Дасте, ки конуни истиклолро навиштааст
Рахматкарими ДАВЛАТ
баргирифта аз нашрияи Миллат
Хавопаймои АН-24 ба охистагй ва мушкил осмони абриеро дар масири Душанбе-Хучанд мепаймояд. Як дусти халабонам зимни гусел гуфт, ин навъи хавопаймо бештар факат дар кишвархои африкой истифода мешавад ва аз чумла халабонони точик низ он чо кор мекунанд.
Андаке тахаммул ва нигаронии маро аз ин суханонаш пай бурд, ки бадохатан афзуд, АН-24 дар душвортарин шароит ва "грунтовка"-е фуруд меояд, ки дигар хеч хавопаймо чунин имконеро надорад ва фурудгоххои африкой аслан хамин хел сахроиянд.
Гуфтам, ки медонам, бо чунин "хавопаймое" дар хамчунин "сахрое" дар наздикии шахри Кописо, маркази вилояти Кописои Афгонистон фуруд омада будам. Дар соли 2001 вакте Толибонро мезаданд.
Ва АН-24 ба охистагй ва мушкил, вале маро ба максад, ба Хучанд мерасонад. Ба аёдати марде меравам, ки аз у шунида будам, "василаи расидан ба хадаф мухим нест, мухим расидан ба хадаф аст. Мунтахо хадаф бояд пок бошад, агар хадаф пок буд, василаи расидан ба он низ иншооллох пок ва ноолуда хохад буд"… АН-24 имруз факат точику занги (хабашй)-ро ба хадаф мерасонад…
Аз чодахои бороншустаи Хучанд мегузарам, мисле ки чизеро мушохида намекунам. То ин ки ба дидори у нарасам. Мардеро, ки бист сол боз мешиносам, бори аввал руи бистари маризй мебинам, аммо дастамро, ки мисли хамеша мефишорад, эхсос мекунам, ки куввати дасташ бар чост… Дасте, ки КОНУНИ ИСТИКЛОЛи моро навиштааст. Харки бихохад ва харки не, чунин аст.
АГАР ИСТИКЛОЛ БА ДАСТ НАМЕОМАД, ЧОИ МО СИБИР БУД
Баъди андаке фурсат, чуръат мекунам бигуям; Устод, хукумат ба харфи шумо амал кард. Гуфт: Чй кард? Гуфтам; бо пуштибонии Раиси чумхур, порлумон дар конунгузорй ислохот ворид кард, ки тибки он Рогун, ТАЛКО ва Норак моли истисноии давлати Точикистон эълон шуданд. Ва инро се соли пеш танхо шумо ба чуръат ва сарохат эълон карда будед, ёдатон нест? Гуфт: Ин мард, кори зиёде мекунад, агар вокеъан дар ру ба руи мушкил карор бигирад. Шумо аз вокеъиятхо натарсед. Ин бахсу руёруихо дар мавриди истифодаи обу сохтани ниругоххо чои нигаронй надорад, агар пештар ба миён меомаданд, Рогун зудтар сохта мешуд. Шумо уро таърифи зиёд накунед, танкид хам накунед.
Ман намехохам уро ба сухан гуфтани зиёд водор кунам, чун мебинам, сухан гуфтан барояш бисёри бисёр мушкил меояд. Аммо мегуяд, ва хар харфаш хикмат аст, ки албатта беш аз дах дар сади онро наметавонам дар дафтари хотира хифз кунам, аммо руи когаз навиштани онро боз хам чуръат намекунам, у мегуяд:
Хар касе хануз хам агар эътирозе дорад, бигуяд, ман кадом вакт, дар кадом макон, дар кадом холат харфи галат ва ё дуруг гуфтам, омодаам бипазирам. Вале чунин коре накардаам, аввалин харф ва талошамон ин буд, ки гуфтем, бояд истиклол дошта бошем. Магар галат буд?! Хар ки даъво дорад, пеш биояд ва бигуяд, ки кори нодурусте буд! Ва ба ту гуфта будам, ки истиклол, яъне чй ва чаро мо мехостем истиклол дошта бошем…
Бале, касе, ки аввалин тархи Конуни истиклолро менависад, таърифи онро низ дорад ва он ин аст: "ИСТИКЛОЛ, ЯЪНЕ ЗИСТАН БА КОНУНИ НАВИШТАИ ХЕШ. ВАКТЕ ИНСОН БА КОНУНИ НАВИШТАИ ДИГАРОН ЗИНДАГӢ МЕКУНАД, ИСТИКЛОЛ НАДОРАД". Ва тамоми талоши мо барои навиштани конуни истиклол барои зистан ба хости худ буд, на чизи дигаре.
Дар миёнахои соли 1989 тархи Эъломияи истиклолияти иктисодии Точикистонро дар рузномаи "Чавонони Точикистон" нашр намуд, ки албатта аз суи порлумон бандхое аз он пазируфта шуд, вале ба сурати комил кабул нашуд. Дар 24 августи соли 1990, акнун вакте ки вакили мачлис, яъне Шурои Олии Точикистон буд, ба сарохат се намуна аз Эъломияи истиклолияти Точикистонро пешниход кард. Тархи севуми Эъломияи у, ки дар холи рост истодан дар назди микрофони шаш эчод шуд, иборат аз як банд буд. Ва он хам иборат аз як чумла ва ин: "Точикистон давлати мустакил ва сохибихтиёр мебошад". Акнун мегуяду механдад, вале он замон мегирист, ки аз 216 вакили порлумон хамагй ба ин пешниход раъйи мухолиф дода буданд. Чолиб ин аст, Аслиддин Сохибназаров, Акбари Турачонзода, Хайдаршох Акбаров, Абдулло Хабибов, Бозор Собир, Акбаршох Искандаров ва Кадриддин Аслонов, ки ба зери Эъломияи истиклол имзо гузошт низ дар он ичлос хузур доштанд (Нурулло Хувайдуллоев хам, ки аз у бархе расонахо кахрамони конуннавис метарошанд). Муаллифи пешниход то назди курсии худ расид, ки депутати хамсояаш ба чои у тугмачаи "нет"-ро пахш кардааст. Аммо талоши мо барои озодй буд, ки ба он расидем. Ормони мо истиклол буд, ба он даст ёфтем. Мо озодихох ва истиклолталаб будем, на мансабталош ва ба ин ормон низ расидем, мегуяд у. Мо медонистем, ки агар талошхои мо ба шикаст бирасад, агар истиклол ба даст наояд, чои мо Сибир хохад буд. Мо инро медонистем ва барои ин омода будем…
Дар вокеъ агар истиклол ифтихоре дорад, ки хатман дорад, кабл аз хама ифтихори истиклоли Точикистон ба номи Тохири Абдучаббор бармегардад. Дер ё зуд ин хакикатро эътироф хохем кард.
ТАРЧЕХИ ЗИНДАГИИ МУШКИЛ
БАР ШАХРВАНДИИ КИРГИЗИСТОН
Аз Хучанд ба Душанбе меоем ва бояд баъди як руз дустоне, ки масъулият доштанд устодро дар шифохона рузи душанбе, 30 март бистарй кунанд, занг мезананд, шуъбаи марбута дар таъмир аст ва касе масъулияти дар беморхона хобондани уро ба душ намегирад. Вале ваъда супурдаанд, ки фардо... Ин суханон маро мачбур мекунад, ки сухбатхои ду хафтаи каблро, ки ба аёдати эшон рафта будам, таъкид кунам. Он вакт Устод бештар сари хол буданд ва харфашон кобили шунидан ва фахмидан буд.
