Thursday, November 12, 2009

The Closest Far Away

Наздиктарини дур

Роёна (компютер)-и ман ҳар бор бо байте тоза аз Хоҷа Ҳофиз боз мешавад, ки дар бисёре аз маворид гӯӣ ҳукми фоли вахшуронаеро дорад. Имшаб Хоҷа ба ман гуфт:

Рӯзгорест, ки дил чеҳраи мақсуд надид,
Соқиё, он қадаҳи ойинакирдор биёр.

Гӯӣ бузургвор медонист дар сару дил чи барномае дорам ва фардо қарор аст чи кор бикунам. Гӯё медонист, ки фардо ба сӯи чеҳраи мақсуд мешитобам, ки фарсангҳо аз ҳам дури дур уфтодаем ва аз ранҷи дурии он танӯр ба ҷои дил дар сина дорам.

Ончунон он диёри азиз ба ман наздик аст, ки дуртар аз он дигар диёре нест. Ба ҳар сарзамине бебаҳонаву бетаваққуъ мераваму бармегардам, ки гӯӣ хонаи аммаи худобиёмурзам бошад. Аммо ба он диёри дури нозанин ҳамеша бо баҳона ва бо таваққуъ рафтаам; чунон ошиқе, ки ба дидори маъшуқаш меравад. Ва ҳамон ҷост, ки бештар аз ҳар ҷои дигар мувозиби рафтору гуфторам ҳастам, ки мабодо чашму гӯши азизи он диёрро биёзорам. Он сарзамин бо ҳама дӯзахиҳояш биҳишти баринест, ки модари маро дар худ гунҷондааст ва мардуми маро дар оғӯши худ парвардааст. Он сарзамин модари мост ва модар ҳамеша беҳтарину зеботарин аст.

Дӯстонам ба шӯхию бо ҷиддият ҳушдор медоданд, ки фардо ҳам одина аст ва ҳам 13-уми моҳ, ки тақоруни ин ду гӯё наҳосат дорад. Афзудам, парвозам ҳам ҳаволии соъати 13 аст. Оҳу воҳу ваҳшати дӯстонам фазоро пур кард. Аммо ман медонам, ки зарурати дидори ман бо сарзаминам ҳар навъ хурофаро ботил хоҳад кард ва маро ба хоки нози он хоҳад нишонд.

Тоҷикистонам, мебинамат.

8 comments:

Firdavsi Azam said...

Durud ba dustam Doriush!nukoti molomoli lutfu otifa!Piruzu sarbalndu rohyob boshed.

Anonymous said...

waw, great news,
welcome to your home, Darius,
will c u here, inshoalloh
F

Botur Kosimi said...

Rohi safed va omadi kor, barodar!

Ba modar baroi tarbiyati chunin farzandi millatdust az nomi mo salomu siposi samimi birasoned.

Dar amoni khudovand!

-- BK

D said...

Сипос аз лутфи азизон. Дар ин рузхо, ки хар сонияаш бароям ганимат аст, камтар фурсат даст медихад, ки ба ин саро сар бизанам. Ба зудй мехохам торнигорро бо ёдворахои навишторию дидорй аз сарзамини модарй биороям. Ба умеди дидор бо дустон.

Mansi Mehrotra said...

Hey!
You had written on my Blog almost a year and half back.
If you want you can translate and republish whatever you think will be useful.

Anonymous said...

Welcome HOME!!!

I trust you will make it your best trip back home and will share you best aspirations with us on your return- very soon!!!

All the best

Anon 2

Unknown said...

Khush omaded barodar ba diyori boboi
Bubakhshed chunin software bo ash'ori Khoja Hohiz az koja dastras namudan mumkin? Peshaku tashakkur.

D said...

Субхиддини гиромй, сипос аз паёмат.
Ин нармафзорро як дустам бароям аз Техрон фиристодааст.
Поянда бошй.