Wednesday, April 14, 2010

Kyrghyz Teachers

Омӯзгорони қирғиз

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Он чи бар сари Қурбонбек Боқиеви қирғиз омад, моҷарои тозае нест. К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро... Ва ҳамин тавр баръакс. Ҳамеша чунин будаву хоҳад буд. Ҳеч қудрате мондагору ҷовидона нест. Ҳар шабе ба бомдод расидаву ҳар субҳе ба шом. Пӯёӣ қонуни ҳастист...

Аммо зоҳиран Боқиев ҳанӯз бар дарки ин ҳақиқати ҳастӣ нарасидааст ва ҳамчунон талош мекунад бо гирди ҳам овардани хешовандону ҳамрустоиҳояш дубора ба кандуи асал даст ёбад.

Рӯзи душанбе ҳудуди 500 тан аз наздикони Боқиев дар рустои Тейити Ҷалолобод таҷаммуъ карданду шиъор доданд, ки ҷонашонро рӯи каф гузоштаанду мехоҳанд ин ҳамқишлоқишонро ба сарири қудрат баргардонанд. Бо ин таҷаммуъ ва шиъорҳо воқеъияти зиште бармалотар шуд: маҳалгароӣ, ки метавонад саранҷом ба ҷудоии ҷанубу шимоли Қирғизистон бианҷомад. Аммо ҳатто агар Боқиев ба тахти ҷануби Қирғизистон ҳам такя бизанад, боз ҳам шикаст хурдааст. Чун меросе, ки аз 5 сол ҳукумати ӯ дар Бишкек баҷо монда, чизе ба ҷуз ҳарфу ҳадиси фасоди молию хешовандсолорӣ дар бисот надорад.

Қудрат одамони заъифро олуда мекунад ва аз чорчӯби одамият меронад. Соли 2002 ҳамин Боқиев нахуствазири давлати Аскар Оқоев буд. Тирандозии нерӯҳои давлатӣ ва қатли 5 муътаризи ҷалолободӣ дар он сол боъис шуд, ки Боқиев ихтиёран аз мақомаш канор биравад ва аз худ тасвири сиёсатмадоре мардуммадорро ба зеҳнҳо биспорад. Саранҷом аҷри он манишу рафтори мардуммадоронаашро дид ва мардум рӯи даст оварданду бар маснади раёсат нишондандаш.

Панҷ соли ҳукумати Боқиев панҷ соли навмедии мардуме буд, ки бо умеди эҷоди дигаргуние бунёдин даст ба тағйири қудрату қудратдорон зада буданд. Пеш аз он мардум аз фасоди давлати Оқоев гилоя мекарданд. Фасоди давлати Боқиев мардумро беш аз пеш ба сутӯҳ овард. Пеш аз он мардум аз пешравиҳои сиёсии аъзои хонаводаи Аскар Оқоев дили хуш надоштанд. Боқиев бо эҷоди як ниҳоди иқтисодӣ ва вогузории идораи ҳамаи воҳидҳои иқтисодӣ ба писараш Моксим таҷассуми мафҳуми хонаводасолорӣ шуд. Ва ҳатто интизор мерафт дар интихоботи соли 2014 хишти аввали салтанати сулолаи Боқиев гузошта шавад ва писараш мақоми падарро ба мерос бибарад. Таҷрубаи Озарбойҷон марази “салтанат”-ро дар рагу паи ҳоқимони минтақа ҷорӣ кардааст.

Ин барномаи бадсиголона метавонист дар кишвари хуспидае ба самар бирасад, аммо на дар Қирғизистон, ки панҷ сол пеш ҳам адаби ҳокими мустакбирашро дода буд. Ин бор ҳам ҳисси додгарӣ худнамоӣ кард ва Боқиеве, ки 8 сол пеш гӯё тоби дидани қатли 5 танро надошт, дастури қатли даҳҳо танро дод ва худ чун гунаҳкоре, ки аз шиддати қаҳри қурбониёнаш огоҳ аст, по ба фирор гузошт ва ба рустои зодгоҳаш паноҳ бурд.

