Мелоди нахустин торнигори вижаи бонувонро бо номи бомусаммои «Бонувон» ба бошандагони торнигористони точик, ба вижа ба созандаи он бону Фарахноз шодбош мегуям. Фарахноз дар муъаррифии худ менависад:
Як зан ҳастам. Як модар. Як ҳамсар. Зане захмй аз зарбаҳои рузгор. Зани сархурда аз отифаю ишқ. Зани таҳсилдида, чаҳонгашта, аз санчишҳои сахти рузгор гузашта, зани боиффат, пойбанди арзишҳои ахлоқии хонаводагй, содиқу вафодор. Зани мубориз барои хукуки занон.
Точикистон имруза ба доштани занони мубориз беш аз пеш ниёз дорад, то сари сузан хукуке, ки ба хукми сарнавишт насибашон шуда буд, ба боди фано наравад ва нимаи акбари чамъияти кишварро комилан фалач накунад.
Фарахнозро аз наздик намешиносам, аммо бо доштани хаммехане чун эшон ба худ меболам. Зане озода, ки менависад:
Ҳаёти сертуғёни имрузй, пешрафту дигаргуниҳои босуръати он, пурпечутобию фарозу нишебҳояш аз мо касони имрӯзӣ талаб мекунад бо он баробар ҳаракат кунем, пеш равем, омӯзем ва хешро бо он мутобиқ созем. Аммо, афсӯс бисёрии мо, занон аз пешрафту дигаргуниҳои тези ин замона ва илму дониши он фарсахҳо дурем.
Аз таҳсил кардан ва ё аз омӯхтан бе насиб будаем ва ё дур мондаем ва роҳу равиши зиндагии имрӯзаро ба қадри даркорй намедонем. Наметавонем ҳаққу ҳуқуқи хешро талаб кунем. Ҳатто наметавонем барои паноҳ додани ҳаёти ки ба мо дода шудааст, талош кунем.
Агарчи мо худамон гирифтори ин ҳол ҳастем, кӯшиш намекунем, ки ин сарнавишт домангири духтарони мо набошад. Ҳол он ки ҳар духтаре ё зане аз донишу таҳсил бебаҳра монад, аз баробарй ва баробарҳуқуқй дар чомеа дур хоҳад монд.Чун дониш нест, ақлу фаросату фаҳмишу кӯшиш низ нест. Мегуянд, кишваре ки занони таҳсил кардаи хуб дорад, аз некӯаҳволи ва саодат бархӯрдор аст.
Дакикан хамин гуна аст, ки Фарахноз мефармояд. Хеч кишваре, ки занонаш пушти пардаи чахолат монда бошанд, ба пешрафт даст наёфтааст ва нахохад ёфт. Нодида гирифтани занони чомеъа ва адами мушорикати онхо дар умури ичтимоъию сиёсй ба масобехи парвози паранда бо як бол аст. Фарахноз омадааст, то боли дувуми чомеъаро хам бозу тавонманд кунад, то бо хар ду бол парвозе баландтар дошта бошем.
Ба Фарахнозу Бонувони Точикистон комгорй мехохем.
Бонувони Фарахноз хам ба Чархуфалаки Як Дарвеш афзуда шуда ва аз ин пас хар бор ки баруз шавад, ба садри чадвал хохад рафт. Шояд ин сафха хузури модарону хохарони моро дар торнигористон чашмгиртар кунад.
No comments:
Post a Comment