Monday, March 14, 2011

Nowruz, the Persian New Year

Наврӯз – сароғози соли тоҷикон

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Наврӯз дар роҳ аст; бо кӯлборе аз орзуҳои тоза ва бо гомҳои сабзи рӯишу шукуфоӣ аз роҳ мерасад ва дигарбора баҳси чандинсолаи мо ҷавона мезанад: Наврӯз бояд сароғози расмии соли тоҷикон бошад, чун Наврӯз табиъитарин оғози соли нав аст.

Дар ин мавзӯъ фаровон гуфтаему навиштаем ва қарор аст ҷамъе аз равшанфикрони тоҷик матлабе дастаҷамъӣ бобати тасбити Наврӯз ба унвони оғози расмии сол дар Тоҷикистон бинависанду мунташир кунанд. Аммо ба унвони дебочаи ин баҳси дубора бад нест ба чанд нукта таваҷҷуҳ дошта бошем, ки зарурати пазириши Наврӯз ба унвони оғози расмии солро таъкид мекунад:

Нахуст ин ки таҷлил аз Наврӯз бо номҳои гуногун ба сароғози сарнавишти башарият бармегардад ва сар аз Бобил ва нахустин тамаддунҳои башарӣ ва оғози ошноии банӣ одамӣ бо ситораҳо ва ахтаршиносӣ дармеоварад. Наврӯз табиъитарин ва мантиқитарин ҷашни оғози сол аст ва ҳеч ҷашни соли нави дигаре дар ин маврид бо Наврӯз ҳамсару ҳамсанг нест. Ҷашни эътидоли баҳорист, ки дар паи он шабҳо кӯтоҳтару рӯзҳо дарозтар мешаванд ва аҳамияти намодини ин ҷашнро барҷаста мекунанд, ки ҳамоно пирӯзии равшаноию рӯз бар торикию шаб аст – ҳаста ё мағзи омӯзаҳои ориёии куҳан. Сол аз баҳор оғоз мегирад, дар тобистон ба шӯру ҳарорати ҷавонӣ мерасад, дар поиз (тирамоҳ) ба куҳулату уфтодагӣ мерасад ва дар зимистон гирифтори сармову мурдагӣ мешавад ва дубора дар баҳор оғоз мегирад. Пас Наврӯз оғози соли нав аст.

Наврӯз аз тамаддуни фалоти Эрон ба Фарангистон ҳам роҳ ёфта буд ва пеш аз рӯй овардани Урупо ба масеҳият соли нави мардумони он сомон ҳам ба шумор меомад. Радди пои ин ҳақиқатро метавон дар номи моҳҳои урупоӣ суроғ карду ёфт. Чаҳор моҳи урупоӣ, дар воқеъ, шумораҳои лотин аст: сентябр (September) – ҳафтум, октябр (October) – ҳаштум, ноябр (November) – нуҳум, декабр (December) – даҳум. Бад-ин тартиб, моҳи март моҳи нахуст аст ва оғози баҳор, бино ба тақвими ҳавошинохтии Урупо, 21 март аст, на якуми март. Пас ҳатто бино ба гоҳшумории фарангӣ ҳам Наврӯз оғози соли нав аст.

Наврӯз ҷузъи ёдгорҳои ғайрималмуси расмии Созмони Милали Муттаҳид аст ва афзун бар Тоҷикистон дар кишварҳое чун Эрон, Афғонистон, Олбонӣ (Албания), Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Гурҷистон ва манотиқи Курдистони Ироқ, Тотористон ва Доғистони Русия бо ҳамин номи форсии худ таътили расмист ва дар Миср, Ҳиндустон, Непол ва Сурия бо номҳои дигаре аз он таҷлил мешавад ва таътили ҳамагонист. Наврӯз омилест, ки ҳамаи ин кишварҳо ва тамаддунҳоро ба ҳам меорад ва Наврӯзистоне густардаро шакл медиҳад. Пас Наврӯз, ки асилтарин ҷашни тоҷикист, бояд оғози соли нави мо бошад ва ҳаққи Тоҷикистон бар ин рӯзро барҷастатар кунад.

Наврӯз оғози соли нав дар миёни ҳамқавмону ҳамзабонони бурунмарзии мост ва агар нуфузи русҳо дар тӯли камтар аз сад соли ахирро нодида бигирем, далели дигаре ба бемеҳрии расмии Тоҷикистон ба Наврӯз боқӣ намемонад. Пойбандӣ ба он нуфузи садсола, ки дар баробари торихи ҳазоронсолаи мо ҳукми нахуд дар баробари кӯҳро дорад, чизе ҷуз нишони азхудгусехтагӣ ва бегонагароии мо нест. Агар қарор аст тоҷик бошем ва тоҷик бимонем, Наврӯз оғози соли нави мост.

Бо ин ҳама тавсиф, он чи боъиси таассуф аст, ин аст, ки ҳолу ҳавои наврӯзӣ тайи солҳои истиқлоли Тоҷикистон на танҳо пуррангтар нашуда, ки коҳиш ҳам ёфтааст. Дар остонаи соли нави масеҳӣ дар Тоҷикистон барномаҳои вижаи фаровоне чун бозиҳои бахтозмоӣ, озмунҳои мусиқию зебоию ғайра баргузор мешавад, симои шаҳр бакуллӣ тағйир мекунад ва натиҷагирӣ аз соли гузашта дар поёни соли масеҳӣ анҷом мегирад. Ҳеч як аз ин барномаҳоро наметавон дар остонаи Наврӯз мушоҳида кард, ки шоистаи як кишвари наврӯззо нест.

Наврӯз намоди аслии ҳувияти тоҷикист. Андак миллате ҳаст, ки аз чунин неъмате бархурдор бошад. Ва андактар миллате, ки бар ин неъмат пушти по бизанад ва соли нави ғарибаеро, ки аз мантиқи табиъӣ бебаҳра аст, ҷойгузини соли нави ростин ва беҳамтои худ кунад. Аммо Наврӯз тобеъи қонунҳои сиёсӣ нест, балки тобеъи қонунҳои табиъист ва ба дур аз хостаи зимомдорон табиъат ҳамасола онро барпо медорад. Ҳеч ҳокиме, ки по бар сарзамини наврӯзии мо гузошта, чи юнонию турку муғул ва чи арабу рус, натавонистааст ҷилави ин ҷашни табиъатро бигирад. Пас Наврӯз ҳамоно оғози соли нав аст.

9 comments:

Сайидюнуси Истаравшани said...

Дуруд бар Дориюши азиз, камокон моро бо навиштаҳои ноб ва нағзи худ мустафиз фармудед, дастатон дард накунад.
Он нома, ки қарор буд барои Мачлис бинависем, билохира чи шуд? Фармуда будед, бародари азизамон Умеди Чайхони пайгири қазия ҳастанд..., оё ба чое расида?

D said...

Дуруд бар шумо, Сайидюнуси гиромӣ. Сипос аз назари лутфатон. Ба он номаи мавъид дар ҳамин навишта ҳам ишора шуда. Бародарамон Умеди гиромӣ бузургворӣ фармуду пайгири қазия буд. Замон агар маҷол диҳад, навиштаи ҷомеътарро ба шумо ҳам хоҳам фиристод.

Сайидюнуси Истаравшани said...

Ташаккур, пас, мунтазир хоҳем монд.

D said...

Диранге, ки бар сари ин мавзӯъ доштам, бар сари мухотаби он номаи саргушода буд. Гумон аст, ки маҷлиси муҳрбадаст дар мавриди ин мавзӯъ лаб боз кунад. Шояд бояд ба мароҷеъи болотар (дар мавриди Тоҷикистон, танҳо марҷаъ) муроҷеъа кард.

Сайидюнуси Истаравшани said...

Албатта, камина қазияро ба яке аз мачлисиён гушзад намуда будам. У гарчи аз он истиқбол намуд, вале гуфт, масъала танҳо бо мачлис ҳалшудани нест. Чунон ки ишора фармудед, зоҳиран, корро фақат ҳамин марчаъи олиқадр ҳал хоҳад намуд, ки умедворам натича диҳад.

Firdavs Khujaev said...

Навруз

Ба огуше пур аз атри бахорон
Ба чашмони мунири нозанинон,
Биё ай махзари рузи мухаббат,
...Биё ай иди гул ай иди дехкон.

Биё , Навруз эй огози тавлид
Гуле аз боги вахдат соз эхдо
Биафрузон чароги сулху вахдат
Даруни манзили торики дилхо

Биё чун хадяе бахшо табассум,
Бурун овар гам аз дилхои мардум,
Бизан теша дарахти кинаву кибр
Зи нав эхё бикун гулхои гандум

Биё эй мурги субхи навбахорон
Биё эй чашни чумла одамиён,
Чадиде кун зи нав дунёи кухна,
Биё ай шури ишку чуши имон.

Ки то ин сабзгулшан човидона,
Бувад кошонаи сулху амони,
Хумои бахт бикшояд пару бол
Ба авчи осмони зиндагони
ф

Saif Safar said...

Бешак бузургед шумо! Аз сухбати шумо пай мебарам, ки даст дар кадом коре доред. Муваффак бошед.

Mahin Davran said...

Har ki Navruz ro ba unvoni jashni milliash qabul nadorad, behuviyat ast.

Muhammad Bodurbekov said...

Оре, бесаброна мунтазири Наврузи хучастапаям ва, харчанд Соли Нави Исавиро низ чашн мегирем, аммо Навруз дарвокеъ соли нави куллан дигар аст, ки онро бояд кироми дорем ва хамвора идомадихандаи паёму русумоту рамзхояш бошем. Омадани Наврузи хучастапай муборак азизон!!!