Андар таъассуб
Дунёи саршор аз таъассуб ба киштие мемонад, ки дар ҳоли наздик шудан ба кӯҳи ях аст. Ҳар он метавонад ба он пораи азими ях бархураду тикка-пора шавад. Дунёи пуртаъассуб Титаникест, ки ҳамаи сарнишинонашро бо худ ба қаъри нестӣ хоҳад бурд.
Таъассуб зоидаи пешониҳои тангу зеҳнҳои маҳдуд аст. Касе харидори матоъи таъассуб аст, ки матоъи андак дидааст ва дар муқоисаи матоъҳо оҷиз аст ва ба як матоъе, ки (то ҳадде) мешиносад, иктифо мекунад. Таъассуб аз чашмҳои надидаву гурусна метаровад. Гуруснагӣ боризтарин нишонаи фақр аст ва фақр, ба вижа аз навъи маънавиаш, ҳамон кӯҳи яхест, ки саранҷом Титаникро ба қаъри об хоҳад фиристод.
Таъассуб бепадару модар аст ва ба ҳар заминае аз зиндагӣ мисли кирме, ки себеро мековад, роҳ меёбаду ҷо хуш мекунад. Рагаҳои таъассуб рӯи гардани диндорону бединон баланд мешавад. Бӯи бади таъассуб дар арсаҳои сиёсӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, нажодӣ, ҷинсиятӣ ва ҳирфаӣ димоғҳои солимро меозорад. Ва ҷомеъа ҳар чи гирифтортар бошад, ин бӯи бад озорандатар мешавад ва ақлҳоро беш аз пеш тира мекунад. Таъассуб навъе моддаи мухаддири маҷозӣ барои оромиши мағзҳои нотоб аст.
Таъассуб ҳаққу ноҳақ намешиносад, чун решаҳои он бар пояи боваре медавад, ки мутлақу нармишнопазир аст ва роҳро ба рӯи ҳар далелу шавоҳиде, ки чолишангез бошад, бастааст. Таъассуб аз чолишу пурсиш мегурезад ва аз чолишгару пурсишгар мутанаффир аст. Мисли як инсони муътод, ки ба ҳар қимате ҳозир аст маводди мухаддирашро аз каф надиҳад. Аз ин рӯ таъассуб шакку гумонро хуш надорад ва бо афроди шаккок сари ситез дорад.
Таъассуб бо дониш ҳам миёнаи хубе надорад ва дар мавориди бисёре донишро душмани худ медонад. Ҳатто дар Омрико, ки ба назар меояд, ба ҳисоби таъассуб расидааст, чунин нест. Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳи мардуми он кишвар умри башариятро бештар аз 6000 сол намедонанд. Ба бовари онҳо, Худованд Одаму Ҳавворо дар соли 4000 пеш аз мелод дар биҳишт офарида, бо вуҷуди ин ки додаҳои бостоншинохтӣ умри насли навини башар (Homo Sapiens)-ро ҳудуди 150 ҳазор сол баровард кардаанд. Вуҷуди ободиҳои бостонии 7000-сола ҳам ба бовари ин бахш аз мардум латма намезанад, чун бовари онҳо бар пояи таъассуб устувор аст ва бо далелҳои илмӣ сарукоре надорад.
Барои як мутаъассиби қавмӣ ё нажодӣ ҳам ин ҳақиқат маҳалле надорад, ки насли навини башар дар як нуқтаи ҷаҳон (Офриқои Шарқӣ) падид омада ва сипас дар гӯшаву канори ин кӯраи хокӣ пахш шудааст. Бино ба бовари ӯ, қавми мавриди назараш аз тираву тухмае дигар аст, ки бештар аз қавмҳои дигар мавриди инояти Худованд буда. Ин ёфтаҳои донишмандон, ки танҳо ҳудуди сӣ тан аз он одамони аввалия наздик ба 100 ҳазор сол пеш аз Офриқо ба Ховари Миёнаву Осиёву Урупо муҳоҷират карданд ва ҳамаи мо аз тухмаи ҳамон гурӯҳи насли башар ҳастем, хилофи боварҳои мутаъассибонест, ки гӯшашон бидеҳкори ҳарфи илм нест. Мавлавӣ ҳудуди 800 сол пеш бо дарки мавзӯъи ваҳдати офариниш гуфта буд: “На аз Румам, на аз зангам, Ҳамон беранги берангам”. Аммо бовар ба мантиқи ин ҳақиқати илмӣ барномаҳои мутаъассибонро нақш бар об хоҳад кард. Мутаъассибон монеъи рушди донишанд. Танҳо посухи мутаъассиб ба ҳарфи дониш “На!”-и баланд аст, бидуни ин ки он “На!”-ро бо тавзеҳоте тавҷеҳ кунад ва онро бар курсии мантиқ бинишонад.
Илм мегӯяд, ки аҷдоди мо дар Офриқо панҷ милюн сол пеш тоза роҳ рафтан ба рӯи ду поро фаро гирифта буданд ва мағзашон коркардҳои печидатаре касб карда буд ва онҳоро аз ҳамнавъони бӯзинашаклашон мутамоиз ва ҷудо кард. Таъассуб мегӯяд, ки инсон ба ҳамин шакле, ки имрӯз ҳаст, офарида шуд ва ҳеч рабте ба боқии олами вуҷуд надорад. Чун бардошти фарди мутаъассиб аз навиштаҳои мазҳабӣ ҳарф ба ҳарф аст ва тасаввур намекунад, ки манзури он навиштаҳои муқаддас метавонад маҷозӣ бошад. Чун “гил” ё “гиёҳ”-е, ки ба унвони моддаи аввалияи бадани инсон дар китобҳои мазҳабии гуногун омадааст, бино ба илм ҳам дар раванди ташаккули башар ва ҳамаи мавҷудоти зиндаи дигар нақш дошта, аммо на ба шакли афсонаие, ки аз бардошти таҳтуллафзии мутаъассибон бармеояд. Мутаъассиб роғиб нест бовари мазҳабиашро бо илму дониш оштӣ диҳад, вагарна ин мусолеҳа шуданист.
Ба ростӣ, як мутаъассиби динӣ на ба Офаридгор, балки ба дини худаш имон дорад. Аз Офаридгор тасвиреро барои худ халқ карда ва танҳо ҳамон тасвирро сазовори ситоиш медонад ва усули ситоишро танҳо дар чорчӯби дини худ мепазирад ва бовари дигаронро ноқис ё ғалат медонад. Ҳарчанд Мавлавӣ хитоб ба Офаридгор гуфта буд: “Манзур туӣ, Каъбаву бутхона баҳонаст!” ва Абӯрайҳони Берунӣ бутпарастони ҳиндиро ҳам бар пояи ҳамин мантиқ “муъмин” дониста буд, таъассуб ҷуръати такрори ин ҳақиқатро аз бисёре рабудааст.
1 comment:
Маколаи хуб!
Post a Comment