Додоҷонро чи касе намешиносад? Додоҷон аз канори чашму гӯши чи касе
пӯшидаву пинҳон гузаштааст? Чи мақоме аз канори номи Додоҷон беэътино рад
шудааст? Додоҷонро чи касе офарин ё нафрин нагуфтааст? Магар ҳамин Раҳмон набуд, ки орзу дошту дорад, ки Додоҷон дастикам як бор сухане нек аз ӯ гӯяд?
Дасти ноинсоне, ки ба рағми куштани Додоҷон ӯро ба рестурони канори хонааш
хонда буд, ларзид. Ва ҳарчанд ба қалбаш нишона рафта буд, хато зад. Кордро боло
кашид, то ба қалби ин мард дарравад. Нарафт. Фирор кард ва имрӯз дар оташи
баланди виҷдонаш месӯзад. Аммо Додоҷонро барои ҳамеша сапедном кард. Ҳар он чи
баду бероҳе, ки дар борааш мегуфтанд, бо ҳамон қотили нофарҷом фирор кард.
Акнун Додоҷонро ҳамагон меситоянд. Қалбу зеҳни одамӣ чунин аст, ки дар
баробари ситамгар қад ъалам мекунад ва ситамдидаро ҳимоят мекунад. Чун фитрати
башарӣ зидди ситам аст. Додоҷон ҳам ҳамвора зидди ситам буда ва ҳаст. Бо
Додоҷон ҳар чи ихтилофи дидгоҳ доштем, дар ин ҳодисаи нангин таҳлил рафту гум
шуд. Додоҷон Сиёвуше шуд, ки аз ҳимаи сӯзони оташ гузашту татҳир шуд, пок шуд.
Ҳар он ки қасди куштанашро дошт, барои ҳамешаи рӯзгор сияҳном шуду мегандад; гандид.
Намехоҳам ба хотироти сипардаам бо Додоҷон бипардозам (чун қарор аст
хотироти дигаре ҳам дошта бошем, ба умеди Худо). Ба баҳсҳое, ки доштем ва гоҳ
эҳсос мекардам, ки бузургвор аз ман ранҷида. Шояд зовияи дидамон фарқ мекард,
вале ҳар ду хостори раҳоии мардуми ситамдидаи Тоҷикистон аз ситаму ситамгар ва
шукуфоии он будему ҳастем. На ҳамеша роҳҳои расидан ба ҳадаф якест, аммо ҳадаф
метавонад яке бошад.
Ба ҳар рӯй, хабари ҳамла ба Додоҷон аз бадтарин хабарҳое буд, ки дар ъумрам
шунидаам. Рӯи сафҳаи Фейсбукаш дар шомгоҳи ҳамла навиштам: “
1 comment:
кори дигаре надори дар бораи ватанфуруш (бе нохунак) навиштан ?
Post a Comment