Сездахбадар – рузи ханда*
به دبيره پارسی
Шояд кидмати Сездахбадар ба андозаи кидмати чашни Навруз бошад, аммо манобеъи торихй дар ин бора иттилоъи дакике намедиханд. Он чи равшан аст, пайванди мустакими он бо чашни Навруз ё эътидоли бахорист, ки дар Бобили бостон низ дувоздах руз ба дарозо мекашид.
Дар фарханги эронй мардум сездахумин рузи солро дар берун аз хонахояшон сипарй мекунанд, то бад-ин гуна аз гучастагй ё нахсии шумораи 13 фирор кунанд. Ин чашн акнун дар Эрон ва бахшхое аз Афгонистон бо хамин номи Сездахбадар машхур аст.
Мардуми Хирот дар гарби Афгонистон сездахумин рузи аввали солро рузе медонанд, ки дар он сарнавишти рузхои ояндаи сол ракам мехурад. Духтарон онро рузи гушоиши бахти худ медонанд.
Онхо дар чунин рузе ба тафарручгоххое дар канори Харируд, дашти Шайдойи ва ё митакаи Курх мераванд ва фарше бар руи сабзазорхо мегустаронанд ва то поёни руз ба шодмонй мепардозанд.
Бовар бар ин аст, ки агар дар Сездахбадар касе дар хона бимонад ва бадар наравад, кораш дар хамаи рузхои сол фурубаста хохад буд ва гушоише падид нахохад омад.
Дар кадим занон бо худ доира мебурданд ва сурудхои вижаи ин рузро бо доира мехонданд. Имруза доира задан дар тафарручгоххои Сездахбадар хеле роич нест, аммо хануз иддае ба ин расм пойбанд мондаанд.
Дар рузгори Толибон, ки баргузории ин чашн мамнуъ буд, мардум ба богхое мерафтанд, ки бо деворхое махсур шуда буданд, то Толибон мутаваччехи хузури мардум дар бог нашаванд.
Рустоиёни Хирот дар ин руз навъе кейк (торт) ё нони суннатй мепазанд, ки номи он «калифй» (qalifi) аст. Онро дар дег ё калиф мегузоранд ва дар танур зери оташ мекунанд. Аммо шахрнишинон як бори дигар хафт мева омода мекунанд.
Мардон ба пахлавонй ва кудакон хам ба аспаксаворй ва чархуфалаксаворй мепардозанд.
Шахри Хирот дар ин руз ба холи ниматаътил дармеояд, харчанд ин руз таътили расмй нест, аммо хукуматхои мухталиф пайваста ба ин нукта таваччух доштаанд, ки ахолии ин шахр дар сездахумин рузи мохи хамал (фарвардин) ба берун аз шахр мераванд ва то худуди зиёде талош кардаанд ба ин суннати кадимй эхтиром бигзоранд.
Аммо дар Точикистон, ки чашнхои наврузии он дар давраи шуравй ба чахор то панч руз хулоса шуда, сездахуми фарвардин баъзан бо аввали оврил мусодиф мешавад, ки зохиран бо Сездахбадар решаи вохид дорад, аммо аз рохи Урупо ба Осиёи Миёна рох ёфтааст.
Рузи ханда хамон «рузи ахмак»-хои марсум дар Гарб аст. Дар ин руз дустону наздикон сар ба сари хам мегузоранд ва шухй мекунанд ва ба хамдигар дуругхои боваркарданй мегуянд, ки шабех ба «дуруги сездах» дар Эрон аст.
Яке аз дуругхои аввали оврил (апрел), ки дар паи фурупошии Шуравй дар матбуъоти Точикистон мукарраран мунташир шуда, баргузории кунсерти Гугуш – овозхони мусикии попи эронй дар шахри Душанбе буд, ки аз бас такрор шуд, дигар лутфашро аз даст дода ва дуругхои тоза ихтироъ шудаанд.
Точикистон рузи хандаро аз тарики Русия аз Урупо вом гирифтааст. Торихи он дар Урупо хам мубхам аст. Аммо хамаи навиштахои торихй ба пайванди он бо Соли Нави пешини Урупо тибки солшумории жулиюсй ишора мекунанд, ки дар хамон рузи Навруз (21 морс) будааст.
Чашни Соли Нави урупоихо то рузи якуми оврил (сездахуми фарвардин) идома дошт. Дар паи пазириши солшумории грегурй ва интиколи соли нав ба аввали жонвие (январ) дар авохири садаи 16-и мелодй барои солиёни мутамодй афроди зиёде бехабар аз тагйири таквим рузи якуми оврил (апрел)-ро ба унвони поёни чашнхои соли нав тачлил мекарданд.
Ононе, ки аз тагйири таквим огох буданд ва аз он химоят мекарданд, афроди ноогохро ба сухра мекашиданд (масхара мекарданд) ва барояшон хадоёи тухолй мефиристоданд ё онхоро ба чашнхое даъват мекарданд, ки барпо набуд.
Дар Точикистон хама аз пайванди якуми оврил бо Сездахбадар огох нестанд ва онро ёдгоре аз даврони шуравй медонанд.
Абдулфаттох Шафиев – хамкори мо дар шахри Душанбе дар бораи рузи ханда дар Точикистон мегуяд:
«Рузи якуми оврил ба дасти мардуми Точикистон бахонае медихад, то ба холи худ ва нобасомонихои иктисодии кишвари худ биханданд. Ва агар касе гули харфхои дуругашонро хурад, бо ханда мегуянд: «Якуми апрел ба касе бовар накун» (1-го апреля никому не верь).
*Ин гузоришро соли гузашта бо ёрии ёрон барои JadidOnline тахия карда будам.
No comments:
Post a Comment