Friday, August 07, 2009

Ruling Dynasty in The Making

Агар навиштаи зер дар як кишвари озодтар чоп мешуд, шояд муаллифи он тарчех медод унвонро андаке чаззобтар кунад: "Нахустин кадамхои Эмомъалии хурд ба сиёсати калон". Аммо чопи ин матлаб дар шакли кунуниаш хам тахсинбарангез аст.

Тибки шигирди тозае, ки дар Як Дарвеш дорад марсум мешавад, ин маколаро хам нахуст ба таври комил мунташир мекунем ва сипас, агар харфе барои гуфтан доштем, ба бахс дар бораи он мепардозем.

Нахустин кадамхои Рустами Эмомъалй ба сиёсати калон

Азизи НАКИБЗОД
«Озодагон»
06.08.09.


Тоҷикистон таҷрибаи Озарбайҷонро такрор мекунад?

Хафтаи гузашта дар Тоҷикистон вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Руссия ва Покистон баргузор шуд. Падидае, ки дур аз таваҷӯҳи аксари коршиносон ва таҳлилгарон монд, иштироки Рустами Эмомалӣ дар ин вохӯриҳо буд. Дар вохӯриҳои сеҷониба ва чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои зикршуда Рустами Эмомалӣ дар қатори меҳмонони баландпоя менишаст. Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ин вохӯриҳо аз он ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки то кунун собиқа надошт. Яъне як корманди Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ё ҷонишини Созмони ҷавонон пеш аз ин чунин имкон ё имтиёзеро надошт, ки дар чунин вохӯриҳои сатҳи олӣ иштирок варзад.

Баҳори имсол, замоне, ки ӯ ба вазифаи ҷонишини раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид. таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки Рустами Эмомалӣ рӯ ба сиёсати калон овардааст. Аммо то ин замон ин андеша гумоне буд, ки тасдиқи худро тақозо менамуд. Ҳафтаи гузашта вохӯриҳои президентҳои чаҳор давлат воқеият доштани тахмини коршиносонро ба андозае рӯшан намуд. Иштироки Рустамро дар вохӯриҳои президентҳо, ки як ҳафта пеш дар Душанбе баргузор гардид, метавон қадамҳои нахустини ӯ ба сиёсати калон унвон кард. Зеро ширкати Рустами Эмомалӣ дар чунин вохӯриҳо шояд барои андӯхтани таҷрибаи дипломатӣ ва сиёсӣ бошад. Гузашта аз ин бархе таҳлилгарон муътакид бар онанд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад Рустами Эмомалиро ба ҳамтоёнаш муаррифӣ намояд.

Гурӯҳҳои коршиносие, низ ҳастанд, ки эҳтимоли дар ояндаи дур зимоми роҳбарии Тоҷикистонро ба даст гирифтани Рустамро баъид намедонанд ва ширкати Рустамро дар маъракаҳои сиёсӣ раванди омодасозии у тафсир менамоянд. Ҳарчанд, ки ин раванд баръало эҳсос мегардад то имрӯз ҳизбу созмонҳои мухолифи давлат ҳеч гуна вокунише нишон надодаанд. Аммо нафароне аз доираҳои ҳукуматй як навъ розӣ будани худро дар ин иртибот иброз намуда буданд. Аз ҷумла Сӯҳроб Шарифов директории Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар мусоҳибааш ба рӯзномаи "Озодагон" гуфта буд:

"Сулолаҳои оилавии сиёсӣ ҳастанд. Чаро дар Тоҷикистон мумкин набошад? Мумкин, ки дар солҳои наздик дар даҳ бист соли наздик кланҳои (сулолаҳои) оилавии сиёсатмадорон пайдо шаванд дар Тоҷикистон. Ман дар ин ҷо ягон кори нодурустро намебинам. Ҳамааш дуруст".

Сӯҳроб Шарифов дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд:

"Ман фикр мекунам, ки сулолаҳои оилавии сиёсатмадорон бояд пайдо шавад. Мо давлати навташкилшаванда ҳастем ва хоҳем-нахоҳем ин протсесҳо амалӣ мешавад. Ва ин протсесҳо дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Албатта бо муборизаи сиёсӣ метавон депутат ё президент шуд..."

