Tuesday, February 02, 2010

Our Manners

Хулқиёти мо, тоҷикон

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Солҳо пеш буд. Вориди утоқи кории як ҳамкорам дар Ландан шудаму ҳайрон мондам. Бар фарози мизи оқо акси як ташноби чиркин овезон буд. Ташноби фарангии зангорбаста, ки аз васати он оби қаҳваӣ ҷорӣ буд.

Пурсидам: “Ин дигар чист?” Гуфт: “Дастшӯӣ (туалет)-и тоҷикӣ”. Ва тавзеҳ дод, ки тайи сафараш ба Душанбе дар оғози даҳаи 1990 аз дидани ин саҳна ваҳшатзада шуда буд ва он ваҳшат амиқтарин бардошташ аз фарҳанги Тоҷикистон буд. Аз ҳамкорам хоҳиш кардам, ки бо риъояти адаб он аксро дур андозад ва аз ӯ ранҷидам, ки танҳо раҳоварди сафараш аз Душанбе як акси ташноби касиф будааст.

Ёдам омад, ки яке-ду сол пеш аз он яке дигар аз ҳамкорони ланданиам ба Душанбе омада буд. Бо ҳам дар чойхонаи “Роҳат” лағмон хурдему чои сабз нӯшидем. Ҳамкорам мехост ба ташноби чойхона сар бизанад. Аз ӯ хостам андаке сабр кунад, то ба дафтар бирасем. Гуфт, на, мехоҳад ташноби ҳамагониро бибинад. Пас аз лаҳзае чанд ошуфтаву парешон аз ташноби пушти чойхона, ки пирмарде дами дараш коғази рӯзнома мефурӯхт, баргашту пурсид: “Ин дигар чӣ вазъ аст? Як сӯрох васати замин бо як олам коғази касифи рӯзнома.” Ва афзуд, ки дастшӯӣ (ташноб) намоёнгари даруни бисоти фарҳангии мардум аст. Агар он дӯстамро ба сӯи дастшӯиҳои шуста-руфтаву тамизтари Душанбе роҳнамоӣ накарда будам, шояд ӯ ҳам фарҳанги мардумии моро дар як акси ташноби олуда хулоса мекард.

Дарёфтам, ки хориҷиҳо барои шинохти фарҳанги як кишвар бо завоҳир иктифо намекунанд ва ба дуртарин сӯрох-сунбаҳои он сар мезананд, ба вижа ба ташноб, то дарёбанд, ки фарҳанги мардуми он дар чи пояе қарор дорад. Мусалламан, бардошти амиқи ҳар ду ҳамкорам аз фарҳанги Тоҷикистон на рақсу ҷилваҳои ҳунарӣ дар Кохи Борбад, балки чирку зангори дастшӯиҳои тоҷикӣ буд.

Акнун тибқи одат аз ҳар меҳмоне, ки тоза аз сафар ба Тоҷикистон баргаштааст, бардоштҳои амиқашро ҷӯё мешавам. Ва ҳар бор бароям хулқиёти тозае аз мардуми мо барҷастатар мешавад, ки маъмулан мавриди таваҷҷуҳи мо воқеъ намешавад.

Як бонуи инглисӣ, ки соли гузашта аз Душанбе баргашт, аз суқути ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистон таъаҷҷуб мекард ва аз ин ки бештари мардум балад нестанд ба роҳатӣ ба забони модаришон суҳбат кунанд. Ин бону мехост дар Тоҷикистон торнамо (вебсайт)-е ба забони порсӣ (тоҷикӣ) роҳандозӣ кунад, аммо акнун мегӯяд, ки мунсариф шудааст. Мегӯяд, бояд фурсат дод, то мардум аз буҳрони забонӣ раҳо шаванд ва забони модаришонро бахубӣ фаро бигиранд, то матолиби як расонаи порсӣ мухотаб дошта бошад.

