӣ як раҳбари сиёсист. Ӯ мехоҳад раисиҷумҳур шавад. Ва ин хостаи ӯ ба даҳ сол пеш бармегардад. Ҳамаи сиёсатмадорҳои ростин бояд ин сифатро дошта бошанд. Ӯ, барои ин ки раисиҷумҳур шавад, бояд низоми мавҷудро дарҳам бишканад. Таҷассуми ин низом ҳизби “Русияи воҳид” аст... Дигар ин ки барои суъуд бояд рақиби аслиро шикаст дод. Абъоди шахсиятии Новолнӣ бузург аст ва дар ин шакке нест. Ва ҳадафҳои ӯ ҳам ба ҳамин андоза бузург аст.

ДР: Вале мухолифи давлат будан дар Русия кори бехатаре нест, бо таваҷҷуҳ ба сарнивиште, ки мухолифони давлат доштаанд. Оё ъаҷиб нест, ки Олексӣ Новолниро то кунун дар Русия таҳаммул мекунанд?

Дмитрий Орешкин: Ҳар чизе, ки дар ъарсаи сиёсии Русия иттифоқ меуфтад, барои ман шигифтангез аст. Вале Новолнӣ ҳисси бӯёии сиёсии зарифе дорад. Ӯ хуб мефаҳмад, ки дорад рӯи лабаи теғ роҳ меравад. Вале ба ҳар ҳол, ӯ дар халаъ нест. Ва хуб медонад, ки бод ба чи самте мевазад. Афроди огоҳе ҳастанд, ки барои самтёбӣ ба ӯ кумак мекунанд. Шакке нест, ки роҳи ӯ пурмухотира аст. Дар ҳар он метавонад ба балое гирифтор шавад. Гузашта аз ин, ӯ ба ъунвони як марди руси маъмулӣ хуб медонад, ки бародараш ба хотири ӯ дар зиндон нишастааст. Ҳам ӯ ва ҳам бародараш ин мавзӯъро ба ъунвони шароити бозӣ қабул доранд. Яъне мутаваҷҷеҳ аст, ки  бояд қурбонӣ бидиҳад. Ба бовари ман, дар чунин шароите 99 дарсади мардум ба шикаст тан медоданд. Вале ӯ ҳамчунон сари пост. Ин танҳо ба хотири қуввату истодагарии ӯ нест. Ӯ сирфан дар ҳоли сабук-сангин кардани шонси худаш аст. Маълум аст, ки дорад риск мекунад. Аммо аз сӯи дигар, агар риск накунед, раисиҷумҳур намешавед.

(Ва гуфтугӯи мо пас аз ин ҳам барои дақоиқе дигар дунбола дошт ва боз ҳам аз он лаззат бурдам. Дареғ, ки чунин мусоҳибе дар Тоҷикистон андак дорем).

No comments: