Sunday, August 30, 2009

A Dervish Keywords

Калидвожахои Як Дарвеш

Имшаб ба калидвожахои чустучухои интернетии хонандагони Як Дарвеш нигох андохтам, то бибинам, ки одамон бештар дар чараёни чустучуи чи вожахое рохашон ба торнигори Як Дарвеш мунтахй мешавад. Барои намуна, агар иборати «Як Дарвеш»-ро руи чустучугари Google бизанед, нахустин унвоне, ки руи сафха зохир мешавад, унвони хамин торнигори мост. Бисёре аз ин рох мехмони мо мешаванд.

Аммо иддае хам бо чидани вожахои дигар ба кулбаи мо сар мезананд, ки бо мурури 50 калидвожаи умда дарёфтам, ки онхоро метавон дастабандй кард. Бештари калидвожахо номхои гуногуни торнигори Як Дарвеш ба лотин ё сириллик ё порсй аст. Мобакиро метавон панч бахш кард: динй, хабарй, адабй, хунарй ва чинсию чинсиятй.

Бештарин мурочеъаро хонандагоне доранд, ки суроги мафхумхо ё ибороти динй мегарданд. Чанд намуна аз ин иборахову чумлахо:

Оё дар мохи шарифи рамазон алокаи чинсй кардан мумкин аст?
Алокаи чинсй дар рамазон мумкин аст ё не?
Вакти намоз
Коидаи хондани намоз
Конун дар бораи дин
Матни Куръони шариф дар (ба) точикй
Сураи Куръон
Тарзи намоз хондани занхо
Чадвали мохи рамазон
Табрикоти мохи шарифи рамазон...

Ибороти хабарии мавриди чустучуи корбарон голибан инхост:

Мирзо Зиёев
Тарчумаи холи Ислом Каримов
Туи Рустам Рахмонов
Хасан Асаддулохзода
Radio Ashgabad...

Чанд намуна аз ибороти адабй:

Хеч шодй нест андар ин чахон
Ашъори Фарзона
Китобхои Фарзона
Бозор Собир
Шеъри Лоик
Шеъри Хофиз
Маро бисуду...

Ибороти хунарй:

Arash
Клипхои эронй
Муборакшох
Суруди миллии Точикистон
Далер Назаров...

Ва саранчом чинсию чинсиятй:

Рамазон ва алокаи чинсй
Духтархои точик
Точикистон girls...

Ин баррасии кучак метавонад гуёи тасвири бузургтаре аз алокахои корбарони точики Интернет бошад. Дар бисёре аз маворид худи ман шигифтзадаам, ки чи гуна як чустучуи бахусус корбарро ба кошонаи Як Дарвеш расондааст. Барои намуна, ёдам намеояд, ки дар бораи рамазон ва алокаи чинсй дар торнигор чизе мунташир карда бошам, аммо ин калидвожа мукарраран рохро ба суи торнигори мо хамвор кардааст. Шояд хикмате дар он нухуфтааст, ки тааммул мехохад.

Ногуфта намонад, ки пайгирии калидвожахои чустучугархоро ба тозагй рохандозй кардаам ва дар оянда бароянди он метавонад мутафовит бошад.

Friday, August 28, 2009

Tashqurqan Tajik Aptonom Nahiyisi

Нохияи Худмухтори Точики Тошкургон

Дар замони шуравй мо маънии «нохудогохй»-ро ламс кардем. Ва чунон ин мафхуми зиштро пармосидем, ки олудагии он то кунун аз зехну вучуди мо дур намешавад. Ба андозае чашму-гуш-баста будем, ки барои мо шигифтй дошт, вакте огох шудем, ки порсигуёни Афгонистон худро «афгон» намедонанд, балки бо ифтихор номи «точик»-ро ядак мекашанд.

То ин хакикатро фаро гирифтем, бо хакикате дигар рубару шудем, ки дар Чин хам хамкавмоне дорем, ки дар миёни он хама аквоми яъчучу маъчуч хувияти эронии худро хифз кардаанд ва (чи ачаб!) то кунун худро «точик» медонанд.

Хануз ба гувориш (хазм)-и ин хакикат даст наёфта будем, ки дарёфтем дар хамон кишвари Чин минтакае хаст, ки расман бо номи кавми мо шинохта мешавад: «Нохияи Худмухтори Точики Тошкургон» (تاشقۇرقان تاجىك ئاپتونوم ناھىيىسى‎, Tashqurqan Tajik Aptonom Nahiyisi). Ин нохия дар бохтар (гарб)-и Туркистони Шаркй (Синчиёнг) вокеъ аст ва худуди 28 хазор чамъият дорад, ки бештарашон точиканд ва ба гуиши сарикулй такаллум мекунанд. Яке аз ду забони расмии Туркистони Шаркй (ки ба забони чинй мешавад Синчиёнг ё «марзхои нав») уйгурист. Ин нохияи точик соли 1954 ба унвони бахше аз минтакаи Кошгари Туркистони Шаркй таъсис шуд.

Туркистони Шаркй аз лихози таркиби кавмй дар Чин ягона аст. Дар ин сомон беш аз 40 кавми гуногун бо русуму ойинхои вижаи худ ба сар мебаранд, ки яке аз онхо точикон ё эрониёнанд.

Ин нукта хам барои мо тозагй дошт, ки истилохи расмии «забони точикй» дар Чин аз истилохе, ки Шуравй барои мо сохт, мутафовит аст. «Забони точикй»-и мо хамон забони порсист, бо дасткорихои вайронгари шуравй. Аммо барои як чинй «забони точикй» гуиши сарикулист, ки аз чумлаи гуишхои помирй аз шохаи забонхои эронии шаркист. Барои дарки наздикии ин гуиш бо забонхои бадахшии Точикистон ба чанд намуна таваччух кунед:

Вожаи «писар» дар гуиши шугнй “puts” ва дар сарикулй «pɯts» талаффуз мешавад. «Об» ба шугнй “xats” ва ба сарикулй хам «xats» аст. Талаффузи вожаи «даст» дар гуиши шугнй «ðust» ва дар сарикулй «ðɯst» аст. «Тsem»-и шугнй ба маънои «чашм» дар гуиши сарикулй хам «tsem» аст. «Гушт»-и порсй дар гуиши шугнй ба шакли «ɡuːxt» ва дар гуиши сарикулй «ɡɯxt» хичча мешавад. «Дур»-и порсй хам дар шугнй ва хам дар сарикулй ба шакли «ðar» омадааст.

Кутохсухан, шугнй ва сарикулиро ба андозае ба якдигар наздику хамонанд дарёфтам, ки мутмаиннам як точики чинй бо як точики Бадахшони Точикистон метавонанд бе душворй якдигарро бифахманд.

Аммо хакикате, ки ба ростй маро шефта кард, ин буд, ки хатто дар Чин эрониёне, ки дар баробари хушунати замонахо тоб овардаанд, хамчунон худро «точик» меноманд, ки барои аквоми туркзабони хамсоя, ба монанди уйгурхо мутародиф (синоним)-и вожаи «эронй» буд. Бо вучуди ин ки забони эронии онхо порсй нест, номи кавмашон акнун чи барои худи онхо ва чи барои бегонагон «точик» аст. Ин хакикат замоне магзи одамро бо чаккуш (болга) мекубад, ки килу колу сарусадои махалгароёни Точикистон гуши фалакро кар мекунад. Он азизони дуруфтода бо чи сарсахтй дар баробари аквоми турку чинй аз хувияти эронии худ мурокибат кардаанд, дар холе ки мо талош мекунем худамонро дар рустохоямон махсур кунем.

Чанд акс аз точикони Тошкургон:





Wednesday, August 26, 2009

Poll: Dervish's New Layout

Тарху намои нави Як Дарвеш ва "дунболадор" шудани навиштахои дароз бехтар аст?

На 9 (39%)

Оре 13 (56%)

Шояд 0 (0%)

Намедонам 1 (4%)

Votes so far: 23
Poll closed

Дар бораи назарсанчии ин хафта аз дусти беноме дар Точикистон паёми зерро дарёфт кардем:

«Тархи думболадор аслан барои мо, ки сафхаи шуморо як бор боз намуда ва зуд интернетамонро хомуш намуда онро мутолиа менамоем, писанд нест.
Аз ин ру хохиш мекунем, сомонаро дар шакли аввалаш баргардонед! Барои камбагалон!»

У дар идома тавзех дод:

«Дар Точикистон хастам ва интернете дорам, ки соаташ як долари амрикоиро ташкил медихад. Шояд 1 долар соате барои шумо хандаовар, аммо барои мо дардовар аст. Барои ин субх ман тамоми сафхахои интернетиро дар муддати дах дакика боз мекунам ва зуд интерентамро хомуш менамоям ва о сафхахаои бозшударо мутолиа мекунам. Ташаккур!»

На, дусти азиз. Хеч хам хандаовар нест ва ба ростй, як дулор дар соъат барои мо хам гарон тамом мешавад. Дар Бохтарзамин интизор меравад Интернет хатталимкон арзонтар ё хатто дар чойхое ройгон шавад, ба монанди дигар мояхточи зиндагй чун об. Ва касе хозир нест дар хонааш дар киболи як соъат истифода аз Интернет як пунд ё хатто як дулор бипардозад. Кимати Интернетро дар ин чо мохона хисоб мекунанд, ки ба маротиб арзонтар аст.

Ба хар хол, ба ин дуст дар Точикистон кавл дода будам, ки барои тархи сафхаи Як Дарвеш рохи севуме пайдо кунам, ки хам лаъл ба даст ояду хам ёр наранчад. Ва зохиран пайдо шуд. Аз ин ба баъд матолиби тозаи Як Дарвеш дар шакли комил барои чанд руз бокй мемонад ва танхо бо интишори яке-дуто матлаби тоза «дунболадор» мешавад; яъне руи сафхаи аслй танхо унвон ва чанд чумлаи нахусти матлаби кухнаро хохед дид. Хамон иттифоке, ки бо матлаби "Писаре эронй..." уфтод. Аммо ин иттифок замоне меуфтад, ки хамаи хамрохони Як Дарвеш дар Точикистон фурсати хондани тозатарин матлаб руи сафхаи аслиро дошта бошанд.

Сипос аз хамрохитон,
Як Дарвеш

Tuesday, August 25, 2009

Ascetic Tricks

Чилвахои зохидона

Дар яке аз торнигорхои мазхабй омадааст:

«Бидонед, ки Худои мутаъол мардуми букаламунсифатро душман дорад; яъне мардуме, ки хар дакикаву хар соъат ба як ранг хастанд ва садокат дар онхо вучуд надорад.»

Аммо шуморе аз букаламунсифатон, дар вокеъ, шумори касире аз онхо, хамоно бо барафроштани парчами мазхаб имруза ба худ ранге тоза задаанд ва чилвае мутафовит, чи басо мутазодд бо чилваи пешини худ ихтиёр кардаанд.

Яке-ду руз пеш аз дусте хоста будам, ки аз як устоди сохибкитоб дар Точикистон тафсиру таърифи ойини риндию чавонмардиро чуё шавад. 15 дакика садои он сохибкитобро, ки борхо дар ин бора рисолахо навиштаву чоп кардааст, бароям фиристод. Аммо пеш аз ирсоли садо гуфт, ки матлаб магзи малмусе надорад, то танхо хамон тиккаро бароям бифиристад. Пас аз ду-се дакикаи пахши навор садокати каломи дустамро дарёфтам.

Инсоне, ки дар гузашта талош мекард ойини риндиро ба унвони навъе исён дар баробари мазхаб ба хурди сардамдорони низоми кумунистй дихад, акнун ба зур мекушад хамон ойинро ба унвони шевае аз тачаллии диндорию мазхабгаройи муъаррифй кунад. Ба ин мегуянд, аз чола ба чох уфтодан. Ё ифроту тафрит (две крайности), ки аз Миёнгини Заррин (эътидол) беибо убур кардаву ба нихояте дигар расидааст. Дуст доштам он фарди сохибкитоб рубаруям бошад, ки бо хифзи адабу эхтиром ба у бигуям: На ба он шуриии шурй, на ба ин бенамакй. Мо ки шуморо хуб мешиносем, устод. Мо ки бо андешахои шумо ба хубй ошно будем. Холо чи чизе боъис шуда, ки тагйири 180-дарачайи дар мавзеъи шумо иттифок биуфтад?

Албатта, агар тагйир маъкул бошад, ба масобехи пуёйи ва такомул аст. Аммо тагйире, ки савор бар боди замона бошад, маъмулан номаъкул аст. Масалан, ин байти Хофизро, ки мегуяд:

Зохидон, к-ин чилва дар мехробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд

мо хамеша ба унвони намунае аз такбех ё сарзаниши зохидони риёкор мешинохтем. Акнун, ки ин фарди сохибкитоб бо тагйири замона ё дар вокеъ, вижагихои макон аз як гуша ба гушае дигар частааст, мегуяд, манзури Хофиз аслан ва абадан интикод аз зохидон набудааст, чунки зохидон хамвора поксиришт будаанд. Манзури Хофиз аз «он кори дигар» на коре хилоф, балки корхои риндонаву чавонмардонае будааст, ки зохидон ба дур аз минбару мехроб анчом медодаанд.

«Косаи догтар аз ош» ба ин нагуянд, ки ба чй ё кй бигуянд?

Руз ба руз ва беш аз пеш эхсос мешавад, ки чомеъаи ба нисбат равшанфикри Точикистон ру ба сарзамини ибхомоти мовароуттабиъа мегузорад, бидуни ин ки далели муткану устуворе барои ру тофтан аз сарзамини илму дониши аклонй дошта бошад. Гусастагии якбора ва бемукаддима аз дониш ва такрори тутивори суханони авом аз суи хавос марзи миёни ому хосро аз миён бурдааст ва бо чунин неруи «равшанфикр»-е ояндаи равшане барои ин чомеъа намебинам.

Saturday, August 22, 2009

Iranian boy tells of prison rape ordeal

Писаре эронй аз тачовуз ба худаш мегуяд*

Рузномаи Times чопи Ландан дар шумораи рузи шанбеи худ матлабе мунташир кардааст, ки хокй аз гирифторихои як навчавон дар зиндонхои Эрон аст. Матлаби зер матни комили он гузориш аст.

Хумо Хумоюн

in English

به دبيرۀ پارسی

Писари 15-солае дар як хонаи амн дар маркази Эрон бо пайкару равони шикаста нишаставу гиря мекунад. Ризо берун намеравад ва аз танхойи метарсад. Мегуяд, ки мехохад ба зиндагиаш поён дихад ва дарки далели ин тамоюлаш мушкил нест: у танхо ба хотири ин ки мучбанд (дастбанд)-и сабзи мухолифони давлати Эронро дар даст дошта, ба муддати бист руз дарбанд буда ва мукарраран мавриди лату куб ва тачовуз карор гирифтааст. Озори чинсие, ки Ризо мутахаммил шуда, ба шиканчахои зиндони Абу Гурайб мемонад; хамон шиканчахое, ки макомоти эронй ба хотири он давлати Омрикоро такбех карда буданд.

Ризо дар гуфтугу бо рузномаи «Тоймз»-и Ландан он рузхои сахтро ба ёд оварду гуфт: «Зиндагии ман ба сар расида. Фикр намекунам, ки рузе битавонам аз ин холат рахо шавам.» Ризо ба шарте мувофикат кард бо Тоймз гуфтугу кунад, ки хувияташ ошкор нашавад. Пизишки муъоличи вай бо такаббули хатаре, ки худи уро тахдид мекунад, таъйид кард, ки Ризо тамоюл ба худкушй дорад ва пайкараш пур аз захмхоест, ки бо чузъиёти достони у хамхонй дорад. Хонаводаи Ризо навмедона мекушанд хар чи зудтар Эронро тарк кунанд.

Ризо аз шавохиди зиндаи иттихомотест, ки ахиран Мехдии Каррубй, яке аз рахбарони мухолифон, матрах кардааст. Вай макомоти зиндонхои Эронро ба тачовузи мустамарри зиндониёни марду зан барои шикастани иродаи онхо муттахам мекунад. Режим ба навбаи худ мегуяд, ки окои Каррубй бо дуругпароканй об ба осиёби душманони Эрон мерезад ва тахдид кардааст, ки уро боздошт хохад кард.

Бархурд бо ин писарбача гуёи ин хакикат аст, ки як режими муддаъии дифоъ аз арзишхои исломй барои саркуби милюнхо тан аз шахрвандонаш, ки интихоби дубораи Махмуди Ахмадинажодро такаллубй медонанд, аз хеч талоше фуругузор намекунад.

Гирифторихои Ризо дар авосити мохи жуие (июл) замоне огоз шуд, ки уро хамрох бо 40 навчавони дигар дар чараёни тазохуроти эътирозй дар яке аз шахрхои бузурги Эрон боздошт карданд. Бештари ин навчавонон вочиди шароити раъй набуданд. Онхоро ба чое бурданд, ки ба бовари Ризо, як пойгохи басечихо буд; чашмонашонро бастанд, либоси руро аз танашон дароварданд, бо кобл шаллокашон заданд ва баъдан дар як контейнери пулодин махбусашон карданд. Дар хамон шаби нахуст се марди либосшахсй, ки худро зиндонй вонамуд мекарданд, Ризоро дар баробари чашми хамрохонаш ба замин андохтанд. Дар холе ки яке аз мардон сари уро ба зер фишор медод, дуввумй бар пушташ савор шуд ва севвумй руи бадани Ризо шошид ва ба у тачовуз кард.

Ризо мегуяд:

«Онхо ба мо гуфтанд, ки ин корро дар рохи Худо мекунанд ва ин ки мо бо чи хиёле ба худамон хакк дода будем алайхи давлат эътироз кунем.»

Он се мард ба дигар бачахо хушдор доданд, ки агар фардои он руз бо бозпурсон хамкорй накунанд, хамин бало ба сари онхо хам хохад омад.

Пас аз он Ризоро беруни контейнер бурданд ва ба як милаи филизй бастанд ва то субх рахояш карданд.

Субх яке аз он мардхо омаду аз Ризо пурсид, ки оё аз иттифоки шаби гузашта дарс гирифта ё на.

«Ман хашмгин будам. Ба сурати он мард туф кардам ва душномаш додам. У бо оринчу кафи дасташ яке-ду бор ба суратам зад.»

Бист дакика баъд хамон мард бо як кисаи пур аз мадфуъ дубора баргашт ва он кисаро руи сурати Ризо собид ва тахдид кард, ки ба хурдани мадфуъ водораш хохад кард.

Дертар Ризоро ба утоки бозпурсй бурданд. У ба бозпурсаш мочарои тачовузро таъриф кард. Акнун Ризо муътакид аст, ки таърифи он мочаро кори иштибохе буд.

«Бозпурс хушбархурд буд, аммо чашмхои ман баста буд. У гуфт, ки казияро пайгирй хохад кард ва ман умедвор шудам.»

Ба чои пайгирй бозпурс дастур дод, ки дасту пои Ризоро бибанданд, то бори дигар ба у тачовуз шавад.

«Ин бор худи ман ин корро мекунам, то бифахмй, ки ин достонхоро набояд чои дигар бигуйи. Ин кор хаккат аст. Ба шумохо бояд то дами маргатон тачовуз кард.»

Бори дигар у мавриди тачовузи вахшиёна вокеъ шуд. Барои се руз у дар як силлул (камера)-и инфиродй махбус буд.

Сипас мачбураш карданд зери «эътироф»-е имзо кунад. Дар «номаи эътироф» омада буд, ки хоричихо аз у ва дустонаш хоста буданд, ки бонкхо ва сохтмони расонахои давлатиро ба оташ бикашанд. Аз у хостанд, ки як дусти 16-солаашро ба унвони саркардаи гурух муъаррифй кунад. Он дусташро ба хадде лату пор карда буданд, ки дар бемористон бистарй буд.

«Ман сахт меларзидам, ба хадде, ки намешунидам ба ман чи мегуянд. Бидуни ин ки номаро хонда бошам, зери он имзо кардам. Тарсам ин буд, ки онхо дубора ба ман тачовуз хоханд кард.»

Рузи баъдй Ризо ва дигар боздоштиёнро ба як боздоштгохи пулис мунтакил карданд ва як хафтаи дигар он чо монд.

Дар нимашаби рузи севвум афсарони пулис вориди силлул шуданд, чашмонашро бастанд ва уро ба дастшуйи бурданд ва дар он чо бори дигар ба у тачовуз карданд. «Дастони ман ба ларза уфтода буд ва пойхоям лак (заъиф) шуда буд. Наметавонистам сари по биистам. Уфтодаму сарамро сахт ба каф кубидам, то бимирам. Чегу фарёд задам ва аз онхо мехостам, ки манро бикушанд. Дигар тахаммулашро надоштам ва аз худам мутанаффир будам.» Ризо мегуяду ашк мерезад.

Фардои он руз як фармондехи пулис уро фаро хонд ва пурсид, ки чаро шаби гузашта он хама фарёд мезад. Баъд аз ин ки у далели фарёдашро тавзех дод, фармондех аз у пурсид, ки чи касе ба у тачовуз кардааст. Писарбача гуфт, ки бо чашмони баста наметавонист мутачовизонашро бибинад. Фармондех уро кутак зад ва ба дуруггуйи муттахамаш кард ва Ризоро водошт, ки зери як номаи дигар имзо кунад. Дар он нома Ризо «эътироф» мекард ки алайхи нерухои амниятй иттихомоти бепояеро матрах кардааст.

Аммо ин поёни мусибатхои Ризо набуд. Уро хамрох бо худуди 130 зиндонии дигар ба мухавватаи Додгохи Инкилоби шахр бурданд. Козй эълом кард, ки мухолифони сарсахти Инкилоби Исломиро ба дор хохад овехт. Вай номи дах навчавонро бархонд, ки Ризо хам дар он миён буд. Паёми козй равшан буд: Агар бачахо бори дигар дам аз тачовуз ба номусашон бизананд, эъдом хоханд шуд.

Козй онхоро ба зиндони марказии шахр фиристод. Ба Ризо дастбанд заданд ва барои дах руз бо шаш писари дигар дар як силлули кучак нигах доштанд. Шомгохон афсарон бачахоро кутак мезаданд ва бо тамасхур мегуфтанд: «Шумо мехохед инкилоб кунед?»

Дар мавориде аршадтарини афсарон се тан аз бачахоро бо худ мебурд. Ризо мегуяд:

«Вакте бачахо бар мегаштанд, хеле орому норохат буданд.» Вакте навбат ба Ризо расид, у ва ду бачаи дигарро ба як утоки кучак бурданд ва дастур доданд либосашонро дарбиёранд ва бо хам амали чинсй анчом диханд.

«У ба мо гуфт, ки аз ин тарик мо ба тазкия (покй)-и нафс хохем расид ва дигар ёрои нигох кардан ба чашмони хамдигарро нахохем дошт. Мегуфт, ин кор моро ором хохад кард.»

Пас аз 20 руз саранчом хонаводаи Ризо муваффак шуданд бо пардохти васикае 45 хазор пундй уро аз зиндон дар биёваранд. Кабл аз озодй ба Ризо бори дигар хушдор доданд, ки дар бораи иттифокоте, ки бо у уфтода, ба касе чизе нагуяд. Бародари Ризо мегуяд: «Як дусти ман, ки нигахбони зиндони Ризо буд, ба ман гуфт, ки у бемор шуда. Шабе, ки озодаш карданд, беихтиёр гиря мекард; баъдан хамаи мочароро ба модарам таъриф кард.»

Хонаводаи Ризо як пизишкро мутакоъид карданд, ки алорагми хатаре, ки мутаваччехаш хохад шуд, уро муъолича кунад. Пизишк захмхои сатхи бадани Ризоро дармон карда ва ба у антибиутик ва дору дода, вале наметавонад муъоинаи дарунй анчом дихад. Ризо амикан зарба хурда, аз эхтимоли бозгашт ба зиндон вахшат дорад ва шабхо бехобй мекашад.

Пизишки у ба рузномаи Тоймз гуфт, ки дигар боздоштиён хам хамин сарнавиштро доштаанд:

«Мо дар бемористон мавориди мушобехи бисёре дорем, вале наметавонем он маворидро гузориш кунем. Онхо ба мо ичоза намедиханд, ки барояшон парванда боз кунем ва чузъиётеро руи когаз оварем.»

Дрюрй Дойк, пажухишгари созмони Афви Байнулмилал дар умури Эрон мегуяд, ки достони Ризо бо дигар гузоришхое, ки ин созмон дарёфт кардааст, хамхонй дорад; гузоришхое, ки хокй аз поймол кардани шарафу номуси инсонй, озори бекайду банд ва бидуни ручуъ ба додгох ва хатто хамдастии макомоти казойи дар тачовуз ба номуси зиндониён ва нодида гирифтани хакки ибтидоии дастрасй ба мурокибати пизишкист.

Ризо лоакал аз ин мусибат зинда берун омад, то достонашро барои чахониён таъриф кунад. Аммо дусти 16-солааш, ки у мачбур буд ба унвони рахбари гурухашон муъаррифй кунад, аз шиддати захмхое, ки бардошта буд, дар бемористон чон дод.

*Хувияти афроде, ки дар макола зикрашон рафтааст, махфуз аст.

Wednesday, August 19, 2009

Yas - Ba Man Bash

Ёс - Бо ман бош!

Хануз поёни коила нест:

Poll: Rustam Not to Inherit Presidency

Оё пас аз Рахмон раёсати чумхурй ба Рустами Эмомъалй хохад расид?

Оре 2 (10%)

На 14 (70%)

Шояд 4 (20%)

Намедонам 0 (0%)

Votes so far: 20
Poll closed

Муртабит: Нахустин кадамхои Рустами Эмомъалй ба сиёсати калон

Monday, August 17, 2009

Karzai = Ahmadinejad? Dr. Abdullah = Mousavi?

Карзай = Ахмадинажод? Др. Абдуллох = Мусавй?

به دبيرۀ پارسی زير مطلب سيريليک

Номзадхои раёсати чумхурии Афгонистон хак доранд то поёни имруз корзори таблиготии худро идома диханд ва аз 48 соъат пеш аз баргузории раъйгирй бояд дигар забон ба таблиги худ ё накухиши ракибони худ нагушоянд. Дар бисёре аз кишвархо ин фосилаи сукути таблиготй 24 соъат аст, аммо на дар Афгонистон.

Корзори интихоботи раёсати чумхурии Афгонистон ду мох пеш бо 41 номзад огоз шуд ва акнун бо 30 номзад ба сар мерасад. 11 номзад дар нимарох номзадии худро ба нафъи ин ё он кондидои бартар пас гирифтанд.

Боризтарин чехрахое, ки дар миёни номзадхо мондаанд, мусалламан, шахси раисичумхур Карзай ва ракиби умдаи у дуктур Абдуллох аст. Номи Ашраф Ганй Ахмадзай ва Рамазони Башардуст хам дар миёни номзадхои нисбатан махбуб дида мешавад. Дар огози муборизот хадси коршиносон бар ин буд, ки Хомид Карзай бе захмати чандоне дар ин масоф пируз хохад шуд. Аммо бо гузашти замон ва бо чилваи тахсинбарангези дуктур Абдуллох дар сафархои таблиготиаш дидгоххои коршиносона ва омори назарсанчихо то хадди зиёде тагйир кард. Акнун бовари голиб бар ин аст, ки Карзай дар ин интихобот бо ракиби сарсахту кавие рубаруст ва хатто имкон дорад интихобот вориди даври дуюм шавад ва Карзайу дуктур Абдуллох ба пайкори тан ба тан бираванд. Ин мавзуъ то се-чахор рузи дигар, дар паи эъломи натичахои раъйгирй ошкор хохад шуд.

Корзори интихоботии Афгонистон ин бор аз хар навъ интихоботи дигар дар ин кишвар башиддат мутафовит аст ва то хадди зиёде аз корзори интихоботии Эрон моя гирифтааст. Корбурди расонахои навин, ба монанди Facebook-у Twitter, паёмакхои телефунй, мунозироти телевизюнии номзадхо, дар канори интихоби ранги вижа корзори интихоботии ду кишварро ба хам шабех кардааст. Сахнаороии интихоботи Афгонистон ба гунаест, ки коршиносон ба нохудогох Карзайро дар макоми Ахмадинажод ва дуктур Абдуллохро дар чойгохи Мусавй карор медиханд. Чои ранги сабзи чунбиши Эронро дар Афгонистони хамсоя ранги обии дуктур Абдуллох гирифтааст. Худи дуктур Абдуллох хам мункири ин хамонандй нест ва мегуяд: «Мо бо ранги обй ба суи ояндае сабз меравем.»

Хаводорони сарсахти дуктур Абдуллох голибан аз чумлаи хомиёни Чабхаи шимоли Афгонистон ва пайравони Ахмадшохи Масъуди мархуманд. Аз суи дигар, доштани падари паштун ва модари точик ба дуктур Абдуллох тавоноии чазби раъйхои ду кавми умдаро додааст. Аз хамин холо бархе аз хаводорони у тахдид кардаанд, ки бо хар навъ тахаллуф дар раъйгирй мукобила хоханд кард.. Ба гуфтаи яке аз онхо дар торнамои Facebook, эътирози хаводорони дуктур Абдуллох «ба шеваи афгонй» ва бо истифода аз «Колошникуф» сурат хохад гирифт. Ин навъ тахдидхо фазои Афгонистонро танишолуд кардааст ва ба назар меояд, ки ин кишвари чангзада обистани хаводиси пурошуби дигарест.

Аммо он чи дар корзори интихоботии Афгонистон хоизи ахамият аст ва барои кишвархои бастае чун Точикистон метавонад омузанда бошад, риъояти усули демукросй дар он буд. Яъне Афгонистон дар айни фаро гирифтани дарси демукросй ба давлатхои мустабидди хамсоя хам дарс медихад. Интикод аз раисичумхури вакт накли махофили мухолифони Карзай буд ва дар барномахои телевизюнй бемумонеъат пахш мешуд. Ба гунае, ки худи Карзай аз ширкат дар нахустин мунозираи телевизюнй дар шабакаи «Тулуъ» сар печид ва ин шабакаро ба доштани мавзеъи суъ муттахам кард. Яъне раисичумхури кишвар дар баробари як расона мавзеъ гирифт, ки нишони истиклоли раъйи расона аст.

Дар миёни хостахои номзадхо хам озодй ва гуногунии дидгоххо эхсос мешавад. Аз як су касе чун Башардуст эълом мекунад, ки дар сурати пирузй шахри Пешовари Покистон ва Исфахони Эронро ишгол хохад кард. Аз суи дигар номзаде чун Латифи Пидром мегуяд, ки казияи хатти Дюронд ва мунокиша бо Покистонро бо бахшидани он хок ба Исломобод хохад баст ва Афгонистонро ба кунфедеросиюне табдил хохад кард, ки дар он Толибон хам дар хитаи нуфузашон хукумати худро хоханд дошт. Тайфи хостахо бисёр васеъ аст ва ба хамон андоза дорои ифроту тафрити сиёсист. Аммо он чи мусаллам аст, равони сиёсии зиндаи мардуми Афгонистон аст, ки бо вучуди он хама чангу хунрезй ва хатароти кунунй хамчунон дам аз истиклолу озодй ва шукуфойи мезананд.

کرزی = احمدی نژاد؟ دکتر عبدالله = موسوی؟

نامزدهای رياست جمهوری افغانستان حق دارند تا پايان امروز کارزار تبليغاتی خود را ادامه دهند و از 48 ساعت پيش از برگزاری رأيگيری بايد ديگر زبان به تبليغ خود يا نکوهش رقيبان خود نگشايند. در بسياری از کشورها اين فاصلۀ سکوت تبليغاتی 24 ساعت است، اما نه در افغانستان.

کارزار انتخابات رياست جمهوری افغانستان دو ماه پيش با 41 نامزد آغاز شد و اکنون با 30 نامزد به سر می رسد. 11 نامزد در نيمه راه نامزدی خود را به نفع اين يا آن کانديدا پس گرفتند.

بارزترين چهره هايی که در ميان نامزدها مانده اند، مسلماً شخص رئيس جمهور کرزی و رقيب عمدۀ وی دکتر عبدالله است. نام اشرف غنی احمدزی و رمضان بشردوست هم در ميان نامزدهای نسبتاً محبوب ديده می شود. در آغاز مبارزات حدس کارشناسان اين بود که حامد کرزی بی زحمت چندانی در اين مصاف پيروز خواهد شد. اما با گذشت زمان و با جلوۀ تحسين برانگيز دکتر عبدالله در سفرهای تبليغاتی اش ديدگاه های کارشناسانه و آمار نظرسنجی ها تا حد زيادی تغيير کرد. اکنون باور غالب بر اين است که کرزی در اين انتخابات با رقيب سرسخت و قوی ای روبروست و حتا امکان دارد انتخابات وارد دور دوم شود و کرزی و دکتر عبدالله به پيکار تن به تن بروند. اين موضوع تا سه-چهار روز ديگر، در پی اعلام نتيجه های رأيگيری آشکار خواهد شد.

کارزار انتخاباتی افغانستان اين بار از هر نوع انتخابات ديگر در اين کشور به شدت متفاوت است و تا حد زيادی از کارزار انتخاباتی ايران مايه گرفته است. کاربرد رسانه های نوين، به مانند فيس بوک، تويتر، پيامک های تلفنی، در کنار انتخاب رنگ ويژه، کارزار انتخاباتی دو کشور را به هم شبيه کرده است. صحنه آرايی انتخابات افغانستان به گونه ای است که کارشناسان به ناخودآگاه کرزی را در مقام احمدی نژاد و دکتر عبدالله را در جايگاه موسوی قرار می دهند. جای رنگ سبز جنبش ايران را در افغانستان همسايه رنگ آبی دکتر عبدالله گرفته است. خود دکتر عبدالله هم منکر اين همانندی نيست و می گويد: ما با رنگ آبی به سوی آينده ای سبز می رويم."

هواداران سرسخت دکتر عبدالله غالباً از جملۀ حاميان جبهۀ شمال افغانستان و پيروان احمدشاه مسعود مرحومند. از سوی ديگر، داشتن پدر پشتون و مادر تاجيک به دکتر عبدالله توانايی جذب رأی های دو قوم عمده را داده است. از همين حالا برخی از هواداران او تهديد کرده اند که با هر نوع تخلف در جريان رأیگيری مقابله خواهند کرد. به گفتۀ يکی از آنها در تارنمای فيس بوک، اعتراض هواداران دکتر عبدالله "به شيوۀ افغانی" و با استفاده از "کالاشنيکف" صورت خواهد گرفت. اين نوع تهديدها فضای افغانستان را تنش آلود کرده است و به نظر می آيد که اين کشور جنگ زده آبستن حوادث پرآشوب ديگری است.

اما آن چه در کارزار انتخاباتی افغانستان حائز اهميت است و برای کشورهای بسته ای چون تاجيکستان می تواند آموزنده باشد، رعايت اصول دمکراسی در آن بود. يعنی افغانستان در عين فرا گرفتن درس دمکراسی به دولت های مستبد همسايه هم درس می دهد. انتقاد از رئيس جمهور وقت نقل محافل مخالفان کرزی بود و در برنامه های تلويزيونی بی ممانعت پخش می شد. به گونه ای که خود کرزی از شرکت در نخستين مناظرۀ تلويزيونی در شبکۀ طلوع سر باز زد و اين شبکه را به داشتن موضع سوء متهم کرد. يعنی رئيس جمهور کشور در برابر يک رسانه موضع گرفت که نشان استقلال رأی رسانه است.

در ميان خواسته های نامزدها هم آزادی و گوناگونی ديدگاه ها احساس می شود. از يک سو کسی چون بشردوست اعلام می کند که در صورت پيروزی شهر پيشاور پاکستان و اصفهان ايران را اشغال خواهد کرد. از سوی ديگر، نامزدی چون لطيف پدرام می گويد که قضيۀ خط دوراند و مناقشه با پاکستان را با بخشيدن آن خاک به اسلام آباد خواهد بست و افغانستان را به کنفدراسيونی تبديل خواهد کرد که در آن طالبان هم در حيطۀ نفوذشان حکومت خود را خواهند داشت.

طيف خواسته ها بسيار وسيع است و به همان اندازه دارای افراط و تفريط سياسی است. اما آن چه مسلم است، روان سياسی زندۀ مردم افغانستان است که با وجود آن همه جنگ و خونريزی و خطرات کنونی همچنان دم از استقلال و آزادی و شگوفايی می زنند.

Tuesday, August 11, 2009

Molla Hasani: Two Raka’ahs of Sexual Assault

Ахиран Мехдии Каррубй – аз номзадхои муътариз ба натичахои интихоботи Эрон бо ирсоли номае ба Акбар Хошимии Рафсанчонй – раиси Мачлиси Хубрагон хостори тахкики шоеъот дар бораи тачовуз ба духтарону писарон дар боздоштгоххо шуд.

Вай дар ин нома аз чумла навиштааст:

«Иддае аз афроди боздоштшуда матрах намудаанд, ки бархе афрод ба духтарони боздоштй бо шиддате тачовуз намудаанд, ки мунчар ба эчоди чарохот ва порагй дар системи таносулии онон гардидааст. Аз суи дигар, афроде ба писархои чавони зиндонй бо холате вахшиёна тачовуз кардаанд, ба тавре, ки бархе дучори афсурдагй ва мушкилоти чиддии рухию чисмй гардидаанд ва дар кунчи хонахои худ хазидаанд.»

Матни зер навиштаи торнигори «Мулло Хасанй» аст, ки ба хамин мавзуъ ихтисос дорад.

***

Ду ракъат тачовузи чинсй

به دبيرۀ پارسی

Агарчи тачовузи чинсй ба зиндониён ва боздоштшудагон мавзуъи тозае нест, вале ин ки аз он ба унвони хурд кардани шахсияти зиндонй ва эътирофгирй истифода шавад ва табдил ба як шева ва рохкори мукобила бо мухолифон гардад, вокеъан як мусибат аст.

Ман хамеша ин нуктаро гуфтаам, ки катлу чурму чиноят дар хама чо хаст ва мумкин аст аз хар одами одию маъмулй сар бизанад. Вале торих гувох аст, ки катлу чурму чинояте, ки ба номи мазхаб ва барои хушнудии Худо сурат мегирад, бисёр хавлноктар ва вахшиёнатар аст. Ин аст, ки дар номаи Мехдии Каррубй ба ин нукта ишора шуда, ки ба зиндониёни чи марду чи зан ба сурати чамъй ончунон тачовуз мешавад, ки порагии андоми тахтонии онхоро дар пай доштааст.

Фикр накунед он мавчудоти инсоннамое, ки муртакиби чунин чиноятхое мешаванд, аз кураи Миррих омадаанд ё, масалан, аъзои Хизбуллохи Лубнон ва Хамос ва сарбозони рус хастанд, ки инчунин вахшиёна бо хамватанони мо рафтор мекунанд. Хайр, инхо хамон бародарони посдори (инкилоби исломии) худамон хастанд. Хамонхое, ки як ман риш доранд ва шабхои чумъа дуъои Кумайлашон тарк намешавад ва рузхои чумъа дар дуъои нудба ончунон дар фироки «Око» («имоми замон») гиря мекунанд, ки сураташон аз шиддати ашк хис мешавад. Инхо хамон касоне хастанд, ки мавкеъи мувочеха бо як хонуми бадхичоб, ки, масалан, русариаш каме аз хадди стондорд акибтар рафта, фавран сарашонро ба зер меандозанд ва «астагфуриллох» мегуянд. Касоне муртакиби ин тачовуз шудаанд, ки дар мохи рамазон руза мегиранд ва дар шабхои Ахё ба даргохи Худо зачча мезананд.

Албатта, намехохам бигуям, хар кас руза бигирад, хатман даст ба чунин чинояте мезанад. На, манзурам ин аст, ки он гох ки мазхабу шаръу ризои Худо ва намояндаи Худо пушти як чиноят карор мегирад, шиддати чиноят хавлноктар ва вахшиёнатар аст.

Инхо аз шигифтии торих ва эъчози тадохули дин дар сиёсату кудрат аст. Бидуни шак, бузургону рахбарони ин чиноятпешахо ба онхо чароги сабз медиханд, ки агарчи зинову лавот (хамчинсбозй)-у катл аз гунохони кабираанд, вале он чо ки пои хифзи низоми ислом ва вилояти факех ба миён меояд, хамаи ин корхо бар шумо халол ва балки вочиб мешавад. Лобуд ба инхо гуфтаанд: «Бигиред ин фалон-фалоншудахоро чунон тартибашонро бидихед, ки аз хичолат натавонанд аз хона берун биёянд ва дигар хаваси тазохуроту эътироз ба макоми шомихи вилоят (Хоманайи)-ро накунанд. Хисобй бизанед, бикунед, бикушед, то низом пойдор бимонад!»

Friday, August 07, 2009

Ruling Dynasty in The Making

Агар навиштаи зер дар як кишвари озодтар чоп мешуд, шояд муаллифи он тарчех медод унвонро андаке чаззобтар кунад: "Нахустин кадамхои Эмомъалии хурд ба сиёсати калон". Аммо чопи ин матлаб дар шакли кунуниаш хам тахсинбарангез аст.

Тибки шигирди тозае, ки дар Як Дарвеш дорад марсум мешавад, ин маколаро хам нахуст ба таври комил мунташир мекунем ва сипас, агар харфе барои гуфтан доштем, ба бахс дар бораи он мепардозем.

Нахустин кадамхои Рустами Эмомъалй ба сиёсати калон

Азизи НАКИБЗОД
«Озодагон»
06.08.09.


Тоҷикистон таҷрибаи Озарбайҷонро такрор мекунад?

Хафтаи гузашта дар Тоҷикистон вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Руссия ва Покистон баргузор шуд. Падидае, ки дур аз таваҷӯҳи аксари коршиносон ва таҳлилгарон монд, иштироки Рустами Эмомалӣ дар ин вохӯриҳо буд. Дар вохӯриҳои сеҷониба ва чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои зикршуда Рустами Эмомалӣ дар қатори меҳмонони баландпоя менишаст. Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ин вохӯриҳо аз он ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки то кунун собиқа надошт. Яъне як корманди Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ё ҷонишини Созмони ҷавонон пеш аз ин чунин имкон ё имтиёзеро надошт, ки дар чунин вохӯриҳои сатҳи олӣ иштирок варзад.

Баҳори имсол, замоне, ки ӯ ба вазифаи ҷонишини раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид. таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки Рустами Эмомалӣ рӯ ба сиёсати калон овардааст. Аммо то ин замон ин андеша гумоне буд, ки тасдиқи худро тақозо менамуд. Ҳафтаи гузашта вохӯриҳои президентҳои чаҳор давлат воқеият доштани тахмини коршиносонро ба андозае рӯшан намуд. Иштироки Рустамро дар вохӯриҳои президентҳо, ки як ҳафта пеш дар Душанбе баргузор гардид, метавон қадамҳои нахустини ӯ ба сиёсати калон унвон кард. Зеро ширкати Рустами Эмомалӣ дар чунин вохӯриҳо шояд барои андӯхтани таҷрибаи дипломатӣ ва сиёсӣ бошад. Гузашта аз ин бархе таҳлилгарон муътакид бар онанд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад Рустами Эмомалиро ба ҳамтоёнаш муаррифӣ намояд.

Гурӯҳҳои коршиносие, низ ҳастанд, ки эҳтимоли дар ояндаи дур зимоми роҳбарии Тоҷикистонро ба даст гирифтани Рустамро баъид намедонанд ва ширкати Рустамро дар маъракаҳои сиёсӣ раванди омодасозии у тафсир менамоянд. Ҳарчанд, ки ин раванд баръало эҳсос мегардад то имрӯз ҳизбу созмонҳои мухолифи давлат ҳеч гуна вокунише нишон надодаанд. Аммо нафароне аз доираҳои ҳукуматй як навъ розӣ будани худро дар ин иртибот иброз намуда буданд. Аз ҷумла Сӯҳроб Шарифов директории Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар мусоҳибааш ба рӯзномаи "Озодагон" гуфта буд:

"Сулолаҳои оилавии сиёсӣ ҳастанд. Чаро дар Тоҷикистон мумкин набошад? Мумкин, ки дар солҳои наздик дар даҳ бист соли наздик кланҳои (сулолаҳои) оилавии сиёсатмадорон пайдо шаванд дар Тоҷикистон. Ман дар ин ҷо ягон кори нодурустро намебинам. Ҳамааш дуруст".

Сӯҳроб Шарифов дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд:

"Ман фикр мекунам, ки сулолаҳои оилавии сиёсатмадорон бояд пайдо шавад. Мо давлати навташкилшаванда ҳастем ва хоҳем-нахоҳем ин протсесҳо амалӣ мешавад. Ва ин протсесҳо дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Албатта бо муборизаи сиёсӣ метавон депутат ё президент шуд..."

Бояд гуфт, ки Рустами Эмомалй ҳанӯз ҷавон аст, тоза Донишгоҳро хатм намудааст ва 21 сол дорад. То кунун баромади ӯ дар нишасту маҷлисҳо шунида нашудааст ё ба расонаҳо мусоҳиба накардааст. Ё як шахси муаррифӣ ношуда аст. Аз ин рӯ наметавон муайян намуд, ки ӯ то кадом андоза ба унвони як сиёсатмадор пухта расидааст. Дар ҳамин ҳол Маликшо Неъматов Раиси Кумитаи варзиш саёҳӣ ва кор бо ҷавонон ва Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар мусоҳибааш ба ҳафтаномаи "Озодагон" гуфта буд:

"Мо аз Рустам фақат мусоидату кумакро мунтазир ҳастем, зеро чизҳои дидаву омӯхтаашро агар дар пешбурди мақсадҳо дар ихтиёри мо гузорад, ба нафъи ҷомеа хоҳад буд. Мо ба ӯ барори кор мехоҳем, худо кунад, ки якҷавони банангу номуси миллат ва барои пешбурди ҷомеамон муфид бошад. Мо аз ӯ умедҳои калон дорем. То замоне, ки фикр ҳаст, имконият ҳаст, тавоной ҳаст, бояд талош кунем, набояд корҳоро ба фардо гузорем ва агар ба фардо гузоштем ин тарс дорад, пушаймонӣ дорад..."..

Аз гуфтаҳои Маликшо Неъматов бармеояд, ки ӯ ба донишу ҷаҳонбинии Рустами Эмомалй бовар дорад. Дар ҳоли баракс аз ваӣ кӯмаку мусоидат интизор намешуд.

Дар ҷои дигари мусоҳиба Маликшо Неъматов мегӯяд:

"Ман шахсан Рустамро хуб мешиносам ва рафтору кирдори ӯро хуб медонам. У дар оилае таваллуд шудаву бузург шуда истодааст, ки тамоми пастиву баландии ҳаёти ҷомеаи моро медонанд. Ӯ таҳсилкардааст, маълумот дорад. Ҳама шӯру шавқи ҷавониро дорад. Ва мо медонем, ки аз ҳамон имкониятҳои мавҷуда истифода бурда бачаҳоро гирди ҳам овард, як дастаи футбол сохт. Имрӯз ин даста муваффак, амал мекунад ва дигар онҳоро кӣ ба ҳам оварданаш не, балки фаъолияташон муҳим шуда. Шояд дар байни онҳо шахсоне буданд, ки дилмонда шудаанд ва ё берун аз кишвар бозй мекарданд, Рустам ҳаминҳоро ба ҳам овард ва имрӯз натиҷаашро мебинем. Яъне дар вуҷуди ӯ як истеъдоди ташкилотчигӣ ҳаст. Вақте мо ӯро даъват кардему машварат намудем, ба ӯ гуфтем, ки ҳамин шавқу шӯрат, ҳамин имкониятҳои мавҷудаатро дар як самт равона бикун. Вай имрӯз дар Кумитаи сармоягузорй машғул ба фаъолият аст. Кор дар Иттифоқи ҷавонон як вазифаи ҷамъиятй аст. Ба назари мо дар самти ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ӯ метавонад корҳои муфиде анҷом диҳад. Дар ин ҷо фикр мекунам ягон мушкилие пеш намеояд ва то чи андоза муваффак, мешавад аз ҳунар, аз шавқу ҳаваси ӯ, аз талоши ӯ вобаста аст. Мо ҳам аз нигоҳи худ ба ӯ кӯмак мекунем, чунки ӯ ҳам як фарди ҳамин ҷомеа аст. Беш аз ин ӯ шоҳиди пастуву бадандиҳои рӯзгор ва он сӯхтанҳову сохтанҳои падараш ҳаст ва фикр мекунам аз аксарият дида ӯ бештар дарк мекунад, ки ҳамин ҷомеа бояд пешрав бошад, ифтихор офарад..."

Ба ақидаи Маликшо Неъматов Рустами Эмомалй аз мактаби сиёсии президент гузаштаву аз ҳар пешравие, ки дар ҷумҳурй ба миён меояд, хурсанд мешавад ва шукргузорй мекунад, ҳамчунин миёни чавонон нуфуз дорад:

".. .ӯ дастпарвари мактаби сиёсии раҳбари давлат аст. Мо, ки худ аз ин мактаб гузаштаем, ҳар ҳаракате, ки ба сӯи пеш мешавад бо шукргузорй, бо яқ меҳр қабул мекунем. Чаро шодй накунем, вақте як гӯшаи диёр зебо шавад, обод шавад. Чаро хурсанд нашавам вақте дар як гушаи диёри ман як беморхона пайдо шавад, як мактаб сохта шавад, як варзишгоҳ бунёд ёбад. Ман борҳо бо Рустам дар ин мавридҳо сӯҳбат доштам ва мутмаинам ки ӯ чунин як шахсест. Аз сӯи дигар ӯ дар байни ҷавонон нуфуз дорад ҷавонон ӯро эътироф мекунанд. ...Иттифоқи ҷавонон аз будани Рустами Эмомалӣ бурд мекунад, мо бо пешниҳоди ӯ чандин чорабинӣ гузарондем, ба қариби ба аёдати собиқадорони ҷанги дуввуми ҷаҳони рафтем. Ӯ чанд барномаву нақшаҳо дорад, аз ҷумла таъсиси як клуби варзишии "Истиқлол", ки метавонад аз давраи мактаб ба тарбияи футболбозону варзишгарон шароит фароҳам оварда мусоидат кунад. Боз ҷалби сарпарастон низ як ҷиҳати дигари масъала аст. Яъне имконияти давлатӣ ҳаст ва мо агар битавонем имкониятҳои ҷамъиятиро низ истифода барем бештар муваффақ хоҳем шуд...".

Вақте, ки Рустам ба вазифаи ҷонишини раиси Созмони ҷавонон пазируфта шуд, дар доираҳои сиёсӣ тахмину гумонҳо роҷеъ ба дар оянда курсии президентиро соҳиб шудани ӯ матраҳ мегардид. Дар ин маврид Раиси Кумитаи ҷавонон дар идомаи сӯҳбаташ чунин изҳори назар намудааст:

"Бигзор ҳар касе тахмину гумон ва мавқеи худро дошта бошад. Зеро вақте сиёсат ҳаст ҳар кас тахмину гумони худашро дорад ва ба таёрҳои гуногун шояд масъалагузорӣ ҳам мешавад. Аммо барои мо имрӯз Рустам пеш аз ҳама ҳамчун шахсияти ҳамин ҷомеаи навин матраҳ аст, вай як ҷавони серғайрат, ҷаҳондида аст, ҷаҳонбинии васеъ дорад, масъалаҳоро дарк мекунад. Бар болои ҳамаи ин тарбияи дуруст гирифтааст, дар ҷое тарбия ёфтааст, ки саропо ғамхории миллат аст, шабу рӯз фикри миллат аст ва дар сафарҳои сарвари давлат ба минтақаҳои мамлакат ӯро ҳамроҳӣ мекунад, яъне аз рӯзгори мардум огоҳ аст. Ҳамчунин ӯ имрӯз имкони васеъ дорад, ки ҳамон мақсаду маромҳо ва нақшаҳоеро, ки дорад, амалӣ бисозад Оянда дар дасти худи ӯ аст ва ҳар қадар муваффақ мешавад, ҳар қадар дар ин ҷода пешрав мегардад, ба зарар нест ва худо кунад, ки комёб бошад, нафъаш бештар ба ҷомеа бирасад. Аз ин набояд касе тарсу ҳарос дошта бошад ва овозаҳои беҳуда насозад. Баракс агар таври мисол, фарзанди ман аз ҳама талошҳои ман огоҳ бошад, мақсаду мароми маро бидонад ва дар ҳар мавқеъе, ки ҷойгир шуд, аз рӯи ҳамин мақсаду маром кор кунаду нияташ нек бошад, пас чаро мо ба ӯ имкон надиҳем, ки мақсадҳояшро амалӣ кунад?!".

Дар ҷаҳон таҷрибаи умури давлатро ба даст гирифтани писарони президентҳо вуҷуд дорад. Давлатҳое мисоли Сурия ва Озарбойҷон чунин таҷрибаро доранд. Дар Сурия пас аз ҳукмронии президент Ҳофиз Асад писараш Башор Асад зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Президенти имрӯзаи Озарбойҷон Илҳом Алиев низ писари президенти собиқи ин кишвар Ҳайдар Алиев аст. Ҳамчунин дар маҳфилҳои сиёсӣ гуфта мешавад, ки президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов низ духтараш Гулнора Каримоваро мехоҳад дар оянда ҷойгузини худ намояд.

Бояд гуфт, ки фарзандони президентҳои давлатҳое, ки ном бурдем, замоне сари қудрат омаданд, ки ба дараҷаи сиёсатмадори воқеӣ ва дорои ҷаҳонбинии сиёсии ҷавобгӯи замони нав пухта расида буданд.

Акс: аз торнамои Озодй

Thursday, August 06, 2009

God... Are You Asleep?

خدا خوابی؟ نمی بینی؟
که با نامت، جوانانت
به سان برگ می ریزند
به دامان سیاه مرگ می ریزند!

خدا خوابی؟ نمی بینی؟
و شاید آنچنان فرتوت و پیر و سرد و سنگینی
که دیگر هیچ دریایی به اعجازت پلشتی را نمی بلعد
و هیچ آتش به دست تو گلستانی نمیگردد!

خدا خوابی؟ نمی بینی؟
و شاید بس که خودبینی
گمان کردی
که چون دیگر شریکی همچو فرعون روی خاکت نیست
و در دستان جلادان کتاب توست
کنون هنگام خواب توست

خدا برخیز، بشکن آن سکوت مرگبار سالیانت را
ببین فرمان تو عرش تو را با بوی خون تازه آکنده
بر آن دشنه که در پهلوی یارانم فرو رفته کسی نام تو را کنده

خدا بشنو شباهنگام
که می خواند تو را بر بام
گلوی داغدار و تنگ یک مادر
به خون غلتیده فرزندش ز پا تا سر
و ماوایش بجز الله اکبر نیست
بگو گوش تو هم کر نیست

خدا خوابی ؟ نمی بینی؟
که داغ یاد تو دارد به پیشانی
کسی که داغ را بر سینهء یاران نهاده
ای خدا یک جملهء ساده
که قرن ما سکوتت را نمی بخشد !

کبريت سوخته

Худо, хобй? Намебинй,
Ки бо номат чавононат
Ба сони барг мерезанд,
Ба домони сиёхи марг мерезанд?!

Худо, хобй? Намебинй?
Ва шояд ончунон фартуту пиру сарду сангинй,
Ки дигар хеч дарёе ба эъчозат пилиштиро намебалъад
Ва хеч оташ ба дасти ту гулистоне намегардад?!

Худо, хобй? Намебинй?
Ва шояд бас ки худбинй,
Гумон кардй,
Ки чун дигар шарике хамчу Фиръавн руи хокат нест
Ва дар дастони чаллодон китоби туст
Кунун хангоми хоби туст?!

Худо, бархез, бишкан он сукути маргбори солиёнатро
Бибин фармони ту арши туро бо буи хуни тоза оканда
Бар он дашна,
Ки дар пахлуи ёронам фуру рафта, касе номи туро канда.

Худо, бишнав шабохангом,
Ки мехонад туро бар бом
Гулуи догдору танги як модар
Ба хун галтида фарзандаш зи по то сар
Ва маъвояш ба чуз «Аллоху акбар» нест.
Бигу, гуши ту хам кар нест?!

Худо, хобй? Намебинй,
Ки доги ёди ту дорад ба пешонй
Касе, ки догро бар синаи ёрон нихода?
Эй Худо, як чумлаи сода,
Ки карни мо сукутатро намебахшад!

Kebrit-e Sukhte

New Member of Tajik Blogosphere

Хамванди нави торнигористони точик

Мелоди нахустин торнигори вижаи бонувонро бо номи бомусаммои «Бонувон» ба бошандагони торнигористони точик, ба вижа ба созандаи он бону Фарахноз шодбош мегуям. Фарахноз дар муъаррифии худ менависад:

Як зан ҳастам. Як модар. Як ҳамсар. Зане захмй аз зарбаҳои рузгор. Зани сархурда аз отифаю ишқ. Зани таҳсилдида, чаҳонгашта, аз санчишҳои сахти рузгор гузашта, зани боиффат, пойбанди арзишҳои ахлоқии хонаводагй, содиқу вафодор. Зани мубориз барои хукуки занон.

Точикистон имруза ба доштани занони мубориз беш аз пеш ниёз дорад, то сари сузан хукуке, ки ба хукми сарнавишт насибашон шуда буд, ба боди фано наравад ва нимаи акбари чамъияти кишварро комилан фалач накунад.

Фарахнозро аз наздик намешиносам, аммо бо доштани хаммехане чун эшон ба худ меболам. Зане озода, ки менависад:

Ҳаёти сертуғёни имрузй, пешрафту дигаргуниҳои босуръати он, пурпечутобию фарозу нишебҳояш аз мо касони имрӯзӣ талаб мекунад бо он баробар ҳаракат кунем, пеш равем, омӯзем ва хешро бо он мутобиқ созем. Аммо, афсӯс бисёрии мо, занон аз пешрафту дигаргуниҳои тези ин замона ва илму дониши он фарсахҳо дурем.

Аз таҳсил кардан ва ё аз омӯхтан бе насиб будаем ва ё дур мондаем ва роҳу равиши зиндагии имрӯзаро ба қадри даркорй намедонем. Наметавонем ҳаққу ҳуқуқи хешро талаб кунем. Ҳатто наметавонем барои паноҳ додани ҳаёти ки ба мо дода шудааст, талош кунем.

Агарчи мо худамон гирифтори ин ҳол ҳастем, кӯшиш намекунем, ки ин сарнавишт домангири духтарони мо набошад. Ҳол он ки ҳар духтаре ё зане аз донишу таҳсил бебаҳра монад, аз баробарй ва баробарҳуқуқй дар чомеа дур хоҳад монд.Чун дониш нест, ақлу фаросату фаҳмишу кӯшиш низ нест. Мегуянд, кишваре ки занони таҳсил кардаи хуб дорад, аз некӯаҳволи ва саодат бархӯрдор аст.

Дакикан хамин гуна аст, ки Фарахноз мефармояд. Хеч кишваре, ки занонаш пушти пардаи чахолат монда бошанд, ба пешрафт даст наёфтааст ва нахохад ёфт. Нодида гирифтани занони чомеъа ва адами мушорикати онхо дар умури ичтимоъию сиёсй ба масобехи парвози паранда бо як бол аст. Фарахноз омадааст, то боли дувуми чомеъаро хам бозу тавонманд кунад, то бо хар ду бол парвозе баландтар дошта бошем.

Ба Фарахнозу Бонувони Точикистон комгорй мехохем.

Бонувони Фарахноз хам ба Чархуфалаки Як Дарвеш афзуда шуда ва аз ин пас хар бор ки баруз шавад, ба садри чадвал хохад рафт. Шояд ин сафха хузури модарону хохарони моро дар торнигористон чашмгиртар кунад.

Polls: Rahman's Popularity Among Masses

Оё Э. Рахмон дар миёни мардум махбуб аст?

Оре 3 (11%)

На 22 (84%)

Шояд 1 (3%)

Намедонам 0 (0%)

Votes so far: 26
Poll closed

Wednesday, August 05, 2009

The Empty Half of the Majles

Нимаи холии Мачлиси Эрон

Мехдии Чомй
Себистон


Баргузории мачлиси тахлиф (инаугуратсия)-и раисичумхури госиб ба эхтимоли зиёд ба унвони поёни бухрон ва тасаллути низом бар авзоъ муъаррифй хохад шуд. Аз мардум даъват хохад шуд ба сари кору хона ва зиндагишон боз гарданд ва ичоза бидиханд давлат ба хадамоти мушаъшаъи худ идома дихад. Аммо бокй мондани гурухи бисёре аз озодагон дар хабс ва кушта шудани шумори зиёде аз чавонони ин марзу бум ва нихоятан бовари мардум ба дуруг будани натичаи интихобот чизхоест, ки наметавон нодида гирифт. Бар инхо биафзоед нимаи холии мачлиси имруз ва гайбати бузургонро аз мачлиси танфиз (эъломи раёсати чумхурии Ахмадинажод тавассути Хоманайи). Ин вазъият маънои хоссе дар олами сиёсат дорад.

То ин чо рахбар ва абвоби чамъии у сирфан бо иттико ба зури либосшахсихо ва дуруггуихои Садову Симо ва сонсури бедареги матбуъот ва сойт (торнамо)-хо ва дастгирии густардаи афроди муассиру мутафаккир ва шучоъ кори худро пеш бурдаанд. Дар вокеъ, аз авомили чахоргонаи хокимият, яъне машруъияту коромадй ва хамбастагию султа танхо хамин якеи охир барои рахбар бокй мондааст: сокит шудан (уфтодан) аз машруъият, ки ниёз ба тавзех надорад ва худи окоён хам талвехан кабул кардаанд ва гуфтаанд, ки мо аслан машруъиатамонро аз Худованди чалли аъло мегирем. Коромадй хам ки ба шеваи мудирияти иктисодию фархангй ва сиёсати хоричии давлат санчиданист ва «мошоллох» дорад ва миллат дар хайрат аз он ангушт-ба-дахон мондаанд. Аз хамбастагй дар даруни хокимият хам хар чи монда буд, окои Ахмадинажод дар мунозироташ ва рахбар бо химояташ аз у нобуд карданд. Он гайбати бузургон аз танфиз ва ин нимаи холии Мачлис нишондихандаи он аст, ки дигар миёни нухбагони хоким хамбастагй вучуд надорад. Рахбар хам онро таъйид кард ва фармуд, ки бархе хавос (афроди хос) мардуд (рад) шуданд. Аз ин омилхои чахоргона мондааст факат абзори султаи Око, ки хамоно неруи Басеч ва «либосшахсихо»-ст ва каме то кисмате хам Сипох.

Ин муъодилаи содаи чахормачхулй се тарафаш халл аст. Ба назари шумо, натичааш чй хохад буд? Оё низоми исломии Око бо хамин як калам, ки дорад, бокй монданист?

Як нуктаи дигар хам дар халли ин масъала кумак мекунад. Ман ин нимаи холии Мачлис ва он гайбати бузургон ва хузури кучаконро дар танфиз нишонае аз дарки ин дакика мегирам, ки Око мутаваччех нест бар мамлакате дорад фиркаи бастаю ифротии худро хоким мекунад, ки дигар эътикоде ба хамон усули содаи мазхабй хам барояш бокй намондааст. Дустони чомеъашинос метавонанд бештар аз ин дакика харф бизананд, аммо то он чо ки ман дар натичахои назарсанчихои умумй дидаам, бахусус дар арзёбй аз арзишхои чомеъаи кунунии Эрон бисёр аз мардуму чавонон акидахои мазхабии худро сустшуда муъаррифй мекунанд. Мушохидаи рузмарра хам хаминро таъйид мекунад. Ва албатта, ношй (баромада) аз хокимияти музаввирона ба номи дин ва тахмили дини давлатй бар мардум аст. Натича ин аст, ки дар сахнаи феълии сиёсат дар холе рахбар дорад ба тундравтарин кироатхои динй майдон медихад, ки дар сахнаи чомеъа дигар касе барои хамон дини гайридавлатй хам сина намезанад. Ин вазъият чашмандози куллиро дучори тазодде бунёдин мекунад, ки решасузи хар давлату мудириятест.

Бо ин вазъ ояндаи наздик чи хохад шуд? Коъидахои озмуншудаи торихй мегуяд, ки сахна ба хушунат кашида хохад шуд. Ин мавзуъро аз ин рох хам мешавад баррасй кард: агар дар хамон кадами аввал масъалаи такаллуб баррасй мешуд, рохкори конунй ибтол (ботил кардан)-и интихобот буд ва хамаи равандхои мустакарри урфию конунй бар сари чои худ мемонд. Вакте ибтол аз рохи Шурои Нигахбон ба натича нарасид, ирчоъи мавзуъ ба Мачмаъи Ташхиси Маслихат метавонист масъаларо файсала дихад. Вакте Мачмаъ хам бо шонтож рубару шуд, масъалаи пешниходхои Рафсанчонй матрах буд, ки мулозим буд бо хамапурсй. Хотамй мавзуъро ошкоро матрах кард. На он шуду на ин. На пешниходхои Рафсанчонй анчом шуд ва на тархи Хотамй чиддй гирифта шуд.

Нихоятан танфиз яктарафа ва бидуни ба даст омадани тавофуке миёни нухбагони хокимият пеш рафт ва имруз хам ба тахлиф расид. Холо хамаи роххои конунии мавчуд барои бозгардондани хакки миллат баста шудааст. Госиби кудрат ба пуштибонии рахбар мустахзар шудааст. Натича чй хохад буд? Бо надоштани он се пояи машруъият, коромадй ва хамбастагй танхо рохкори мукобила бо неруи султагар бокй мемонад. Ин неру бидуни хушунат аз майдон ба дар намеравад ва махор намешавад.

Умедворам вазъ аз як коъидаи дигар табаъият кунад ва хазинахо беш аз ин нашавад. Вале хар чи пеш ояд, як чиз мусаллам аст: на ин мардум аз пайгирии хости худ боз мемонад ва на он давлат ба ин госибону хомиёнашон вафо мекунад. Агар дар таркиби сахна тагйире пайдо нашавад, ки ба таквияти он се омил бианчомад, сукут катъй аст. Аммо агар он се омил хам бихохад таквият шавад, госибон ночор бояд бираванд. Умри ин давлатро на он нимаи пури Мачлис, ки нимаи холии он таъйин мекунад.

Ahmadinejad Awaiting Imam Mehdi

Чашми умеди Ахмадинажод ба Имоми Замон

Имруз Эрон, ба вижа пойтахти он ки пурошубтарин рузхои худро сипарй мекунад, обистани руйдодхои тозаи дигар аст.

Карор аст ба хангоми баргузории маросими тахлиф (инаугуратсия)-и Махмуди Ахмадинажод, ки дируз тавассути рахбари Чумхурии Исломй ба макоми раёсати чумхурй танфиз шуд, дар майдони Бахористони Техрон тачаммуъи густардаи мухолифони вай сурат бигирад. Макомоти давлат то кунун нишон додаанд, ки тоби шунидани хеч навъ садои эътирозро надоранд ва барои фуру кубидани он садохо хеч роху василаеро фуругузор намекунанд ва хатто ба суи мардум гулулахои вокеъй шиллик мекунанд, ки ба кушта шудани даххо тан то кунун анчомидааст.

Аммо давлати исломй талош мекунад барои муътаризон шахидхои тоза наофаринад, то ба бахонаи посдорй аз хотираи кушташудагон мардум дигарбора ба хиёбонхо нарезанд. Ин дакикан хамон шигирде буд, ки Хумайнй беш аз сй сол пеш ба кор бурд ва саранчом бар давлати подшох чира шуд. Хар бор, ки маъмурони шох муътаризонро мекуштанд, Хумайнй мардумро ба баргузории маросими чихилумин рузи он катлхо фаро мехонд. Ба гунае, ки ин тачаммуъот то сарнагунии давлати шаханшохй идома дошт.

Мусавй хам ки аз ёрони Хумайнй дар бадви инкилоби исломй буд, ин шигирд барояш бегона нест ва хамвора аз хаводоронаш хостааст, ки ба хар бахонае хостахои худро дар хиёбонхо чор бизананд ва дар ин росто аз аъёд ё чашнхои мазхабй низ бештарин истифодаро кунанд.

Дируз шахрхои бузурги Эрон дубора ба ошуб кашида шуд ва шиъорхои бепардатаре баландтар садо дод. Яке аз шиъорхои тоза мустакиман пояхои чумхурии исломиро хадаф карор додааст: “Хоманайи котил аст! Вилояташ ботил аст!” Рузхо, ки бо зури ботун (калтак)-у аслиха мардумро дар хиёбонхо пароканда мекунанд, шабхо бонги эътирози онхо аз пушти боми хонахояшон баланд мешавад.

Давлати исломй сахттарин айёми худро мегузаронад ва чашмандози он бакуллй мубхам аст. Бо ин ки Иттиходияи Урупо ва Иёлоти Муттахидаи Омрико мачбур шуданд назари расмии Эронро бипазиранд ва Ахмадинажодро “раисичумхури баргузида” биноманд, бухрон дар даруни махофили хоким дар Техрон ва Кум дорад ба авчи худ мерасад ва хокимону рухониён бавузух ду пора шудаанд. Хатто ба хангоми баргумории аъзои чадиди кобине тавассути Ахмадинажод чанд мавриди ихтилофи ошкори миёни раисичумхур ва рахбар мушохида шуд; рахбаре, ки ба кимати обруву эътибораш аз Ахмадинажод дифоъ кард, мачбур шуд барои кабулондани хостахояш ба Ахмадинажод дастбадомони Шурои Хибрагон ва рухониюни бонуфузи дигар шавад. Он чи мусаллам аст, ин аст, ки мизони эътибори Алии Хоманайи ба поинтарин хадди худ расидааст. Ва сухбатхо дар бораи зарурати чойгузинии Хоманайи бо навъе “шурои рахбарй” дубора матрах шудааст. Ба вижа Хошимии Рафсанчонй хостори он аст, ки ба чои Хоманайи чанд фарди хибраву огоху мучарраб рахбарии кишварро ба ухда бигиранд.

Иддае хам бар ин боваранд, ки Ахмадинажод ва ёронаш амдан кишварро даргири харчу марчи бемонанде кардаанд, то заминаи бозгашти Имоми Замон (Имом Мехдй)-ро фарохам кунанд. Бино ба бовари ахли ташаъйюъ, карор аст имоми дувоздахум, ки ба “Имоми гоиб” хам маъруф аст, замоне боз падид ояд, ки бесарусомонй замину замонро фаро гирифта бошад. Хамин афрод мегуянд, ки Ахмадинажоду ёронаш ба таври таъассубомезе ба ин мавзуъ имон доранд ва мехоханд бо бугранчтар кардани авзоъ хар чи зудтар ба дидори “Имоми Замон” мушарраф шаванд. Гуфта мешавад, ки Ахмадинажод дар нишастхои хайъати давлат як сандалии холиро дар гушае аз толор мегузорад, ки ба заъми у, чои Имоми Замон аст. Аз ин чост, ки Мусавй ва Хошимии Рафсанчонй Ахмадинажодро ба хурофагаройи муттахам кардаанд.

Аммо бо авзоъе, ки дар Эрон хоким шуда ва бо афзоиши бесобикаи огохии мардум аз бадкорихои режим гумон намеравад, ки Имоми Замон хам кодир ба хифзи чоху чалоли ин гурухаки ру ба завол бошад.



Ин намоханг (клип) аз тазохуроти эрониёни Ландан дар баробари сафорати Чумхурии Исломй дар рузи 30.07.2009 тахия шуда. Дар он руз порсигуёни мукими Ландан ба манзури гиромидошти ёду хотираи Нидо ва дигар кушташудагони ошубхои ахири Эрон дар чихилумин рузи катли Нидо гирди хам омаданд ва ба химоят аз шуриши мардумй ва ба накухиши давлати исломй шиъор доданд.