Бояд гуфт, ки Рустами Эмомалй ҳанӯз ҷавон аст, тоза Донишгоҳро хатм намудааст ва 21 сол дорад. То кунун баромади ӯ дар нишасту маҷлисҳо шунида нашудааст ё ба расонаҳо мусоҳиба накардааст. Ё як шахси муаррифӣ ношуда аст. Аз ин рӯ наметавон муайян намуд, ки ӯ то кадом андоза ба унвони як сиёсатмадор пухта расидааст. Дар ҳамин ҳол Маликшо Неъматов Раиси Кумитаи варзиш саёҳӣ ва кор бо ҷавонон ва Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар мусоҳибааш ба ҳафтаномаи "Озодагон" гуфта буд:

"Мо аз Рустам фақат мусоидату кумакро мунтазир ҳастем, зеро чизҳои дидаву омӯхтаашро агар дар пешбурди мақсадҳо дар ихтиёри мо гузорад, ба нафъи ҷомеа хоҳад буд. Мо ба ӯ барори кор мехоҳем, худо кунад, ки якҷавони банангу номуси миллат ва барои пешбурди ҷомеамон муфид бошад. Мо аз ӯ умедҳои калон дорем. То замоне, ки фикр ҳаст, имконият ҳаст, тавоной ҳаст, бояд талош кунем, набояд корҳоро ба фардо гузорем ва агар ба фардо гузоштем ин тарс дорад, пушаймонӣ дорад..."..

Аз гуфтаҳои Маликшо Неъматов бармеояд, ки ӯ ба донишу ҷаҳонбинии Рустами Эмомалй бовар дорад. Дар ҳоли баракс аз ваӣ кӯмаку мусоидат интизор намешуд.

Дар ҷои дигари мусоҳиба Маликшо Неъматов мегӯяд:

"Ман шахсан Рустамро хуб мешиносам ва рафтору кирдори ӯро хуб медонам. У дар оилае таваллуд шудаву бузург шуда истодааст, ки тамоми пастиву баландии ҳаёти ҷомеаи моро медонанд. Ӯ таҳсилкардааст, маълумот дорад. Ҳама шӯру шавқи ҷавониро дорад. Ва мо медонем, ки аз ҳамон имкониятҳои мавҷуда истифода бурда бачаҳоро гирди ҳам овард, як дастаи футбол сохт. Имрӯз ин даста муваффак, амал мекунад ва дигар онҳоро кӣ ба ҳам оварданаш не, балки фаъолияташон муҳим шуда. Шояд дар байни онҳо шахсоне буданд, ки дилмонда шудаанд ва ё берун аз кишвар бозй мекарданд, Рустам ҳаминҳоро ба ҳам овард ва имрӯз натиҷаашро мебинем. Яъне дар вуҷуди ӯ як истеъдоди ташкилотчигӣ ҳаст. Вақте мо ӯро даъват кардему машварат намудем, ба ӯ гуфтем, ки ҳамин шавқу шӯрат, ҳамин имкониятҳои мавҷудаатро дар як самт равона бикун. Вай имрӯз дар Кумитаи сармоягузорй машғул ба фаъолият аст. Кор дар Иттифоқи ҷавонон як вазифаи ҷамъиятй аст. Ба назари мо дар самти ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ӯ метавонад корҳои муфиде анҷом диҳад. Дар ин ҷо фикр мекунам ягон мушкилие пеш намеояд ва то чи андоза муваффак, мешавад аз ҳунар, аз шавқу ҳаваси ӯ, аз талоши ӯ вобаста аст. Мо ҳам аз нигоҳи худ ба ӯ кӯмак мекунем, чунки ӯ ҳам як фарди ҳамин ҷомеа аст. Беш аз ин ӯ шоҳиди пастуву бадандиҳои рӯзгор ва он сӯхтанҳову сохтанҳои падараш ҳаст ва фикр мекунам аз аксарият дида ӯ бештар дарк мекунад, ки ҳамин ҷомеа бояд пешрав бошад, ифтихор офарад..."

Ба ақидаи Маликшо Неъматов Рустами Эмомалй аз мактаби сиёсии президент гузаштаву аз ҳар пешравие, ки дар ҷумҳурй ба миён меояд, хурсанд мешавад ва шукргузорй мекунад, ҳамчунин миёни чавонон нуфуз дорад:

".. .ӯ дастпарвари мактаби сиёсии раҳбари давлат аст. Мо, ки худ аз ин мактаб гузаштаем, ҳар ҳаракате, ки ба сӯи пеш мешавад бо шукргузорй, бо яқ меҳр қабул мекунем. Чаро шодй накунем, вақте як гӯшаи диёр зебо шавад, обод шавад. Чаро хурсанд нашавам вақте дар як гушаи диёри ман як беморхона пайдо шавад, як мактаб сохта шавад, як варзишгоҳ бунёд ёбад. Ман борҳо бо Рустам дар ин мавридҳо сӯҳбат доштам ва мутмаинам ки ӯ чунин як шахсест. Аз сӯи дигар ӯ дар байни ҷавонон нуфуз дорад ҷавонон ӯро эътироф мекунанд. ...Иттифоқи ҷавонон аз будани Рустами Эмомалӣ бурд мекунад, мо бо пешниҳоди ӯ чандин чорабинӣ гузарондем, ба қариби ба аёдати собиқадорони ҷанги дуввуми ҷаҳони рафтем. Ӯ чанд барномаву нақшаҳо дорад, аз ҷумла таъсиси як клуби варзишии "Истиқлол", ки метавонад аз давраи мактаб ба тарбияи футболбозону варзишгарон шароит фароҳам оварда мусоидат кунад. Боз ҷалби сарпарастон низ як ҷиҳати дигари масъала аст. Яъне имконияти давлатӣ ҳаст ва мо агар битавонем имкониятҳои ҷамъиятиро низ истифода барем бештар муваффақ хоҳем шуд...".

Вақте, ки Рустам ба вазифаи ҷонишини раиси Созмони ҷавонон пазируфта шуд, дар доираҳои сиёсӣ тахмину гумонҳо роҷеъ ба дар оянда курсии президентиро соҳиб шудани ӯ матраҳ мегардид. Дар ин маврид Раиси Кумитаи ҷавонон дар идомаи сӯҳбаташ чунин изҳори назар намудааст:

"Бигзор ҳар касе тахмину гумон ва мавқеи худро дошта бошад. Зеро вақте сиёсат ҳаст ҳар кас тахмину гумони худашро дорад ва ба таёрҳои гуногун шояд масъалагузорӣ ҳам мешавад. Аммо барои мо имрӯз Рустам пеш аз ҳама ҳамчун шахсияти ҳамин ҷомеаи навин матраҳ аст, вай як ҷавони серғайрат, ҷаҳондида аст, ҷаҳонбинии васеъ дорад, масъалаҳоро дарк мекунад. Бар болои ҳамаи ин тарбияи дуруст гирифтааст, дар ҷое тарбия ёфтааст, ки саропо ғамхории миллат аст, шабу рӯз фикри миллат аст ва дар сафарҳои сарвари давлат ба минтақаҳои мамлакат ӯро ҳамроҳӣ мекунад, яъне аз рӯзгори мардум огоҳ аст. Ҳамчунин ӯ имрӯз имкони васеъ дорад, ки ҳамон мақсаду маромҳо ва нақшаҳоеро, ки дорад, амалӣ бисозад Оянда дар дасти худи ӯ аст ва ҳар қадар муваффақ мешавад, ҳар қадар дар ин ҷода пешрав мегардад, ба зарар нест ва худо кунад, ки комёб бошад, нафъаш бештар ба ҷомеа бирасад. Аз ин набояд касе тарсу ҳарос дошта бошад ва овозаҳои беҳуда насозад. Баракс агар таври мисол, фарзанди ман аз ҳама талошҳои ман огоҳ бошад, мақсаду мароми маро бидонад ва дар ҳар мавқеъе, ки ҷойгир шуд, аз рӯи ҳамин мақсаду маром кор кунаду нияташ нек бошад, пас чаро мо ба ӯ имкон надиҳем, ки мақсадҳояшро амалӣ кунад?!".

Дар ҷаҳон таҷрибаи умури давлатро ба даст гирифтани писарони президентҳо вуҷуд дорад. Давлатҳое мисоли Сурия ва Озарбойҷон чунин таҷрибаро доранд. Дар Сурия пас аз ҳукмронии президент Ҳофиз Асад писараш Башор Асад зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Президенти имрӯзаи Озарбойҷон Илҳом Алиев низ писари президенти собиқи ин кишвар Ҳайдар Алиев аст. Ҳамчунин дар маҳфилҳои сиёсӣ гуфта мешавад, ки президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов низ духтараш Гулнора Каримоваро мехоҳад дар оянда ҷойгузини худ намояд.

Бояд гуфт, ки фарзандони президентҳои давлатҳое, ки ном бурдем, замоне сари қудрат омаданд, ки ба дараҷаи сиёсатмадори воқеӣ ва дорои ҷаҳонбинии сиёсии ҷавобгӯи замони нав пухта расида буданд.

Акс: аз торнамои Озодй

No comments: