Thursday, November 05, 2009

Tajikistan's Honorable Citizens in London

Шахрвандони ифтихории Точикистон дар Ландан

(вижаи "Ногуфтанихо"-и хафтаномаи Нигох)

Се-чахор сол пеш буд. Барои дуруфтодагоне чун ман дидани намоханг (клип)-хои точикй дар Youtube! дигар амри махоле набуд. Бо таронахои дилошуби точикй барои лахазоте чанд дар огуши мачозию пиндории Точикистон мегунудем. Мехостам касонеро, ки ин лахзахои азизро барои мо фарохам карда буданд, пайдо кунам ва шахсан ба онхо сипос бигуям.

Бештари таронахоро касе бо номи рамзии “Behzad70” дар торнамо (вебсайт) чосозй карда буд. Ба Бехзод паёме фиристодаму пас аз чанд дакика посухе дарёфт кардам. Аз казо хар ду дар Ландане ба ин бузургй, ки барои паймудани фосилаи чануб то шимолаш бояд пагохро бегох кунед, дар як минтака зиндагй мекардем. Фосилаи Бехзод аз ман факат чанд куча болотар буд.

Он замон аз сафорати Точикистон дар Ландан хабаре набуд. Пас аз ошнойи бо Бехзоду хонаводаи бузургаш ба худ андешидам: агар вазифаи сафоратро танхо умури фархангй фарз кунем, ба сафорат ниёзе хам нест. Ва акнун хам ки сафоратдор шудаем, бар ин боварам, ки хонаводаи Ориё дар накши вобастаи фархангии Точикистон дар Бритониё ба маротиб бехтару пуррангтар медурахшад.

Бародарон Бехзод, Каюмарс ва Исфандиёри Ориё бо кровот (галстук)-хое бо нишони давлатии Точикистон ба пешвози мо омаданд, дар холе ки дигар аъзои хонавода либосхои варзишй бо тархи парчами Точикистон ба тан доштанд. Утоки нишемани Бехзод барои хар точике такондиханда буд: ба махзи вуруд портреи бузурги Ахмадшохи Масъуд дар самти рости девор чалби таваччух мекард ва рубаруи у портреи Эмомалии Рахмон (шояд танхо портреи раисичумхур дар Ландан пеш аз гушоиши сафоратхона) бар фарози тандисак (пайкарача)-хои хахоманишй дида мешуд. Дар гушае дигар табаки бузурги точикй бо тасвири Исмоили Сомонй овезон буд. Зери он нишони Точу Хафтахтарони парчам худнамойи мекард ва чои ситорахои перомуни точро тасвири бузургмардони порсигу гирифта буд. Ва албатта, се ранги парчами Точикистон дар чой-чойи уток ба чашм мехурд ва кучактарин хисси гурбатро аз синаи точикони гариб мезудуд.

Далели шигифтии ман чй буд? Охир чаро як чунин рафтори механдустонаеро аз як хонаводаи точик дар Ландан интизор надошта бошем? Корест бас табиъй, ки точикон дар саросари чахон бо намодхову нишонхои кишвари худ бинозанду биболанд. Аммо шигифтии ман баромада аз ин хакикат буд, ки хонаводаи Ориё аз точикони Афгонистонанд ва чунин ишки пуршуреро ба сарзамини чудоуфтодае (бино ба накшаи сиёсй) ба намоиш гузоштаанд.

Ба ростй, хеч точики точикистониро бо ин хама иштиёку дилшудагй ба Точикистон надида будам. Хамаи зиштихои мо барои ин хонадони дилбохта зебойи махсуб мешуд. Хамаи заъфи моро бузургворона нуктаи куввати мо таъбир мекарданд. Аммо аз хилоли суханонашон мешуд дарёфт, ки дили якоякашон ба шароити кунунии Точикистон месузад ва талош мекунанд ба хар навъе, ки шуда, ба Точикистону фарханги низораш кумак кунанд. Бо итминон метавон гуфт, ки бидуни талошхои пайгиронаи хонаводаи Ориё дар Ландан андак касе дар Бохтарзамин аз хунармандоне чун Шабнами Сурайёву Чонибеки Муроду гайра шинохте хосил мекард. Бехзоду Каюмарсу Исфандиёр бо Youtube! иктифо намекунанд, балки афзун бар торнамохои ичтимоъии дигар торнигор ё веблогхои вижае барои пахши мусикии точикй рохандозй кардаанд.

