Wednesday, August 18, 2010

Yet Again About the Script

Баҳсе нима бо устоди нимароҳам

(вижаи "Ногуфтаниҳо"- Нигоҳ)

Яке-ду ҳафта пеш равоншиносону пизишкони Ғарб эълом карданд, ки танҳоӣ бисёр зиёнбор ва ҳатто кушанда аст. Мизони зиёни танҳоиро бо кашидани 15 нах сигор дар рӯз баробар донистаанд. Танҳоӣ, аммо, ҳолатест, ки танҳо вижаи фард ё инсон нест. Гурӯҳе аз инсонҳо ва ҳатто қавмҳову миллатҳо ҳам метавонанд танҳо бимонанд ва чун қӯе танҳо бимиранд; оҳиста-оҳиста, бо заҷҷаву нола, бо марге тадриҷӣ ба торих бипайванданд. Танҳоӣ маргбор аст.

Миллатҳое ҳастанд, ки аз бузургию азамат меуфтанд, хурду ҳақир мешаванд, тавоноии вифқи худ бо ҷаҳони берунро аз даст медиҳанд ва таҳлил мераванд. Аз бади рӯзгор, ин ҳолатест, ки порсигӯёни Осиёи Миёна тайи сад соли ахир тадриҷан ба он наздик шудаанд. Бахше аз ин танҳоиро бегонагон таҳмил кардаанд, аммо бахши бузургтари он, ки акнун мушоҳида мешавад, худангехта аст.

Тоҷикон барои шикастани танҳоӣ ва инзивояшон василаҳои лозимро доранд, аммо аз корбурди он метарсанд ё аз саводи корбурдаш маҳрум мондаанд. Дар ҷаҳоне, ки миллатҳо кӯбакӯ дунболи иштирокот бо миллатҳои дигар мегарданд, то шояд бар тӯли умрашон биафзоянд, тоҷикон аз ин иштирокот мегурезанд. Албатта, шояд корбурди лафзи “тоҷикон” дуруст набошад. Масъулонанд, ки ба ҷои ҳамаи тоҷикон тасмим мегиранд ва ин эрод ҳам зоидаи хусусиёти онҳост. Забони форсӣ ба худии худ беҳтарин васила барои афзудан бар тӯли умри ин миллат аст; ба шарти ин ки дастикам номи ин забони хуҷастаро бидонему бипазирем ва хатти онро фаро бигирем, то девори танҳоимон бишканад ва бо ҳамтаборонамон, ки аз қазо беруни марзҳоямон мондаанд, ҷӯш бихурем.

Дӯсте наҷибу фарзона аз Душанбе сафҳаҳое аз китобчаеро фиристод, ки ду сол пеш мунташир шуда; бо номи олимонаи “Баҳси алифбои тоҷикӣ” ба қалами Иброҳим Усмонов. Ин устоди нимароҳи мо, ки ҳамеша ба мо иноят доштаанд, ин бор ҳам дар навиштаи худ салоҳ надонистаанд, ки номи ноқобилро аз қалам биандозанд ва чанд сатре ҳам дар сарзанишу накӯҳиши инҷониб қаламфарсоӣ кардаанд. Гузашта аз кинае, ки шояд аз утоқҳои дарси журнализми “Ҷазира” сарчашма мегирад, устоди нимароҳам бо ман ихтилофоти ақидатии жарфе доранд ва дуруст бар хилофи ман, ҳамвора талоши фаровон ба харҷ додаанд, то Тоҷикистонро ба шакли як ҷазираи сириллик дар Осиёи Миёна ҳифз кунанд. То ин ҷо эшон муваффақ будаанд, чун чархи осиёби замона бар вифқи муроди эшон мечархад ва унвони “Олими сол” ҳам ба эшон таъаллуқ мегирад.

Китоб бо манзуре сирфан сиёсӣ тадвин шуда ва сиёсат аз сӯрохҳои ҳуруфи сириллик ва фосилаҳои миёни сатрҳояш ҳам фаварон мекунад. Аввал ин ки дебочаи китобро Сайфулло Сафаров навиштаанд, ки “сиёсатшинос” муъаррифӣ мешаванд ва кӯшидаанд аз равзанаи сиёсӣ ба мавзӯъ нигоҳ кунанду хатти форсиро ба унвони хатте, ки бо сиёсатҳои кунунии мо созгор нест, лату пор кунанд; бо таъбирҳое чун “хатти куҳан” ва “хатти мушкилфаҳм” хатти порсиро хатти афроди вопасмондаву бадбахт ҷилва диҳанд. Ва бо ин фармудаи Саъдӣ биситезанд, ки:

Куҳанҷомаи хеш перостан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.

Ва ғофил аз ин мантиқ, ки танҳо афроду миллатҳои мушкилписанд ба қуллаҳое даст ёфтаанд, ки орзуи ҳамнавъонашон аст. Агар хатти ниёкони оқои Сафаров чинӣ ё жопунӣ буд, чи мегуфтанд? Ҳоло бифармоед, ки мардумони Чину Жопун куҷоянду мо куҷо? Дар ногуфтаниҳои баъдӣ ба дебочаи оқои Сафаров бармегардем, ки суҳбати ширину дилҷӯе мешавад дар борааш кард.

