Tuesday, August 24, 2010

An Alphabet for Mr. Usmanov

Алифбо барои И. Усмонов

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Агар ҳавсалаи танги гӯшаи “Ногуфтаниҳо” ё ҳатто ин сафҳаи нисбатан бузург маҷол медод, мешуд ба якояки иддаъоҳои подарҳавои профессор Иброҳим Усмонов, ки дар китобчаи “Баҳси алифбои тоҷикӣ” (2008) матраҳ кардааст, посухҳои дандоншикан дод. Ин китобча ба андозае аз шинохти хатту забону фарҳангу торих ба дур аст, ки ба ҳеч рӯй интизор намерафт аз қалами як “олими сол” битаровад. Аммо дар паи дебочаи кӯтоҳе, ки ҳафтаи гузашта мунташир шуд, мекӯшам ба яке-дуто аз иддаъоҳои пояӣ, аммо бепояи профессор бипардозам.

Усмонов панҷ омилро барои дарки зарурати тағйири хат ногузир мешуморад:

“– мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;

– мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;

– дастнорас шудани мероси таърихӣ;

– аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;

– ҳадафҳои сиёсӣ”.

Ва дар паи он беибо мефармояд, ки баҳси тағйири хатти русӣ ба порсӣ дар Тоҷикистон аз ҳеч як аз ин омилҳо бархурдор нест. Мешавад так-таки ин омилҳоро бо мӯшикофӣ мурур карду дид, ки то куҷо ин иддаъои И. Усмонов воқеъият дорад.

Дар алифбои русии тоҷикӣ садоҳои бегона (ц, ы, ь) фаровон буданд, ки танҳо пас аз истиқлол аз хатти мо ронда шуданд. Аммо ҳамин акнун ҳам қавораи алифбои сириллик бо забони порсии мо ҳамхонӣ надорад. Барои намуна, садои “о”-и русӣ бо садои “о”-и порсии мову шумо тафовути фоҳише дорад. “О”-и русӣ гирдтар ва кашидатар талаффуз мешавад, ба вежа замоне, ки аломати “зада” ба рӯи он меуфтад. Яъне “дом”-и русӣ (ба маънои “хона”) бо “дом”-и порсӣ (ба маънои “тала” ё “қапқон”) талаффузҳои мутафовите доранд. “О”-и порсӣ бозтар талаффуз мешавад, ба гунае, ки дар бадви ҳукумати шӯравӣ ва пеш аз гузаштан ба хатти лотин имлои лотини номи рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” “Tajikistani Surx” буд, на “Tojikistoni Surx”.

Дигар ин ки садои “а”-и русӣ ҳам ба садои “а”-и порсӣ шабоҳати андак дорад. Дар забони русӣ талаффузи ин садо мушорикати фаъъоли лабҳоро намехоҳад. Ба гунае, ки бо даҳони нимабоз ҳам мешавад “а” гуфт. Дар ҳоле ки “а”-и порсӣ (тоҷикӣ) бо лабҳои бозу кашида садо медиҳад. Барои намуна, “бар”-и русӣ (ба маънои “нӯшгоҳ”) аз “бар”-и порсӣ (ба маънои “самар”) талаффузи ҳамсон надоранд. Албатта, хатти сириллик боъис шудааст, ки ҳанҷори талаффузи порсии Осиёи Миёна ба вежа дар миёни насли ҷавон латма бибинад. Аммо лаҳҷаи як тоҷик ба ҳангоми такаллум ба забони русӣ бахусус дар талаффузи ҳамин ду ово сахт мушоҳида мешавад. “Как дела? Очень хорошо”-ро тамрин кунед ва бибинед, ки талаффузи он бо риъояти овоҳои порсӣ чи қадр лаҳҷаи тоҷикии шуморо барҷаста мекунад.

