Tuesday, January 19, 2010

Silence of The Lambs

Сукути интихоботӣ оғози суқут аст

(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)

Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти хабарии ахираш рӯи чанд “рози ошкор”-и мақулаи интихобот дар Тоҷикистон зарифона ангушт гузошт. Нукоти матраҳшуда дар суҳбатҳои вазири хориҷаро баихтисор меоварам; ҳамроҳ бо бардошти эҳтимолии як раъйдиҳанда дар қавсайн.

Оқои Зарифӣ таъкид кард, ки интихоботи маҷлис шаффофу одилона хоҳад буд ва аз давраҳои қаблии интихобот хеле фарқ хоҳад кард. (Пас давраҳои пешини интихобот шаффофу мунсифона набудааст ва ин бор мақомот дар паи тазмини шаффофияти он ҳастанд).

Вай гуфт, заминае, ки акнун вуҷуд дорад, ин имконро ба таври комил фароҳам кардааст (Яъне давлат дар гузашта нигарони нерӯҳои мухолифаш буд ва заминаро фароҳам намедид, аммо акнун дар баробари худ нерӯи ҷиддиеро намебинад, ки ба хотири он монеъ аз шаффофияти интихобот шавад).

Вазири хориҷа умедвор аст, ки мақомоти маҳаллӣ бо итоъат аз дастури раисиҷумҳур аз дахолат дар умури интихоботӣ парҳез хоҳанд кард (Пас ҳанӯз итминони сад-дарсад вуҷуд надорад, ки чунин мудохилае сурат нахоҳад гирифт).

Оқои Зарифӣ ин нукоти муҳимро бо раиси ҳайъати нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар миён гузошта ва шаффофияти интихоботро барои ӯ тазмин кардааст (Пас мухотаби аслӣ бегонагон ҳастанд, на мардуми кишвар).

Бардошти як раъйдиҳандаи фарзӣ аз суханони содиқонаи вазири хориҷа метавонад мутафовит бошад, аммо паёми зимние, ки аз изҳороти оқои Зарифӣ бармеояд, ба ростӣ аз мавҷудияти буҳроне дерина дар амри интихобот гувоҳӣ медиҳад. Давлате пас аз 18 сол султа ҳамчунон худро муваззаф мебинад, ки хориҷиёнро ба баргузории интихоботе шаффоф мутақоъид кунад. Ин бад-он маъност, ки худи давлат ҳам номунсифона будани давраҳои пешини интихоботро мепазирад. Вагарна ба ин суханони замонатбор ва дастури адами мудохилаи мақомот ниёзе набуд.

Аммо оё кадом як аз ин суханон ба гӯши мо тоза мерасад? Магар дар давраҳои қаблии интихобот ҳам аз ин замонатҳо батакрор нашунида будем? Бадқавлӣ паёмадҳои сангину саҳмгине дорад. Натиҷаи он ҳамин аст, ки мебинем: дигар на бегонагон ҳарфи моро ҷиддӣ мегиранду на худиҳо.

Панҷ ҳафта монда ба баргузории интихоботи саросарӣ фазои як кишвари солим, ки мегӯяд ҳашт ҳизби фаъъоли сиёсӣ дорад, бояд пурҷунбуҷӯшу пургуфтугӯ бошад. Бояд номзадҳо як лаҳза ором надошта бошанд ва барои ҷалби ороъ барномаҳои интихоботии ҷаззоб бинависанду ёргирӣ кунанд. Бояд дафтарҳои аҳзоб табдил ба канду (занбӯрхона)-ҳои сиёсӣ шавад, ки барои сохтани ояндае равшантар аз ҳамдигар сабқат бигиранд. Бояд чойхонаҳо маҳалли табодули назарҳои интихоботӣ миёни мардуми одӣ бошад. Бояд деворҳои шаҳрҳову рустоҳо пур аз баргаҳову шиъорҳои интихоботӣ бошад...

