Monday, April 18, 2005

The Final Feather For Today

Хоб дидам, хамнафас, имшаб
Коби андухи чашмхоятро
Ламс кардам бо диле ларзон
Хачми торики хашмхоятро
خواب ديدم، همنفس، امشب
قاب اندوه چشمهايت را
لمس کردم با دلي لرزان
حجم تاريک خشمهايت را

Дарди сангини дили хубат
Бо касоват хамлаам мекард...
Биркаи ашкат маро балъид
Гум шудам дар интихои дард
درد سنگين دل خوبت
با قساوت حمله ام مي کرد
برکه اشکت مرا بلعيد
گم شدم در انتهاي درد

Эй ки лабхандат бахори буд
Буи талхи хазон меори
Бо нигохи сарди поизи
Рихвати човидон меори
اي که لبخندت بهاري بود
بوي تلخ خزان مي آري
با نگاه سرد پاييزي
رخوت جاودان مي آري

Эй ки бе ту сарои ман холи!
Пургунохам пеши чашмонат
Боз хохи дид бо лабханд
Бар рухи марди пашимонат?
اي که بي تو سراي من خالي
پرگناهم پيش چشمانت
باز خواهي ديد با لبخند
بر رخ مرد پشيمانت؟

London
18/04/05
04:34am

14 comments:

Shamsi said...

Дарахти пашимони на зеби боги ту дорад Насими шухи бахор бо пари
илхоми ту бози дорад.

lovely poetry amigo... welcome back!

D said...

Эй кош бахор човдон буд...

Merci, amiga... I liked the poem by a woman...

Zarrineh said...

Бизан оташ ба реши дарахти пушаймони,
Бибус хар сол ту чоно, бахори човидони,
Ту худ андалебиву гули хамешабахори
Нагу асло сухан аз сардии поиз

Шоираи беноми Хуросони

D said...

Вале поиз ба чонам реша карда
Ва боги синаамро беша карда
Ту гуфти теша бар чонаш фиристам
Хазон пештар зи ман андеша карда

Zarrineh said...

Шери Ту, магар поиз нест рубох?
Далери Ту, бизан гурз бар думбули рубохи макор,
Чаро дори ту шиква аз табиат?
Магар нести ту пури Рустами Зол?

D said...

Дили хуше дорам бо хамосахои гузашта
Вале хамебинам ман ба косахои шикаста
Замон гузашту замин хам ба он хабиби нест
Ба чои мурги умедам калоги тира нишаста

Zarrineh said...
This comment has been removed by a blog administrator.
Zarrineh said...

Калоги лошахурро хаст чора,
Кунам вай бадбашарро сад пора
Чаро дори дарег аз коса- чини
Ширеш хаст чони ман, манмо бахона.
Бимон ин фикри ботилро канора.
Ту хасти нобига дар ин замона,
Бикун шоди бо суруру бо тарона.

D said...

Калоги дерзи бо санги ту фирор кунад?
На хайр, магзи маро барканад, фигор кунад.
Калоги тира хамон фикри тираи магз аст
Вале чакомаи ту, хохарам, хушу нагз аст...

Zarrineh said...

Чи тур тираги дар фикрат чо шуд?
Магар магзи ту он кадр хароб шуд?
Бикун андешаи худ з-ин тираги пок.
Хирадро соз бар худ партави пок.

D said...

Аз тираги, чонам, маро ки сипаре нест,
Бе тираги хам дар ду чахон хич саре нест
Зоге, ки сиёх аст, дувист сол сари пост,
Аз булбули дируз хамакнун хабаре нест.

Zarrineh said...
This comment has been removed by a blog administrator.
Zarrineh said...

Дарего сад дарего, з- он ки моён
Дихем гуши садо бар лошахурон
Чаро чаквораки хоно хомуш аст,
Магар гул нашкуфад дар богу сахро?
Ачаб эй вой ачаб, мох дар паси абр
Бикард худро нагун, тарки замон кард.
Бизад худро ба огуши сиёхи...
Миёни бад ва хуби иштибох кард.
Бикун орзуи фардоро ба хуби...
«Сафед пирузи дорад, бар сиёхи.»

D said...

Саропо шарму озармам, азизам,
Ки имруз ашки навмеди бирезам.
Маро бояд чунин дурре фишондан
Азизонро ба шоди боз хондан
Вале мурги Хумо кард бевафои
Зи души ман париду шуд хавои
Ба чанги чашми кури буфи пирам
Кучо субхи сапеду ку масирам?
Намедонам, ки то чандам фишорад
Калоги пир навмеди биёрад.
Гирифтори калогу буфи курам
Зи шоди дури дури дури дурам
Ахуроро бигу шоди биёрад
Зи абри ландани ханда биборад...