Далели дигар марбут ба садои “у” аст. Масалан, дар вожаи “суруд” мо аз куҷо бидонем, ки кадом “у” чи гуна талаффуз мешавад? Чун ҳар ду як шакл доранд. Аммо ононе, ки аз рӯҳи ин забон огоҳанд, медонанд, ки “у” нахуст кӯтоҳ асту “у” дувум кашидатар. Оё хатти сириллик ин амри муҳимро нишон медиҳад? На. Оё дар хатти порсӣ метавон ба ин тафовути муҳим пай бурд? Оре.

Ҳарфи “и”-и сириллик ҳам гӯишварони забони порсӣ (тоҷикӣ)-ро дучори сардагумӣ кардааст. Барои намуна, касе, ки аз хатти порсӣ ва рӯҳи ин забон огоҳ нест, дар талаффузи вожаҳое чун “бин” (феъли амрии “дидан) ва “бин” (“писар”) гиҷ мемонад; ё намедонад, ки садои “и” дар кадом як аз ду калимаи “бино” (яке ба маънои “сохтмон” ва дувумӣ ба маънои “касе, ки қодир ба дидан аст”) кӯтоҳ ё дароз аст; ё садои “и” дар вожаҳои “Сино” ва “Синд”-ро ҳамсон талаффуз мекунад, ки ғалат аст. Ин сардаргумӣ сирфан зоидаи хатти сириллик аст, ки таъсири ваҳшатноке рӯи талаффуз, забон ва ҳатто адабиёти мо гузоштааст. Бар асари ин иштибоҳ қофияҳое, ки бархе аз шоъирони мо мебанданд, ғалат аст ва он қофияҳо фаротар аз хатти сириллик корбурд надорад.

Бад-ин гуна, посухи ҳар ду омили аввалияеро, ки профессор Усмонов ба шакли “мувофиқ наомадани ҳарфу овоз ва мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон” баршумурдааст, дар намунаҳои боло мушоҳида кардем. Дар хатти сириллики порсӣ на ҳарфу овоз бо ҳам созгорӣ доранду на табиъати забон бо ин расмулхат мечарбад.

Омили севумро профессор Усмонов беҳуда зикр кардааст, чун барои ҳамагон пур равшан аст, ки хатти сириллик ба монанди табаре тез пайванди насли шӯравӣ бо мероси гаронбори торихимонро қатъ кард ва боъис шуд, ки дарахти забон дар сомони мо бихушкад ва дигар шоҳкоре дар заминаи забону адаб дар ин сарзамини адабпарвар падид наояд. Ҳолати забони порсии Осиёи Миёна ҳамонанди дарахтест, ки аз решаҳояш гусаста шуда ва батадриҷ мемирад. Танҳо давои ин дард пайванди дубора бо реша, яъне бо хатти модарист. Аз он ҳазорон ҷилд дурри дарии суфта, ки то балвои сурх дар Осиёи Миёна ва фаротар аз он офарида шуда буд, шояд танҳо як гавҳари ночизаш ба чашми сирилликхони мо расидааст. Ҳукумати шӯравӣ бо он ҳама даму дастгоҳи муфассале, ки дошт, ҳатто агар тамоми мутарҷимони импротуриро барои баргардони осори порсӣ ба сириллик мегумошт, боз ҳам барояш муяссар намешуд, ки дастикам нисфи он осори куҳану арзишмандро баргардон кунад. Гусастагӣ аз мероси ғании адабию торихӣ миллатро ба андозае аз исму расми худ дур кард, ки акнун ҳатто мункири номи асили худу забони худ аст.

Дар мавриди “аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ” ҳам фикр намекунам ниёзе ба тавзеҳи муфассал бошад. Чун аз ҳар манзари ин омил, ки бингаред, бозгашти тоҷикон ба хатти порсӣ, ки хатти дину ойину қавму миллаташон буда, ногузир ба назар мерасад.

Ва саранҷом омили “ҳадафҳои сиёсӣ”. Чи оқои Усмонов бихоҳаду чи на, хатти сириллики Тоҷикистон акнун дар ҷазирае ба сар мебарад, ки аз модараш - Русия фарсангҳо дур уфтодааст. Хатти лотини ҳамсояҳои турктабор ин занҷираи пайвастаро, ки аз Русия сар мегирифту дар Тоҷикистон ба сар мерасид, гусастааст. Он ҳамсояҳои турктабор бо ҳиммату ҷасорат хатти таҳмилиро канор гузоштанд ва барои наздикӣ ба ҳамтаборони туркашон хатти лотинро баргузиданд. Шояд бозгашт ба хатти порсии арабӣ барои онҳо амри ҳаётӣ набошад, чун мероси адабии пешинашонро, ки ҳаҷми зиёде надорад, метавонанд ба содагӣ ба ҳар расмулхатти дигаре баргардон кунанд. Аммо ақли салим ҳукм мекунад, ки сарзамине чун Тоҷикистон танҳо бо бозгашт ба хатти порсӣ метавонад зимни ҳифзи мероси торихиаш дубора ба асолати худ даст ёбад.

Усмонов бо лаҳни чаккушӣ (болғаосо) мехоҳад ин бовари худро дар зеҳнҳои мо бикӯбад, ки:

“Мо, халқҳои форсизабон, дигар дар сарзамини қадимаамон якҷоя зиндагӣ карда наметавонем. На Ҷумҳурии Исломии Эрон, на Давлати Исломии Афғонистон ва на Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин фикр розӣ шуда наметавонанд”.

Аммо на оқои Усмонов ва на касе дигар қодиранд бо қаҳру итоб хоки Тоҷикистонро аз ин минтақа бардоранду дар канори Кремлин бирезанд. Ин хоки азалиро Фирдавсӣ дар китоби сутургаш ингуна ном ниҳода:

Зи Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст,

Дари Ғарчагон аз бару бум буст.

Дигар Толиқоншаҳр то Форёб,

Ҳамедун дари Балх то Андароб.

Дигар Панҷҳер аст то Бомиён

Сари марзи Эрону ҷои каён.

Дигар Гӯзгонони фархундаҷой

Ниҳодаст номаш ҷаҳон кадхудой.

Дигар Мӯлиён то дари Бадхашон

Ҳамин аст аз ин подшоҳӣ нишон.

Фурӯтар дигар дашти Омӯву Зам,

Ки бо дашти Хатлон барояд барам.

Чи Шугнон в-ар Тирмизу Висагирд,

Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.

Ҳамедун бирав то дари Суғд низ

Наҷӯяд кас он подшоҳӣ ба низ...

Фирдавсӣ ҳамаи ин сарзаминҳоро “Эрон” медонисту худашро фарзанди Эрон. Эрон аз ҳамин ҷо оғоз мегирифт (“Зи Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст...”). Порсӣ, бо ҳамин ном, забони бумии ин сарзамин буд (“Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”). Авесто ҳамин сарзаминро “Эрон” ё “паҳнаи ориёиён” (Aryanam Vaejah) номидааст. Ҳол мо ба дурри Фирдавсиву санади Авесто гӯш фаро диҳем ё ба фармудаи сиёсатзадаи И. Усмонов?

Сарзамини торихӣ ҳамсони модар аст ва таъвизнопазир. Писандида нест, ки бино ба мулоҳизоти сиёсӣ ва аз рӯи ниёз, имрӯз ҳам ба моми меҳану бузургворонаш пушт кунему рӯ ба Кремлин оварем, ки тайи даҳаҳои ахир то тавонистааст, мағзу равону ҷисму ҷони бачаҳои ин сарзаминро заҳҳоквор хурдааст. Агар Носири Хусрав зинда буд, ба эҳтимоли зиёд, дар қитъаи зераш вожаи “турк”-ро бо “рус” иваз мекард:

Туркон пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон,

Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ.

Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро

Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.

На, профессор Усмонов, мо ҳам дар устураҳо зиндагӣ намекунем. Инҳо ҳама ривояти торих аст, воқеъият дорад. Ин ҳам воқеъият дорад, ки имрӯза сарзаминҳои порсигӯ чаҳор тикка шудаанд ва бо номҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва Афғонистон рӯи нақшаи сиёсии ҷаҳон ҳузур доранд. Аммо воқеъиятҳои торих ба мову шумо гӯшзад мекунад, ки ин чаҳор тикка мутаъаллиқ ба як матоъи воҳид аст; як паҳнаи фарҳангист. Ва талошҳои ҳамандешонатон барои кандани порае аз он ва дур андохтани он ба коми аждаҳои рус роҳ ба чоҳ бурд, чун хилофи мантиқи башарӣ ва азалӣ буд. Шояд тасаввури ин мавзӯъ барои шумову ёронатон мудҳиш бошад, аммо Тоҷикистон саранҷом рӯ ба асли худ хоҳад овард. Ва ин рӯйкард аз тариқи бозгашт ба хатти модарии порсӣ муяссар хоҳад шуд. Чун муҳимтарин роҳи бақои миллат дар ҳифзи забони он аст ва забони порсии Осиёи Миёна бидуни бозгашт ба расмулхатти порсӣ нобуд хоҳад шуд. Талоши шумо барои хафа кардани пайкори асолатхоҳонаи мардум ҷиноят аст.

Дар арсаи сиёсӣ ҳам мебинем, ки се пора аз ин сарзамини фарҳангии ягона зери унвони “кишварҳои форсизабон” гирди ҳам меоянду барномарезӣ мекунанд. Корбурди истилоҳи “форсизабон” дар ҷаласоти расмии Тоҷикистон ва ҳатто дар китобчаи оқои Усмонов баёнгари сардаргумии эшон аст, ки дар мавориде истифода аз ин истилоҳро судманд медонанд, аммо ғолибан бо он сари ситез доранд. Ононе, ки номи асили забони мо (порсӣ)-ро намеписанданд, ба асолати ин миллат хиёнат кардаанд ва об ба осиёби душман рехтаанд. Онҳо қасд доранд миллати моро аз мероси ғании гузаштагони барӯмандамон маҳрум кунанд, ки ҳеч кадом номи забони худро “тоҷикӣ” наномидааст.

Дар мавриди иддаъоҳои аҷулонаи И. Усмонов дар бораи мутародифҳои “тоҷик”, “форс” ва “эронӣ” ва истиноди ғалати ӯ ба В. Бартолд (ки гӯё вожаи “тоҷик”-ро баргирифта аз “тоҷ” донистааст) дар фурсате дигар хоҳам навишт. Ин ҷо танҳо тавсия мекунам, ки эшон мақолаи илмии “Тоҷикон”-и Бартолдро бихонад, ки ба тавсеъаи дидаш ба ин мавзӯъ ҳатман мусоъидат хоҳад кард. Ва ба чанд намуна аз ғалатҳое ишора мекунам, ки дар сафҳаҳои нахусти китоби профессор Усмонов мушоҳида мешавад: “мутамаддун” на, балки “мутамаддин”; “забони паштунӣ” на, балки “забони пашту”; “истиқлолият” на, балки “истиқлол”; “мунавварон” на, балки “мунаввар-ул-фикрон” ё ба забони мо “равшанфикрон”; “Пуҳантуни Кобул” на, балки “Донишгоҳи Кобул”; “олими маҷор” на, балки “олими маҷорӣ”; “тӯрону семитӣ” на, балки “тӯронию сомӣ”; “моли машруҳ” на, балки “моли машрӯъ”; афроди “муддаои форс будан” на, балки “муддаъии форс будан”, “ӯзбекӣ” на, балки “узбакӣ” ва даҳҳо ғалати дигар, ки бештарашон ношӣ аз ноошноии эшон бо хатти модарии мо – расмулхатти порсист. Як ҷо эшон иддаъо мекунад, ки номи кишвари Урдун бо “айн” навишта мешавад, ки боз ҳам ғалат аст. Шояд бо “Адан” ё ҷое дигар иштибоҳ гирифта бошад, аммо имлои “Урдун” бо “алиф” аст.

