Соле, ки гузашт
(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)
Бештари рӯйдодҳои муҳимми соли гузаштаи тоҷикӣ (ки аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсолро дарбар мегирад) рӯ ба поёни сол иттифоқ уфтод. Муҳимтарини онҳо, мусалламан, интихоботи саросарӣ буд, ки орзуи панҷсолаи қишре аз мардумро ба яъс нишонд: орзуи дидани порлумоне гӯё ва мардумӣ ба ҷои маҷлиси хомӯшу муҳрбадаст ва рӯбараҳбар, ки ангушти намояндагонаш аз рӯи тугмаи “оре” дур намешавад.
Маҷлисе якдаст, ки 54 адад аз 63 курсии онро ҳаводорони сардамдорони вақт ишғол кардаанд ва садои 3-4 тан аз дигарандешонашро метавон ба осонӣ ношунида гирифт. Дар ин интихобот машҳуд буд, ки унсури номатлуби хешовандсолорӣ рушди бештаре доштааст. Пас дар ин имтиҳони мардумсолорӣ Тоҷикистон боз ҳам ноком шуд ва як фурсати дигар барои даст ёфтан ба озодию шукуфоиро аз даст дод. Тазминоти раҳбар барои баргузории интихоботи шаффофу озод аз қолиби сухан берун наомад ва амалӣ нашуд. Нозирони дурдаст айни ҳақиқатро гуфтанд. Нозирони “хориҷаи наздик” ин нокомиро ташвиқ карданду шодбош гуфтанд.
Дар оғози соли нав аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳам интихоб, ё шояд ба баёне дурусттар, таъйин шуданд. Бо он сарусомоне, ки интихоботи “мустақим”-и саросарӣ дошт, метавон наҳваи баргузории интихоботи номустақимро ҳадс зад. Ва ҳатто шахси раиси Маҷлиси Миллӣ, ки раиси Маҷлиси Олӣ ҳам ҳамӯ хоҳад буд, аз ҳамин акнун қобили ташхис аст. Ин рӯйдод баҳонае барои таҷлил надорад. Ба вижа ба хотири он ки касе суроғи раъйи баяғморафтаашро нагирифт.
Рӯйдоди муҳимми дигар корзори саросарии давлат барои сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун буд. Дар оғоз ҳатто дӯстдорони хориҷии Тоҷикистон эъломи омодагӣ карданд, ки дар раҳоии мардум аз буҳрони энержӣ саҳм хоҳанд гирифт ва ҳисобҳое бад-ин манзур ҳамчунон боз аст. Аммо фишори фавқулъодаи мақомот бар мардуми одӣ ва ғолибан нодор барои пардохти пули саҳоми неругоҳ ин амри хайрро махдушу зишт кард. Донишҷӯёне, ки бидуни пардохти пули саҳом иҷозаи вуруд ба утоқи имтиҳонро надоштанд, ба сутӯҳ омаданд. Кормандоне, ки водор ба харидории саҳоми нерӯгоҳ мешуданд, мақомотро нафрин карданд. Аммо эътирозоти дарунӣ ба ҳадди ғалаён нарасид ва ҳамчунон зери лиҳофу пӯшида аст. Дар натиҷаи ин фишорҳо ҷавви бадгумонӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷ боло гирифт ва накӯкорони хориҷӣ мунтазири дарёфти замонати сад дарсадии мақомотанд, ки пули ворезшуда танҳо ва танҳо барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ҳазина хоҳад шуд.
Ҳамсоягони ҳасуде чун Узбакистон Роғунро баҳонаи хубе барои эъмоли фишори бештар бар Тоҷикистон ёфтанд ва Душанберо мавриди муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд. Ба гунае, ки ҳудуди 400 вогуни ҳомили таҷҳизоти сохтмонии Роғун дар нимароҳ тавассути Узбакистон масдуд шуд ва бори дигар ин ҳақиқатро барҷаста кард, ки то чи андоза иқтисоди Тоҷикистон шикананда аст ва ба чи роҳатӣ як дастури раҳбари узбак метавонад чилави барномаҳои иқтисодии моро бигирад. Ҳақиқати дигаре, ки ошкортар шуд, ниёзи Тоҷикистон ба доштани роҳҳои иртиботии дигар бо ҷаҳони хориҷ буд. Чун агар қарор аст Роғун сохта шавад, бояд Узбакистонро ба унвони кишвари тронзит ба фаромӯшхона супурд. Чи бихоҳему чи нахоҳем, Узбакистон ҳамаи роҳҳои эъмоли фишорро ба кор хоҳад бурд, то монеъ аз анҷоми ин тарҳ шавад. Донистани ин ҳақиқат ба илми рамлу устурлобу ахтаршиносӣ ниёзе надошт. Айни воқеъияте буд, ки афроди муътақид ба давлатдорӣ бояд пеш аз эъломи тарҳ пешбинӣ мекарданду накарданд.
Ва чизе, ки қарор буд иттифоқ биуфтаду науфтод, гушоиши шабакаи телевизюнии кишварҳои порсигӯ ба номи “Наврӯз” буд. Соли гузашта дар остонаи Наврӯз шуморе аз мақомот ҷор зада буданд, ки қарор аст он дар рӯзи Наврӯзи соли гузашта ифтитоҳ шавад. Ба ҷои он шабакаи телевизюнии “Овоз”-и Туркия барои кишварҳои туркизабон гушоиш ёфт. Як сол гузашт, аммо аз шабакаи мавъуди мо ҳамчунон хабаре нест, ки нест. Пас дар масофи фарҳангӣ ҳам аз ҳамсоягон ақиб уфтодаем.
Нокомиҳои соли гузашта боъиси рушди беш аз пеши ифротгароию тундравӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеъа шуд. Эҳсоси дармондагӣ ва навмедӣ шуморе аз мағзҳои равшанро ҳам ба зулмати радикализм савқ дод ва имрӯз ёваи хушунатгароӣ баландтар аз дирӯз ба гӯш мерасад. Эҳтимоли такрори ғалатҳои гузашта беш аз пеш матраҳ шуд. Аммо мақомот дарсе нагирифтанд ва бо ин тасаввури козиб, ки номгузории соли 2009 ба номи Имоми Аъзам қишре аз норозиёнро розӣ хоҳад кард, иктифо карданд. Барои муқобила бо ин падидаи манфӣ, ки дар миёни қишрҳои гуногун ба шаклҳои гуногун буруз меёбад, касе ба фикри фарҳангпароканӣ ва густариши донишу огоҳӣ науфтод. Ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон таи соли гузашта пешрафте надошт, то битавонад дар сурати нотавонии давлат ба таври худҷӯш бо ин падида муқобила кунад.
Дар натиҷа Тоҷикистон ҳамчунон дар мағоки торих аст. Умед аст, ки соли нави тоҷикӣ нури огоҳии бештареро аз тӯдаҳои мо дареғ надорад.
Tuesday, March 30, 2010
Thursday, March 25, 2010
Nowruz in Tajikistan & CA. VOA Interview
Наврӯз дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа. Гуфтугӯ бо Садои Омрико
Wednesday, March 24, 2010
Nowruz as the Focal Point of Cross-Cultural Dialogue
Навруз – омили якпорчагй
Дар «Ногуфтанихо»-и хафтаи гузашта дар бораи густариши каламрави Навруз ва зарурати боло бурдани макоми Навруз ба унвони огози соли расмй дар Точикистон сухбат карда будем. Аммо бо тахаввулоти тозае, ки иттифок уфтода, лозим медонам, бори дигар ба ин мавзуъ баргардем, то шояд ахамияти Навруз дар чахони имрузиро бехтар дарёбем.
Наврузи имсол бо хар Наврузи дигаре дар торихи муъосир тафовут дошт. Аз шахрдорихои кучаке чун шахрдории Питтзбурги Омрико гирифта то Мачлиси Сенои Иёлоти Муттахида Наврузро ба унвони чашни бахор ва огози шукуфоии табиъат ба расмият шинохтанд. Ва мухимтар аз он, дар остонаи Наврузи имсол Мачмаъи Умумии Созмони Милали Муттахид ин чашни бостониро ба унвони «Рузи байнулмилалии Навруз» чахонй кард. Паёми Навруз расотар аз пеш ба гуши чахониён расид.
Ба гуфтаи Бон Кй-Мун, дабири кулли Созмони Милал, шиносоии Навруз аз суи Мачмаъи Умумй бад-он маъност, ки огохии мардуми чахон аз ахамияти ин руз афзоиш ёфта; хатто дар манотике, ки каблан аз Навруз шинохти чандоне надоштаанд.
Гуё ба таъйиди ин суханони окои Бон, рузи 21 март густараи сарзаминхои наврузй фарохтар шуд: давлати Гурчистон хам ин рузро ба унвони чашни эътидоли бахорй таътил эълом кард. Михоил Соокошвилй, раисчумхури Гурчистон, хангоми боздид аз шахраки озаринишини Морнеулй гуфт: «Мехохам ба намояндагй аз давлати Гурчистон Наврузро як чашни миллй эълом кунам. Аз ин ба баъд аз ин чашн ба монанди дигар чашнхои бузурги кишварамон тачлил хохад шуд. Навруз чашни саросарии Гурчистон аст».
Шукух ва чойгохи Навруз дар Казокистон хам барчастатар шуд ва ду рузи дигар бар як руз таътили наврузй дар ин кишвар афзуда шуд. Яъне шодию сурури наврузй дар Казокистон имсол то рузи 25 март идома дорад. Дар Туркманистон хам раисчумхур Курбонгулй Бердимухаммадов бо судури як фармон бар таътилоти наврузй афзуд ва рузи 23 мартро хам ба Навруз ихтисос дод.
Окои Бердимухаммадов дар рузи одина Наврузро бо хамтои точикаш Эмомалй Рахмон дар Точикистон чашн гирифт. Навруз дар Точикистон хамчунон панч руз таътил аст. Аммо имсол чашни аслй на дар шахри Душанбе, балки дар минтакаи Дангара – зодгохи раисчумхур баргузор шуд.
Акнун афзун бар Эрону Афгонистону Точикистон, Навруз дар кишвархои Олбонй (Албания), Озарбойчон, Казокистон, Киргизистон, Туркманистон, Узбакистон, Гурчистон, манотики Курдистони Ирок, Тотористон ва Догистони Русия таътили расмист ва дар даххо кишвари дигар хам аз он тачлил мешавад. Чашни эътидоли бахорй дар кишвархои Миср, Хинд, Непол ва Сурия бо номхое мутафовит роич аст ва таътили хамагонист.
Дар кишвархое чун Туркия ва Чин хам, ки дар гузашта аз баргузории чашни Навруз тавассути акаллиятхои кавмй харос доштанду чилавгирй мекарданд, макомот акнун мекушанд бо ранги миллй додан ба ин чашн онро аз инхисори кавмиятхо берун оваранд ва ба чашне саросарй табдилаш кунанд ва онро ба унвони омили вахдат ба кор бигиранд, то омили чудои.
Бад-ин гуна, баъид нест, ки замоне чашни Навруз дар бахше бузург аз Урупо ва Осиё ба конуни наздикй, хамгарои ва таъомули фархангии хар чи бештари кишвархо ва мардумони гуногун табдил шавад.
Дар ин асно аз Умеди Чайхонй, равшанфикри точики мукими Русия, пешниходи бисёр чолибе дар торнигори «Як дарвеш» матрах шуд: имзои як тумор (петитсия) хитоб ба аъзои Мачлиси Намояндагон ва дархости пазириши Навруз ба унвони огози соли расмй дар Точикистон. Шояд мачлиси навини Точикистон хам моил бошад бо анчоми тасмимгирихои бунёдин аз худ ёдгоре торихй ба чо бигзорад. Ва чи чизе торихитар аз бозгардондани Навруз ба чойгохи ростинаш дар сарзамине, ки огозгари ин чашни бостонй будааст?
Зеро хамин акнун, ки шинохти чахониён аз чашни Наврузи мо боло рафтааст ва миллатхои зиёде аз он расман тачлил мекунанд, тафовути чандоне миёни, масалан, Наврузи Узбакистон ва Наврузи Точикистон намебинем. Посдорй аз мероси хазоронсола бояд фаротар аз чашнхои намодин ва расмй биравад ва Наврузро бозпас ба огози солшумории точикон табдил кунад.

Labels:
Central Asia,
Georgia,
more,
Nowruz,
Persian Identity,
Tajikistan
Friday, March 19, 2010
Green Messengers of Nowruz
Мерӯяд дар баҳор
Баҳори Навоӣ
به دبيرۀ پارسی
Сабза яке аз муҳимтарин намодҳои Наврӯз дар пайванд бо табиъат ва кишоварзист, ки таҳияи он дар Эрон, Осиёи Миёна, Озарбойҷон ва бахшҳое аз Афғонистон бо номҳои гуногун роиҷ аст. Мардуми Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон, сабзаро “саманӣ” ё “суманак” меноманд ва онро дар маросими ҷашни Наврӯз, ки ба сурати дастаҷамъӣ ва дар хориҷ аз хона баргузор мешавад, бо худ ҳамл мекунанд. Сабза дар Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба ҳамин ном ва аз аҷзоъи муҳимми суфраи наврӯзӣ ва намоди ҳосил ва кишти хуб аст.
Агарчи зартуштиёни Эрон сабзаро монанди дигар эрониён ба хони наврӯзии худ мегузоранд ва онро ба забони маҳаллии худ (дарӣ) “шеше” меноманд, дар баъзе рустоҳои зартуштинишини Язд мардум дар рӯзи Наврӯз шохаи сабзеро бар сари дари хонаи худ овезон мекунанд, ки нишон аз ҳузури соҳибхона, даъват ба иддиданӣ ва хушомадгӯӣ ба меҳмонон дорад. Ҳамин суннат дар байни эзадиён (язидиҳо)-и Ироқ низ дида мешавад.
Дар бахшҳое аз Афғонистон ва дар миёни мардуми Пешовари Покистон, ки Наврӯзро муфассал ҷашн мегиранд, расм бар ин аст, ки дар нахустин рӯз аз айёми Наврӯз пас аз баргузории маросими таҳвили сол ҳамагон ба беруни шаҳр ва ба сабзазорҳо мераванд ва таи маросиме бо пои бараҳна рӯи сабзаҳо ва чаман роҳ мераванд ва ин корро “сабза лагад кардан” мегӯянд ва онро боъиси истимрор (ба дарозо кашидан)-и шодию некбахтӣ дар соли нав медонанд.
Дар мавриди сабза ба шакли имрӯзии он ривоёти торихии зиёде вуҷуд надорад. Ба назар мерасад, коштани донаҳои ғаллот дар рӯзҳои пеш аз Наврӯз ва нигаристан ба рӯиши донаҳо аз ойинҳои куҳани эрониён будааст. Кишоварзони он замон рушди донаҳои кошташуда ба сурати сабза дар гардиши соли куҳна ба соли навро мазҳаре аз рушди хуби он дона дар соли нави кишоварзӣ мепиндоштанд.
Бар тибқи таҳқиқоти Алии Булукбошӣ дар китоби “Наврӯз – ҷашни навзоии офариниш”, дар давраи Сосонӣ донаҳои ғаллоту ҳубуботро 25 рӯз пеш аз омадани баҳору Наврӯз мекоштанд. Дар саҳни дарбор 12 сутуни хиштӣ ба нишонаи 12 моҳи сол барпо мешуд ва бар ҳар сутун донаҳои гандум, ҷав, биринҷ, адас (навъе мош), боқилӣ, коҷила (ё коҷира), арзан, зуррат (ҷуворӣ), лӯбиё, нахуд, кунҷид ва мош мекоштанд. Ин ҳубубот барои тафаъул (фолгирӣ) кошта мешуданд ва гумон мекарданд, ки ҳар як аз онҳо, ки борвартар шуд, маҳсулаш дар он сол фаровонтар хоҳад буд. Аз ин рӯ дар фасли кишти он сол аз он дона бештар мекоштанд.
Бо вуҷуди ин, бар асоси таҳқиқоти Ҳошими Разӣ, пажӯҳишгари эронӣ, дар китоби “Ҷашнҳои об”, расми рӯёндан ва сабз кардани донаҳо фаротар аз ин, дар қолиби ҷашнҳои Акиту ва Одунис дар Сумер ва Бобил низ ёфт мешавад, ки дар он гиёҳонеро ҳашт рӯз мерӯёнданд ва тайи ойине ба дарё ё рӯдхона меандохтанд.
Суннати таҳияи сабха ҳанӯз чун гузашта боқӣ мондааст ва ҳар хонавода аз ду-се ҳафта қабл аз Наврӯз гоҳ ба шумори афроди хонавода ҳубуботе ҳамчун гандум ва мошро сабз мекунанд. Бархе низ тухми тартезак ё кунҷидро рӯи кӯзаҳои суфолӣ мерӯёнданд.
Бино бар гуфтаи Алии Булукбошӣ, дар рустоҳои навоҳии марказии Эрон дар тоқчаҳо ва сутунҳои хонаҳо ғалла мекоранд. Мардуми минтақаи Хӯри устони Исфаҳон низ бино бар суннати ниёкони худ дар ҳафт тоқчаи ҳаёти хона ҷав мекоранд ва онро “боғӯ” меноманд. Ҳамчунин дар рустои Ҳасан-Лингӣ дар Бандар Аббос мардум ҳастаи хурмо дар боғчаи хонаҳояшон мекоранд ва бар рӯи кӯзаи қалён сабза сабз мекунанд.
Имрӯз таҳияи сабза байни эрониён ва дигар ақвом бо тахайюл ва зеҳнияти ҳунарӣ омехта ва ба василае барои озин (ороиш)-и баҳорӣ ва наврӯзӣ табдил шудааст. Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Нико Тобиш бархе аз идеҳои муртабит бо рӯёндани сабза ва фурмҳои тазйинии онро дар канори синӣ (лаълӣ) ва қоб (зарф) нишон медиҳад.
Қитъаи мусиқии бакоррафта дар ин гузориши тасвирӣ сохтаи Лайло Ҳакими Илоҳӣ аз лавҳи фишурдаи “Ин гӯша то ун гӯша” аст.

Afghanistan,
Central Asia,
Iran,
more,
Nowruz,
Pakistan,
Tajikistan
Wednesday, March 17, 2010
Prize for Serving HM
Подоши хидмат ба раҳбар
Сухани рӯз мутаъаллиқ ба Шукурҷон Зуҳуров, раиси нави Маҷлиси Намояндагон аст:
Софу пӯстканда баён шудааст, ки маҷлис тобеъи ҳукумати иҷроия аст ва оқои Зуҳуров аз роҳи «18 сол» хидмат ба «президенти муҳтарам» «то ба имрӯз» расидааст.
Агар оқои Зуҳуров аз ин ба баъд ҳам ба «президенти муҳтарам» ба таври бояду шояд хидмат кунад, пас аз панҷ соли дигар аҷаб нест, ки ба монанди салафаш Сайдулло Хайруллоев дар курсии роҳати Маҷлиси Миллӣ ором бигирад.
Намоиши "истиқлол"-и шохаҳои иҷроия ва қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти дирӯзи маҷлис маҳшар буд. Ба вижа пас аз он ки раҳбар интихоботи «90 дарсадӣ»-ро “шаффофу демукротик” унвон кард.

«Муддати 18 соли ахир дар паҳлӯи президенти мӯҳтарам ва дар вазифаҳои мухталиф дар ҳукумат кор кардам. Ва мо солҳои бисёр вазнинро пушти сар кардем. Ҳолатҳои бисёр мушкил ва вазнин ҳам шахсан ба сари ман омаданд. Аммо ҳамавақт пуштибонӣ , дастгирӣ ва ғамхории ин шахсиятро эҳсос мекардам ва аз маслиҳату машварати вай бархӯрдор будам, ки то имрӯз расидем».
Софу пӯстканда баён шудааст, ки маҷлис тобеъи ҳукумати иҷроия аст ва оқои Зуҳуров аз роҳи «18 сол» хидмат ба «президенти муҳтарам» «то ба имрӯз» расидааст.
Агар оқои Зуҳуров аз ин ба баъд ҳам ба «президенти муҳтарам» ба таври бояду шояд хидмат кунад, пас аз панҷ соли дигар аҷаб нест, ки ба монанди салафаш Сайдулло Хайруллоев дар курсии роҳати Маҷлиси Миллӣ ором бигирад.
Намоиши "истиқлол"-и шохаҳои иҷроия ва қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти дирӯзи маҷлис маҳшар буд. Ба вижа пас аз он ки раҳбар интихоботи «90 дарсадӣ»-ро “шаффофу демукротик” унвон кард.
Labels:
elections,
more,
parliament,
politics,
Tajikistan
Tuesday, March 16, 2010
The Triumphant Nowruz
Наврӯзро пирӯз кунем
(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)
Батадриҷ ҷаҳониён ҳикмати Наврӯзро дармеёбанд.
Наврӯзи имсол пирӯзтар аз солҳои гузашта аст. Маҷмаъи умумии Созмони Милал рӯзи 23 феврал қатъномае содир кард ва Наврӯзро ба унвони як муносибати ҷаҳонӣ ба расмият шинохт. Ба намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Милал пешниҳод мекунам, ки дар баробари ҳайъати Ҷумҳурии Озарбойҷон кулоҳ аз сар бигиранду таъзим кунанд, чун пешниҳод аз сӯи онҳо матраҳ шуд.
Албатта, пештар аз он дар поёни моҳи сентябри соли 2009 буд, ки Бунёди омӯзишию илмию фарҳангии Созмони Милал (UNESCO) Наврӯзро ба феҳрести мероси фарҳангии башарият шомил кард. Аммо бино ба солшумории ниёгон, он рӯйдод ҳам дар ҳамин соли равон иттифоқ уфтод. Пас Наврӯзамон дар роҳи пирӯзист.
Фарзандони обу хоки фарҳангии мо паёми ин ҷашни бостониро ба дурноҳо расондаанд ва ҳатто пеш аз шиносоии Наврӯз аз сӯи Созмони Милал ба унвони “рӯзи байнулмилалӣ” иёлатҳое дар Омрикову Конодо дар шиносоии расмии Наврӯз ва бузургдошти он пешдастӣ карда буданд. Афзун бар ин, рӯзи душанбеи гузашта Маҷлиси Намояндагони Омрико қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он “аҳамияти фарҳангӣ ва торихӣ”-и Наврӯз ба унвони муҳимтарин ҷашни бостонии эрониён ба расмият шинохта мешавад. Акнун Наврӯзи моро аҳолии фарҳангҳои гуногун арҷ мегузоранду пос медоранд. Ва шояд ҳоло навбат ба худи мо расида бошад ё ҳанӯз зуд аст? Шояд акнун Маҷлиси навпои мо ҳам битавонад бо тасвиби як қатънома Наврӯзро оғози соли нави Тоҷикистон эълом кунад?.. Хаёлбофӣ гоҳ ширин аст, бо таҳмазае талх аз воқеъиятҳо.
Дар “Ногуфтаниҳо”-и даймоҳ (поёни декабр) изҳори умедворӣ ва ҳатто итминон карда будам, ки “рӯзе фаро хоҳад расид, ки миллати тоҷик бо дарки комил аз пешинааш Наврӯзро сароғози гоҳшумориаш қарор хоҳад дод.” Аммо ба ҳеч рӯй тасаввур намекардам, ки ҷаҳониён пеш аз худи мубтакирони ин ҷашн (яъне мо) ба дарки аҳамияти Наврӯз хоҳанд расид ва онро ба муносибате ҷаҳонӣ табдил хоҳанд кард. Ҳам мояи шодист ва ҳам далели шармсорӣ.
Барои зимомдорони замон бояд пур ошкор бошад, ки ситеза бо Наврӯз дар тӯли ҳазорон сол роҳ ба чоҳ бурдааст. Наврӯз, бар хилофи ҷашни соли нави миллатҳои дигар, аз табиъату кайҳон бармеояд ва сохтаву бофтаи афсонаҳову устураҳо нест. Оғози бедории табиъат бо Наврӯз мусодиф мешавад ва соъати табиъат, ки дар поёни зимистон ба 12 мерасад, дар Наврӯз дубора аз 1 оғоз мегирад. Ситеза бо соъати табиъатро бо ҳеч делеле наметавон тавҷеҳ кард. Гардиши моҳу хуршед бо фармони маҷлису раҳбари як кишвар анҷом намегирад. Гардишест азалӣ ва ҳар ҳукумате, чӣ кумунистию халқи демукрот ва чӣ исломӣ, ногузир тобеъи он ҳаракоти самовист. Наврӯз намоди қудрати табиъат аст. Аз ин рӯ ҳатто дар сарзаминҳои фарангӣ (урупоӣ), ки замоне Наврӯз сароғози расмии гоҳшуморишон буд, имрӯз ҳам 21 март оғози расмии баҳор ба шумор меояд, на 1 март.
То ҳамин 20 сол пеш гилоя мекардем, ки русҳо Наврӯзро аз мо дареғ доштанд. Имрӯз чи касе бояд омоҷ (ҳадаф)-и гилояҳои мо воқеъ шавад? Магар мо “соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд” нестем? Истиқлоли кишвар ва ҳуқуқи мардум эҷоб мекунад, ки ба Наврӯз – барҷастатарин намоди тамаддунамон арҷи лозимро бигузорем ва онро бозпас ба курсӣ биншонем. Наврӯзро пирӯз кунем.
Албатта, ин кор шаҳомат мехоҳад; шаҳомати худро шинохтан ва тавоноии касби дубораи гавҳаре гумшуда. Наврӯз, гузашта аз ин ки оғози соли мост, метавонад пайванди мо бо мафҳуми “худӣ”-ро ҳам дарбар дошта бошад ва заҳмати мо дар паймудани роҳи худшиносиро кам кунад.
Пас ба паёмҳои шодбоши давлатмардони Тоҷикистон метавон танҳо замоне бовар кард, ки нахуст худашон Наврӯз ва аҳамияти онро дарёбанд ва онро ба ҷойгоҳи сазовори шаънаш баргардонанд. Вақте ҳар бор аз ину он ҷалолатмаъоб паёми “Наврӯзатон пирӯз бод!”-ро мешунавем, бояд аз ӯ бипурсем, ки оё ба ростӣ қасд доред, Наврӯзамонро пирӯз бикунед ё на. Агар рост мегӯед, лутфан ҳамин имрӯз Наврӯзамонро пирӯз кунед ва аз хок бараш дореду ба сароғози сол бараш гардонед. Он вақт Наврӯзи мо пирӯз мешавад.

Sunday, March 14, 2010
Who Shapes Our Destiny?
Сарнавишти мо дар дасти кист?
Мурури зиндагиномаи чеҳраҳои барҷастаи торихӣ ин тасаввурро падид меоварад, ки торих сохтаву пардохтаи ҳамин шахсиятҳои бузург аст ва бидуни онҳо рӯзгори мо наметавонист шаклу намои кунуниро дошта бошад. Ба қавли Томас Карлайли искотландӣ, “торихи ҷаҳон чизе ба ҷуз зиндагиномаи абармардон нест.” Ё ба гуфтаи Ничеи олмонӣ, “ҳадафи башарият дар шахсиятҳои бартари он нуҳуфта аст.”
Агар бародарон Лумер дар соли 1895 нахустин филми ҷаҳонро насохта буданд, имрӯз аз синемову Ҳоливуду Боливуду Оскар хабаре набуд. Агар Ленин инқилоб накарда буд, мову шумо ҳам эҳтимолан низоми кумунистиро тарҷруба намекардем. Пас ин пиндошт дуруст аст, ки торихро шахсиятҳо месозанд.
Аммо аз сӯи дигар, агар Томас Эдисон нахустин дурбини тасвирҳои мутаҳаррикро ихтироъ намекард, бародарон Лумер ҳам муваффақ ба сохтани нахустин филм намешуданд. Ва ҳамин гуна, агар Моркс китоби “Сармоя”-ашро нанавишта буд, шояд андешаи инқилоб ба зеҳни Ленин ҳам роҳ намеёфт. Пас ҳар андешаву иқдом пешинае дорад ва мураккаб аз шароити торихист, ки он андешаву иқдомро дар бистаре муносиб шакл медиҳад. Бар пояи ин бовар, бархе дигар аз соҳибназарон мегӯянд, ки шахсиятҳо зодаи равандҳои торихианд, на баръакс. Ин мавзӯъ ба баҳси “мурғу тухмимурғ” мемонад, ки оё нахуст тухм буда, ки мурғ аз он берун ҷаста ё баръакс, мурғ буда, ки тухм аз он берун ҷаста.
Ҳеч як аз ду дидгоҳро наметавон қотеъона рад кард. Ва беҳтарин посухе, ки то кунун матраҳ шуда, ин аст, ки таъсири шахсиятҳову равандҳои торихӣ ба якдигар мутақобил аст. Яъне шароити торихӣ шахсиятҳоро мепарварад ва шахсиятҳо ба навбаи худ шароити торихиро таъйин мекунанд. Мисли волидоне, ки фарзандеро мезоянду мепарваранд, аммо дар пирӣ фарзанд нигаҳдори онҳост. Ва агар ин падару модар (шароити торихӣ) маҷол бидиҳанд, фарзанд (шахсият) меболаду шакл мегирад ва ба беҳбуди вазъияти падару модар (шароити торихӣ) мекӯшад. Беҳбудро як шахсият тавсеъаталабию эҷоди нажоди бартар медонад (Ҳитлер) ва дигарӣ муборизаи бехушунату сулҳомез бо ситамгарӣ (Гондӣ). Ба қавли Мавлавӣ, “ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман”.
Ҳамин шароити торихӣ, ки ба навбаи худ омезаест аз шароити сиёсию иҷтимоъию фарҳангии як замони муъайян, аз яке қаҳрамон месозаду аз дигарӣ ғаддор ва шояд пас аз муддате ҷои “қаҳрамон”-ро “ғаддор” бигарад ва ҳамин тавр баръакс. Ҳанӯз ёдамон ҳаст, ки ҳамин бист сол пеш Ленин кӣ буду баъдан чӣ шуд. То андешаҳои сиёсиаш комгор буд, қаҳрамон буд. Ва то он андешаҳо ба бунбасте бархурду муталошӣ шуд, бадном шуд.
Ва ё агар Восеъ дар даврони мо зуҳур мекард ва алайҳи султаҷӯии русҳо даст ба исён мезад, ба эҳтимоли зиёд “террорист”-у “муздур” эълом мешуду дар зиндон мегандид. Аммо тағйири шароити торихӣ аз он мард, ки алайҳи ситами узбакони манғит қиём карда буд, барои мо қаҳрамон сохт.
Вале рафта-рафта дар илмҳои ториху ҷомеъашиносӣ дар канори шахсият ва шароити торихӣ омили севвум матраҳ шуд: тӯдаҳо ё мардуми одӣ. Бидуни ин омил на синемо шакл мегирифту на инқилоби Ленин рух медод. Хостаҳо, ниёзҳо, нигарониҳо, андӯҳҳо, хушиҳо ва шеваи зиндагии тӯдаҳост, ки боъиси пайдоиши як андеша дар зеҳни андешапарваре аз даруни ҳамон тӯдаҳо мешавад. Ва он андеша танҳо замоне давом меоварад, ки бо тӯдаҳо созгорӣ дошта бошад. Агар Ленин зодаву парвардаи Аморати Бухоро буд, ба фикри инқилоби сурх намеуфтод. Фирдавсӣ ҳам наметавонист “Шоҳнома”-ро дар Инглистон бинависад. Андешаҳои онҳо зодаи орзуҳо, хостаҳо ва нигарониҳои мардумонашон буд. Онҳо танҳо бо истифода аз тавоноиҳои худ он орзуҳову хостаҳову нигарониҳоро фурмулбандӣ (формулировка) карданду ироа доданд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи аҳамияти омили “тӯдаҳо” (массы – рус.) рӯйдодҳои ахир дар Эрон аст. Ҷунбиши Сабзи Эрон раҳбари мушаххасе надорад. Яъне бо ин ки шароити торихӣ ва “тӯдаҳо” заминаи вуқӯъи як таҳаввули бунёдинро фароҳам кардаанд, аммо яке аз се омили мавриди баҳс (шахсият) ҳанӯз шакл нагирифтааст. Дастгоҳи ҳукуматӣ дар ҷилавгирӣ аз зуҳури андешавари бонуфузи навин муваффақ будааст, аммо натавонистааст монеъ аз зоиши андешаи навин дар миёни тӯдаҳо шавад. Дар натиҷа тӯдаҳо ё мардуми одӣ ҳастанд, ки барои худ шахсият месозанд (Мӯсавӣ) ва он шахсиятро ҳамроҳ бо раванди торихӣ ба сӯи маҷрое дигар ҳидоят мекунанд.
Аммо дар ҷомеъаҳое, ки рӯҳи мардум саркӯб шудааст, омили “тӯдаҳо” мунфаъил (пассив) аст ва худашро дар ихтиёри ду омили дигар (шахсият ва равандҳои торихӣ) раҳо кардааст. Тоҷикистон намунаи боризе аз ин навъ ҷомеъаҳост. Дар ин ҷавомеъ ду омили “шахсият” ва “шароити торихӣ” сохтаву пардохтаи бегонагон аст. Яъне “шахсият”-ҳо ва “шароити торихӣ” дар берун муҳандисӣ мешаванд ва таҳмили онҳо бар мардум дар дохил бо муқовимати чандоне рӯбарӯ намешавад. Мардум ҳанӯз ба булӯғи фикрию сиёсии басандае нарасидаанд, ки шахсиятҳо ва раванди торихии худро баргузинанду таъйин кунанд.
Ин шароит хатароти бунёдинеро мутаваҷҷеҳи тамомияти арзии кишвар ва сарнавишти сиёсии он мекунад. Таҳаввулоти азиме чун табаъият аз импротурии Рус, бохтани пораҳои бузурге аз ҳавзаи фарҳангӣ, пайвастан ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва парт шудан аз он, ҷанги дохилӣ ва хории давраи истиқлол аз паёмадҳои хобидагии омили “тӯдаҳо” дар сарзамини мост.
Пас мешавад ба ин натиҷа расид, ки аз миёни се омили шахсият, раванди торихӣ ва тӯдаҳо севвумӣ муҳимтар аз ҳама аст. Чун дар сурати хобидагии “мардум” бегонагон ба фикри ду омили дигар ҳастанд: онҳоро месозанду таҳвил медиҳанд. Аммо бо фаъъол шудани омили “тӯдаҳо” сарнавишти ҷомеъа бакуллӣ дар дасти худи ҷомеъа хоҳад буд.
17/01/2010

civil society,
democracy,
more,
politics,
society,
Tajikistan
Thursday, March 11, 2010
Let's Gladden Rudaki
Рӯдакиро шод кунем
(Дар ҳошияи навиштори «Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад»-и Умеди Ҷайҳонӣ)
Имрӯз тибқи ваъда ба баррасии навиштаи хуби Умеди Ҷайҳонӣ мепардозем, ки ҳанӯз ба сар нарасидааст ва Умеди гиромӣ дар ҳоли тадвини бахши ниҳоии он ҳастанд, то дар шакли як навиштори ҷомеъ дар нашрияҳои Тоҷикистон чоп шавад.
Барои эъҷози калом талош мекунам ба нукоте бипардозам, ки дар бахши дувуми ин матлаб омада; бахше, ки ҳовии пешниҳодҳое бас писандида дар мавриди забони корбурдии мову шумост. Мусалламан, тасаввури ман ин аст, ки хонандаи Як Дарвеш дидгоҳҳои ноқобили манро пас аз хондани навиштори Умеди Ҷайҳонӣ мурур хоҳад кард, то асли мавзӯъро дарёбад.
Умеди Ҷайҳонӣ «Шоҳнома»-ро ба зоднома ва “Тоҷикон”-ро ба шиносномаи мо монанд кардааст, ки ташбеҳест бисёр баҷо. Чун яке ба решаҳои мову тамаддуни мо пардохта ва дигарӣ сарнавишти кунунии моро тавсиф мекунад. Дар ин миён ҷои гузарнома (загран. паспорт) холист, ки ба бовари ман, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавист, ки дар ҳар гӯша аз ҷаҳон дари дили бегонагонро ҳам ба рӯи мо мегушояд (ва зимнан, пурфурӯштарин китоби шеър ба забони инглисӣ дар Омрикост). Танҳо ба шарти он ки ин гузарнома дар дастамон (яъне каломи Мавлавӣ дар қалбу зеҳнамон) бошад.
Умеди гиромӣ бадурустӣ забони моро набераи забони порсӣ медонад, ки бино ба арзёбии ман, манзур “порсии бостон” аст. Чун ҳамин имрӯз ҳам забони аксарияти мардуми Тоҷикистон чизе ба ҷуз порсӣ нест. Номи расмӣ моҳияти чизеро тағйир намедиҳад ва бештар барои худфиребӣ ва мардумфиребӣ аз сӯи сиёсатмардон ба кор меравад. Шояд шуморе ба иштибоҳ он нуктаро иддаъои ҷудоии забони мо аз забони порсӣ талаққӣ кунанд, ки мутмаиннам манзури Умед набудааст. Аз ин рӯ шояд бо афзудани сифати “бостонӣ” дар паи “порсӣ” битавон ин сӯитафоҳумро рафъ кард.
Яке аз муҳимтарин нукоти навиштори Умеди Ҷайҳонӣ ба шарҳи зер баён шудааст: “Баррасии номгузории ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистон чунин натиҷа медиҳад, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, монанди ному нишони расмияш, танҳо 85 сол аз пешинаи 2500-солаи кишвардории мардуми тоҷикро бозтоб медиҳад.” Ва аз устод Шакурӣ нақли қавл шуда, ки “дар забони форсӣ вожаҳое чун кишвар, устон, шаҳристон, деҳистон, анҷуман, девон, додгоҳ, додгустарӣ, додситонӣ ва ҳазорони дигар ҳар кадоме гӯё як санади таъриханд, ки аз гаҳи бостон дар миёни мардуми тоҷик вуҷуд доштани мафҳумҳои муҳимми кишвардорӣ ва тамаддуни олиро гувоҳӣ медиҳанд”. Ин нукта мағзи матлаб аст ва таваҷҷуҳи жарфу дақиқи масъулони амрро мехоҳад.
Рӯйкарди кунунии сардамдорони кишвар ба мақулаи забон ба рафтори подшоҳе мемонад, ки ёдаш рафтааст дар ганҷина чи миқдор зару сими фаровон дорад ва худро маҷбур ба дарюзагарию гадоӣ медонад. Вожаҳое аз қабили “суд”, “судя”, “прокурор”, “прокуратура”... чунон тасаввуреро эҷод мекунанд, ки мо дар торихамон ҳаргиз вожаи “дод”-ро нашунида будем ва аз додрасу додгоҳу додвару додситон ҳаргиз хабар надоштем, то русҳо ба додамон расиданду ин мафҳумҳоро барои мо ба армуғон оварданд. Ки тасаввурест ғалат ва ношӣ аз зеҳни истикборзадаву бардахӯёна ва худношинос.
Умеди Ҷайҳонӣ дар тасвири воқеъияти талхи имрӯз мегӯяд: “Аз он пешинаи кишвардории чандҳазорсола бо ҳама девону дафтару истилоҳоти кишвардорӣ ва тамаддуни олӣ дар забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ асаре нест.” Аммо ин воқеъиятро метавон бо андаке пайкори фарҳангӣ ширин кард ва навиштори Умед ҳамин ҳадафро дорад. Ба қавли Саъдӣ:
Куҳан ҷомаи хеш оростан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.
Талхтар ин ки саворони қудрат ба дараҷае аз худбохтагӣ суқут кардаанд, ки “додгоҳ”-у «додрас»-у «додситон»-у ғайраро бегона медонанд ва “суд”-у “судя”-ву “прокурор” барояшон худитар аст. Агар китоби дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро, ки дар замони шӯравӣ чоп шуда буд, бо заррабин ҳам бигардед, аз истилоҳоти мавриди алоқаи онҳо нишоне намеёбад. Дар ҳоле ки “додгоҳ”-у «додрас»-у «додситон» аз беху бун порсӣ (тоҷикӣ) аст ва дар ҳамаи фарҳангҳо қобили радёбист. Пас мантиқ нест, ки мавзеъи давлатмардони моро таъйин мекунад, балки худбохтагӣ, кавдании забонӣ ё забоннафаҳмӣ ва фармонбардории ирсӣ аз бегонагон аст, ки онҳоро дар он сӯи сангар ва алайҳи забони мо қарор додааст.
Тақрибан ҳамаи пешниҳодҳои Умеди Ҷайҳонӣ барои ҷойгузинии истилоҳоти кишвардориро меписандам. Аммо изҳори назари яке аз хонандагони Як Дарвеш, ки ба ҷои Конститутсия (сарқонун) “бундод”-ро пешниҳод кард, ба назари ман, писандидатар аз “ойиннома” аст. “Бун” ба маънои реша ё поя ва “дод” ба маънои қонун, ки зомини додгарист, гузинае ба маротиб беҳтар аз вожаи ғариби “сарқонун” аст. Гузашта аз ин, бо истифода аз ин вожа метавон сифати “бундодӣ”-ро ҳам сохт ва аз шарри истилоҳи носуфтаи “конститутсионӣ” роҳат шуд (масалан, қонуни бундодӣ).
“Ойиннома”, бо ин ки дар адабиёту торихи мо роиҷ будааст, мавридҳои бештари корбурд дорад ва вижаи як мафҳум нест. Ойиннома метавонад мутаъаллиқ ба як ширкат ё созмон ё ҳизб ҳам бошад. Дар ҳоле ки “бундод” метавонад мухтасси як мафҳуми воҳид бошад, ки аз шартҳои истилоҳсозӣ барои риштаҳои тахассусист. Ба вижа забонҳои пешрафтаи фарангӣ дар ин замина бисёр комгоранд ва барои истилоҳоти илмию ҳуқуқишон вожаҳоеро сохтаанд, ки танҳо як мавриди корбурд ва як мафҳум дорад, то диққати калом ҳифз шавад. Аз сӯи дигар, сохтани сифати “конститутсионӣ” бо иборати “ойинномаи кишвардорӣ” шуданӣ нест.
Корбурди вожаи “анҷуман” ба ҷои “маҷлис” (палатаи порлумон) ҳам бисёр пешниҳоди хуб аст ва моро аз сардаргумӣ дар талаффузи истилоҳоти масхарае монанди “Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ” ва “ду маҷлиси Маҷлиси Олӣ” наҷот медиҳад. Аммо дар ин маврид ҳам маҳдудияти ёдшуда (таккорбурдӣ будани истилоҳ ё як корбурди воҳид доштани он) монеъ аз пазириши бечунучарои ин пешниҳод мешавад. Чун вожаи “анҷуман” имрӯза ҳам корбурди густардае дорад ва аз ҷумла ба “ассотсиатсия” ё “ҷамъият” маъмулан “анҷуман” ҳам мегӯянд. Яке аз се шохаи ҳукумат наметавонад номе дошта бошад, ки садҳо ниҳоди дигар ҳам доранд, ҳатто агар ба он пасванду сифат биафзоем.
Пешниҳоде, ки ҳамин ҳоло ба зеҳнам мерасад (ва шояд ин ҳам ниҳоӣ набошад), вожаи “ҷарга” аст, ки вожаест порсӣ ва акнун дар забони пашту корбурди фаровоне дорад (Луи ҷирга, вулуси ҷирга...). “Луғатномаи Деҳхудо” ҳам онро порсӣ медонад ва дар тавзеҳаш аз фарҳангҳои дигар чунин нақл мекунад:
Ҷарга – ҳалқа задан ва саф кашидани мардум ва ҳайвоноти дигар (Бурҳон); саф кашидани анбӯҳи мардум (Ғиёс-ул-луғот); ҳалқа, ҳавза, ҷарға, маҷмаъ, ҷамоъат, маҳфил...
Сарвари ҷаргаи шоҳони ҷаҳон, шоҳи Наҷаф
Сафдари маъракаи шердилон, шери Худо (аз Онандроҷ).
Фикр мекунам, истифода аз “ҷарга” ба ҷои “маҷлис” (Ҷаргаи Намояндагон, Ҷаргаи Миллӣ) муносиб бошад. Ҳамхонии он бо истилоҳоти мушобеҳ дар Афғонистон низ омили дилгармкунандаест.
Барои ҷойгузинии вожаи “Маҷлис” ба маънои порлумон ман ҳам ба тарафдорӣ аз “Меҳистон” раъй медиҳам, ки бино ба “Луғатномаи Деҳхудо”, “маҷлисе буд, ки подшоҳони Ашконӣ барои идораи умури мамлакат бо аъзои он машварат мекарданд”. Ҷолиб ин ҷост, ки Меҳистони ашконӣ ҳам ду ҷарга (палата) дошт: маҷлиси хонаводагӣ аз зумраи мардони хонаводаи салтанат ва маҷлиси муташаккил аз мардони пиру озмуда ва рӯҳониёни баландпояи қавми порт. Таркиби вожа ҳам ки мафҳум аст ва бунвожаи он (“меҳ”) дар порсии навин ҳам ба маънои “бузургтар” ва “бартар” корбурд дорад. Яъне “меҳистон” дорои пешинаи торихист ва арҷаҳтару беҳтар аз ҳар пешниҳоди дигар аст, чун гӯёи суннатҳои кишвардории мост. Ба “раиси порлумон” ҳам мешавад гуфт “меҳтар” чун ба ростӣ мақомаш меҳтару бартар аз дигар намояндагони Меҳистон аст.
Бо пешниҳоди Умеди Ҷайҳонӣ барои вожаи ҷойгузини “президент” мувофиқам. “Кишвардор” пешинае торихӣ дорад ва бо маънои “президент” ҳам созгор аст. Истилоҳи тозии “раиси ҷумҳур” як иборат аст, на як вожа ва дар шигифтам, ки чаро то кунун касе дар Эрон ба фикри тағйири он науфтодааст. Гузашта аз ин, “раис” метавонад дар раъси ҳар ниҳоди дигаре ҳам бошад. Аз ҷумла “раиси колхоз”.
Дар гузашта ба ин пиндор будам, ки ба ҷои “президент” аз вожаи “хусрав” кор бигирем. Аммо бо таваҷҷуҳ ба нуктае, ки қаблан ҳам зикр шуд (таккорбурдӣ будани истилоҳ), “хусрав” муносиб нест, чун он вижаи тоҷдорон будааст, ки гунае аз кишвардоронанд. Истилоҳи паштуи “вулусмашар” (ولسمشر) барои “президент” ҳам таркибе ҳамонанди “кишвардор” дорад.
Ин андешаҳоро шитобон навиштам, то хулфи ваъда накарда бошам. Бегумон, бар сари ҳар нуктаи он мешавад боз ҳам баҳс кард ва ба бароянди беҳтаре расид.

Wednesday, March 10, 2010
2010 Election Messages
Паёмҳои интихоботи 2010
вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ
Интихобот гузашт. Орому бесарусадо. Гӯӣ замон дар Тоҷикистон боз истода ва бори дигар соли 2005-ро таҷруба кардем. Бо ин тафовут ки ду ҳизби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ҳам ба порлумон роҳ ёфтанд. Аммо, ба эҳтимоли қариб ба яқин, ҳузури намояндагони ин ҳизбҳо дар порлумон тафовутеро эҷод нахоҳад кард. Чӣ касе намедонад, ки ин ду ҳизб сояҳое гусехта аз ҳизби ҳоким ҳастанд ва дар порлумон ҳам зери сояи ҳизби ҳоким хоҳанд монд? Пас тафовутеро намебинем.
Ин бор ҳам Мирзоалӣ Болтуев бо эъломи натиҷаҳои интихобот ҷаҳониёнро дар буҳту ҳайрат афканд. Дар ҳоле ки қофиласолорони демукросӣ аз мизони поини ҳузури мардум дар раъйгириҳояшон нола мекунанд, Тоҷикистон рақами ғулғулаосои 90.3 дарсади ҳузури раъйдиҳандагонро эълом кард, ки ҳатто аз мизони мушорикати мардум дар интихоботи саросарии соли 2005 ҳам (85.2%) болотар аст.
Бечора омрикоиҳо пас аз интихоботи раёсати ҷумҳуришон дар соли 2008 лоф мезаданд, ки 63 дарсади воҷидони шароит раъй додаанд, ки дар 40 сол торихи Омрико собиқа надоштааст. Дар интихоботи саросарии соли 2005 дар Инглистон ҳам танҳо 61.3 дарсад раъйҳояшонро ба сандуқҳо рехтанд. Ва бадтар аз ҳама интихоботи порлумони Урупо (2009) буд, ки танҳо 34.7 дарсади воҷидони шароити раъй дар Бритониё ҳавсала ба харҷ доданд дар он ширкат кунанд. Бояд ба сафоратхонаҳои ин кишварҳои дармонда баёния фиристод ва аз онҳо хост, ки шеваҳои ҷалби мардум ба сандуқҳои раъйро аз Кумисиюни оқои Болтуев ёд бигиранд. (Ба эҳтимоли зиёд, ин кумисиюн пас аз сари оқои Болтуев ба номи эшон номгузорӣ хоҳад шуд; ба эҳтироми мӯйҳое, ки эшон таи ин ҳама сол дар шумориши раъйҳо сафед кардаанд).
Аммо тафовути умдаи ин итихобот аз давраҳои пешини интихоботро аз шоҳидони айнӣ мешунавам, ки рӯзи 28 феврал дар хиёбонҳои Душанбе гаштугузор мекарданд ва аз дидани анбӯҳи ҳаводорони Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар шигифт буданд. Бедалел нест, ки Муҳйиддини Кабирӣ дам аз пирӯзӣ мезанад. Аз ӯ баъид буд, ки ошуфта шавад, аммо эъломияи оқои Болтуев, ҳатто пеш аз ин ки қироат шавад, оқои Кабириро башиддат асабонӣ карда буд. Дар натиҷа ӯ сардамдорони интихоботро талвеҳан “золим” ва ҳизбашро “мазлум” хонд, аммо “мазлуми ҷасур”, ки дар садади интиқом аст.
Шадидтарин ҳадди интиқоми ӯ, ки то кунун шунидаем, тарки Шӯрои ҷамъиятии ҳизбҳои сиёсист, ки тасаввур намекунам аз осмони сиёсати Тоҷикистон абреро дур карда бошад. Чораи эҳтимолии баъдӣ, ки ба эҳтимоли зиёд, ба вуқӯъ нахоҳад пайваст (аммо эълом шудааст), қаҳри ҳар ду намояндаи барандаи ҲНИТ аз курсиҳои порлумонист. Фикр намекунам пур кардани он ду курсӣ барои кумисиюни Болтуев маъмурияти сахте бошад. Ва шояд ҳатто ин иқдом асбоби хушнудии ин кумисиюн ва аксарияти порлумон ва раддаҳои болотари қудратро ҳам фароҳам кунад. Андак касе дар он болоҳо то кунун нигарони обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон будааст.
Аммо сархурдагӣ ё дилсардии ҲНИТ аз бархурди созишкорона бо давлат метавонад заминаи муносибе барои эҷоди нерӯи оппозисиюни корсоз бошад. Борҳо гуфтему боз ҳам мегӯем, ки як чароғро наметавон бо ду нерӯи мусбат равшан кард; чӣ расад ба чароғи давлате, ки мехоҳад хонаи 7 милюн танро равшан кунад. Ҳузури нерӯи мухолифи корсоз дар як ҷомеъаи солим ба ҳамон андозаи ҳузури нерӯи манфӣ дар сомона (систем)-и чароғ зарур аст. Шояд таконе, ки Кабирию ҳизби ӯ хурданд, “Роғун”-и арсаи сиёсии Тоҷикистонро роҳ андозад ва дар оянда шоҳиди таъомулоти созанда миёни давлату мухолифонаш бошем.
Ҳоло натиҷаҳои расмии интихоботро барои муддате канор бигзорему ба ин қазия нигоҳе воқеъбинона биандозем. Натиҷаҳои расмӣ барои дилхушии давлатдорон аст. Аммо ин интихобот паёмҳое дошт, ки бегумон ба таваҷҷуҳи давлатдорон ҳам расидааст.
Паёме, ки давлат аз ин интихобот гирифт, пеш аз ҳама бемайлии мардум ба мушорикат дар раъйгирӣ буд (он рақамҳои осмониро фаромӯш кунед; масхара аст ва дигар касеро бовар намешавад). Рихват ё бемайлии сиёсӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳарфи тозае нест ва аз соли 1992, ба маҳзи оғози ҷанг, то кунун домони моро гирифтааст. Ин вазъият ба монанди корди дудама аст: аз як сӯ давлатдоронро хушнуд медорад, ки ноогоҳию бемайлии сиёсии мардум бар умри сиёсии онҳо меафзояд; аз сӯи дигар дар дарозмуддат давлатро дучори фарсоиш мекунад.
Паёми дигар афзоиши якбораи ҳаводорони Ҳизби Наҳзати Исломист, ки сирфан иддаъои раҳбари он нест, балки муътақидони бешумори дигаре ҳам дорад. Интихоботи 2010 (на натиҷаҳои расмии он) барои ҲНИТ озмоише буд, ки зоҳиран аз он хушнуд берун омад. Нерӯи худро санҷид, эътимод ба нафс (худбоварӣ) ҳосил кард ва акнун ба худаш иҷоза медиҳад, ки бо оҳанги хашму исён давлатро мухотаб қарор диҳад.
Паёми севуме, ки то ҳадде пинҳон аст ва аз гуфтугӯҳои маҷозӣ ё гӯшонаҳои хиёбонӣ бармеояд, тақрибан ба сар расидани таҳаммули бархе аз гурӯҳҳои иҷтимоъист. Ин паёми нохушояндро бояд ҷиддитар аз ҳар паёми дигаре гирифт: радикализм ё гароиш ба сиёсати ифротӣ. Гурӯҳҳое, ки дар гузашта дам аз таҳаммул мезаданд, акнун фикр мекунанд, ки равишҳои қонунӣ ба Тоҷикистон маҷоли тағйир намедиҳад ва бояд роҳи дигареро ҷӯё шуд. Ҳар навъ тундравию ифрот паёмадҳои баде дорад. Аммо агар ҳамаи роҳҳои тағйиру таҳаввули қонунӣ барои солиёни сол баста бимонад, ифрот худ ба худ реша медавонаду по мегирад. Ин як амри табиъист ва бо он намешавад коре кард.
Дар Тоҷикистон касе бо шиъори “Раъйи ман куҷост?” ба хиёбон нарафт. Бояд нигарон шуд. Чун эътирози ороми шаҳрвандӣ танҳо дар ҷомеъаи мадании солим анҷом мегирад. Набуди эътирозоти сулҳомез метавонад нишонаи бемории ҷомеъа бошад, ки замоне ба шакли ифроти бисёр зишт буруз хоҳад кард.
Дар ҳамин бора:
Интихобот ё таҷовуз ба раъйи мардум?

Tuesday, March 09, 2010
Election or Vote Rape?
Интихобот ё таҷовуз ба раъйи мардум?
Мунаввари МУНАВВАРЗОД
узви комисияи ҳавзавии якмандатии
интихоботии Сино № 4
Инак, интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони кишвар, асосан, ба охир расид (ба ғайр аз дар як ҳавза). Баъзе ашхос хушнудона хабар доданд, ки маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ин дафъа, билохира, бисёрҳизбӣ (чӣ ифтихоре!) гардид: яъне иборат шуд аз намояндагони 5 ҳизб. Албатта, агар натиҷаи чанд рўз баъд маълумшавандаи даври дувуми интихобот дар ҳавзаи № 19 (Конибодом)-ро ба инобат нагирем.
Пешсухан
Нахуст, биёед ба ин иддаъо бовар кунему як ба феҳристи вакилони «тозаинтихобшуда»-и порлумони кишвар назар андозем. Хуб, ин феҳристи 62-нафариро мурур мекунему возеҳ мебинем, ки дунафарии онро намояндагони аҳзоби неҳзати исломӣ (ҲНИТ), коммунистӣ (ҲКТ), кишоварзӣ (ҲАТ) ва ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ) ташкил намуда, боқӣ… 54 (!!!) нафар халқӣ-демократичиён (ҲХДТ) мебошанд. Арз кунам, ки барои адади 54-и «назарногир»-ро ба 55-и рамзӣ (путке ба фарқи сари демократияи тоҷик) расонидан барои ҳизби «ҳоким» «пирўзии эҳтиётӣ» дар ҳамон ҳавзаи Конибодом лозим аст.
Лекин, агар (фарз кардем) дар ин ҳавза намояндаи сосиал-демократҳои кишвар (ҲСДТ) дастболо шавад, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, ба фикри баъзеҳо, «гул» мекунад ва дигар ҳеч касе дар сайёраи Замин ҷиҳати дар Тоҷикистон – ин кишвари ақибмондаи осиёӣ – воқиъан мавҷуд будани демократияву арзишҳои инсониву сиёсӣ шакке нахоҳад кард.
Вале, бадеҳист, ки як идда дар роҳандозии мардумсолорӣ ё демократия дар Тоҷикистон ҳамоно машкук хоҳад монд. Аз ҷумла, ман. Шарҳ медиҳам.
Нахуст, ба иттилоъатон натоиҷи интихоботи порлумонии соли 2005-ро мерасонам: ҲХДТ – 74, 9 % (17 ҷой дар Маҷлиси намояндагон), ҲКТ – 13,64 % (3 ҷой), ҲНИТ – 8, 94 % (2 ҷой). Тамом. Албатта, дар ҳамаи интихоботҳои миёндавраии он даъват намояндагони ҲХДТ – ин ҳизби, ба истилоҳ, хираду шараф ва виҷдони замон – «пирўз» шуда, курсиҳои холишудаи порлумониро «бегона» накард. Бадеҳист, ки маҷлиси болоии порлумон – Маҷлиси миллӣ – комилан аз аъзои ин ҳизб (шояд ба истиснои Қ. Маҳкамов, ки замоне котиби якуми ҳизби коммунистии кишвар буд ва шояд ҳанўз ҳам узви ин ҳизб бошад) таркиб ёфта буд.
Дувум. Мутаассифона, «қоъидаи бозӣ» тақрибан (ё аслан) тағйире наёфт – ҳарчанд ҲКТ кўшиши бебароре кард, то бо даровардани тағйироти ҷузъӣ ба қонуни интихоботии кишвар (ворид кардани намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар дар қитъаҳои интихоботӣ) дар низоми интихобот тағйироте эҷод кунад. Аслан, чи бадие дошт қабул кардани ин пешниҳод? Воқиъан, ҳам, ба истилоҳ, демократия мешуду ҳам даҳони аҳзоби «мухолиф» баста. Ин ҳам дар ҳоле, ки аъзои комиссияҳои бисёр қитъаҳои интихоботӣ аксаран ва ё сирфан аз ҳисоби аъзои ҲХДТ ташкил карда шуданд. Воқиъан, нафаре аз ҳизбҳои ғайр аз ҲХДТ шомили узвийяти одии ягон комиссияи қитъавӣ (аз 3067 қитъаи интихоботӣ дар саросари Тоҷикистон) нашуд – чи расад ба раис, ҷонишин ё котиби он шудан!
Севум. Ҳарчанд бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гўиё якнафарӣ аз 7 ҳизби сиёсии кишвар низ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон ворид карда шуданд, вале, аз чӣ бошад, касе аз ҲСДТ ба ин «лутф» сазовор нагардид.
Чаҳорум. Чунонки Муҳйиддин Кабирӣ, сарвари неҳзатиён ва як нафар порлумонии феълии онҳо, зикр намуд, боваркарданӣ нест, ки ҲНИТ дар соли 2005 бо тақрибан 20 ҳазор узву тарафдори худ дар интихобот 8, 94 дарсади орои раъйдиҳандагонро ба даст меораду имсол бо наздики 40 ҳазор узву ҳаводор – ҳамагӣ 7, 77 %. Инҷо, воқиъан, ё мантиқи ў хароб аст, ё – (мулойим карда гўем) шеваи шумориши ороъ дар интихоботи имсола.
Панҷум. Чиро баргаҳои раъй (ҳамон бюллетенҳо) дар Тоҷикистон ва бидуни назорати намояндагони ҳама ҳизбҳои сиёсии ин кишвар чоп гардид (ва ин амалест аслан машкук)? Дар бораи дараҷаҳои воқиъан ҳифозатии баргаҳои интихоботӣ алҳол ҳарф намезанем.
Шашум. Масоили, ба истилоҳ, «ҷонҳои мурда»: ашхосе, ки аслан дар интихобот иштирок накардаанд (бисёр занҳо ё аҳли хонавода, инчунин ҳадди ақалл ҳудуди 2 миллион муҳоҷири кории дохилӣ ва «хориҷӣ»,…).
Ҳафтум. Шеваҳо ва замони баргузоршавии интихобот. Ин масъала хеле доманадору баҳсхоҳ аст, ки, аслан, мавзўъи мақолаи алоҳида аст.
Ҳаштум. «Қартабозӣ» бо иштироки бозигарон-номзадҳои ҲХДТ дар чандин ҳавзаҳои интихоботии сатҳҳои мухталиф, ки машкук ва дур аз меъёри сабқати ҳақиқии интихоботӣ буд ва чиро масъулини интихоботӣ ба ин роҳ доданд?
Нуҳум. Чиро дар маъракаи пешазинтихоботӣ садду мавонеъи мутаъаддиди маснўъӣ дар роҳи таблиғи номзадҳо ва аҳзоби «мухолиф» рух дод, вале касе ба амали ғайриқонунияш сазои муносибе нагирифт?
Даҳум. Чиро дар қитъаҳову ҳавзаҳои зиёди интихоботӣ амалҳои муғойир ва мухолиф ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифтанду касе аз масъулони онҳо ҷазое нагирифт?
Чанд нукта
Нуктаи аввал. 1-уми марти соли 2005 дар як нишасти хабарии КМИР-и Тоҷикистон аз раиси он М. Болтуев пурсидам, ки «Ба гуфтаи шумо, дар ҷараёни ин интихобот «баъзе хатову камбудиҳо» ҷой доштанд. Дар ҳамин маврид, агар вайрон кардани Қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин «хатову камбудӣ» бошад, пас ҷиноят чист?» Дар ҳамин вақт узви кумисиюни марказии интихобот А. Абдуманнонов, чун дид, ки раисаш дар посух додан оҷизӣ мекашад, чолокона аз ҷояш боло шуду чунин як посух дод: «Хоҳиш мекунам, саволҳои фалсафӣ надиҳед. Марҳамат, боз кӣ савол дорад…» (Воқиъан, раиси ҲНИТ М. Кабирӣ дар суханронии худ 3-вуми марти соли 2010 дар ҷаласаи фаъъолони интихоботии ҳизб чунин аъмоли ношоистаи аъзои қитъаҳои интихоботиро чанд бор «иштибоҳ» унвон кард, ва аз ин рў суоли чанд сол қабл ба М. Болтуев додаам барои ў низ матраҳ мемонад: «Пас ҷиноят чист?»).
Нуктаи дувум. Ҳангоми маъракаи қаблазинтихоботӣ фаъъолони ҲНИТ мебинанд, ки варақаҳои таблиғотии часпонидаашон ҳамагӣ баъди чанд дақиқа ё соъате «ғайб» мезананд. Сипас онҳо варақаеро дар ҷое мечаспонанду дуртар истода назора мекунанд. Баъди чанд дақиқае як мактаббачаи 13-14-сола омада, он варақаро меканад. Ин фаъъолон дар сари «кор» ўро даст гирифта, ба милисахона мебаранд. Дар онҷо писарбача иқрор мекунад, ки чунин корро ба вай муъаллимааш фармудааст. Муъаллима ва директори мактаб ба милисахона даъват мешаванд. Хулоса, баъди онки омўзгорон аз ў пуштигирӣ мекунанд («Ҳанўз хурд аст, баччагӣ кардааст…»), милиса худи онҳоро сарзаниш мекунад: «Шумо, омўзгор шуда, ба ҷои дониш додану ба роҳи рост ҳидоят кардан аз хурдсолияш ин мактабхонро ба роҳи ҷиноят даровардед-ку! Ҳайф ба шумо номи омўзгор!..»
Нуктаи севум. Муҳаммадшоҳ Ясавиев, ки, дар яке аз ҳавзаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то се рўз қабл аз интихобот номзади ягона буд, ва, аксари интихобкунандагони ин ҳавза дар мулоқотҳо итминонаш дода буданд, ки ҳатман раъйи худро ба ў медиҳанд, ҳамагӣ се рўз пеш аз интихобот «соҳиб»-и рақиб мешавад. Ва чи мегўед, ки ў, билохира, аз як «рақиб»-и, ба масал, дар лаҳзаи ахир вориди сабқат шудаву таблиғоти интихоботӣ набурда «шикаст» мехўрад…
Нуктаи чорум. Дар рўзи интихоботи ахир дар комиссияи қитъавии № 42-и воқеъ дар мактаби шумораи 66-и шаҳри Душанбе ҳамчун узви комиссияи интихоботии ҳавзавӣ ба раиси ин қитъа фаҳмонидам, ки акси калони Эмомалӣ Раҳмонро, чун раиси як ҳизби дар интихобот иштироккунанда хам хаст, муваққатан аз девори қитъаи интихоботӣ гирад. Сахт ба ҳайрат омаду, ба қавле, неву нестон кард. Ба болои ин, як зани ҳиҷобпўш, ки зоҳиран муъаллимаи ин мактаб буд, иддаъои «қонунӣ» ҳам намуд: «Чаро онро бояд гирем? Охир, акси Ҷаноби Олӣ зеби мактаби мост!..»
Нуктаи панҷум. Раиси кадом як қитъаи интихоботӣ дар дохили бинои ҳавзаи Сино дошт протоколи ҷамъбастии қитъавиро беистиҳолаву бепарво «пур» мекард. Ба ў муроҷиъат кардам, ки ин кораш ҷиноят-ку ҳаст, вале магар вай ақаллан шарм намекунад? Мисли инки суханам ба ў таъсир кард – «шарм» дошт: коғазҳояшро ғундошта гурехт. Албатта, дур не – фақат то берун: то баъди 15-20 дақиқа аз нав ворид шавад.
Нуктаи шашум. 9-10 нафар узви як хонаводаи пойтахти кишвари «демокративу ҳуқуқбунёд» ба интихобот расман даъват нашуданд ва, бадеҳист, ки дар интихобот ширкат накарданд (ҳарчанд манзили зисташон аз қитъаи интихоботӣ ҳамагӣ ҳудуди 200 метр дуртар буд).
Эврика!
Дар хориҷи Тоҷикистон интихоботи имсола дар «сатҳи баланди ташкилӣ» гузаронида шуд. Масалан, дар шаҳри Уфа (Русия) дар қитъаи интихоботӣ умуман ғурфа ё кабинаи овоздиҳии пинҳонӣ мавҷуд набуд ва интихобкунандагони тоҷик, яке бо шиносномаи тоҷикистонӣ ва дигаре бо паспорти русиягӣ, баргаҳои раъй гирифта, онро рўшоду аланӣ дар назди раиси комиссия «пур» мекарданд ва 1 метр дуртар ба сандуқҳои аз замони шўравӣ мондаи «шаффоф» партофта, бо гуфтану шунидани «Муборак шавад!»-у эҳсоси ифтихорбарангези адои қарзи шаҳрвандӣ утоқро тарк мекарданд. Ва ҳамин тавр, ба таъйиди раиси ҳамон комиссияи интихоботӣ, гўиё 5000 интихобкунандаи тоҷикистонӣ дар инҷо раъйи худро барои аҳзоб (ё ҳамон як ҳизб?)-и сиёсии Ватани «ҷоноҷон»-ашон доданд.
Воқиъан, дар ин шаҳри дури воқеъ дар як кишвари хориҷӣ аслан омода намудани кадом як қуттии плостикии шаффоф ва ё «кабинаи овоздиҳӣ»-и серхарҷ чи лозим? Хосса, дар ин шабу рўзе, ки барои сохтани як нерўгоҳи барқӣ ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи бе ин ҳам ками шаҳрвандонаш чашм ало кардааст! Сарфи беҳуда ё исроф ҳаром аст, мегўянд. Дуруст. Ва аз ҳамин сабаб ҳам лозим аст, ки аслан ҳамин интихоботҳои серхарҷу пурзаҳмат низ гузаронида нашаванд.
Ба ин интихобот чи миқдор маблағ сарф шудааст? Шахсан ман дақиқ намедонам, вале касони худро ҳолдон ҳисобкунанда мегўянд, ки чизе дар ҳудуди 29 миллион сомониву 98 дирам (ё камтар аз ин).
Ҳо, дар ин росто, агар, ҳақиқатан, НБО «Роғун» барои ин миллат аз чунин интихоботҳо заруртар аст (чун обу ҳаво), магар намешуд, ки чунин «маърака»-и дурўғин дойир карда намешуду маблағи он ба ҳамон сохтмони «тақдирсоз» равона мегардид? Идея!
Идеяи дигар: аслан, ҳамин порлумон-морлумонаш барои ин миллати дар асри 21 бебарқ чи лозим?! Чун як ватанпарасти асил, арз кунам, ки ман дар ин давраи бекориву бепулиям барои «идея»-ҳои наҷибам ҳатто патенту пул талаб намекунам (дар роҳи ризову рушди миллати сарбаланд ройгон мебахшам онҳоро).
Ё шумо, хонандаи азиз, мегўед, ки баргузорсозии интихоботҳо як навъ «бизнес»-и ҳукумат мебошад (ва далел меоред, ки, мисол, дар ҳамин интихоботи ахир ба хазинаи ҳукумати кишвар тақрибан ним миллион сомонӣ ворид шудааст?).
Чиро бояд дар ҳавзаи Сино интихобот аз нав баргузор гардад?
Ман, агар иддаъо бикунам, ки дар аксари қитъа (участка)-ҳои ҳавзаи Сино № 4 (ҳамагӣ 48 адад) 28-уми феврали соли 2010 тақаллубкорӣ ва қонуншиканиҳои густурда рух дод, мисли он хоҳад буд, ки аз нав дучархаро ихтироъ ё Амрикоро кашф карда бошам…
Ростӣ, ман ба ҳамааш омода будам: ба тақаллубкориҳо дар қитъаҳо (баргаҳои аз қабл пуркардашуда, бюллетенҳо ва сандуқҳои сайёри «сеҳрнок», интихоботи «оилавӣ», «ҷонҳои мурда», интихобкунандагони «виртуалӣ», ҳисобҳои дурўғини баргаҳои раъй, арқоми дур аз ҳақиқат дар протоколҳои ҷамъбастӣ, протоколҳои ҳаргиз дар девори қитъа овехтанашаванда...). Вале на ба ин: раисону намояндагони аксари қитъаҳо дупротоколӣ дар даст ба комиссияи ҳавзавӣ меоянду (аввалинаш – дар соъати расо 23-и 28-уми феврал ва охиринаш – соъати 5-у 40 дақиқаи субҳи 1-уми март) онҳоро бо «роҳнамоӣ»-и чанд масъули ин комиссия «дурусту бехато» пур мекунанд (!!!). Ростӣ, ин «ноу-ҳау»-и интихоботи имсола буд: дар қитъаҳои интихоботӣ на, дар ҳузури аъзои кумисиюнҳои қитъавӣ ва нозирони аҳзоб ва номзадҳо на, балки дар дафтари комиссияи ҳавзавӣ (!) протоколҳо бо арқоми заруру лозим пур карда мешаванд (албатта, ҷойҳои даркории ин протоколҳои муҳрдору бо имзои аъзои комиссияҳои қитъавӣ музайян бо қалам пур карда шудаанд ё аслан он ҳам нест).
Мо, ду нафар аъзои ин комиссия, чанд протоколи холӣ ва ё бо қалам пуркардашударо аз пеши ин ашхос гирифта дар пеши нозирони байнулмилалӣ гузоштем. Онҳо аз чунин воқеъийяти тоҷикӣ (тоҷикистонӣ) возеҳан огоҳ шуда, мулойим карда гўем, ангушти ҳайрат мегазиданд ва филфавр дар дафтарҳои худ ҳодисаро ёддошт мекарданд.
Раиси комиссияи ҳавзавӣ А. Ҳабибов ба ишораи ман дар робита бо ин қонуншиканиҳо «бетаҷрибагии занону мардони бечора»-ро, ки «бори нахуст раиси комиссияҳои қитъавии интихоботӣ таъйин шудаанд», «далел» пеш меовард ва дар посух ба ин иддаъоям, ки дар мавриди чунин «бетаҷрибагиҳо» дар қонуни интихобот чизе наомадааст, танҳо бо табассуми малеҳе «ҷавоб» медод.
Масъулони қитъаҳо бо навбат пушти мизи «сеҳрнок» нишаста (аз 10 то 20 дақиқа) баъд аз «ҳалоҷӣ»-и ашхоси махсус дар роёна ва мошинҳисоб арқоми лозимро ба ҳарду протокол ворид мекунанд ва яке аз онҳоро таҳвили кумисиюни ҳавзавӣ намуда, дигарашро бо худ ба хона мебаранд (то фардо субҳ ба дафтари қитъаи интихоботӣ бурда, «ҳиммат» кунанд, ки ба девори он овезанд).
Ана ҳамин хел: равед, ба куҷое ва ба касе арз мекунед, кардан гиред! (?!)
Воқиъан, чанд нозири дохилӣ ва ё хориҷӣ ба виҷдонаш ё муқаддасоташ (масалан, хоҳар, модар, дин, Ҷаноби Олӣ, Его Величество…) қасам мехўрад, ки чанд нусхаи протоколҳои ҷамъбастӣ баъд аз шумориши орои интихобкунандагон фавран ба девори утоқи комиссияи қитъаи интихоботӣ овехта шуд?
Инчунин, мутазаккир мешавам, ки ман ва дигар намояндаи комиссия Рустам Алиев чанд маротиба ба раиси комиссияи ҳавзавӣ Абдулло Ҳабибов муроҷиъат кардем, ки моро бо муҳтавои протоколҳои ба комиссия воридшуда шинос кунад, вале ў ин корро анҷом надод. Гузашта аз ин, вақте соъати 7-у 35 дақиқаи субҳи 1-уми март мо ду нафар аз вай талаб намудем, ки якнусхаӣ протоколи ҷамъбастии интихобот дар ҳавзаи Синоро таҳвиламон кунад, вале…
Инҷо иддаъои раиси ҲСДТ Р. Зойиров ба зеҳнам меояд, ки дар нишасти ахири матбуъотияш ин қонуншиканиҳои фоҳишро танҳо «тақаллуби моҳирона» эълом кард. Вале, ба ақидаи ман, он ҳамаро метавон фақат «қонуншиканӣ» ва «ҷинояти огоҳона» унвон кард.
Як дўстам ин иддаъои манро «ғайрисиёсӣ» ва «ғайридипломатӣ» номид. Шояд. Вале шахсан ман бар инам, ки ҳама ашёъ ва зуҳуротро дуруст аст танҳо бо исми худаш ном бурд.
Инро ҳам ба арзи ҳузуратон бирасонам, ки як дўсти дигари хушбоварам тазмини президентро барои «одилонаву шаффофу қонуниву демократӣ» баргузор шудани интихоботи ахир кофӣ донист. Он дўстам «ривояти шаръӣ» пеш овард, ки 68 сол қабл И. Сталин низ дар мавриди ҳамлаи аҳдшиканонаи Олмони нозӣ то як ҳафта аз родию (он вақт телевизион набуд) суханроние накард. Вале охируламр ғалаба кард. «Президенти мо низ аз ҳамин сабаб хомўширо ихтиёр кардааст…», - ривояташро «мантиқан» ҷамъбаст кард дўсти ман.
Мегўянд, ки ҲХДТ-и Э. Раҳмон ин дафъа ҳам – чун чанд маротибаи қаблӣ – дар «интихобот» пирўз омад. Чун ҳамеша. Вале мардум чӣ? Оё ин пирўзиро метавон пирўзии онҳо ҳам талаққӣ кард? Фикр мекунам, таърих ҳатман посух медиҳад.
Охирсухан
Мутаҳаййирам: ё ман ба аҳаммийяти ин «навоварӣ» сарфаҳм намеравам, ё, воқиъан, ин ҳама қонуншиканиву ҷиноят буда, касе бояд барои ин ҳама аъмол посух диҳад. Дар назди қонун. Дар додгоҳ (суд). Ва, бадеҳист, ки кайфар низ барад.
То дарсе барои дигарон шавад. Дарси қонун. Дарси демократия.
Ва мо бояд ба ин одат кунем. Дер ё зуд.
Ба фикрам, беҳтараш – зудтар.
Ҳофизи бузургвор беҳуда нафармудааст: «Дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест…»
Ё касе бар ин аст, ки бояд боз чандин панҷсолаи дигар сабр кард?
Вале, бигўед, ки дақиқан то кай?
То кай?!
P.S. Замоне, ки ин сатрҳоро менавиштам, аз барномаи телевизионии «Баҳористон» овозхони шинохта Зикруллоҳ сурудеро замзама мекард:
«Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист.
Ҳамон мушкил, ки осонаш намебинам, ватандорист…»
Воқиъан, ватандорӣ чист? Ватандорӣ аз чи шурўъ мешавад, ҳамватани ман?
***
ИЛОВАҲО
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 6. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ифодаи олии бевоситаи халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст…
Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурўҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.
Моддаи 8. …Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, дин, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Моддаи 49. Интихоби Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад…
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Моддаи 7. Овоздиҳии пинҳонӣ
…Мудохила ба изҳори иродаи овоздиҳандагон манъ аст.
Моддаи 8-1. Мақом ва ваколатҳои нозирони миллӣ
Нозирони миллӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд: …
- ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳӣ мавҷудбуда, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида менамояд;
- бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд;
- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;
- ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.
Моддаи 18. Узвият дар комиссияи интихобот
Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад…
Моддаи 42. Тартиби овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон
…Ҳар як интихобкунанда худаш овоз медиҳад. Ба ҷои дигарон овоз додан мумкин нест.
… Додани бюллетенҳои иловагӣ ба интихобкунанда манъ аст.
Моддаи 58. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонун
Шахсоне, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона истифода бурдан аз ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ва бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ бо роҳи зурӣ, фиреб, таҳдид ё роҳи дигар монеъ мешаванд, инчунин аъзои комиссияҳои интихоботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки нисбати ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ба сохтакорӣ роҳ медиҳанд ва овозҳоро қасдан нодуруст ҳисоб мекунанд, махфияти овоздиҳиро вайрон менамоянд ва ба дигар вайронкунии ин Қонун роҳ медиҳанд, мувофиқи муқаррароти қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд…
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 10 декабри соли 1999
№ 856
(Воқиъан, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаи «қитъа» ё ибораи «қитъаи интихоботӣ» ҳатто як маротиба оварда нашудааст (!) – дар ин мавридҳо аслан калимаи «участка» ё ибораи «участкаи интихоботӣ» (!!) оварда шудаасту халос. – М. М.).

Rahman,
Tajikistan
Subscribe to:
Posts (Atom)