Фарзандони хурдсоли Бехзод, аз Бежани 7-сола гирифта то Авестои 14-сола, дар хамаи махфилхои фархангии Ландан ба намояндагй аз точикон хузур меёбанд ва бо алхони зебое ашъори фаровонеро аз Фирдавсию Мавлавию Саноию Икбол аз бар мехонанд ва ин хакикатро ошкор мекунанд, ки хазорон фарсанг дуртар аз зодбуми порсй хам метавон забони порсиро пос дошту ба хубй фаро гирифт.

Ин падидаи фархангии шигарф ба кумаки хатти порсй муяссар шуда ва мусалламан, бо хатти сириллик дар водии фарханги порсй (он хам дар диёри гурбат) рохи чандонеро наметавон тай кард.

Агар хонаводаи Ориё хам аз Точикистон буданду аз хатту адабиёти порсй огохй надоштанд, ба хеч руй ишк ба механ (ки ба таъбири онхо, «Хуросони бузург» аст ва Точикистонро хам дарбар дорад) дар замири онхо шукуфабор намешуд; на махфиле бо садои гарму ширини фарзандонашон шодоб мешуд, на точике аз мушохидаи алокаашон ба Точикистон дилшод мешуд ва на акси Эмомалии Рахмон ба хонаашон рох меёфт.

Огохии онхо аз пешинаи торихй ва адабии каламрави пахновари фарханги эронй ва эътикод ба якпорчагии руху равони Хуросони Бузург ва саранчом, ишки онхо ба Точикистони кунунй ва хатто давлатмардони он, хама ва хама аз тасаллуташон бар хатти порсй бармеояд. Вагарна кучост сирилликхоне, ки чунин ишку алокаро ба дур аз зодбум ва бе зури зуроварон ба рухи хайрони мо кашад?

Гуйи бо рафтани хатти порсй аз бисоти фархангии мо руху равони точикии ростин хам аз канори мо рахт барбастааст ва онро метавон танхо чое сурог дошт, ки руди порсй дар он руи бистари худаш чорй бошад, на бистари бегона.

Барои исботи ин иддаъо дар «Ногуфтанихо»-е дигар накли кавлхоеро аз худи Бехзоди Ориё меоварем, ки худашро пайваста «шахрванди Точикистон» муъаррифй мекунад. Ба назари ман, бояд у ва хонаводаашро бо сарбаландй «Шахрвандони ифтихории Точикистон» унвон кард.

ПС: Аксхои ин хонаводаи нажода дар сурати касби ичоза аз эшон мунташир хохад шуд.

3 comments:

Anonymous said...

Садхо салом ва ташаккур бар ин хонавода!

Ф

Anonymous said...

Дуруд! Ахсан ба ин хонавода! Аммо маро як чиз дар тахайур мегузорад. Ахмад зохир як табораш пашту буд,вале бештар чун точик шинохта мешуд ва хамеша аз точикиияти худ ифтихор дошт. Фарходи Дарё низ. Доктор Абдулло низ хамчунин аст. Аз ин ман ба хулосае расидам, ки точикони Афгонистон маснуияти милли хешро гум накардаанд. Агар оилаеро кадоме аз онхо хох зан бошад, хох мард точик бошад, фарзандони он точики тарбия мешаванд.
Таасуфан точикони Точикистон маснуияти миллии хешро аксаран аз даст додаанд. Замоне писари точик зани узбак ё урусу дигар аквом мекунад, худ ва чумла фарзандон вижагихои хамон кавмиятро кабул медоранд. Дар мавриди духтароин мо чои гап нест. Аз аслоати онхо дар ин маврид сухбат кардан дур аст. Танхо точикони Афгонистонанд, ки маснуияти баланди милли доранд. Худо маснуияти моро низ баланд кунад ва аз махултшави нигах дорад

Муъмин

Anonymous said...

Хеле хуш хондани буд. Сипос барои шиносои намудани мо бо чунин як хонаводаи асил Ориёи. Барои мо хам дур аз Ватан инхо як намунаи ибрат аз худшиноси ва гурури милли хоханд буд. Хатман, паёму орзухои нек аз номи мо ба чунин хамкавмон бирасонед. Хуросони Бузург намемирад, балки эхё хохад гашт. Дастатон дард накунад, бародар Дориюш.

Бо эхтиром,
Ботур Косими