Thursday, April 27, 2017

Вақте ки Хуршед ғуруб кард...


Дигар на офтоб ҳамон офтоб асту на об ҳамон об. Осмон кӯтоҳ аст. Ҳаво сурбист. Ба ъумқи сина намерасад. Ҳавоси панҷгонаам гӯӣ таътил. Фазо сурреол аст. Вожаҳо аз зеҳнам гурезонанд. Ҳеч чизе сари ҷои худаш несту коркарди худашро надорад. Хобам ъайни бедористу бедорӣ ъайни хоб...

Субҳи имрӯз бо орзуи поёни ин кобуси кушанда чашмонамро гушудам. Бо ин хиёл, ки ҳамааш як хоби шум буда. Аммо фоидае надошт. Ангор гирифтори тилисме шудаам, ки ҳалқааш даври гарданам тангтару тангтар мешавад ва тавони ҳарф задану фикр кардану гӯш додану фаҳмиданро аз ман рабуда.

Андак-андак дорам мефаҳмам, ки нуқтаи иттикоямро аз даст додаам; фонуси дарёи зиндагиамро гум кардаам; фириштаи нигаҳбонам пар кашидаву дигар қарор нест баргардад; ҳалқаи пайвандам бо офаринишу Офаридгор аз ман гусастааст. Оё ҳаргиз мешавад бо ин мусибат хӯ гирифт, ки ъазизтарину поктарину беҳтарин инсони зиндагиам ҳузурашро аз мо дареғ доштаву ба малакути аъло пайвастааст?

Ҳамин ду моҳ пеш канораш будам. Субҳи содиқ аз садои ҳиқ-ҳиқаш бедор мешудам. Рӯи саҷҷодааш нишаста буд, шонаҳояш меларзид, намозаш замзамаи модари доғдида мешуд. Дар сӯги Фарҳод месӯхт. Аз Худо масъалат мекард, ки ин бор дигар риъояти навбат ёдаш наравад ва касе ҷуз ӯро набарад. Наҷво мекардам, ки “Момонҷон, агар Шумо биравед, ҳамаи мо хароб хоҳем шуд”. Мегуфт, ки “рафтани ман суннат аст; рафтани Фарҳод бароям зиллат буд”. Худо ҳам муъатталаш нагзошту бурдаш пеши Фарҳоду Ховару Додо. Ва мо, бозмондагон, ҳамагӣ хароб шудем.

Модарам ҳафт сол дар як мадрасаи истолинӣ дарс хонда буд, аммо дуктурои зиндагӣ дошт. Шевотарин забону баён, дақиқтарин ташхису баррасии мушкил, санҷидатарин ройзанию машварат, инсонитарин рӯйкард ба ҳар мавзӯъеро дошт. Дар ъайни содагиву самимияти як фиришта. Зиндагии шулӯғу пурмашғалаи як модари нуҳ фарзанд ҳам, ки тасаввураш барои мо сахт аст, монеъ аз ин намешуд, ки лаҳзае гир биовараду китобу рӯзномае бихонад. Агар рӯзгор ба ӯ маҷол медод, ба болотарин дараҷоти ъилмӣ ҳам даст меёфт. Аммо ӯ тавонист ба болотарин дараҷоти ъилму ъамали модарӣ бирасад.

Фарзанди ғарибаш ман будам. Ҳаргиз намехост ғурбатам ин қадр ба дарозо бикашад. Ҳамеша мехост баргардам. Вале рафта-рафта, ба далели хӯи носозгору сароҳати лаҳҷаву бепардагӯии ман бо ғурбати ман канор омад. Фикр мекард, ғурбат бароям амнтар аст. Ҳар бор, ки телефунӣ суҳбат мекардем, илтиҷо мекард: “Да нумат мурам, Шафқатҷун, гапҳои сиёсӣ назан, ба ину ун кор надошта бош, мун бебало шинем...” Ҳамааш нигарон буд, ки сароҳати лаҳҷа (бепардагӯӣ) кор дастам хоҳад дод ва рӯзе-рӯзгоре ба ҳисобам хоҳанд расид ва сарбанестам хоҳанд кард. Ҳоло танҳо мояи тасаллои ман ин аст, ки доғи ман бар синааш нанишаст.