Аммо профессор Усмонов баҳси худро бо ин пурсиш оғоз мекунанд, ки “Мардум чӣ мехоҳанд?” Ва ба ин натиҷа мерасанд, ки мардум ҳамонеро мехоҳанд, ки эшон мехоҳанд. Ҳамапурсӣ эҳтимолан пӯшидаву пинҳон анҷом гирифтаву мо хабар надорем.

Нуктаи шигифтангез ин ҷост, ки ҳарчанд оқои Усмонов забони моро “форсӣ” намедонад, дар нахустин ҷумлаи китобаш менависад:

“Мо, халқҳои форсизабон, дигар дар сарзамини қадимаамон якҷоя зиндагӣ карда наметавонем. На Ҷумҳурии Исломии Эрон, на Давлати Исломии Афғонистон ва на Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин фикр розӣ шуда наметавонанд.”

Агар ҳозиред бо даҳони пур худро ҷузъи “халқҳои форсизабон” биномед, ҳадаф аз навиштани ин китоб ва ғалат будани итлоқи “форсӣ” ба забони мо чӣ буд?

Дар ҷое дигар мехонем:

“Шероз ҳамеша мулки тоҷикон будааст ва Саъдии Шерозӣ борҳо дар ғазалиёташ ин маъниро ифода кардааст. Роҷеъ ба Шероз воқеае ба ёдам меояд. Соли 1997 ҳайати Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси Олӣ Сафаралӣ Раҷабов ба Эрон сафар кард ва раиси Остони Шероз ҳангоми пазироӣ гуфт: “Аксарияти мардуми Шероз гузаштагони худро тоҷик меҳисобиданд”.

Ҳатман манзур аз “остон” ҳамон “устон” будааст, ки вожаи ноби порсист ба маънои “вилоят” (ки вожаест арабӣ). Ва дар Эрон устонҳо на раис, балки “устондор” доранд. Аммо бино ба тасаввури профессор Усмонов, Шерозро гӯё замоне “форс”-ҳо аз “тоҷикон” рабудаанд ва ҳатто устондори Шероз инро таъйид мекунад. Дарки ғалат аз як мавзӯъи равшану мубарҳан, ки дар гузашта ва дар замони Саъдӣ ҳам манзур аз “тоҷик” чизе ба ҷуз “эронӣ” ё “форс” набудааст ва ин лафзе буд, ки туркҳои навмусалмон дар мавриди эрониён ба кор бурдаанд. Ин ҳарфу ҳадиси ман нест, балки дар китобҳои торихи чи ғарбию чи шарқӣ садҳо санад дорад. Ва устод ёдашон рафтааст, ки дар мавриди пойтахти устони Форс суҳбат мекунанд, ки барои ғарбиён мутародифи вожаи “Эрон” буда. Дар воқеъ, ин далеле, ки эшон ба гумони худ алайҳи мухолифонашон матраҳ кардаанд, иддаъои худашонро нобуд мекунад; ин иддаъоро, ки “эронӣ” ва “тоҷик” ду мафҳуми мустақил будааст. На, об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност. Ва коре аз ин китобу китобчаҳои муғризонаи сиёсӣ сохта нест.

Ҳафтаи оянда мавзӯъро бештару беҳтар мешикофем. Суҳбат боқӣ.

5 comments:

Anonymous said...

Хело оли. Агар чаноби Усмонов мегуяд, ки ин амал раъйи мардум аст. Пас, магар дар ибтидои асри пор раъйи мардумро пурсида буданд? Ин хама амали дасти хукуматдорон аст. Ва ба хохиши онхо марбут аст.

Botur Kosimi said...

Durud, dustam!

Afsus, in gumrohoni olimshuda ba misli usmonovu safarov beshtar dar jomeai Tojik holo beshtar az mo nufuz dorand va millatro bo kamkhiradii khud boz ba rohi ghalat mebarand. Ammo, khushbin boshem chun davrai onho khohad guzasht va navbati mo khohad rasid. Umedi man ba nasli imruzu oyandai millat ast.

Bo guftahoyaton muvofiqam va siposguzoram, ki chun hamesha sari har mas'alai muhimi kishvar bo andeshahoi jolibu sanjidaaton rushani meandozed.

Dastaton dard nakunad. Ruzu ruzgoraton obod bod!

-- Botur

Anonymous said...

Усмонов хаки сухбат дар мавриди хату забони точикиро надорад. Чанд маколаашро хондам, бовар кунед, дар сатхи синфи 1 менависад. У худ умуман забони точикиро намедонад. Ман бо хама бесаводи дар як чумлаи маколаи у, то 6 хато пайдо кардам. Аз у хам нолидан он кадар кори хуб нест.

Anonymous said...

Офарин Дрюш!!
Вақте ки Усмонов дар бораи забон китоб(ча) менависад ва Сайфулло Сафаров барои он дебоча менависад ҷои шарҳу эзоҳ нест. Афсус, ки мағзҳои онҳо (агар бошанд) ин гуфтаҳои туро қабул намекунад. Вале дар ҷомеа танҳо онҳо нестанд ва "доимо яксон намонад чархи гардун, ғам махур".
Инҳо қурбониҳои сиёсати коммунистӣ ва пучгароёни замона мебошанд. Дуо кунем, ки ба дили онҳо нури маърифат ва бар сарашон боди худшиносии тоҷикӣ ҷо ёбанд, на нури ситораи Кремл ва боди панлсавянӣ.

Unknown said...

Иронситезии усмонов маьлум аст, у худ чун дигар сугдихо нимузбак аст, барои игвогарои байни форсизабонхо хамеша таёранд ...