Гуфтам: Бархе аз хамватанони мо, ки тули чанги дохилй мухочир шуданд, дар талоши ёфтани зиндагии осонтар табаияти кишвархои дигарро пазируфтанд. Касеро намешиносам, ки аз ин имкон то кунун сарфи назар карда бошад, балки барои ин кор вакт ва пул низ сарф мекунанд. Магар боз хам шумо, Устод… Бехтар набуд, ки хамон шахрвандии Киргизистонро мепазируфтед?
Устод гуфт: Дар Академияи хидмати давлатй ва кабл аз он дар Донишгохи байналмилалии гуманитарии Бишкек, мудири кафедра будам ва ростй борхо чунин пешниходе шуд. Дар имтихоноти давлатй, маъмулан муовини сарвазир, раиси Бонки миллй, вазири молиёт ва иктисод раисони комиссиюн буданд, ё дар донишгох хамин тур дарс мегуфтанд ва хам муовини сарвазир ва хам дигарон хамеша исрор мекарданд ва мегуфтанд, ки шумо факат як ариза бинависед, халос. Хатто боре бисёр исрор шуд ва гуфтанд, хуб, нанависед, онро менависанд, шумо имзо гузоред.
- Мегузоштед, устод, як имзо будааст-да. Агар Шведсия ё Олмон намефиристоданд хам, дар бехтарин шифохона табобат мегирифтед, бехтар аз шахрвандии Точикистон набуд?
- На, ин корро накардам, он гох маънои зиндагй ва талош барои истиклол ба сифр баробар мешуд.
ВАЗОРАТИ НАБИЕВРО
НИЗ НАПАЗИРУФТАМ…
Ронандаи таксие, ки аз у хохиш кардем моро ба сохиле аз Сирдарё бирасонад, то дар пасманзари он мусохибаи Зиннатуллохи Исмоил бо Начмиддини Шохинбодро барои Симои мустакили Точикистон сабт кунем, рахорах ба мо манзараеро нишон дода ва мегуфт, ки ин фазендаи Косим Косимов аст.
- Кист у, - суолаш мекунам ва у хайрон мешавад ва мисле ки ба истилохи як дустам ман Рудакй ё Фирдавсиро нашинохта бошам, каме норохат низ мешавад. Вале боз хам мегуяд; - ха вай, раиси собики вилоят.
Ман тааччуб мекунам ва мепурсам, ки; наход ин хама дар номи уст?
- Намедонам, албатта дар номи худаш набудагист…
- Вале аз уст?
- Хуб… намедонам, - коил мешавад у.
- Ӯ аз Тохири Абдучаббор хам бузургтар аст, - боз хам мепурсам аз у…?
- Абдучаббор кист? - мепурсад аз ман.
- Ба назари ман бузургтарин сокини шахри шумо…
- Ха вай касо пеш вакто буданд, вакти хукумато ба… ун вакто ин корхо намешуд.
- Чй корхо…?
- Хуб, хайр…
Хамин чост, ки шоир ба кумакам мешитобад, вагарна посухи хамаи ин суолхоро ман худам бехтар аз ронадаи хучандй медонам:
"Фалак ба мардуми нодон дихад зимоми мурод,
Ту ахли донишу фазлй, хамин гунохат бас"…
Ва ин чост, ки боз хам киссае аз сухбати каблии Устод ёдам меояд: "Чанд бор Набиев билофосила баъди раиси чумхур шуданаш одам фиристод, ки наздаш биравам, вазифа медихад. Нарафтам, гуфтам, ки меравам, вале нарафтам… Билохира, уро чанд бор мулокот кардам, ваъда мекардам, вале нарафтам… Билохира, дар хамон рузе, ки мардум ба пуштибонй аз вазири дохила дар назди касри раёсати чумхурй чамъ шуда буданд, ман иттифокан ба назди у мерафтам.
- Чаро?
- Ман пештар фикру пешниходхоямро баъди омадан аз Маскав ба у ва Кенчаеву Хаёев гуфта будам ва медидам, ки авзоъ бадтару бадтар мешавад, мехостам дар бораи авзои иктисодй ва сарнавишти он пешниходоте, ки карда будам, бифахмам…
Аммо Набиев баробари дидани ман дар утоки кораш чашмонаш дурахшид ва баланд шуд ва гуфт, ки "о мардак, кучоба мегардй, о вазифата гир, мондагиша дигароба тием".
Билохира чиддитар гуфт, ки вазорати якчояшудаи иктисоду молияро кабул кунам, гуфтам, ки фикр мекунам, Шумо, ки холо мардум пушти даратон омадаву ин чо чамъ шудаанд, ба пурсишхои онхо посух дихед, баъд дар масъалаи вазифа фикр мекунем… вале накардам…
- Чаро накардед?
- Зеро, ки омадам ва бо худ андешидам ва ба натича расидам, ки ман ба танхой дар ин низом коре карда наметавонам, Зеро низомро мебоист дигар кард ва тамоми масъулияти хукумат ба души бахши иктисод мешуд ва ман як вазири масъул, аммо бесалохият мешудам, зеро Набиев гаравгони дасти дигарон шуда буд…
Гуфтам, ки устод, мутмаинан Бобозода ва Начмиддинов то "пенсия" рафтанашон хатто руйхати китобхои хондаи шуморо наметавонанд кориазёд кунанд, вазир шуданду Шумо наметавонистед? Ё Шумо кучову хамин Косим Косимов кучо, тавонист - ку?
- Виждон низ бояд дошт… Чиро тавонистанд?!
Вакте у боз хам чиддй мешавад, ман посухе намеёбам…Косим Косимов кучову Тохири Абдучаббор кучо?
ТОХИРИ АБДУЧАББОР ВА КАРИМ АБДУЛОВ
Як дустам аз ман барои нашри матлабе дар мавриди фаъолияти корхонааш, ки гуфтаанд, кораш шаффоф нест, норохат шудааст. Гуфтам,… хакикат болотар аз уст. Аммо дар се соли пеш Устод маколае навишт, зери унвони "Рогун бояд моли давлати Точикистон бошад" ва аз мавкеъи хамин дусти ман ва корхонаи у низ химоят карда буд. Дустамон хеле хушхол буд, аммо киссаи нашри маколаро намедонист… акнун барояш мегуям ва барои шумо низ… Карим Абдулов баъди ин маколаи Устод маколае фиристода ва гуфтааст, ки аз суханони Тохири Абдучаббор буи фитна ва нооромии солхои навад мерасад ва назири ин иттихом ва тавхинхое. Акнун одамон пул медиханд, ки маколае мукобилашон нашр нашавад, аммо ин суханро устод шуниданд ва он замон, ки дар Хучанд буданд, ба ман телефон заданд ва гуфтанд, ки ба хонум бигуед, хатман он суханони Абдуловро нашр кунад ва хар матлаби дигаре, ки дар мукобили ман навишта мешавад. Гуфтам; Устод, шуморо тухмат кардаанд, чй тур мешавад? Гуфт; шарти озодии баён хамин аст. Боз афзуд, ки медонй Балзак чй гуфта? Гуфтам; не…
Ва вакте маколаи Карим Абдулов нашр шуд, ки мегуфт, монед, Рогунро Русия созад, о пушт карда ба Русия намебаранд - ку…; Факат дар як мохи пеш вакте Мачлиси Намояндагон бо пешниходи хукумат Рогунро моликияти истисноии давлат эълон кард, ман бори дигар такон хурдам ва шефтаи фаросат, хушмандй ва аклу донишу часорати худодод шудам.
Баъд ба хакикати Тохири Абдучаббор расидам, ки эътикод дорад хакикатро дарк кардан кори сода нест. Ва барои он ки хакикати Тохири Абдучаббор маълум шавад, дар вокеъ замоне Махкамов дар мукобилаш зарур буду, баъд хам Абдулов ва дар киёс уро хохем шинохт. Мисле, ки замоне хамшахрии у дар порлумон, Хувайдуллоев зимни барасии масъалаи интихоби президент дар порлумон ё дар Шурои олй бо хушунат суяш гуфт, ки мантик - мантик мегуед, хамин мантикро шумо танхо медонед, ё мо хам медонистагистем? Баъд хама фахмид, ки интихоби президент дар порлумон мантик надоштааст. Не?
Вокеъан мо кучову Тохири Абдучаббор кучо…
Ту низ хонандаи азиз, мебахшй, вале ман танхо ин харфро аз у шунидам, на аз каси дигар… На аз ман, на аз ту…
ТОХИРИ АБДУЧАББОР, РАХИМ МАСОВ ВА
ИСТИКЛОЛИ ТОЧИКИСТОН
Дар поёни тобистони соли 2000-ум устод Тохири Абдучаббор бори аввал баъди мухочират ба Душанбе баргашт ва баъди зиёрат ва дидорбинии чанде бузургон ба зиёрати Рахим Масов, муаллифи "Таърихи табартаксим" расид. Ману Ахмадшохи Комилзода рохбаладу ронанда будем. Баъди чанде холпурсй Масов гуфт, дидед натичаи истиклолатона, барои хамин миллат чй даркор истиклол? Точикистон бояд як протекторати Русия бошад, бас аст. Маълум шуд, дигар бас аст, гуфт Масов. Комилзода каме асбонй шуду ба бахонаи сигоркашй берун рафт. Асаби ман он замон оромтар буд ва чанде дигар шохиди сухбати ду нафар будам.
Баъд, ки берун омадем, Комилзода оташин гуфт, ки устод, ин гуна шахсон кобил надоранд, зиёрати онхо раво нест, шумо моро кучо овардед? (Харчанд, ки мо дар хидмати у будем ва уро мебурдем, аммо ин нидои точикй буд. Харчанд Тохири Абдучаббор назди мо эхтиром дорад, аммо мавриди сухан гуфтан, точики хакикй харфи худро пинхон намедорад…) Ва бо тамкине, ки хоси уст, Тохири Абдучаббор баъди шунидани эътирозхои мо оромона гуфт, ки ин мард мудири Пажухишгохи таърихи Точикистон аст, марди бисёр боэхтиром дар назди мардум ва давлат ва ман шуморо овардам, ки бо намунаи болобаланди зиёии Ватан ошно кунам… Мо чизе нагуфтем…
МАРДЕ, КИ АНДЕШААШ КОР ОМАД, ХУДАШ
НОДАРКОР ШУДААСТ
Имруз вакте дуруг мегуем, шарм намедорем… Афсона мегуем, ки истиклол барои мо хадя шуд. Афсона… Аммо Устод мегуяд, ки касе ин харфро мегуяд, ки ифтихоре аз истиклол надорад. Мисле пурсидам, ки Абдумачид Достиев дар чое навиштааст, ки Конуни забон бо сарчунбонии Маскав кабул шуд ва русхоро гурезонд ва кабл аз вакт буд. Ӯ гуфт, ки ман намедонам, ки кй чй гуфта, вале касе ин харфхоро бояд бигуяд, ки дар кабули конуни забон сахме надоштааст ё мухолиф буда ва акнун танхо рохи худсафедкунй гуфтани чунин суханон аст.
Ман хайронам, ин чомеа кай аз Тохири Абдучаббор пештар меравад? Аз бист соли пеш як бахс дошт, ки мустакил шавем ё нашавем? Ӯ гуфт, аз мустакил будан натарсед, мустакил шавед. Шудем, агарчанд ба истилох талхаи баъзехо ба даханашон омад. Вале фахмидем, ки истиклол чизи хубе будааст ва онро аз даст доданй нестем.