Ва ҳар бор, ки ба диданаш мерафтам, пеш аз худоҳофизии талху шӯру ашколуде, ки доштем, мегуфт:

Гулҳои боғи васлат чинем ё начинем?
Дидори якдигарро бинем ё набинем?

Ва ман ҳамеша итминон медодам, ки хоҳем чиду хоҳем дид.

Аммо ин бор, ҳамин ду моҳ пеш, дар рӯзи пурбарфи аввали исфанд (19.02), ки худоҳофизӣ кардем, дигар он байтро нахонд. Сари остонаи хона як корди бузург гузошт. Аз рӯи корд рад шудам. Рӯи шонаҳоям орд пошид. Гарм дар оғӯшам гирифту гунаҳоямро бӯсид. Ва бо оромиши ъаҷибе худоҳофизӣ кард. Барои аввалин бор аз ҳамлаи амвоҷи эҳсосотам ҳангоми худоҳофизӣ бо Модар дар амон монда будам. Чун Модар ором буду гиря намекард. Ангор доштам барои чанд соъате аз ӯ дур мешудам. Ва воқеъан ҳамин тавр ҳам шуд. Парвоз 14 соъат ба таъхир уфтод ва ман шодону шитобон паҳлуи Модар баргаштам. Бо ҳам гуфтему чоӣ нӯшидему андарзҳояшро ба гӯши ҷон шунуфтам. Ва боз ҳам саҳнаи худоҳофизӣ. Ин бор барои ҳамеша.

Филми охирин соъоти зиндагии Модарро мебинам, ки Паймон бароям фиристодааст. Модар дар ҳоли тамошои як сериёли туркӣ, лобуд рӯи шабакаи GemTV. Кӯчактарин нишонае аз ин нест, ки ин ъазизи дилу дида рафтанист.

Комилан ногаҳонӣ буд. Сари по буд, ки қалбаш пас аз 77 сол аз тапидан бозмонд. Канори нахустфарзандаш ва дар бағали ӯ ҷон дод. Ин дуъои ҳамешагиаш мустаҷоб шуд, ки “Худовандо, ҳаргиз маро муҳтоҷи дигарон накун”. Аммо зарфи ду-се моҳи ахир даме аз дарди дурӣ аз Фарҳод наосуда буд ва ҳамин дарди бедармон қалби зарифи Модарро суда буд. Ва захми рафтани Фарҳод ҳанӯз ба ҳам нарасида, захми ҷонсӯзтаре вуҷуди моро ба оташ кашид.

Ҳоло бо ин қалби шарҳа-шарҳаву зеҳни парешони модармурда чигуна шарҳи дарди дурӣ аз поктарин инсонеро бигӯям, ки нигоҳаш чашмаи меҳр буд? Чигуна тазоҳур кунам, ки ман ҳамонам, ки будам ва зиндагӣ ҳамон аст, ки буд? Чизеро, ки Модар ба ман ёд надода, ҳамин тазоҳур аст.

Аз лаҳзае, ки Хуршедам ғуруб карду дар чанги зулмат мондам, сардам аст. Сард, мисли ин ки дар яхчоли Худованд гирифтор омада бошам. Сард, ангор замҳарири мавъуд ҳамин буда. Гӯё тоза аз батни Модар фурӯ уфтодаву дар дашти бараҳуте раҳо шудаам, саргардон...

Аз ин ба баъд интизори расиданамро намекашед, Момон. Аз ин ба баъд нигарони гуфтаҳову нивиштаҳои бепарвои ман нестед. Аз ин ба баъд муҳимтарин мухотаби барномаҳоямро надорам. Маъсумонатарин нигоҳу табассум аз рӯи сафҳаи Замин зудуда шуд. Вуҷуди баҳориаш, ки фарвардин омада буд, урдибиҳишт ҳам зери хок шуд ва равонаш дар биҳишт орамид. Модарам, Зубайдаи Раҷабиён, зубайд ё ъатия ё ҳадяи Парвардигор буду бозпас ба сӯи Парвардигор шитофт.

Бо ин ҳама ҳарф натавонистам як зарра аз андӯҳи дуриатро баён кунам, Модар...

(Ин ъаксро, ки акнун дар гӯшаи ёдбуди Модарам дар ғурбат аст, навааш Паймон ду рӯз пеш аз даргузашти фириштаи нигаҳбонам гирифта).

No comments: