(Ин матлаб бори нахуст рӯзи 19.03.2008 дар торнамои JadidOnline.com мунташир шуда буд)
Дар бораи Наврӯз ва пайдоиши он садҳо ҷустору китоб навиштаанд, аммо андак касе ба пайванди он бо тамаддуни бобилӣ пардохтааст.
Бино ба устураҳо ва боварҳои суннатӣ, оғози таҷлил аз Наврӯз ба 15 ҳазор сол пеш бармегардад; ба рӯзе, ки Ҷамшедшоҳ (Йимо ё Йомои ҳиндуэронӣ) бар тахт нишаст. Истилоҳи “Наврӯзи ҷамшедӣ” аз ҳамин бовар бармеояд. Шоҳони даврони муъосир низ ба монанди Фатҳъалишоҳи Қоҷор талош мекарданд ба тақлид аз Ҷамшед дар рӯзи Наврӯз тоҷ бар сар бигузоранд.
Бар мабнои бовари маздаяснӣ, Зартушт-паёмбар буд, ки ахтаршиносии эрониро бунёд ниҳод ва бо муҳосиботи дақиқ дар канори ҷашнҳои табиъии Сада ва Меҳргон эътидоли рабиъӣ (баробарии баҳорӣ)-и шабу рӯзро низ ба масобаи ҷашни аслӣ ва вопасин рӯз аз ҳафтаи офариниши Парвардигор таъйин кард, ки ҳамин Наврӯз аст.
Бархе талош кардаанд, то ному нишоне аз ҷашни Наврӯзро дар ктибаҳои Ҳахоманишӣ радёбӣ кунанд ва навиштаанд, ки ҷашни Наврӯз дар фармони Куруши Бузург – поягузори импротурии Ҳахоманишӣ, ки дар соли 542 пеш аз мелод ба мардумони Бобил озодиҳои миллӣ ва мазҳабиро арзонӣ дошт, ҷовидона шудааст.
Шоҳиди мисоли онҳо ин пора аз матни катибаи мондагори Куруш аст:
“Замоне ки ман ба Бобил андар шудам…, ба касе иҷоза надодам, ки ба ин сарзамин ва мардуми он ситам кунад… Ман ниёзҳои Бобилро мадди назар доштам ва ҳамаи ҷойгоҳҳои муқаддаси онро, ва дар беҳзистии онҳо кӯшидам…. Ман онҳоро аз бардагии ношоиста наҷот додам. Ман вайронаҳои онҳоро обод кардам. Ман ба бадбахтиҳои онон поён ниҳодам.” Аммо дар ин матн зикре аз Наврӯз нест.Наврӯз ва Бобил
Аммо ёдгорҳои мактуби бозмонда аз Бобили бостон, ба монанди катибаҳои Сеннахериб, аз шоҳони ошӯрӣ дар “бет акитӣ” ё ҷашнгоҳҳои ошӯрӣ дар ин маврид тардиде боқӣ намегузорад, ки дар даврони муқаддам бар вуруди Куруши Бузург ба Бобил шаби эътидоли рӯзу шаб пеши бобилиҳо гиромӣ буда ва бо номҳои “акидӣ” ва “хоб ниссон” (аввали найсон) ба унвони соли нав аз он таҷлил мешудааст.
Дуктур Коваи Фаррух, торихнигори юнонии эронитабор, менависад:
“Дар замони фатҳи нисбатан ороми Бобил тавассути Куруши Бузург (539 пеш аз мелод) бобилиҳо аз дониши фавқулъодаи замоншиносӣ бархурдор буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки 19 сол баробар бо 235 моҳ аст ва бар мабнои он аз садаи панҷуми пеш аз мелод ба баъд чарха ё сикли ҳафтгонаеро таъйин карданд, ки ҳар давраи он 19 солро дарбар мегирифт… Бад-ин гуна, соли нави бобилиҳо бо нахустин рӯзи моҳи найсон дар оғози баҳор мусодиф мешуд. Аз ин рӯ ба назар меояд, ки ин торихи бобилӣ сароғози ҷашни Наврӯзи ориёӣ буда бошад.”Солҳо пеш аз ин Вилҳелм Ойлерз (Wilhelm Eilers) дар китоби “Торихи Эрони Кембриҷ” навишта буд:
“Порсҳо афзун бар илми ахтаршиносии Баҳнаннаҳрайн гоҳшумории онро низ пазируфтанд, ки бар мабнои он оғози сол бо нахустин шаби баҳор (20 морс) мусодиф мешуд.Ҷашни соли нави бобилӣ 12 рӯз ба дарозо мекашид ва ҳар рӯзи он маросими хосси мазҳабӣ дошт. Аз ҷумла дар яке аз он рӯзҳо рӯҳонии аршади бобилӣ шоҳро ба ниёишгоҳи Мардук мехонд ва ба унвони каффораи гуноҳони хоста ва нохостаи шоҳ дар соли гузашта бар рухсори ӯ силӣ мезад, чунонки ашки ӯ ҷорӣ мешуд.
Зеботарин ҷашни Эрони бостон (Наврӯз ё Навсaрд) ҷашни соли нави бобилиёни бостон буд, ки дар он рӯз Мардук, худои бобилиҳо, сарнавишти насли башарро аз нав рақам мезад… Бино ба ёфтаҳои бостоншинохтӣ, ҳамаи шаҳрҳои бузурги Бобид ва Осур дорои ҷашнгоҳи вижае буданд, бо номи “бет акитӣ”, ки берун аз дарвозаҳои шаҳр қарор дошт”.
Дувоздаҳ рӯзи ҷашни Наврӯзи ориёӣ низ ки дар он “Мири наврӯзӣ” ҳам зоҳир мешуд, эҳтимолан, бо ин суннати бобилиҳо пайванде дорад.
Аз нависандагони эронӣ Ҳошими Разӣ аст, ки дар китоби “Ойини муғон” ба ҷашни Акитӣ ишора мекунад:
“Акитӣ ҷашни куҳани бобилист, ки соле ду бор дар оғози баҳор ва поиз (тирамоҳ) баргузор мешуд ва қидмати он ба мӯҷиби огоҳиҳое, ки дорем, ба ҳазораи дувуми пеш аз мелод мерасад ва миёни ин ҷашни бобилӣ бо Наврӯзи эронӣ шабоҳати бисёре вуҷуд дорад”.Дар паи суқути импротурии бобилӣ ҷашнҳои он низ миёни ақвоми суриёнӣ, сумерӣ ва аккод батадриҷ матрук шуд. Аммо дубора дар оғози садаи бистуми мелодӣ сурёниҳо ба таҷлил аз соли нави бостонии худ бо номи “акиту” пардохтанд, ки ба далели рӯй овардани онҳо ба кеши масеҳият ва пазируфтани гоҳшумории грегурӣ (масеҳӣ) он аз шаби бистуми морс (март) ба якуми оврил (апрел) мунтақил шудааст.
Наврӯз ва Тахти Ҷамшед
Бо вуҷуди набуди ёдкард аз Наврӯз дар навиштаҳои Ҳахоманишӣ, бештари торихнигорон бар ин боваранд, ки дар паи ишғоли Бобил тавассути Куруши Бузург ҷашни эътидоли рӯзу шаб миёни эрониён роиҷ шуд ва Дориюши Бузург барои баргузории ин ҷашни бошукӯҳ Тахти Ҷамшедро сохт.
Эрнест Ҳертзфелд (Ernest Herzfeld), эроншиноси барҷастаи олмонӣ, ки нахустин ҳаффории илмии Тахти Ҷамшедро раҳбарӣ кардааст, бар ин бовар буд, ки Дориюш онро ба унвони наврӯзгоҳ сохта буд.
Бо ин ки пойтахти Ҳахоманишӣ аз Порс фарсангҳо фосила дошт, Дориюши Бузург ба таври намодине боргоҳи наврӯзии худро дар ҳаволии хостгоҳи дудмони Ҳахоманишӣ бунёд кард. Шоҳони Ҳахоманишӣ дар айёми Наврӯз дар ҳамин маҳал ҷулус мекарданд ва аз ақвоми мухталифи қаламрави паҳноварашон армуғонҳои наврӯзӣ дарёфт мекарданд, ки тасвири онро метавон рӯи деворнигораҳои Тахти Ҷамшед дид.
Мойкл Аксвуртӣ (Michael Axworthy) дар китоби “Импротурии андеша” менависад:
“Ҳадаф аз эҳдоси муҷтамаъи азими Тахти Ҷамшед ҳанӯз равшан нест. Мумкин аст ҷойгоҳи баргузории ҷашнҳо ва маросими эътидоли шабу рӯз дар баҳор бошад, ки ҳамон Наврӯзи эронист. Суфуси божоварон, ки рӯи деворҳо мунаққаш аст, ҳокӣ аз ин эҳтимол аст, ки Тахти Ҷамшед маҳалли эъломи расмии байъат ва вафодории солона аз сӯи устонҳои Эрони бостон будааст”.Эҳёи Наврӯз пас аз Искандар
Нигоштаҳои торихӣ ҳокист, ки шоҳони ашконӣ ё портӣ, ки пас аз вайрониҳои Искандар фармонраво шуданд, суннатҳои Ҳахоманишиёнро аз нав зинда карданд ва ба онҳо арҷ гузоштанд ва Наврӯзро гиромӣ доштанд.
Балоши Аввал, нахустин шоҳи ашконие буд, ки наҳваи таҷлили ӯ аз Наврӯз ба унвони ҷашни саросарӣ дар торихи куҳан омадааст, ҳарчанд ҷузъиёти он бароямон равшан нест.
Аммо аз даврони сосонӣ ёдгорҳои фаровоне баҷо мондааст, ки ҷойгоҳи рафеъи Наврӯз дар он замонро ошкор мекунад. Наврӯзи сосонӣ муҳимтарин рӯзи сол буд ва муҳимтарин умури миллии давлат низ, ба монанди бор додан ба мардум ва афви зиндониён, дар ҳамон рӯз анҷом мегирифт.
Дар паи суқути силсилаи Сосонӣ ва пирӯзии тозиён бар Эрон ва тарвиҷи кеши ислом, ки аз соли 650 мелодӣ оғоз гирифт, Наврӯз ҳамчунон мондагор будааст.
Батадриҷ ҷашнҳои дигари Эрони бостон, ба монанди Меҳргон ва гоҳанборон, мухтасси кеши маздаяснӣ шуд ва танҳо Наврӯзу Садаро ҳамагон таҷлил мекарданд. Саранҷом шукӯҳи Сада ҳам коҳиш ёфт ва Наврӯз танҳо ҷашни бостоние шуд, ки эрониён, сарфи назар аз мазҳабашон, ҷашн мегиранд.
Мондагории Наврӯз пас аз ислом
“Луғатномаи Деҳхудо” бо истинод ба китоби “Тамаддуни исломӣ”-и Ҷурҷӣ Зайдон менависад:
“Дар дарборҳои нахустин хулафои исломӣ ба Наврӯз эътиное надоштанд, вале баъдҳо хулафои уммавӣ барои афзудани даромади худ ҳадоёи наврӯзиро аз нав маъмул доштанд. Банӣ Умайя ҳадя дар Наврӯзро бар мардуми Эрон таҳмил мекарданд, ки дар замони Муъовия теъдоди он ба панҷ то даҳ милюн дирам болиғ мешуд”.Дар идомаи тафсири Наврӯз “Луғатномаи Деҳхудо” меафзояд:
“Амирони эшон (арабҳо) барои ҷалби манофеъи худ мардумро ба эҳдои туҳаф даъват мекарданд. Нахустин касе, ки дар ислом ҳадоёи Наврӯз ва Меҳргонро ривоҷ дод, Ҳуҷҷоҷ ибни Юсуф буд. Андаке баъд ин расм низ аз тарафи Умар ибни Абдулъазиз ба унвони гарон омадани эҳдои туҳаф бар мардум мансух гардид”.Аммо бо зуҳури Абӯмуслими Хуросонӣ ва рӯи кор омадани хилофати Аббосӣ ва ташкили силсилаҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ҷашнҳои эронӣ ва бавижа Наврӯз дубора рафнақ ёфтанд ва то ба рӯзгори мо расиданд.
5 comments:
О сколько нам открытий чудных
Готовит просвещенья дух
И опыт, сын ошибок трудных,
И гений, парадоксов друг,
И случай, бог изобретатель.
...
А. Пушкин
نوروز جشنی آریایی است و اگر در بابل برگزار میشده به سبب نفوذ فرهنگی ایران بوده. فقط مانده بود که نوروز را مصادر ه کنید!!!
Дориюши азиз, бо ин андеша рози хастам, аммо Наврузи сугдиён низ дар баробари он бояд кадим бошад. Навруз чашни бахор аст ва инсонхои кадимтарин бо фарорасии он шодию хурсанди мекарданд.
Ариёҳо замонро ду бахш мекарданд: тобистон ва зимистон. Солшуморияшон низ аз зимистон оғоз мешуда: сол = сард (чунон ки солор = сардор). Андаке пажуҳиш дар ин замина ошкор мекунад ки ариёҳо солшумории хуршедиро низ ҳамроҳ бо бисёре аз дастовардҳои фарҳангӣ, шаҳрнишинӣ, кишоварзӣ ва кишвардорӣ, аз бумиёни Варазрӯдон, Эрон ва Миёнрӯдон ёд гирифтаанд. Ин ҷаҳон басе куҳантар аз он аст ки мо мепиндорем...
دوستان به پارسی بنویسید تا ما نیز بهره ببریم.
Post a Comment