Рузномаи Times чопи Ландан дар шумораи рузи шанбеи худ матлабе мунташир кардааст, ки хокй аз гирифторихои як навчавон дар зиндонхои Эрон аст. Матлаби зер матни комили он гузориш аст.
Хумо Хумоюн
in English
به دبيرۀ پارسی
Писари 15-солае дар як хонаи амн дар маркази Эрон бо пайкару равони шикаста нишаставу гиря мекунад. Ризо берун намеравад ва аз танхойи метарсад. Мегуяд, ки мехохад ба зиндагиаш поён дихад ва дарки далели ин тамоюлаш мушкил нест: у танхо ба хотири ин ки мучбанд (дастбанд)-и сабзи мухолифони давлати Эронро дар даст дошта, ба муддати бист руз дарбанд буда ва мукарраран мавриди лату куб ва тачовуз карор гирифтааст. Озори чинсие, ки Ризо мутахаммил шуда, ба шиканчахои зиндони Абу Гурайб мемонад; хамон шиканчахое, ки макомоти эронй ба хотири он давлати Омрикоро такбех карда буданд.
Ризо дар гуфтугу бо рузномаи «Тоймз»-и Ландан он рузхои сахтро ба ёд оварду гуфт: «Зиндагии ман ба сар расида. Фикр намекунам, ки рузе битавонам аз ин холат рахо шавам.» Ризо ба шарте мувофикат кард бо Тоймз гуфтугу кунад, ки хувияташ ошкор нашавад. Пизишки муъоличи вай бо такаббули хатаре, ки худи уро тахдид мекунад, таъйид кард, ки Ризо тамоюл ба худкушй дорад ва пайкараш пур аз захмхоест, ки бо чузъиёти достони у хамхонй дорад. Хонаводаи Ризо навмедона мекушанд хар чи зудтар Эронро тарк кунанд.
Ризо аз шавохиди зиндаи иттихомотест, ки ахиран Мехдии Каррубй, яке аз рахбарони мухолифон, матрах кардааст. Вай макомоти зиндонхои Эронро ба тачовузи мустамарри зиндониёни марду зан барои шикастани иродаи онхо муттахам мекунад. Режим ба навбаи худ мегуяд, ки окои Каррубй бо дуругпароканй об ба осиёби душманони Эрон мерезад ва тахдид кардааст, ки уро боздошт хохад кард.
Бархурд бо ин писарбача гуёи ин хакикат аст, ки як режими муддаъии дифоъ аз арзишхои исломй барои саркуби милюнхо тан аз шахрвандонаш, ки интихоби дубораи Махмуди Ахмадинажодро такаллубй медонанд, аз хеч талоше фуругузор намекунад.
Гирифторихои Ризо дар авосити мохи жуие (июл) замоне огоз шуд, ки уро хамрох бо 40 навчавони дигар дар чараёни тазохуроти эътирозй дар яке аз шахрхои бузурги Эрон боздошт карданд. Бештари ин навчавонон вочиди шароити раъй набуданд. Онхоро ба чое бурданд, ки ба бовари Ризо, як пойгохи басечихо буд; чашмонашонро бастанд, либоси руро аз танашон дароварданд, бо кобл шаллокашон заданд ва баъдан дар як контейнери пулодин махбусашон карданд. Дар хамон шаби нахуст се марди либосшахсй, ки худро зиндонй вонамуд мекарданд, Ризоро дар баробари чашми хамрохонаш ба замин андохтанд. Дар холе ки яке аз мардон сари уро ба зер фишор медод, дуввумй бар пушташ савор шуд ва севвумй руи бадани Ризо шошид ва ба у тачовуз кард.
Ризо мегуяд:
«Онхо ба мо гуфтанд, ки ин корро дар рохи Худо мекунанд ва ин ки мо бо чи хиёле ба худамон хакк дода будем алайхи давлат эътироз кунем.»
Он се мард ба дигар бачахо хушдор доданд, ки агар фардои он руз бо бозпурсон хамкорй накунанд, хамин бало ба сари онхо хам хохад омад.
Пас аз он Ризоро беруни контейнер бурданд ва ба як милаи филизй бастанд ва то субх рахояш карданд.
Субх яке аз он мардхо омаду аз Ризо пурсид, ки оё аз иттифоки шаби гузашта дарс гирифта ё на.
«Ман хашмгин будам. Ба сурати он мард туф кардам ва душномаш додам. У бо оринчу кафи дасташ яке-ду бор ба суратам зад.»
Бист дакика баъд хамон мард бо як кисаи пур аз мадфуъ дубора баргашт ва он кисаро руи сурати Ризо собид ва тахдид кард, ки ба хурдани мадфуъ водораш хохад кард.
Дертар Ризоро ба утоки бозпурсй бурданд. У ба бозпурсаш мочарои тачовузро таъриф кард. Акнун Ризо муътакид аст, ки таърифи он мочаро кори иштибохе буд.
«Бозпурс хушбархурд буд, аммо чашмхои ман баста буд. У гуфт, ки казияро пайгирй хохад кард ва ман умедвор шудам.»
Ба чои пайгирй бозпурс дастур дод, ки дасту пои Ризоро бибанданд, то бори дигар ба у тачовуз шавад.
«Ин бор худи ман ин корро мекунам, то бифахмй, ки ин достонхоро набояд чои дигар бигуйи. Ин кор хаккат аст. Ба шумохо бояд то дами маргатон тачовуз кард.»
Бори дигар у мавриди тачовузи вахшиёна вокеъ шуд. Барои се руз у дар як силлул (камера)-и инфиродй махбус буд.
Сипас мачбураш карданд зери «эътироф»-е имзо кунад. Дар «номаи эътироф» омада буд, ки хоричихо аз у ва дустонаш хоста буданд, ки бонкхо ва сохтмони расонахои давлатиро ба оташ бикашанд. Аз у хостанд, ки як дусти 16-солаашро ба унвони саркардаи гурух муъаррифй кунад. Он дусташро ба хадде лату пор карда буданд, ки дар бемористон бистарй буд.
«Ман сахт меларзидам, ба хадде, ки намешунидам ба ман чи мегуянд. Бидуни ин ки номаро хонда бошам, зери он имзо кардам. Тарсам ин буд, ки онхо дубора ба ман тачовуз хоханд кард.»
Рузи баъдй Ризо ва дигар боздоштиёнро ба як боздоштгохи пулис мунтакил карданд ва як хафтаи дигар он чо монд.
Дар нимашаби рузи севвум афсарони пулис вориди силлул шуданд, чашмонашро бастанд ва уро ба дастшуйи бурданд ва дар он чо бори дигар ба у тачовуз карданд. «Дастони ман ба ларза уфтода буд ва пойхоям лак (заъиф) шуда буд. Наметавонистам сари по биистам. Уфтодаму сарамро сахт ба каф кубидам, то бимирам. Чегу фарёд задам ва аз онхо мехостам, ки манро бикушанд. Дигар тахаммулашро надоштам ва аз худам мутанаффир будам.» Ризо мегуяду ашк мерезад.
Фардои он руз як фармондехи пулис уро фаро хонд ва пурсид, ки чаро шаби гузашта он хама фарёд мезад. Баъд аз ин ки у далели фарёдашро тавзех дод, фармондех аз у пурсид, ки чи касе ба у тачовуз кардааст. Писарбача гуфт, ки бо чашмони баста наметавонист мутачовизонашро бибинад. Фармондех уро кутак зад ва ба дуруггуйи муттахамаш кард ва Ризоро водошт, ки зери як номаи дигар имзо кунад. Дар он нома Ризо «эътироф» мекард ки алайхи нерухои амниятй иттихомоти бепояеро матрах кардааст.
