Thursday, April 16, 2009

Also Sprach Rahman (Thus Spoke Rahman)

Чунин гуфт Рахмон

Рузи чахоршанбе, 15 оврил (апрел), бисёре аз шахрвандони Точикистон аз сарварони муассисоту корхонахои худ дастур гирифтанд, ки суханронии солонаи раисичумхурй Эмомъалии Рахмонро аз огоз то ба поён ба гуши чон бисупоранд.

Дар ин суханронй, ки дар толори порлумон хитоб ба намояндагони хар ду мачлис, аъзои давлат ва намояндагони кишри равшанфикр эрод шуд, Рахмон частаву гурехта ба тайфи густардае аз мавзуъхо, аз бухрони молии чахонй гирифта то манобеъи энержй ва зарурати сарфачуйи, Имоми Аъзам ва конуни нави дин, конуни забон, омузишу парвариш, пизишкй, интихоботи саросарии соли оянда ва пунбачинй нохун зад.

Торнамои родю Озодй нимрузи имруз (15.04.09 ба вакти Фарангистон) фишурдае аз ин суханрониро зери унвоне шабехи «Химояти Рахмон аз Конуни дин» мунташир кард, аммо пас аз чанд соъат ин унвонро ба «Президент шаффофияти интихоботро кафолат дод» тагйир дод. Унвони баргузидаи торнамои Би Би Си хунсо, фарогиртар, хирфаитар ва орй аз бори маъноии манфй ё мусбат буд («Паёми Эмомалй Рахмон ба порлумон») ва ниёзе хам ба дасткории сонавй надошт.

Аммо он чи мухимтар аст, магзи суханони раис аст.

Чайбхои пуландуд ва мардуми пурандух

Сарфачуйи сухани писандида аст. Ба вижа барои кишвари нодоре чун Точикистон. Аммо басе писандидатар хохад буд агар гуяндаи он суханони гарро худ аз гуфтахояш пайравй мекард ва аз хачми харочот ва дастмузди мохонаи хангуфташ мекост ва зиндагии дарвешонаеро ихтиёр мекард ва барномахои пуртумтурокеро барои бузургдошти ину он, ки садхо сол пеш даргузаштаанд, барпо намекард ва мучассамахои дугона барои касе намесохт ва солона даххо бор ба ин вару он вар парвоз намекард ва...

Мардуме, ки дар зери бори озори иктисодй куфтаву лех шудаанд, то кунун то хадди тавони худ сарфачуйи кардаанд, чун тавони пардохти хазинае бештар аз мухтавои чайбашонро надоранд. Он чайбхои омосида (варамида)-и пуландуданд, ки ниёз ба хушдор доранд. На чайбхои такидаи авом.

Бехтар мебуд агар раиси суханвар худ намунае барои дигарон мешуд ва пеш аз хама аз шумори коххои бешумораш мекост ва бо як кулбаи маъмулй иктифо мекард ва он кулбаро бо ду-се ломпи каммасрафи мавриди тавсияаш мунаввар мекард. Аз ин рох метавонист хам ба дили мардуми одй рох ёбад, хам дарсе ба дигарон бидихад ва марчаъи таклиди хамагон шавад.

Касе, ки аз мардум мехохад дар масрафи дороихо мухтоттар бошанд, хамон касест, ки хар солро бо номи бузургворе музайян мефармояд ва ба ин бахона садхо хазор сомонй дар коми семинорхову кунсертхову дабдабаву кабкабаи бехуда ва голибан бенатича хадар меравад.

Ба гуфтаи Рахмон, карор аст дар кашкули гадоии кишварамон микдоре садакаи тоза бирезад: 280 милюн сомонй аз кишвархои дихишгар (кумаккунанда) ва 300 милюн сомонй аз Сандуки Байнулмилалии Пул. Аммо равшан нест, ки фардо ин дарюзаро чи гуна бозпардохт хохем кард ва ин ки то кучо аз ин пулхо истифодаи хадафманд сурат хохад гирифт. Оё замонате хаст, ки фардо як “Ernst & Young”-и дигар табли расвоии макомоти фосиди кишвари моро нахохад навохт? Чи рохнамуде барои духтани чайбхои бетахи он макомот дода шуд? Хеч.

Дунёву ухрои Рахмон

Аммо яке дигар аз масоили доги кишвар, ки маъмулан аз масоили доги кишвархои вопасмонда аст, аз калами Рахмон науфтод: мазхаб. Вале суханони раис ин муъамморо хам нагушуд, ки билохира кишвари мо гайримазхабист ё мазхабй. Агар гайримазхабй ё секулор аст, пас иборати «дину мазхаби расмй» дар конуни тозатахрири «озодии виждон» чи кор мекунад? Рахмон гуфт:

Бо арзи эҳтиром ба иродаи мардуми кишварамон бори дигар дахлнопазирии асосҳои конститутсионии давлати мо – соҳибистиқлолӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявиятро таъкид намуда, бо қатъият изҳор менамоям, ки мо аз ин роҳи интихобкардаи худ барнамегардем

Ин ки ин низом тагйир хохад кард ё на, кобили пешбинй нест. Эрони гайримазхабии пешинро бибин. Аммо кишваре, ки барои худ “дини расмй” коил мешавад, аз раддаи кишвархои гайримазхабй ба таври худкор ронда мешавад. Харфи хисоби окои Химматзода хам хамин буд, ки эхтимолан ба кимати курсии намояндагиаш дар порлумон тамом хохад шуд. У мегуфт, ибороти “давлати дунявй” ва “накши шохаи ханафии ислом” дар матни “Конуни озодии виждон” бо хам мунофот доранд. Посухи Рахмон ба ин эътирозхо ин буд, ки бо таваччух ба 99 дарсад чамъияти мусалмони кишвар арч гузоштан ба ислом як амри мукаррарист.

Пеш аз хама кй ин итминонро ба у додааст, ки 99 дарсади чамъияти кишвар мусалмонанд? Сониян, кй метавонад ин дуругро собит кунад, ки хамаи ин, бар фарз, 99 дарсад мусалмони суннии ханафианд? Оё карор аст аст пайравони мазхаби исмоъилияро, ки сокини бузургтарин устони Точикистонанд, расман ба шахрвандони дарачаи дувум табдил кунем? Ва бо он хама точиконе, ки бо истифода аз хакки озодии виждон дину ойинхои дигарро пазируфтаанд, то бо худои худ бошанд, чй бояд кард?

Дар таърифи иборати “давлати гайримазхабй ё дунявй” дар донишномаи Wikipedia мехонем:

A secular state is a state or country that is officially neutral in matters of religion, neither supporting nor opposing any particular religious beliefs or practices. A secular state also treats all its citizens equally regardless of religion, and does not give preferential treatment for a citizen from a particular religion over other religions. Most often it has no state religion or equivalent. If there is a state religion, this should have only a symbolic meaning, not affecting the ordinary life of its citizens, and especially not making any distinction based on someone's religion.

“Давлати гайримазхабй давлат ё кишварест, ки расман дар баробари дин мавзеъи хунсо ё бетарафонаро иттихоз кардааст ва аз хеч дини бахусусе химоят намекунад ва бо хеч дине сари ситез хам надорад. Дар як кишвари гайримазхабй хамаи шахрвандон сарфи назар аз таъаллуки мазхабишон аз хукуки баробар бархурдоранд ва ба пайрави хеч дине арчахият дода намешавад. Дар аксари маворид як кишвари гайримазхабй дорои дини расмй ё давлатй ё муъодили он нест. Агар дар он кишвар дини расмй вучуд дошта бошад, он бояд танхо маънои намодин дошта бошад ва набояд бар зиндагии одии шахрвандонаш асар гузорад ва ба вижа бар мабнои таъаллуки мазхабии касе уро аз соири мардум мутамоиз донад.”

Вале агар бихохем барои кишварамон дини расмй коил шавем, ба унвони як кишвари секулор боястй дину ойинхои хамаи мардумони сокин дар он сарзамин расмй эълом шавад, то асли “адами тамоюз барои пайравони як дин ё ойини бахусус” риъоят шавад.

Ва хангоме давлат дар нахваи намозгузории шахрвандон дахолат мекунад ва махалли намозро мукаррар мекунад, казия чиддитар мешавад ва фосилаи мо аз мафхуми “давлати гайримазхабй” дуртар. Зеро ин дахолат мустакиман руи зиндагии мардуми диндори кишвар таъсир мегузорад ва давлатро ба як “дастгохи истибдоди мазхабй” табдил мекунад. Пас метавон иддаъо кард, ки бо имзои Конуни дин Рахмон дар вокеъ Точикистонро ба як давлати мазхабй табдил кард ва касе харидори суханони зидду накизи у нахохад буд. Аз хамин холо кишвархои гарбй дар бораи ин конун ва махдудиятхое, ки он эъмол мекунад, изхори нигаронй кардаанд.