Ин фазо барои мо ҳам бегона набуд. Шӯру шавқи интихобот дар Тоҷикистон замоне мавҷ мезад, ки мардум ба қудрати иродаи худ имон доштанд. Бовар доштанд, ки сарнавишти сиёсишонро худашон рақам хоҳанд зад. Ин шӯру ҳаяҷон танҳо барои муддате кӯтоҳ давом овард ва зери наъраи тонку тӯп фурӯ нишаст ва ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз аст, мо дар сӯги он рӯзҳои ҳушёрии сиёсӣ марсия менависем. Порлумони “муҳрбизан”-и имрӯзӣ, ки микруфуни шашумаш хомӯш шудааст, чашмандози рағбатангезе барои мушорикати мардум дар интихобот нест.

Бадтар он ки фазои интихоботии имсол мурдатар аз интихоботи гузашта аст. Яъне рафта-рафта мардум ва ҳатто аҳзоби сиёсии ғайриҳоким ба натиҷаи козибе расидаанд, ки хостаи онҳо ормонест, ки зери хок беҳ. Имон ба иродаи сиёсии мардум аз синаҳои мардум салб шудааст. Медонанд, ки фарқе намекунад рӯи баргаи раъй номи чи касеро хат бизананд; дар ниҳоят ҳамон номе, ки мақсуди ҳукком аст, хат хоҳад хурд. Аммо намедонанд, ки вокуниш ба қатли иродаи сиёсии мардум хомӯшӣ нест, балки баҳсу талоши фузунтар ва пурҳаяҷонтар аст.

Бемайлии мардум барои мушорикат дар барномаҳои сиёсие чун интихобот нишонаи бемории вахими як ҷомеъа аст. Дар кишваре, ки интихоботаш барои ирзоъи хотири хориҷиҳо баргузор мешавад, то сояи марҳамату лутфи онҳо кӯтоҳ нашавад, ҳаргиз авзоъ басомон нахоҳад шуд. Ҷомеъае, ки давлаташ ба хориҷиҳо итминон медиҳад, ки интихоботаш шаффоф хоҳад буд ва пас аз интихобот ҳам посухгӯи эътирозоти хориҷиҳост, мавҷуд аст, аммо зинда нест. Вагарна бояд давлатро дар баробари худ посухгӯ мекард; давлатро вомедошт, ки ба ӯ замонати шаффофият бидиҳад ва ба ваъдаҳои худ вафо кунад.

Ва саранҷом, давлате якдаст (мураккаб аз ҳаводорони як ҳизб) бо порлумоне якдаст ба инсоне якдаст мемонад. Ҳатто як дона ломп бо ду нерӯи мусбат равшан намешавад ва ҳатман ба нерӯи мусовии манфӣ ниёз дорад; чи бирасад ба давлате, ки мехоҳад ба ҷои ҳафт милюн нафар тасмим бигирад. Давлатҳое, ки ин қонуни физикиро дарёфтаанд, пойдоранд. Давлатҳое, ки ҳанӯз ба ин булуғи фикрӣ нарасидаанд, шамъҳои рӯ ба боданд.

Пас манфиъати ҳар давлате дар он аст, ки мардуми кишварашро ба мушорикат дар умури сиёсӣ ташвиқ кунад ва ба ҳеч рӯй монеъ аз бурузи мухолифатҳои сулҳомези сиёсӣ нашавад. Дидгоҳҳои фард-фарди мардуми кишварро бояд ба ҳисоб овард, чун ба қавли Иқбол, “миллат аз афрод меёбад низом”.

2 comments:

Anonymous said...

Дируз 20-уми январ коре уфтод ва кадам ба бинои хукумати шахри Хучанд гузоштам. Ва шохиди як мачлис шудам. Ончо бо дугу сиёсат баромад карда аз хозирин такозо мекарданд ки чавонони ришдор зиёд шудаанд ва нахзатихо бакувват шудаанд ва алайхи ХНИТ бояд ташвикот баранд. Ин сиёхкуни рости ба ман сахт расид ва ба худ кавл додам аъзои ХНИТ шавам.

D said...

Дарего, ки сиёсатро буду набуди риш ва хадду худуди риш таъйин мекунад. Шояд иттихози тасмим аз руи хашму хаячон хам рох ба сарманзили максуд набарад. Чи хуб буд агар чавонони мо дар афзоиши огохии сиёсии худ ва дониши ному мароми хизбхо мекушиданд, то огохона гом ба арсаи сиёсат мегузоштанд.