Ду-се рӯз пеш аз як дӯсти дигарам, ки муқими Кембриҷ аст ва ахиран аз Тоҷикистон боздид карда, хостам, то аз бардоштҳои сафараш бигӯяд ва аз хулқиёти мо, тоҷикон. Мисли ҳар меҳмони дигаре меҳмоннавозии тоҷикон афсунаш карда буд, аммо як маврид дар тӯли сафараш ӯро озор медод. Ин хонуми эронӣ бо дӯстписари зарринмӯи ҳуландиаш сафар карда буд, аммо ҷуръат намекард ба касе бигӯяд, ки марди ҳамроҳаш маҳбубаш аст. Маҷбур буд тавре ҷилва диҳад, ки гӯё онҳо зану шавҳаранд. Аммо бо ин найранг ҳам мушкилаш рафъ намешуд. Чун, ба гуфтаи вай, ба вижа мардҳои тоҷик пайваста истинтоқаш мекарданд, ки чи тавр як зани мусалмон бо як марди хориҷӣ издивоҷ кардааст.

Ин бону дар шигифт буд, ки чи гуна мардум ба худ иҷоза медиҳанд дар зиндагии шахсии фарде дигар мустақиман дахолат кунанд ва интихоби ӯро зери суол баранд. Мегуфт, интизор надошта, ки Тоҷикистон пас аз таҷрубаи шӯравӣ ҳамчунон як ҷомеъаи башиддат суннатӣ боқӣ монда бошад. Ӯ бо дӯстписараш ба Афғонистон ҳам рафта буд, аммо мавриди ин ҳама бозпурсию бозҷӯӣ воқеъ нашуда буд.

Мавриди дигаре, ки боъиси ҳайрати ин бону шуда буд, хомӯшию сарбазерии кӯдакони тоҷик буд ва ин ки шӯру нишотеро дар вуҷуди аксари онҳо мушоҳида намекард.

Инҳо аз маъдуди ҳикоёту шикоёти хориҷиҳо пас аз сафар ба Тоҷикистон аст. Мо маъмулан онҳоро пушти гӯш меандозему ҷиддӣ намегирем, аммо Тоҷикистон дар зеҳни хориҷиҳо батадриҷ шакл мегирад: бо дастшӯиҳои чиркин, забони шикаставу баста, мардҳои музоҳиму фузул ва кӯдакони берамақаш. Мусалламан, ин тасвир комил нест. На ҳамаи дастшӯиҳо он ҳоли низорро доранд, на ҳама лакнати забон дорад, на ҳар марде коре бо маҳбуб ё шавҳари он бону дорад ва на ҳар кӯдаке беҳол аст. Аммо чи мешавад кард, ки бардоштҳои амиқ маъмулан нозудуданианд ва мисли он акси ташноб бар фарози мизи кории ҳамкорам барои солҳо ё шояд ҳамеша дар зеҳни меҳмонон овезон мемонанд.

Мо, ки ба таърифу тамҷид муътодем, ҳанӯз бо шунидани ҳарфи росту дуруст хӯ нагирифтаем ва агар меҳмоне аз кӯтоҳиҳои мо гуфт, шояд ҳолати дифоъӣ ба мо даст диҳад ва чи басо, ки ба пархош бархезем. Аммо ҳақиқати талхро чун доруи талх бояд фурӯ бурд, то шояд беҳбуде ҳосил шавад.

Аз хулқиёти манфии мо, тоҷикон, ки бедиранг ба чашми як тозаворид мехурад, метавон фаровон гуфту навишт. Нависандаи эронӣ Муҳаммадъалии Ҷамолзода ҳафтод сол пеш китобе таълиф карда буд, зери унвони “Хулқиёти мо, эрониён”. Китоб, дар воқеъ, гирдоварии пораҳое аз навиштаҳои афроди мухталиф дар бораи эрониёни он давра буд ва айбҳои иҷтимоъию фарҳангии мардумро бозгӯ мекард. Чи хуб мешуд, агар ҷомеъашиносе дар Тоҷикистон китоби мушобеҳе таълиф кунад ва аз костиҳои фарҳангию иҷтимоъии мо бигӯяд, бо намунаҳое барҷаста. Дарки айб ва бозгӯи он оғози пероишу ислоҳи фарогир аст.

20 comments:

Faizullo Nasrulloev said...

Макола хеле таваччухи маро чалб сохт. Муаллиф мавзуъеро инъикос кардааст ки яке аз дардхову камбудихои мо точикон аст - дахолат намудан ба хает шахсии як фарди тамоман бегона. Муттаассифона, чанд нафаронеро мешиносам аз мамолики дуне сафархо баргузоридаанд, вале то хол хаддеро дар пурсиш аз хаети шахси муайян карда наметавонанд. Гумон дорам на кам аз 20-30 сол зарур аст то ин маданияти мо тагйир ебад.

Муаллифи азиз,

Саломат бошед.

Anonymous said...

Дуруд бар Дориюши кабир, ки хамвора талош доранд дар гом ниходан дар масири бедор намудани хуввияти милли!
Рости ин хама дард асту дармоне надорем,ки фарханги азияткашидаву ранчури моро мудово бошад ва муолича намояд.Чандест, дурусттараш 3 мох мешавад, ки чанде аз дустони хоричии Олмону Омрикоиям касди омадан ба Точикситонро доранд ва аз ман мудом суол мекунанд, ки кадом вактро метавонам муносибтарин фурсате барои омадани ишон нишон бидихам.Аммо чун мебинам хеле чизхост, ки метавонад пеши онхо маро сархам бикунад ва хеле чиз хост ки хануз ниёз ба таьмир доранд, хар замон дар даьвати ишон диранги мекунам ва фурсатро ба таьхир меандозам,ки шояд хамин шабу руз ягон шахсе пайдо бишавад, ки ин костагихову холигихои чомеаи моро ба низом орад.Рости як чизи аз хама намудор ва диданиву дар чашм зуднамову осоннамо хамин "утокхои хоччатбарор"-и моянд,ки хатто одами оди чурьати рафтан ба онро надорад чи расад ба хоричи.Ва дуруст фармудед дар чашми хоричиён ё ба истилох берунихо ин чизхо ба осони метавонад намудор бишавад ва фарханги кухантаьрихи моро муаррифи намояд.
Дар зер шикоятномаи хешро бо ин дид замима мекунам:
Шиква аз замона
Ало ай ҷавонони бедордил

Кунун сар буланд кун зи обу зи гил

Кунун вақти бар по шудан даррасид

Бубояд ки гулҳои уммед чид.

Ватан аз ману ту бувад пойдор

Чаро пас насозем ба ин ибтикор

Чаро ай ҷавонон ҷудои кунем

Барои ватан бевафои кунем.

Аз инҷову онҷои будан магу

Зи ваҳдат, зи пайвстагиҳо бигу

Хамушиву беэьтинои дигар

Бирафту биомад кунун болу пар.

Кунун бояд аз дасти ин золимон

Аз ин хоҷагону аз ин муфлисон

Аз ин навкарони худобехабар

Ки худро фидо кардаанд баҳри зар

Раҳои биҷуему озодиро

Рафоқат, ҳақиқат, худоёдиро

Бубин шоирону адибони мо

Зи аслу асолат шудаанд чудо

Ҳама гашта маддоҳи болоиҳо

Ҳама гунгу куру кару бенаво

Куҷо аст Лоиқ, ки лаб во кунад

Алайҳи чунинҳо садоҳо кунад

Ба тири қалам синаҳо бишканад

Ба мардум сабоҳи сафо оварад

Куҷо аст Бозори бозорёб

Ки бедор созад ҳама аҳли хоб

Дарего, дар ин кишвари номдор

Ҳама гашта беному бешаҳриёр

Кучо аст Турсони дур аз ватан

Хамон нури чашму хамон рухи тан

Бубинад, ки фарханги бегонае

Тахочум намуда ба хар хонае

Рабуда аз эшон хам оину дин

Намуда ба эшон чунону чунин.

Ба тиру туфангу сипар омада

Ба миллат ба кишвар хатар омада

Ба расму русуму назар омада

Ба дунёи мардум зарар омада

Ало ай ҷавони ҷавонқалби ман

Биё ай далеру шуҷои миҳан

Биё инқилобе ба бор оварем

Ҳама золимонро ба дор оварем

Кунун сар буланд кун аз он рахтахоб

Ба майдони хакку хакикат шитоб

Ватанро чу дида нигаҳбон шавем

Адуяш бигирему вайрон кунем

D said...

Дуруд бар Файзуллоху Фирдавси Аъзами гиромй бобати изхори назархои арзишманд. Албатта, ин кутохихои фархангиро наметавон якшаба ислох кард. Тагйири фарханги мардумй аз кундтарини равандхост, аммо боз хам шуданист. Бадтар аз хама дарки ин вокеъият аст, ки дар гузашта мо аз пешохангони бисёре аз завохири фархангии имрузи Фарангистон будем ва акнун аз кофила вопас мондаем.

Anonymous said...

Офарин Фирдавс!

Адаш ИСТАД said...

Дориюши азаз!
Ин чо се масъаларо гузоштаед, ки хар кадом тадкики амиктареро такозо мекунад. Масъалаи туалет низ. Дар фарханги мардуми на танхо точик, балки хамаи мусулмонон онро ислом ба як низоми муайян дароварда аст. Ба ин сабаб дар гармобахои точики барахна не, бо лунги медароянд. Яъне ин фарханг дидани чойхои махрамонаи тани инсонро манъ мекунад, шахсияти инсон эхтироми уро хифз менамояд. Аммо сохтори шурави шахсиятсолор набуд ба ин сабаб гармобаву туалетхои чамъияти бе риояи суннатхои бостонии милли сохта шудаанд.

Рушанфикрони точик ин масъалахоро дарк карда будаанд. Устод Айни дар як дастхаташон ба тасвири туалет зиёда аз дах сахифа навишта будаанд, аммо бо пофишории шогирдонашон аз китоб берун мекунанд. Турсунзода низ ба ин масъала бефарк набуданд. Дар вакти дар кучаи Орчоникидзе будани идораи Иттифоки нависандагон хостанд каме аз замини хавлии Хукумат бигиранд ва туалети замонави бисозанд. Аммо Хукумат ичозат надод. Сипас оташин шуда ба хамкаламонашон гуфтаанд: - Ман барои адибон як иморати нав месозам, бо пули Маскав, ки туалети зиёде дошта бошад. Агар бинои ИН-ро дида бошед,дар туалетхояш 36 кабинаи замонави дорад.

Дар бобати туалетхои Душанбе бошад асосан айби сохибони он аст, яъне мудири бозор, чойхона ё боги истирохати. Ва пеш аз хама умури назорати санитари. Агар ин идора ба саабаби холати гайрисанитари дуконхои онхоро ба мудати муайян баста сохтани туалетхои замонавиро талаб кунад муаммое нахохад буд. Агар "санитарний врач" ин вазъро тагйир надихад, маълум, ки ришвахор аст ва уро аз вазифааш барканор бояд намуд

D said...

Дуруду сипоси фаровон, окои Истади гиромй.

Дакикан, хамон гуна ки шумо фармудед, ин мавзуъот баррасии амиктар мехохад. Ман танхо дар хадди гунчоиши як сутуни рузнома ба масоиле ишора кардам, ки хамеша аз ину он мешунавам, аммо камтар дар бахсхои матбуъотй матрах шудааст. Умед аст, ки тархи ин мавзуъхо ва пайгирии онхо огози дигаре бошад барои полоиши фарханги мардумй.

Аммо ман бар ин боварам, ки бо барканори кардани мудири ин ё он муассисаи хамагонй, ки таншнобаш олудава касиф аст, мушкил хал намешавад. Бояд решаи мушкил (фарханги мардумй)-ро ворасй кард. Идомаи истифода аз ташнобхои олуда баёнгари ин вокеъият аст, ки барои бисёре шояд дидани он сахнахо вахшатангез набошад ва як амри маъмулист. Уфти фархангии мо, точикон, фарогиртар аз он аст, ки тасаввур мешавад ва бояд созукоре решаитар ва бунёдитар барои рафъи ин вопасмондагй андешид.

Адаш ИСТАД said...

Бовар дорам, ки бо андешахои амиктар хар яки ин масъалахоро дар алохидаги минбаъд матрах мекунед.

Барори кор!

Anonymous said...

snaiper: aз мaрдуми мо дидa хaмкори лaндaни бeмaдaнияттaр будaaст! дaр бобaти шaвхaри гaйриисломии он бону: - ин дaхолaт нe, бaлки бaориятии хaмон одaмон. рост гуфтaaнд. мaгaр мусулмон кaмaст, ки бa кофaр зaн шудaaст. э хок бaр сaри ин хeл зaни мусулмон!

D said...

Сипос, оқои Истади гиромӣ. Ман ҳам бовар дорам, ки шумо низ дар ин корзор саҳим хоҳед буд ва дидгоҳҳои худро дар шакли навишторҳои мукаммал матраҳ хоҳед кард.

Snaiper-и гиромӣ. Посухи шуморо Хоҷа Ҳофиз садсолаҳо пеш дода буд: ӯ (он хонуми эронӣ, ки шояд мусалмон бошад, шояд ҳам набошад) агар нек асту гар бад, ту бирав худро бош, "ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт."

Anonymous said...

Авата́ра или авата́р[1] (санскр. अवतार, avatāra?, «нисхождение») — термин в философии индуизма, обычно используемый для обозначения нисхождения Бога из духовного мира в более низкие сферы бытия. Хотя на русский язык слово «аватара» обычно переводится как «воплощение», точнее его можно перевести как «явление», так как концепция аватары заметно отличается от идеи воплощения Бога «во плоти» в христианстве.[2][3]

-----

Аватар калиман санскрит бошад, пас дар форси хам чизе монанд ба он доштагист? Е дар пахлави?

D said...

"Аватар" мураккаб аз ду бунвожаи сонскирт аст: "ава" ба маънии "дур" аст ва бо "away" дар забони инглисй аз як реша аст. "Тара", ки дар порсии бостон хам ба хамин шакл (таро) вучуд дорад, ба маънии "фаро" аст ва дар забонхои лотинбунёд "транс" аст. (Дар Эрон вожаи "таробарй" ба чои "транспорт" аз хамин вожа сохта шудааст).

Пас мафхуми "аватар" ба маънои аз колбуд фаро рафтан ё дур шудан аст, ки дар забони порсии навин таъбири арабии "таносухи арвох" ба чои он ба кор меравад.

Anonymous said...

Вале дар пахлави ое калимаи пуррае ба шакли Аватар е чизе монанд ба он хаст?

D said...

Вожаи "аватар" ба маънои хулул ё таносухи рух дар манобеъи бозмонда аз забони пахлавй ба сабт нарасидааст.

Anonymous said...

Шояд имруз туалетхои мо боиси сарпастй ва баёнгари бефархангй бошанд. Аммо боре китоберо мехондам ва яке аз эссехои он ба накшу шакли туалет дар хаёти миллатхои гуногун ё ба истилох, ба фарханги туалетдории аквоми гуногуни дунё бахшида шуда буд. Муаллиф хеле чизхои чолиберо чамъ оварда буд ва бовар намекунед, чун у дар чое ба тасвири туалети точикон пардохт ва онро ситоиш кард. Вай дар дехаи дурдасти точик туалети тозаву озодаро дидааст, ки дар он чо як офтоба об хам гузошта буданд.

Anonymous said...

Агар ман мири шахри Душанбе мебудам, барои туалетхои чамъиятии чиркин хам сардори корхонахои мутааллик ва хам сардори назорати санитариро чазохои сахт медодам.
Ба кунашон чанд лагад низ мезадам.
Аммо мирхои шахрхою хокимони нохияхои Точикистон хеле нармрафторанд. Аз ин нармрафтории онхо танхо обруи миллати точик мерезад.
Бубинед, ки туалетхои замони шурави сохташуда на хама ба талаботи мусулмони мувофиканд. Рост истода пешоб кардан на дар оини мусулмони хасту на дар оини зардушти.
Чанд вакт боз мулло Сайидюнус дар Интернет наменамоянд. Агар он кас дар ин бахс иштирок мекарданд, оиди он ки дар наздикии чашмаву хавзи руд туалет сохтан дар ислом манъ аст, аз китобхои дини даххо далел меоварданд.
Агар дар пораи газета ё когаз номи худо ё паёмбар зикр шуда ё матни дини дошта бошад, онро бо худ ба халочо бурдан манъ аст. Хамон муйсафеди туалети чойхонаи Душанбе магар инро намедонад?
Гигиенаи исломи бо экологияи пешрафтаи муосирр пурра мувофикат мекунад.
Туалетхои бисёр хонахои бисёркабатаи истикомати ва гайра ё ру ба кибла ё пушт ба он сохта шудаанд ва «вакти нишастан дасти чап чониби кибла бояд бошад» риоя нашудааст. Ба ин назари уламои дини чист?
Аллома Сайидюнус, дар кучоед?

Самандарзод

Anonymous said...

Аз 36 туалети Иттифоки нависандагон имруз яке хам ба талаботи замона чавоб намедихад. Онхо васияти Турсунзодаро оиди пеш аз хама ба фарханг тааллук доштани туалет кайхо фаромуш кардаанд.

Азим

Сазидюнуси Истаравшани said...

