Мавсими “лолаҳо”-и пажмурда
Ҳукумати “лолаӣ”-и Қурбонбек Боқиев панҷ сол давом оварду мисли як гули лола пар-пар шуд. Юриши шимолу ҷануби Қирғизистон аз сар гирифта шуд ва ҳукумати ҷанубӣ бо номаи истеъфои нахуствазир Дониёр Усенов ба мағоки торих рафт. Торих чи зуд такрор шуд.
Дарди маҳалгароӣ қирғизҳоро ҳам тикка-пора кардааст, аммо решаи рӯйдодҳои тунду тези дирӯз ба ҷойҳои дигар ҳам кашида мешавад. Фасоди молӣ ва хешовандсолории густохонаи Боқиев димор аз рӯзгори мардум бароварда буд. Ожонси Марказии Тавсеъа, Сармоягузорӣ ва Навоварӣ, ки оқои Боқиев барои хушнудии қалбу оромиши нафси писараш Максим дар моҳи октябри гузашта таъсис карда буд, намод (символ)-и хешовандсолории густохона дар ин кишвари ҳамсоя буд.
Албатта, пештар аз он ҳам писараш дасту забони дарозе дар тасмимгириҳои давлат дошт ва ҳатто дар чигунагии таркиббандии ҳайъати давлат изҳори назар мекард ва назароташ чун дурри суфта пазируфта буданд. Аммо бо таъсиси ин ниҳоди навин тақрибан тамоми ниҳодҳои иқтисодии кишвар таҳти назари мустақими Максим Боқиев ва дар натиҷа хонаводаи Боқиев қарор гирифтанд ва кумаку эътибороти молии ҳангуфти Омрикову Русия аз рӯи мизи Максим ба мақсад фиристода мешуданд. Ҳатто кумакҳои байнулмилалӣ ба созмонҳои мардумниҳод (ғайридавлатӣ) аз тариқи ҳамин ожонс сурат мегирифт. Яъне кунтрули Максим танҳо иқтисодӣ набуд, балки мехост ҷомеъаи маданиро ҳам зери заррабини худ қарор диҳад ва ба майли худ онро шаклу сомон диҳад. Аз сӯи дигар, дастандаркорони тиҷорат маҷбур буданд бо хатти машйи давлати Боқиев ҳамнавоии сад дарсад дошта бошанд, то ба молу маноле даст ёбанд. Вагарна дари дуконашон тахта мешуд.
Ин фарзия ҳам матраҳ буд, ки Максим дар интихоботи 2014 (пас аз ду давраи раёсати ҷумҳурии падараш) ба суккони кишвар даст хоҳад ёфт.
Дар ҳамон моҳи октябр Боқиеви падар бо судури дастуре шумори вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои порлумониро коҳиш дод ва бар масъулиятҳои ожонси писараш афзуд. Умурбек Текебоев, раҳбари ҳизби мухолифи Ота-Макони Қирғизистон, ин таҳаввулотро “хусусисозӣ”-и давлат унвон карда буд.
Афзун бар ин, дар соли гузашта Қурбонбек Боқиев ба худ иҷоза дод, ки бо тағйири сохтори Хадамоти Амнияти Миллӣ бародараш Жониш ва писари дигараш Муродро ҳам соҳиби кор кунад. Ин ду хешованди тании раисиҷумҳур дар раъси амниятиҳо қарор гирифтанд, то бо вафодории бештар амнияти хонадони ҳокимро таъмин кунанд, ки аҳамияти он зоҳиран фаротар аз амнияти миллӣ рафта буд.
Ин ғалатҳои Боқиев даҳчандони ғалатҳои мушобеҳи Аскар Оқоев буд, ки дар баҳори соли 2005 бо як мавҷи “лолаӣ” шуста ва ба Маскав андохта шуд. Акнун шоеъоте ҳокӣ аз фирори раисиҷумҳури ахир аст. Иддае мегӯянд, ӯ ба Уш паноҳ бурдаасту миёни ҳаводоронаш аслиҳа пахш мекунад. Шуморе ҳам муътақиданд, ки Боқиеву дору дастааш дар маҳалли амне дар Омрико мунтазири фурӯ рехтани обҳо аз осиёбанд. Аммо он чи мусаллам аст, бадномии тамому камоли ин оқост, ки савор бар мавҷи эътирозоти мардум сари қудрат омад ва бар мардуми худ ҳамонро писандид, ки дар давраи Оқоев бар худ написандида буд. Сарнавишти талхи хешовандсолорони қирғиз метавонад барои ҳамтоёнашон дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна дарси хубе бошад.
2 comments:
Mawsimi 'lola'-hoi pajmurda har bahor meoyad va imsol lolaho digar toqati chunin 'navozishhoi' hukumatdoroni Qirghizro nakardand. Khudi guli lola harchand zebovu nafis boshad ham dar dili khud yak doghi siyohe dorad va guyo, ki doimo az ghamginii khud sar mejunbonad. Mardumi qirghiz ham inchunin harchand mardumi mehmondustu barodar dust boshand ham az raftori rohbariyati khud ghamginu norozeyand va fikr kardand ki sarjunboni to ba kai?........
Baroi mo in chiz albatta yak darsi ibrat hast. Mo naboyad guzorem, ki rohbariyati hukumat purra ba dasti rohbari imruzai mo, ahlu oila va kheshu tabori u monad. Ammo chi iloj mardum az khunrezihovu betamiziho digar haros dorad. Namekhohem, ki sulhro dar kishvar az dast dihem. Mawsimi 'bunafshaho' bo zimiston rost meoyad, chun oho dar zimistoni sard meshukufand va 'bunafshahoi' mo in zimistonro boz dar sardivu toriki oromona pasi sar kardand. Va chunin holat to ba kai?............
To inqilobi bunafshi? gulobi? arghavoni?....
Yo to rasidani raqami tobuthoi mardikori Tojik dar yak sol to ba hazorhovu, du hazorhovu. se hazorho?
Yo to nuhumin farzandi rohbar ba takht nishastan?
To ba kai???
Anon 2
To ba kai?.....
Киргиз миллат аст, бародар! Дар 5 сол ду диктотури худкомаву шикасмпарасту авлодпарастро аз хокаш биронд.
Точик аз мурдан метарсад, часадхояш хар сол садхо аз Русия меоянд.
Дарси ибрат ба ки? Ба подаи гуломон?
Вожахои дуругину забонзадаи америкоии гулобиву лолаиву дигару дигар барои точикон кайхост моли таъриханд. Гулобиву лолаи дар феврали соли 1990 буд, асосгузори ин инкилобхои америкои дар мо 20 сол пеш буд, бародар! Баъди 20 сол миллатат гуломи як хонаводаи феодали-патриархалии Э.Рахмон!
Рахмон ошкоро дар нишастхои худи мегуяд "бо хун омадам бо хун меравам!"
Аксарияти гуломон метарсанд аз ин суханон, хол он ки холо соли 1992 нест, ки Кулоб хезаду биёяд ба Душанбе барои дифоъ аз оилаи беномуси диктотур. Ин як оила 15-30 нафаранду халос, хама безоранд аз ин хонаводаи феодали!
Post a Comment