Wednesday, December 02, 2009

Irregular Regularities on Information Fee

Тартиботи бетартиби иттилоъоти пулӣ

(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)

Бисёре аз қонуну мусаввабаҳои Тоҷикистон касро ба ёди достони марде меандозанд, ки аз бас бадхатту баднавишт буда, маҷбур будааст номаҳояшро худаш барои мухотабонаш бихонад. Тозатарин мусаввабаи давлат беҳтарин намунаи он аст, ки ҳатто унвони онро наметавон ба дурустӣ дарёфт: “Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст.” Ҷуброни хароҷоти кӣ? Оё мақомот иттилоотро пешниҳод (предлогать) мекунанд ё ироа (предоставлять)? Оё хароҷот ба мақомоту ташкилот “алоқаманд” аст ё иттилоъот? Ва аслан чаро “алоқаманд” (заинтересованный)? Шуморо ба Худо, ин ҷумларо барои ман баргардон кунед, ки нафаҳмидам.

Пас аз ошноӣ бо муҳтавои ин мусавваба (ки шояд луғати “ошноӣ” дар ин маврид муносиб набошад) шигифтии хонанда дучандон мешавад. Натиҷаи онро дар матбуъоти ҳафтаи гузашта мушоҳида кардем. Ҳар кас аз ин мусавваба қироату бардошти худро дошт. Шуморе бонги изтироб сар доданд, ки давлат мехоҳад дар баробари ҳар ҷумлае, ки ба хабарнигорони ғайридавлатӣ мегӯяд, пул биситонад. Мақомот дилдорӣ доданд, ки “танҳо барои маводди калонҳаҷми таҳлилӣ ва ҳуҷҷату санадҳое, ки барои кофтуков ва тайёр намудани онҳо маблағ сарф мешавад”, пул пардохт хоҳад шуд ва қарор нест, ки расонаҳо барои пӯшиши рӯйдодҳои рӯзмарра ба мақомот пул бидиҳанд (Сайидалӣ Сиддиқов, аз дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ). Аммо ҳанӯз касе сад дарсад мутмаин нест, ки манзур аз тасвиби ин мусавваба дақиқан чӣ будааст.

Қонун ё мусавваба маъмулан барои равшан кардани қазияҳои печида навишта мешавад, то битавон бо руҷӯъ ба моддаҳои он гиреҳи он муъаммоҳоро гушуд. Аммо мусаввабаҳои мо ба монанди рисолаҳои фалсафию мазҳабӣ тафсирталабанд ва муфассирони он ҳам ҳарфи ҳисоб надоранд. Охир чи қонуне навиштаед, ки ба ҷои ҳалли муъаммо бар печидагии масъала меафзояд?

Агар ба тафсири Сайидалӣ Сиддиқов ва Маҳмудҷон Сараев аз бахши таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Иброҳим Усмонов аз Донишгоҳи Миллӣ такя кунем, талоши давлат ин будааст, ки ҳамгом бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ироаи иттилоъоте вижа аз шаҳрвандон пул биситонад. Ин иддаъоро ба осонӣ метавон санҷид.

Ба ростӣ, дар кишварҳои пешрафтае чун Амрико ва Бритониё чунин муқаррароте зери унвони “Қонуни озодии иттилоъот” вуҷуд дорад. Дар Амрико ин қонун соли 1966 ба тасвиб расид ва ҳамчунон муътабар аст. Аммо дар ин қонун мушаххасан тасреҳ шудааст, ки барои дастрасӣ ба иттилоъоти рӯзмарра ниёзе ба пардохти ҳеч маблағе нест. Пул барои иттилоъоте пардохт мешавад, ки дар бойгонии вазоратхонаҳо мавҷуд аст ва дар дастраси умум қарор надорад. Қонуни марбутаи Амрико сареҳан барои хабарнигорон имтиёзоте қоил шудааст. Ба гунае, ки хабарнигор метавонад то 100 сафҳа аз иттилоъоти дархостиашро ройгон дарёфт кунад. Чунин имтиёзе барои хабарнигорони Тоҷикистон дар назар гирифта нашудааст. Пас ташбеҳи мусаввабаи ахир бо қонунҳои мушобеҳи кишварҳои пешрафта бемавриду беҷост.