Ассалому алайкум
Бародари азиз Самандарзод, дар асл баҳси бародари арҷмандамон Дориюш, руйи дастшӯйиҳои умумӣ буд, ва рост ҳам фармуданд, ки мутаассифона дар ин ҷиҳат, мо кӯтоҳӣ дорем, чи мутасаддиён ва чи шаҳрвандон. Аммо ин, ба назари ман, ба ҳеҷ ваҷҳ бархоста аз фарҳанги миллӣ ва ё динии мо нест. Албатта, имрӯза ҳамин гуна мазоҳир аст, ки гӯёи тамаддуни мо пеши дигарон шуда метавонад. Ва шояд касоне ин гуна падидаҳоро нишонаи тамаддуни фарҳанг талаққӣ кунанд, вале дар асл чунин нест.
Агар баҳс рӯйи фарҳанги миллӣ ва ё динии мо равад, бовар кунед, агар мо дар ин ноҳия, яъне дар ноҳияи риояти назофату покизагӣ, зиндагиямонро бар асоси додаҳои фарҳангиву диниямон устувор мекардем (ки мутаассифона намекунем), шояд аз мо покизатару боназофаттар дар рӯйи гетӣ ёфт намешуд. Масалан, дини мо, дар заминаи дастшӯйӣ, ба андозае дастурот дорад, ки агар тамоми он чи аз ривоёт, ки дар ин мавзӯъ дар кутуби ривоӣ ворид шудааст-ро як ҷо гирд оварем, бовар кунед панҷ шиш муҷаллад китобе қатур хоҳад шуд. Мутолеаи мақолаи бародари азиз Дориюш худ барои ман ангезае гардид, ки биравам рӯйи ин мавзӯъ кор кунам, дидам ба ин андоза мо ривоёт дорем.
Басанда аст як оят аз Қуръон ва як ривоят аз паёмбари ислом (с) ин ҷо ёдовар шавам, то бидонем, назофату покизагӣ дар дини мо аз чӣ ҷойгоҳи волое бархӯрдор аст. Қуръони карим, он ҷо ки паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро муаррифӣ мекунад, барояш шиш вижагӣ бармешуморад ва фалсафаи фиристода шуданаш-ро ҳам ҳамин шиш вижагӣ медонад (камина ин шиш вижагиро дохили нохунак мегузорам). Бубинед чӣ мегӯяд: “Онон ки пайравӣ мекунанд он фиристода; паёмбари дарснахонда ва хатнонавиштаеро, ки (ному нишонаҳои) ӯро назди хеш дар Тавроту Инҷил навишта меёбанд; ононро ба “некӣ” фармон медиҳад, аз “бадӣ” бозмедорад, “покизагиҳо”-ро барояшон ҳалол ва “палидиҳо”-ро бар онҳо ҳаром мекунад, “бори гаронашон” (яъне таколифи сахту душвор) ва “банду занҷирашон” (яъне умури даступогир)-ро аз онҳо фурӯ мениҳад” (Сураи Аъроф, ояти 157).
Ҳоло, худатон доварӣ кунед, вақте ҳар чи “покиза” аст бароямон ҳалол ва ҳар чи “палид” аст бар мо ҳаром бошад, агар мо ба ин дастур амал мекардем, чӣ вазъу ҳоле гиребонгирамон мешуд?
Аммо ривоят: паёмбари гиромии ислом (с) мефармояд: “Назофату покизагӣ, аломату нишонаи имон аст”, яъне аз назари ислом, ҳар кӣ покиза нест, боназофат нест, имон надорад. Чӣ чизе болотар аз ин дастур, ки моро водор ба риояти назофату покизагӣ дар ҳар чизе бикунад?
Ҳоло, ба назари камина, иллати ин ҳама беаҳамиятию бетаваҷҷӯҳӣ дар амри дастшӯйӣ, шояд дар камбуди имконоти лозим нуҳуфта аст. Худатон доварӣ кунед, дар Тоҷикистон, ба ҷуз чанд шаҳри бузург, дар кадом ноҳия ва ё шаҳристон аст, ки канализатсияҳои умумӣ дар тамоми кӯчаву хиёбонҳояш мавҷуд бошанд? Дар кадом ноҳия ва шаҳристон аст, ки лӯлаи об ба гунаи шоиста дар тамоми хиёбонҳо ва кӯчаҳо кашида шудаанд. Ин ду чиз, шарти аввалӣ барои фароҳамоварии як дастшӯйии матлуб аст. Вақте чунин нест, мардум чорае ҷуз ин надоранд, ки дар каноре аз манзилашон гудоле бикананд ва дар канораш дар сабаде кулӯх гузоранд. Хуб, дар ин сурат, чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем, он макон бӯйи ганд хоҳад дод, кадом назофат ва кадом покизагӣ?
Дастшӯйиҳои умумӣ ҳам, дар навбати аввал, бархоста аз бетаваҷҷӯҳии мутасиддиён аст. Беаҳамиятӣ дар ин амр, мутаассифона ба як чизи оддӣ табдил шудааст. Гӯи дастшӯйӣ барояшон амре муҳим нест.
Умедворем, аз ин ба баъд, мутаваҷҷеҳи ин масъала бошем. Дасти бародари арҷманд Дориюш дард накунад, ки бо тарҳи ин масъалаи муҳим, ҳамагонро водор ба таваҷҷӯҳи ин амр намуд.
Комёб бошед.
Сазидюнуси Истаравшани
http://www.kemyaesaadat.com/

D said...

Дуруд бар азизон ва сипоси фаровон аз так-таки шумо барои таваччух ба мавзуъи мубрами "дастшуйи", ки (бидуни шухй) аз мушкилоти умдаи фархангист ва бояд ба ислохи он кушид. Дидгоххои хамаи шумо баёнгари ахамияти ин мавзуъ аст. Ва чи хуб буд агар мардуми мо бо такя ба басирату биниши илмй ва фархангй хам (ки мутаъаллик ба навъи башар аст), ба ин натича мерасиданд, ки покию назофат аз мухимтарин аркон ва вачхи тамоюзи башар аст.