Тазмину хушдори Рахмон

Зимни ин суханронй Рахмон як замонат дод. У тазмин кард, ки интихоботи саросарии соли ояндаи мелодй шаффофу озоду мунсифона хохад буд. Аммо оё дар тули торихи сарзаминамон ва ба вижа дар давраи басо тулонии хусравии Рахмон мо дастикам як мавриди интихоботи мунсифонаро дидаем, ки ба ин ваъда бовар кунем? Ба вижа хушдори Рахмон дар мавриди пархез аз “нуфузи хомиён ва сармоягузорони хоричй” ин пиндорро таквият мекунад, ки интихоботи оянда аз интихоботи гузашта тафовути чандоне нахохад дошт. Чун мафхуми “нуфузи хомиён ва сармоягузорони хоричй” хеле кашдору васеъ аст ва онро метавон хар гуна таъбир кард ва гуруххои мухталиферо зери хамин иттихом ба курсии муттахам нишонд.

Падруд, пахтазор!

Шояд малмустарин мавриди мусбати ин суханронй мамнуъияти чалби кудакон ба бегорй (кори бедаромад) дар мазраъахои пунба буд. Тоза чаноб мутаваччех шудаанд, ки тачрубаи бахракашй аз кудакон дар пунбазорхо барои омузишу бехдошти онхо паёмадхои ногуворе доштааст. Дар вокеъ, солхост, ки созмонхои байнулмилалй давлати Точикистонро ба хотири хифзи ин тачрубаи чомеъаи ибтидойи сарзаниш кардаанд. Орзумандам, ки шиъори бемухтавои “Пахтачон, пахта!” аз лабхои кудакони мо барои хамеша зудуда шавад ва зехнхои онхо аз омузахои судманд анбошта гардад, то дар оянда рахбарони окилтаре аз миёни онхо кад алам кунанд.

2 comments:

D said...

Яке аз «шохгуфта»-хои Рахмон аз калам уфтод, ки мояи шармандагист.

Дар ин суханронй Рахмон нигаронихои фаровонеро барчаста кард. Аз чумла дар мавриди кадом як корзори густардаи интернетие, ки аз дахаи 1990 алайхи Точикистон огоз гирифта ва акнун бо шиддати бештар идома дорад.

Хамаи давлатхои худкома хамвора саргарми тавтеапиндорй (conspiracy theory) ва тарошидани «душманони хоричй» будаанд ва давлати мо дар ин амр нубуги камназиреро нишон додааст. Манзур ин нест, ки Точикистон душмане надорад. Душманонамон фаровонанд, ки бузургтаринашон худи мо хастем. Зехнхои хобидаи мост. Аммо маъмулан дар сенориюхои давлатй номи он душманони нопайдо пушида мемонад ва номе куллй барояшон ихтироъ мешавад. Ин бор унвони куллии он корзори номаймун «муборизаи иттилоъотй» аст.

Рахмон дар ин маврид далел хам меоварад ва мегуяд:

«Мутобиқи таҳлили коршиносон солҳои 2004-2007 аз тариқи сомонаҳои интернет, ки дар Тоҷикистон маъмуланд, қариб 30 ҳазор хабару гузориш интишор ёфтааст. Зиёда аз 80 фоизи онҳо фақат аз тӯҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошад.»

(Ба ростй, аз корбурди истилохи «сомонахои интернет(й)» тавассути хусрави тахту точи мо лаззат бурдам. Барои нахустин бор солхо пеш ин истилохро аз як родюи бурунмарзии порсй вом гирифта будем ва дар барномахои Би Би Си ва торнамо (сомона)-и он хамаруза ба кор бурдем. Ба гунае, ки «сомона» ба расонахои дигар хам рох ёфт ва саранчом сари забони хусрав (президент) уфтод. Аммо дар ин муддат Фархангистони забони порсй истилохи «торнамо»-ро барои «вебсайт» зарб зад ва «сомона» муъодили «систем» шуд. Боз хам чои шукраш бокист. Пас расонахои хоричй танхо саргарми «муборизаи иттилоъотй алайхи Точикистон» нестанд, балки барои нуткнависони Рахмон вожапардозию термсозй хам мекунанд.)

