Чопи китоб дар панч дакика
به دبيره پارسی
Шояд солхост дунболи нусхае аз як китоби нодир мегардед, аммо хеч дакка ё китобхонае халлоли мушкилатон нест. Мегуянд, хамаи нусхахои мавчуд ба фуруш рафта ё он китоби бахусус дигарбора чоп нашудааст.
Ба зудй аз ин посуххои навмедкунанда дигар хабаре нахохад буд. Дастикам дар Омрикои Шимолй, Устролиё ва бархе аз кишвархои Урупо.
Чопгари худкори Espresso, ки дар рузи душанбе, 27 оврил (апрел), аз танхо намунаи он дар Бритониё рунамойи шуд, дастгохест, ки махолро мумкин кардааст. Ин дастгохи гулосо, ки гумон меравад дар оянда кучактар шавад, дар арзи панч дакика як китоби сесадсафхаиро чоп мекунад, сафхахояшро ба хам медузад, чилди рангини пушту руяшро мечаспонад ва дар шакли мучалладе дог ба шумо тахвил медихад. Айни кахваи доги Эспрессу, ки муддати тахияаш такрибан хамин кадр тул мекашад. Китоб аз руи фойли дичитол (ракамй)-и китобе чоп мешавад, ки масалан, сад сол пеш мушташир шуда буд.
Дар холи хозир танхо як бахши китобфурушии Блаквел (Blackwell)-и Ландан дорои Эспрессуст ва дар бойгонии дичитоли он худуди ним милюн чилд китоби кадиму чадид махфуз аст, ки бо фишор додани як тугма метавонад руи мизи шумо карор бигирад. Интизор меравад, то поёни тобистони оянда шумори китобхои дархостиро ба беш аз як милюн чилд бирасонанд. Ва агар мехостед ин хама китобро ба шакли физикй дар фазое карор дихед, кафасахои панчох дуккони китобфурушй хам басанда набуд.
Ширкати Блаквел дар холи гуфтушунуд бо ноширони дохилй ва хоричй аст, то битавонад шумори китобхои дорои хакки имтиёзи нашрро дар бойгонии дичитоли Эспрессу афзоиш дихад.
Масъулони китобфурушй, ки як дастгохи Эспрессуро ба кимати 120 хазор пунд харидаанд, мегуянд, шояд дар оянда битавон ихтироъи мошини Эспрессуро ба бузургтарин тахаввул дар санъати нашри китоб пас аз Гутенберг арзёбй кард. Чаро ки на.
Кимати китобе, ки ба дархости шумо бозчоп шудааст, бо кимати хамон китоб дар бозор фарке намекунад. Тафовут ин чост, ки дар арзи панч дакика хам шумо ба хостаи деринатон расидаед, хам ноширон аз захмати бозчопи анбухи китобе кухна рохат шудаанд ва хам мухити зист осеби бамаротиб камтаре дидааст. Бад-ин чихат, хушбинии мудирони Блаквел дар мавриди дурнмаои чопгари худкорро мешавад муваччах донист. Блаквел касд дорад дар оянда хамаи шаст шуъбаашро дар Бритониё бо дастгохи Эспрессу мучаххаз кунад.
Агар дар фехрести китобхои дичитоли Блаквел унвони мавриди назаратонро наёфтед, аммо мутмаиннед, ки нусхаи дичитоли он дар пойгохе дигар вучуд дорад, боке нест. Кофист нусхаи Пи-Ди-Эф (PDF)-и он китобро руи як лавхи фишурда (CD) ба хурди Эспрессу бидихед. Пас аз чанд дакика нусхаи физикии онро ба даст хохед гирифт.
Агар аз хондани осори дигарон хаста шудаед ва мехохед достони худатонро дар шакли як китоб мунташир кунед, боз хам ин дастгох ба дардатон хохад хурд. Дар вокеъ, Эспрессу огози хамагонй шудани адабиёти чопист. Паёмади он метавонад падидае шабехи торнигорхо ё веблогнависй бошад, аммо дар фазое вокеъй, на мачозй.
Мухтареъи тозатарин навоварй дар санъати чоп Чейсун Эпстойн (Jason Epstein), як ношири омрикоист. Мачаллаи Time-и Омрико Эспрессуро ихтироъи сол унвон кард ва дар намоишгохи китоби имсол дар Ландан Эспрессу бо чопу часпу арзаи як китоби беш аз садсафхайи дар як дакика шигифтии боздидкунандагонро барангехт.
Албатта, мисли хар дастгохи наве Эспрессу хам хануз орй аз нуксу камбуд нест ва гох шитоби баркосои чоп боъис мешавад, ки баргхои чопшуда бичарханду зеру ру шаванду руи синии саххофй карор бигиранд, ки натичаи он ба хам хурдани тартиби сафахоти китоб аст. Дар чунин мавориде нозири дастгох раванди чопро мутаваккиф мекунад, сафхахоро сарусомон медихад ва чопи китобро аз сар мегирад. Гох фосилаи дур ё наздики чопгар аз синии саххофй метавонад баргхоро ба дасти бод бисупорад ва тартиби онхоро ба хам бизанад.
Дар нахустин рузи рохандозии дастгохи Эспрессу дар китобфурушии Блаквели Ландан мавориде аз ин даст мушохида шуд. Масъулони ширкат таъкид карданд, ки хануз мархилаи ошноии кормандони он бо Эспрессу ба фарчом нарасида ва вукуъи чунин иттифокот табиъист.
Як вохид аз ин дастгох дар китобхонаи Искандарияи Миср хам насб шудааст ва баъид нест, ки ба зудй Эспрессу ба дигар кишвархои минтака низ ворид шавад. Зимнан, дастгохи Эспрессуи Искандария аз нахустин чопгархои худкор аст, ки хамзамон бо насби он дар Вошингтун дар соли 2006 рохандозй шуд. Комгории Эспрессу дар бозорхои китоби Омрико, Урупо, Устролиё ва Миср зомини густариши доманаи хузури ин дастгох дар чахон хохад буд.
Дар гузориши тасвирии ЧадидОнлойн чигунагии чопи тарчумаи инглисии гузидае аз газалиёти Хофизи Шерозй ба дархости ЧО-ро мушохида хохед кард. Ин китоб соли 1921 ба калами Элизобет Бричез тавассути Донишгохи Оксфурд мунташир шуда буд ва пайдо кардани он дар китобфурушихои одй амри махол аст.
No comments:
Post a Comment