Адаш ИСТАД said...

Галустян дар ТНТ мардикорони точикро дар намоише чунин тасвир кард, ки дар обдони унитази туалет ош пухтаанд. Яъне ба кавли у точикон аз замона он кадар окиб мондаанд, ки зарфи ошхонаро аз зарфи туалет фарк намекунанд. Ман дар мисоли туалетхои бинои Иттифоки нависандагони Точикистон нишон додам, ки точикон дар масъалаи туалети замонави дар тамоми марзи шурави дар чои аввал буданд. Чунин туалетхои зиёди тозаву покизаро ягон иморати дигари ИДМ надорад, ки хидмати бузурги устод Турсунзода буд. Лоихаи ин иморат бо дастури Турсунзода чунин кашида шуд, ки ба хар корманди идора дар туалет як кабина рост ояд, то ки шароити идеалии санитари таъмин шавад. Ба гайри ин бо дастури ин устоди бузург гуслхона(душ) низ сохта шуд ва хучрахои кории окиби кабати дуввум хама дар дохил дастшуяк доштанд.
Сипас бо зиёд шудани теъдоди нашрияхо зарурати баъзе туалетхову душхонахоро ба аккосон додан пеш омад, ки лаборатория кунанд. Рохбарони Иттифоки нависандагон хама дорои маданияти баланд буданду мебошанд. Агар имруз тулетхои ин иморат «евроремонт» надидаанд, муаммои нарасидани маблаг будагист.
Азбаски дар маданияти туалетсози точикон нисбат ба арманихо чанд сару гардан болоянд, намоиши хачвии Галустян аз чониби хаммилатони мо хамчун тухмат ва хакорат нисбати точикон арзёби гардидааст. Дар ин бобат нигаред ба маколаи охирини Торнигори Салими Аюбзод.
Аз он ки ба бахс мулло Сайидюнус хамрох шуданд, хеле шодам. Бовар дорам, ки эшон оиди маданияти покизагии мардуми мо боз маколахои хуби дигар низ хоханд навишт.

Anonymous said...

Salom barodari aziz Doriyush,

Tobiston hangomi nazdi yak dustam ba tarafi Guliston rahsipor shudam va kudakoni ziyodero bo satelchaho nazdi havli dar on jo vokhurdam. Ba'zei onho satelhoi pur az obi oshomidani va ba'zeho pur az obi nooshomidani az juibori nazdi havlii az vazni khud beshtarro bardoshta ba balandoshoyona medaromadand. Man az onho purson shudam in qadar obi ziyodro shumo chi kor mekuned va charo az juibor ob mebardored? Yak pisaraki 10 sola guft ki, in holi kamai ocham khurok mepazad, libos meshuyad, kosa tabaq meshyad.... Obi joiborro chi kor mekuni? Okhir gulhoi balkona ob dodan darkor, tualet ham ob nadorad...
Tu dar chandum oshoyna zindagi mekuni? Dar haftum? Chand bor baroi ob mefaroi? Har ruz ba'd az dars 10 reis ob mekashum bachahoi diga bo ai ma bisyortar mekashand.

Chunun bisyoroshyonahoi beob dar shahru nohiyaho kam nestand va foje'a on ki oyandai mo dar dasti chunin kudakoni obkash fardo memonad, ki nisfi ruzashonro ba joi tahsil kardan ba obkashoni meguzaronand va nisfi shabashonro dar khonahoi be barq, ki baroi kitob khondani onho toriku sardand.


Mas'alai obu barq dar shahr to hanuz barqaror nashudaast. To hole ki in mas'alai obu barq dar jumhuri hal nashavad Mas'alai TUALETho boqi khohad mond.Va ba oyandai durakshoni Tojikiston bovariyam nameoyad.

Anon 2