Дар “Қонуни озодии иттилоъот”-и Бритониё аз соли 2000 ҳам мехонем, ки ҳазинаи иттилоъот танҳо дар мавриде пардохт мешавад, ки он бештар аз 10 пунд (фунт) қимат дошта бошад. Нархи чопи ҳар сафҳа иттилоъ фақат 10 пенс аст. Яъне маблағ танҳо замоне пардохт мешавад, ки шумо бештар аз 100 сафҳа иттилоъ дархост кунед, ки нудратан иттифоқ меуфтад. Ин бад-он маънист, ки дар бештари маворид дарёфти иттилоъ дар ин ду кишвари пешрафта ройгон аст.

Ва ҳатто агар бихоҳем маҳаки санҷишамонро андаке поинтар биёрему ба кишваре чун Ҳиндустон сар бизанем, мебинем, ки дар он ҷо ҳам қонун муқаррароти дақиқтару демукротиктаре дорад. Дар он кишвар як соъат мурури иттилоъот ройгон аст. Ҳеч пуле намепардозед. Ва танҳо пас аз як соъат аст, ки барои ҳар 15 дақиқаи баъдӣ маблағи ночизи 5 рупия (ҳудуди 10 сенти амрикоӣ) аз ҳисобатон каср мешавад. Пас чи гуна метавон мусаввабаи ахири Тоҷикистонро дар канори қонунҳои мушобеҳи кишварҳои дигар гузошт?

Ҳатто профессор Иброҳим Усмонов, мудири курсии рӯзноманигории ДМТ дар шумораи пешини “Нигоҳ” мегӯяд, ки “баъзан мешавад, ки аз ин [мусаввабаи давлат] сӯиистифода ҳам мекунанд, вале бояд сари вақт аз ин бохабар шуду пеши роҳи онро гирифт.” Ба гумони ман, “сари вақт” замоне буд, ки ин мусаввабаро тадвин мекарданд. Устоди рӯзноманигорон шояд бояд дар ҳамон оғози соли равон, ки порлумон дар садади тасвиби ин муқаррарот баромада буд, бохабар мешуданду тақозо мекарданд, ки ҳамаи норавшаниҳои мусавваба равшан шавад, то дар оянда аз он сӯиистифода сурат нагирад. Акнун, ки мусаввабаи “Тартиби ҷуброн...” бо ин муҳтавои ноқису ғалатандоз касби эътибор кардааст, аҷаб нест, ки сӯиистифодаҳои фаровоне аз норавшаниҳои он сурат бигирад.

Вале бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки “Тартиби ҷуброн...” бо Қонуни Асосӣ, Қонуни иттилоъот ва Қонуни матбуъоти Тоҷикистон мунофот дорад, боиста аст, ки давлатмардон ба бознигарии он бинишинанд ва ин мусаввабаро бо муқаррароти ҷомеъаҳои пешрафтаи демукротик созгор кунанд.

1 comment:

Anonymous said...

Дорюши азиз,
кучои ин точику кучои ин Ватани вайронаву такрибан аз байн рафтаро гап мезани?! Хамааш мисли ононе, ки худат дар навиштаат ёдовар шуди. Ин Ватани мурдагон шудааст, касе садо баланд намекунад, "бо муваффакият" ба нести равон аст. Зиёияш сад дар сад хабаркаши хукумати авбошон. Хамааш мунтазир ки касе аз берун меояду, режими авбоширо аз байн мебарад. Афкори пода, афкори гуломи.
Дируз як дипломати хоричии мукими Точикистон махрамона гуфт ки бо чунин чараён ва муносибат ба сарнавишти хеш точикон номзади шумораи аввал барои аз даст додани давлатдориашон ба хисоб мераванд.