Аммо ин изхороти Рахмон бештар аз он ки ба пурсише посух бигуяд, пурсишхои фаровони дигареро меруёнад. Кадом коршиносон? Кадом торнамохо? Дар кучои чахон? 30 хазор хабару гузориш дар бораи чй? Оё бояд норохат буд, ки номи кишвари мо 30 хазор бор дар шабакаи чахонй мунташир шуда ё хурсанд? Бар пояи чи меъёру мелокхое мушаххас шудааст, ки 80 дарсади онхо иборат аз тухмату бухтону гаразварзию фолбинианд? Оё он пешбинихо бебунёдтар аз пешбинии хусрави мост, ки мегуяд Точикистон хамеша кишваре «дунявию демократию...» бокй хохад монд ва то 4 соли дигар (дар дили бухрони молй) хонахои мо бо гози худй гарм хохад шуд ва истиклоли энержй дари моро хам хохад кубид ва гайра? Мафхумхои «тухмату бухтону гаразу пешгуихои бебунёд»-ро кй барои мо маънй кардааст? Оё мочарои Талко дар Инглис хам шомили он мешавад? Оё достони хунини «тохтани Рустам бар Хасан» хам он чост? Оё расвоии Точикистон дар баробари Сандуки Байнулмилалии Пул хам хиёлпардозии дастандаркорони «муборизаи иттилоъотй» аст? Оё тозатарин мавриди ин «мубориза» ва ифшои фасод дар раддахои болои давлатй-ро хам набояд бовар кард? Оё “Ernst & Young” хам ачири зархариди бегонагони хасуд буда?.. Ва ило охир.

Аслан, вазифаи матбуъот чист?

Посухи Рахмон:

«Манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошанд, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд.»

Дар вокеъ, ин тавсифи вазифаи ниходи тозатаъсиси мукобила бо расонахои хоричй ва бехбуди «имич»-и Точикистон дар арсаи чахонй аст. Аммо бехбуд аз ин рох хосил намешавад, балки мустакиман ба амалкарди давлат бармегардад.

«Сипари давлат» ё «хидматгори давлат» номидани расонахо як тавхини гушношунуд, як туфи пур аз ганд бар сурати рузноманигорон аст. Агар карор аст рузноманигор дар хидмати касе бошад, он кас ё чиз ба хеч руй давлат нахохад буд, балки хакикат ва вокеъият аст. Дар гузашта ба рузноманигор «вокеъанигор» мегуфтанд. Вокеъанигор, хамон гуна ки аз номаш пайдост, вокеъиятхоро баён мекунад, на тасаввури хушпиндоронаи болонишинон аз вокеъиятхоро. Дар таърифи расмии вожаи «журнолист» хам мехонем: расонандагони аслии иттилоъот ва дидгоххо дар чомеъаи муъосир. Хамон гуна ки дидгоххои хусрави мо дар расонахои чахонии имруз бозтоб ёфт, дидгоххои мухолифони эшон хам пахшу мунташир мешавад. Ин ки ман, бар фарз, мегуям «суханронии Рахмон чандон вокеъбинона набуд», на тухмат аст, на дуруг, на пешбинии бебунёд. Ин сирфан дидгохи ман аст ва вокеъияти ман, ки дар як чомеъаи мутамаддин метавон бо он канор омад ва далели онро чуё шуд. Пас бехтар аст ин халкаро аз гуш дур биандозед, ки карор аст кишри рузноманигор ба унвони сипари чаноби олию хамнишинонаш дар хидмати эшон бошад. Нишонахое аз фардои некро намоиш дихед, то мо гузориш дихем. Рузноманигори ростин сарбози хакикат аст ва дар ин рох чонбозихо мекунад.

Anonymous said...

Эмомалй Рахмон дар ин пайомаш доир ба хама чиз гуфт, хатто тавсия дод, ки мардум чи гуна чарог ба гуфтаи точик "лампучка" харанд. Аммо доир ба ончи ки Точикистонро хароб мекунад, яьне фасодкори, дурустараш горати бешармонаи мардум чизе нагуфт. Чаро ки агар мегуфт, бояд доир ба худаш мегуфт.