Ӯ гуфт, ки артиши миллй бояд дошта бошем, гуфтем, ки касе ба марзи мо хамла карданй нест ва мо низ касди хамларо надорем. Вале шохид будем, ки яке дар соли 1992 Сафаралй Кенчаеви худамонро сарвари лашкари ачир ба сарамон фиристоданд ва дар соли 1998 Махмуд Худойбердиевро. Ва хардуро хам Узбакистон… Акнун росттарин мард барои вазири дифоъамон Тохири Абдучаббор аст ва барои раиси собики Бонки миллй Алимардонов хам, ки шахди пули миллиро бештар аз дигарон дидааст… Зеро акидаи нашри пули милиро низ у кабл аз хама тавре гуфтем, пешниход карда буд. Билохира, охирин бахси мо сари Рогун ва Талко буд, ки у расид ва низ нахустин шуда, чуръат кард ва гуфт, ки бояд харду моли Точикистон бокй бимонад…
Ман тамоми рузнома ва нашароти то соли 1989-90 - ро тагуру кардам. Вале аз як нафар хам нахондам, ки ба сарохат гуфта бошад, Точикистон бояд давлати мустакил бошад… Ба чуз у. Азизон мебахшед бо хама бузургиатон, аммо санаде дар номи касе ба чуз аз Тохири Абдучаббор сабт нашудааст. Пас андешаи истиклол хакки халоли уст. То ин мухимро эътироф накунем, адолатамон нокис хохад буд…
ХУДО ХОФИЗ, УСТОД
Боз хам Ан-24 -и мо дар холи шикофтани дили анбухи абри тираи осмони Душанбест, ки ба замин нишинад. Мо факат дохили хавопайморо мебинему абри печонида атрофи хавопаймо ва мусофирони дар тахлукаро. Ин чост, ки дусти наворбардори мо бо нигаронй суол мекунад, лётчик заминро мебинад? Гуфтем, ки олимонамон дар хавои соф аз Душанбе то Регару Рогунро надиданду лётчикамон худост, ки заминро аз пушти абр мебинад. Шояд ба изтироби у афзудем… Аммо Ан-24-и мо дар фурудгохи мисли дилхоямон кучак ба замин мефарояд. Худоро шукр мекунем, ки дар набарди абрпорахо пируз ба замини пойтахти Точикистони сохибистиклол нишастем, ба саломат… Дар хамин андешаам, ки Зинатуллох гуё суханони дили маро ба садо меорад, Худо Устодро низ дар панохаш нигахдор бошад… Муаллифи андешаи истиклолро...?
Бале, бузургтарин сокини шахри Хучанд, саромади андешаи истиклолро…Агарчанде маълум мешавад, ки хучандихо ва мо низ ба кадри ин ифтихор намерасем.
Начмиддини Шохинбод, ки акнун танхо хамрозу таскини дили пурдарди Тохири Абдучаббор аз чумлаи дустони кадимии уст, моро дар фурудгох гусел карда буд ва садояш аз пушти гушии телефон баланд мешавад, "рафтеду хеле хавотир шудам". Хайрон шудам, ки чаро? Гуфт, "баъд фахмидам, ки мотори самалёти шуморо дар фурудгохи Хучанд дуздида ва ба чои он матори КАМАЗ задаанд…"
Гуфтам, дар ин ватан агар самолётхо бе мотор хам бипаранд, ман дигар тааччуб намекунам….
P.S. Аз хамаи онхое, ки Тохири Абдучабборро мешиносанд ё назари хосе рочеъ ба чойгохи у дар Точикистон доранд, хохиш мекунем, назарашонро ба сурогаи идораи нашрияи «Миллат» ё пусти электронии millat@mail.ru, барои нашр бифиристанд.
2 comments:
...Ustod moro tark kardand, ammo edashon moro tark nakhohad kard...
روحش شاد باد
Рӯҳаш шод бод
Post a Comment