Аммо ин поёни мусибатхои Ризо набуд. Уро хамрох бо худуди 130 зиндонии дигар ба мухавватаи Додгохи Инкилоби шахр бурданд. Козй эълом кард, ки мухолифони сарсахти Инкилоби Исломиро ба дор хохад овехт. Вай номи дах навчавонро бархонд, ки Ризо хам дар он миён буд. Паёми козй равшан буд: Агар бачахо бори дигар дам аз тачовуз ба номусашон бизананд, эъдом хоханд шуд.
Козй онхоро ба зиндони марказии шахр фиристод. Ба Ризо дастбанд заданд ва барои дах руз бо шаш писари дигар дар як силлули кучак нигах доштанд. Шомгохон афсарон бачахоро кутак мезаданд ва бо тамасхур мегуфтанд: «Шумо мехохед инкилоб кунед?»
Дар мавориде аршадтарини афсарон се тан аз бачахоро бо худ мебурд. Ризо мегуяд:
«Вакте бачахо бар мегаштанд, хеле орому норохат буданд.» Вакте навбат ба Ризо расид, у ва ду бачаи дигарро ба як утоки кучак бурданд ва дастур доданд либосашонро дарбиёранд ва бо хам амали чинсй анчом диханд.
«У ба мо гуфт, ки аз ин тарик мо ба тазкия (покй)-и нафс хохем расид ва дигар ёрои нигох кардан ба чашмони хамдигарро нахохем дошт. Мегуфт, ин кор моро ором хохад кард.»
Пас аз 20 руз саранчом хонаводаи Ризо муваффак шуданд бо пардохти васикае 45 хазор пундй уро аз зиндон дар биёваранд. Кабл аз озодй ба Ризо бори дигар хушдор доданд, ки дар бораи иттифокоте, ки бо у уфтода, ба касе чизе нагуяд. Бародари Ризо мегуяд: «Як дусти ман, ки нигахбони зиндони Ризо буд, ба ман гуфт, ки у бемор шуда. Шабе, ки озодаш карданд, беихтиёр гиря мекард; баъдан хамаи мочароро ба модарам таъриф кард.»
Хонаводаи Ризо як пизишкро мутакоъид карданд, ки алорагми хатаре, ки мутаваччехаш хохад шуд, уро муъолича кунад. Пизишк захмхои сатхи бадани Ризоро дармон карда ва ба у антибиутик ва дору дода, вале наметавонад муъоинаи дарунй анчом дихад. Ризо амикан зарба хурда, аз эхтимоли бозгашт ба зиндон вахшат дорад ва шабхо бехобй мекашад.
Пизишки у ба рузномаи Тоймз гуфт, ки дигар боздоштиён хам хамин сарнавиштро доштаанд:
«Мо дар бемористон мавориди мушобехи бисёре дорем, вале наметавонем он маворидро гузориш кунем. Онхо ба мо ичоза намедиханд, ки барояшон парванда боз кунем ва чузъиётеро руи когаз оварем.»
Дрюрй Дойк, пажухишгари созмони Афви Байнулмилал дар умури Эрон мегуяд, ки достони Ризо бо дигар гузоришхое, ки ин созмон дарёфт кардааст, хамхонй дорад; гузоришхое, ки хокй аз поймол кардани шарафу номуси инсонй, озори бекайду банд ва бидуни ручуъ ба додгох ва хатто хамдастии макомоти казойи дар тачовуз ба номуси зиндониён ва нодида гирифтани хакки ибтидоии дастрасй ба мурокибати пизишкист.
Ризо лоакал аз ин мусибат зинда берун омад, то достонашро барои чахониён таъриф кунад. Аммо дусти 16-солааш, ки у мачбур буд ба унвони рахбари гурухашон муъаррифй кунад, аз шиддати захмхое, ки бардошта буд, дар бемористон чон дод.
*Хувияти афроде, ки дар макола зикрашон рафтааст, махфуз аст.
No comments:
Post a Comment