Аз бегонаситезии соли 1979 то бегонапарастии соли 2009
Навиштори зер аз дустест дар Техрон
به دبيرۀ پارسی
Соъат 10-и субхи имруз, 13 обони 1388 (04.11.2009) аст ва аз нахустин соъатхои бомдод нерухои Хоманайи дар хама чои нукоти марказии шахри Техрон дида мешаванд ва дар холи пароканда кардани мардум хастанд. Мешавад гуфт, Хоманайи хар чи неру дошта, овардааст, то шояд эътибори аздастрафтаашро боз ёбад...
Талоши онхо дар чилавгирй аз шаклгирии рохпаймоии мухолифони мусолиматчу табиъй буд, ки ба натича бирасад. Аммо талоши онхо барои аз майдон хорич кардани хаводорони Чунбиши Сабз, ки хар руз мунсачимтару хадафмандтар амал мекунанд, бетардид наметавонист дастоварди мавриди назари онхоро дошта бошад. Ба хамин далел сабзхо хар кучо фурсат меёфтанд, шиъорхояшонро сар медоданд, ки ду шиъори умдаи имрузи онхо «Марг бар Русия!» ва «Сафорати Русия – Лонаи чосусия!» мутановибан шунида мешуд, ки ба гунае хайратовар хассосияти вижаи чумокдорон (калтакдорон)-и Хоманаиро ба дунбол дошт.
Дар яке аз маворид дар наздикии пули Каримхон охунд (мулло)-е бар руи Нисон (Nissan)-е истода буд ва баландгу ба даст бист то сй нафареро, ки давру бари у буданд, рахбарй мекард ва мардумро мунофик мехонд. Сипас хамин ки шиъори «Марг бар Омрико!» сар дод, мардуми ду суи хиёбон чун хамеша дар посух шиъори «Марг бар Русия!» сар доданд, ки ногахон охунд аз болои Нисон поин парид ва хамрохонаш ба рахбарии у ба мардум хамла карданд ва ошкоро мешунидам, ки мегуфтанд: «Кй буд шиъор дод?!»
Он чи дар он лахза иттифок уфтод, метавон ба чуръат гуфт, дастикам дар торихи Эрони муъосир собика надорад. Химояте чунин ошкор аз кишваре бегона дар маркази кишваре, ки давлаташ доъия (иддаъо)-и истиклол ва куфрситезй дорад, хаккан бесобика аст. Давлате, ки бегонаситезиро аз мехваритарин сиёсатхои худ медонад, аммо ба зохир на хар бегонаеро. Таъассубе, ки нерухои Хоманайи имруз нисбат ба Русия аз худашон нишон доданд, хатто дар даврони «истибдоди сагир» ва аз суи Мухаммад Алишохи Кочор хам, ки бо химояти мустакими русхо [сад сол пеш] машрута (низоми Конуни Асосй)-ро муваккатан бархам дод, рух надода ва гузориш нашудааст...
Аз ин ру чо дорад иттифоки имрузро ба сиёха (руйхат)-и баланди муносибатхои гуногуни 13 обон (4 нувомбр) изофа кард. Рузе, ки нерухои рахбари рухонй ва исломии Эрон бе хеч пардапушй дар химоят аз давлати хамеша-чиноятпешаи Рус мардумро мавриди хамла карор доданд ва даххо нафар аз чавонон, озодихохон ва миллиюнро башиддат мазруб карданд (заданд) ва бисёре дигарро дастбаста равонаи боздоштгоххо карданд. Фаромуш накунем, имрузро «рузи миллии мубориза бо истикбор (империализм)» ном ниходаанд.
2 comments:
Дуруд бар Дориюши арҷманд!
Донистан мехоҳам ки чаро "сабзҳо" бо Русия душманӣ меварзанд ва «Марг бар Русия!» мехоханд? Оё Русия дар охирин интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон чӣ нақше доштааст? Магар танҳо аз барои сафари Аҳмадинажод ба Русия дар нахустин рӯзҳо пас аз эъломи пирӯзияш Маскавро душман гирифтаанд?
Барои мане ки як ҳафта пеш аз интихобот дар Теҳрон будам ва ҳамроҳ бо роҳпаймоёни "сабз"у "сафед"у "сурх" гаштам ва худ гувоҳам, ки аз Русия дар он рӯзҳо касе ёд намекард, ин душмании "мусавиён" бо русиён бисёр шигифтовар аст. Лутфан ин мавзуъро бароям шарҳ диҳед.
Дуруд бар Умеди Чайхонии гиромй. Сипос аз назару пурсишатон.
Хусумати сабзхо алайхи Русия решахои бас тулое дорад, ки ба сабзхо махдуд намешавад ва барои хама равшан аст: талхии бохти Эрон дар баробари Русияи тезорй дар садаи 19 (бо ин ки муддатхост чузъе аз торихи кухан ба шумор меояд) хамчунон дар ёдхо бокист ва миллигароёни эронй хамвора бо Русия сари ситез доштаанд.
Аммо он чи ба руйдодхои ахир марбут мешавад, бештар ба хотири химояти талвехй ва сипас ошкори Русия аз Ахмадинажод буд. Пас аз сафари Ахмадинажод ба Русия буд, ки барои нахустин бор шиъори "Марг бар Русия!" чойгузини "Марг бар Омрико!" шуд. Шиъори "Марг бар Чин!" хам борхо садо додааст. Чун ин ду кудрат ба ростй аз хомиёни режими кунунии Эрони исломй хастанд ва харгиз алока надоранд, ки бо руи кор омадани як хукумати муътадили миёнарав дар Техрон Эрон хам ба сангари Гарб бипайвандад.
Аз суи дигар, дар нишастхои ахири кишвархои хавзаи Хазар, ки дар Русия баргузор шуд, Эронро фаро нахонда буданд. Тасаввури сабзхо бар ин аст, ки Русия бо додани имтиёз ба давлати Ахмадй ва химоят аз он дар арсаи байнулмилалй дар холи чопидан ё ба ягмо бурдани дороихои Эрон дар дарёи Хазар аст.
Пузиш аз пургуйи. Фикр мекунам ин мавзуъ ба матлабе чудогона ниёз дорад. Поянда бошед.
Post a Comment