Канорагирӣ, яъне ҳифзи обрӯ
вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ
Интихобот ин ҷо баргузор шуд; дар Бритониё. Рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳеч як аз се ҳизби умдаи ин кишвар шумори лозими курсиҳои Маҷлиси Авомро ба даст наовард. Натиҷаи ин интихобот, ба истилоҳи инглисӣ, як маҷлиси овангон ё овезон шуд.
Аз 649 курсии порлумон 306-тоашро Ҳизби Муҳофизакор ба худаш ихтисос дод, ки барои ин ташаккули мухолифи давлат пешрафти бузурге ба шумор меояд. Аммо дар айни ҳол ҳизби ҳокими Коргар 258 курсӣ ва Ҳизби Либерол-Демукрот 57 курсӣ ба даст оварданд, ки ҷамъи онҳо бештар аз шумори намояндагони Ҳизби Муҳофизакор аст, ки ба порлумон роҳ ёфтаанд. Бад-ин гуна, порлумони Бритониё дучори буҳроне шудааст, ки роҳи ҳалли он дар дасти ҳизби начандон муҳимми Либерол-Демукрот аст, ки акнун зоҳиран ба муҳимтарин ҳизби ин кишвар табдил шудааст. Тасмими ин ҳизби нисбатан кӯчак акнун сарнавиштсозтар аз ҳар замони дигар аст. Ҳар ду ҳизби қудратмандтари Муҳофизакор ва Коргар ба ин ҳамтои камтар маҳбуби худ чашми умед дӯхтаанд, ки ба яке аз онҳо бипайвандад ва ба порлумон ва давлат шаклу шамоили нисбатан якдасту ҳамнавотаре бидиҳад.
Инглисиҳо ҳамеша бо дирояти сиёсӣ ҷаҳониёнро ғофилгир кардаанд. Ин бор ҳам ин иттифоқ уфтод. Гордон Браун - раҳбари ҳизби ҳокими Коргар барои ҷилавгирӣ аз бохти қудрат эълом кард, ки ҳозир аст аз мақоми раҳбарии ҳизб ва нахуствазирӣ канорагирӣ кунад ва раванди ташкили як давлати эътилофӣ бо Ҳизби Либерол-Демукротро ба фарҷом бирасонад. Яъне касе, ки ҳамакнун қудратро дар даст дорад, ҳозир аст қудратро канор бигзорад, то ҳизби худашро дар сари қудрат ҳифз кунад. Чунин рӯйкард ба масъала танҳо дар кишварҳое иттифоқ меуфтад, ки ба дарки аҳамияти созмон ё ҳизби худ расида бошанд ва иттиҳодро рамзи пирӯзӣ бидонанд ва дарёфта бошанд, ки ҳадафи онҳо нишастан бар курсии нахуствазирӣ нест, балки нишондани андешаашон бар курсии қудрат аст.
Дар ҷомеъаҳои вопасмондае чун ҷомеъаи мо андешаи ҳизбҳо маъмулан нақши чандоне надорад; чи басо ин ки аслан равшан набошад, ки барномаи интихоботии як ҳизб дақиқан чи бандҳои муҳимме дорад ва кадом як аз онҳо барои ҷомеъаи гирифтор роҳкорҳоеро тадорук дидааст. Оё ҳаргиз мешавад тасаввур кард, ки масалан, натиҷаи интихоботро дар Тоҷикистон дақиқу бе дахлу харҷ эълом кунанд ва дар сурати эҳтимоли бурузи як “порлумони овангон”, ки аксарияте надорад, раҳбари давлат эъломи истеъфо кунад, то ҳизби ҳоким бо эҷоди як эътилоф бо ҳизбе дигар сари қудрат боқӣ бимонад? Мо қасд надорем афсонанигорӣ кунем. Фақат мехостем дақиқан бигӯем, ки дар Бритониё чи иттифоқе уфтод. Раҳбари ҳукумати Бритониё собит кард, ки мисли раҳбарони Осиёи Миёна канавор ба мақому курсиаш намечаспад ва ҳар замон манофеъи ҳизбиаш тақозо кунад, канор меравад.
Бигзарем аз ин ки ин раванд то чи андоза демукротик ва баёнгари назароту хостаҳои мардум аст. Чун бархе ин иттиҳоди тозаро “эътилофи бозандагони як мусобиқа” унвон кардаанд. Он чи барои мо муҳимму омӯзанда аст, пеш аз ҳама шаффофияту садоқати интихобот ва сониян, омодагии нахуствазир ба канорагирӣ аз мақомаш аст. Гордон Браун бо хифзи ҳайсияту эътибораш, бидуни ин ки базӯр ронда шавад, канор рафт ва пеш аз ин ки биравад, барои ҳизби худ фасли тозаеро гушуд.
Бритониё як салтанати машрутаи порлумонист. Аммо интихобот дар ин кишвар бар мабнои усули мардумсолорӣ баргузор мешавад ва имкони тақаллуб дар раъйҳои мардум вуҷуд надорад. Ин сомона (система), ки дар тӯли садаҳо шакл гирифта, суботи сиёсии кишварро таъмин кардааст. Аз ин ҷост, ки дар ин бахш аз курраи хокӣ хабаре аз ошӯбҳои сиёсӣ нест. Давлатҳо меоянду мераванд ва ҳеч кадом табдил ба кана намешаванд.
Албатта, сомонаи интихоботии ҳатто инҷо беъайбу комил нест. Ҳамин ки эҳтимол дорад нахуствазири дигаре бидуни раъйи мустақими мардум сари қудрат биёяд, суолҳоеро матраҳ кардааст. Аммо ба ҳар рӯй, нахуствазире, ки баргузида мешавад, дар натиҷаи ташкили аксарият аз роҳи эътилофи ду ҳизби мунтахаб рӯи кор меояд. Бад-ин гуна заминае барои нохушнудиҳои фурӯкуфтаи сиёсӣ фароҳам намешавад. Ҳамон нохушнудиҳои фурӯкубида аст, ки пояҳои давлатҳоро сусту мутазалзил мекунад. Дар воқеъ, худи давлатҳои “кана” ҳастанд, ки гӯри худро ба дасти худ мекананд.
Муҳйиддин Кабирй, ки ба унвони нозири интихоботӣ ба Ландан омада буд, мушоҳидоти ҷолибе дорад. Аз ҷумла мегӯяд, ки истилоҳи “нозирони ҳизбӣ” барои мутасаддиёни интихоботи Бритониё як мафҳуми гунг аст. Мегӯяд, инҳо ҳатто намефаҳмиданд, ки манзури мо аз “нозирони ҳизбӣ” чист. Вақте ки барояшон тавзеҳ доданд, ки дар кишварҳои камбахттар нозирон аз ҳизбҳои мухталиф мувозибанд, ки дар интихобот тавассути ҳизби ҳоким тақаллубе сурат нагирад, масъулони интихоботии Бритониё сар такон доданду гуфтанд, ки тақаллуби раъйи мардум номумкин аст, яъне шуданӣ нест.
Ҷолиб аст, ки фарҳангҳои сиёсӣ дар кишварҳои мухталиф истилоҳотеро падид меоваранд ва истилоҳоте дигарро нопадид мекунанд. Ҳамин Бритониё ҳам дар гузашта бо ҳокимони “канагуна” дасту панҷа нарм мекард. Ҳокимоне, ки раъйи мардумро медуздиданду то бениҳоят ба сарири қудрат такя медоданду ситам мекарданд. Аммо акнун ин мардум аз тасаввури тақаллуби раъйи мардум оҷизанд ва фикр мекунанд, ки мо дар бораи қарнҳои миёна суҳбат мекунем.
Бегумон, давраи “қарнҳои миёна” барои кишварҳои камбахттар ҳам сипарӣ хохад шуд, бо давлатҳои канагунаашон.
10.05.2010
1 comment:
Snaiper:
Ба ин дарача шаффоф гузаштани интихобот дар Точикистон гайримумкин нест. Кай вакте об аз боло шаффоф шуд онгах интихобот низ шаффоф хохад шуд, вагарна пас аз дахсолахо низ лойоба хохад монд. Вазиру сарвазирони мо узви ба курси менишастаро медихаду курсиро не.
Post a Comment