Давлати муваққати Қирғизистон, ки ҳанӯз зуд аст дар борааш доварӣ кунем, аз ҳамин акнун бо мақомоти қудратҳое чун Омрико ва Русия дар тамос будаанд, ки ба таври талвеҳӣ гӯёи шиносоии ин давлат аз сӯи онҳост. Бисёре аз таҳлилгарон дар ҷустуҷӯи заминаҳои “русӣ” ё “омрикоӣ”-и шӯриши ахиранд, ки ба сарнагунӣ ва гурези Боқиев анҷомид. Ҳатто худи Боқиев ба монанди салафи ҳамсарнавишташ Аскар Оқоев дар яке аз нахустин мусоҳибаҳояш иддаъо кард, ки “нерӯҳои хориҷӣ” пушти саҳнаи ин рӯйдодҳо будаанд.

Аммо бо нигоҳе гузаро ба пешинаи панҷсолаи ҳукумати Боқиев вуқӯъи як чунин ошӯби худҷӯш алайҳи ҳукумати ӯ, ки дар паи хафа кардани садоҳои мухолиф ва бастани роҳҳои муқобилаи маданӣ бо он буд, бисёр табиъӣ ба назар мерасад. Мухолифони давлати Боқиев дарёфта буданд, ки агар акнун дастбакор нашаванд, фардо дер хоҳад шуд ва сулолаи Боқиев реша хоҳад давонд ва баҳои раҳоӣ аз он гаронтар хоҳад буд.

Бо ин тағйиру таҳаввул Қирғизистон номи худро бори дигар бо ҳуруфи зарини барҷаста сабти торихи Осиёи Миёна кард. Мардуми кишвари ҳамсоя бори дигар таъкид карданд, ки ҳозир ба пазируфтани ҳеч навъ ситаме нестанд ва дар воқеъ, метавонанд ҳар он давлати дастнишондаи худашонро ба далели бевафоӣ ба ваъдаҳояш канор бизананд ва давлати дигареро биозмоянд. Дигар баъид аст дар ин кишвар касе ҷуръати такрори ғалатҳои Оқоеву Боқиевро дошта бошад. Мардум ба ҳисобаш хоҳанд расид. Аз ин рӯ давлати муваққат то ба қудрат даст ёфт, эълом кард, ки мехоҳад низоми кишварро порлумонӣ кунад ва аз ихтиёроти раисҷумҳур бикоҳад, то як нафар ба худаш иҷозаи идораи яктанаи зиндагии 5 милюн танро надиҳад.

Таҷрубаи Қирғизистон омӯзанда аст; ҳам барои давлатҳо ва ҳам барои мардумони дигар кишварҳои Осиёи Миёна. Дарс барои давлатҳо: фишор бар ҷомеъаи маданӣ, фасоди молӣ ва хешовандсолорӣ кушанда аст. Дарс барои мардумон: ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.

Ҳукуматҳои худкома ҳамчунон умедворанд, ки ин ҷасорати мардуми Қирғизистон ба яъс бианҷомад. Аммо дар ҳар сурат, сарфи назар аз натиҷаи ниҳоии ин таҳаввул, рӯйдодҳои Қирғизистон шиканандагии давлатҳои худкомаро бори дигар барҷаста кард.

12/04/2010

2 comments:

Anonymous said...

Салом Рачабиён! Миш-миш хаст, ки ин кори дасти дарози Маскав аст. Илохо ин дасти хароми русиё ба кишвари мо нарасад.

D said...

Дуруд!

Аз ин миш-мишхо холо фаровон хохед шунид. Нигарон набошед. Мухолифони киёмхои мардумй, ки дар вокеъ худашон хам аз режимхои хамсони дастгохи Бокиев намояндагй мекунанд, миш-мишхои дигаре хам пахш хоханд кард.