Ин ҷо яке дигар аз далелҳои баҳонатарошиҳои И. Усмонов барҷаста мешавад, ки ноогоҳии худи профессор аз хаттест, ки бо он сари ситез дорад. Мусалламан, ҳар чизи ноошно дар оғоз тарснок аст. Аммо то бо он ошно шавед, мебинед, ки чандон тарснок ҳам набуда, балки судманд аст. Аз сӯи дигар бархе аз профессорони мо, ки осорашон дар ҳавзаи паҳновари порсӣ арзишашонро аз даст медиҳанд, бо чангу дандон ба хатти сириллик часпидаанд; чун хуб огоҳанд, ки бо бозгашти миллат ба хатти порсӣ ва боло рафтани сатҳи забондонии мардум он китобҳо дар беҳтарин ҳолат дар раффи китобхонаҳо чанг хоҳанд хурд. Вале ин донишварони гиромӣ бояд бидонанд, ки манфиъати миллат бартар аз манфиъати эшон аст. Ва инро ҳам бидонанд, ки рафтори кунунии онҳо кӯчактарин тафовуте аз рафтори понтуркистҳо ва булшевикҳои оғози садаи 20 надорад, ки ба ҳар роҳе талош мекарданд ба ҳувияти миллии тоҷикон зарба бизананд.

Торих ҳамеша ба гунае такрор мешавад.

7 comments:

Anonymous said...

Чолиб ва хело пурмухтаво. Эй кош рузе шаваду хатти модарии худамонро сохиб шавем ва бо алифбои бегонагон нанозем. Бароятон комёбихо орзумандам. Аличон.

Anonymous said...

Дамет гарм, Дорюш!!
Ба қавли тоҷикон "даб далаи" Усмоновро баровардӣ. Э кош чунин манқуртон ба мисли Усмонов дар ҷомеа намебуданд. Онҳо худ намедонанд, чӣ мехоҳанду чӣ бояд кунанд.
"Меросӣ таърихии" Усмонов ҳамон чаҳор китоби фалсафаи комунизм бошад ё чизи дигар?

Anonymous said...

Офарин, Дориюш! Дигар харфе надорам, ба чуз коил шудан. Зихи чун ту мардоне, ки ба ояндаи миллат хушбинанд. Мо чавонони форс (точик) бо шумоем. Хаста набошед! Офарин ва миллион офарин. Ин кадар далеле, ки шумо овардаед, бояд он китобро чамъ ва ба коми оташ фуру резанд. Хар касе пас аз ин кадар далел инкоре мекунад, шояд дар китоби рекордхои Гинес номашро дар руйхати аблахтарин инсони чахон ном барем. Фикр мекунам, ки пас аз ин нигоштахои шумо бадхохони хати ниёкон хомуш хоханд, шуд. Агар номус дошта бошанд, бояд чунин кунанд.
Бори дигар офарин, бо чун шумое фарзанди миллат фахр мекунем.

Anonymous said...

Дуруд бар Шумо чаноби Дориюш!
Ахсант! Як ачоиб куфтед, мисли эрач тилисмро бе кор кардед. Мисли Фарход болои "далел"-и "илми" чуйи хакикатро кандед.
Аммо то он чойе мардум мегуянд. Усмонов сабаб шудаст, ки литсейи турки дар Душанбе фаъолият кардаистодааст. Аммо далеле дар даст надорам.

Anonymous said...

Маколаи ачоиб. Фактхои хуб овардаед. Ман ин китобро хонда будам ва кариб буд, ки ба Усмонов бовар карда будам.Лек нав фахмидам, ки хато мекадааст. Агар хато намекард, ба Шумо холо чавоб менавишт. Сукут аломати ризост.

Anonymous said...

عالی بود،داريوش گرامی! پاينده باش. "استاد ..." شد. لول. :)

Anonymous said...

Салом. Агар мисли Шумо касе мебуду мухимияти хати форсиро исбот мекад, шояд мо имруз ба чунин акибмондагиву чахолат гирифтор намешудем. Ба далелхои Усмонов бовар карда гаштем.

Бо эхтиром, Парвиз Нодиров

PS:Барои бо ном комент навиштан мушкил