Tuesday, June 15, 2010

The Blood-Soaked Soil

Бӯи хоки хуногин

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Ҷанг, яъне сели паноҳҷӯёни бехонумон, ки кошонаҳои сӯхтаашонро дар гӯшае аз қалби сӯхтаашон санҷоқ (сӯзанак) мезананду аз бисоташон танҳо ҷони азизро паноҳ медиҳанду ба дуриҳо мешитобанд. Ва агар бар болҳои иқбол савор бошанд, ҷони азиз ба саломат мебаранду моҳҳо ва шояд солҳо ва шояд ҳатто то бениҳоят мунтазири бозгашт ба обу хоки модарӣ мемонанд. Гӯӣ риштаҳое инсонро бо маҳалле, ки хуни нофаш рехта, бастааст ва то ҷон дар рамақ боқист, бӯи он хок аз машом намеравад ва ҳамвора зеҳни одамӣ оғуштаи хумори ҳамон хок аст. Хоке, ки акнун барои узбактаборони минтақаи Уши Қирғизистон оғушта ба хуни азизонашон аст.

Бузургон гуфтаанд, ки танҳо накӯкорон бо корҳои некашон зиндаву ҷовид мемонанд. Аммо рӯйдодҳое аз ин даст бовареро талқин мекунад, ки ҳатто бадкорон дар зиндагии башарият ҳузури мудовим доранд. Агар тақсимоти арзии кавданона ё шояд бадсиголонаи Столин намебуд, имрӯз на аз дарду доғи Қарабоғ хабаре буду на аз ҳасрати Бухорову Самарқанд ва на аз ранҷу гурези узбактаборони Ӯш. Аммо дасте, ки чун як корди қассобӣ хоки минтақаро буриду тавзеъ кард, тухми хусуматро ҳам кошт, ки гумон намеравад ба зудиҳо зудуда шавад. Осиёи Миёна обистани ихтилофоти миёнқавмист. Он чи бар Қирғизистон мегузарад, дуруст 20 сол пеш, дар моҳи июни соли 1990 ҳам иттифоқ уфтода буд ва гиреҳи мушкил ногушуда монд.

Бархурди давлатҳои минтақа бо ин мавридҳо бояд ҳамроҳ бо дирояту оянданигарӣ бошад. Чун ҳамаи кишварҳои минтақа дорои мушкили ҳамонанде ҳастанд: омехтагиҳои қавмӣ бо тамаркузи ақаллиятҳо дар минтақаҳои бахусус. Узбакҳо ҳудуди 14 дарсади ҷамъияти Қирғизистонро ташкил медиҳанд ва умдатан дар ҷануби он кишвар мутамаркизанд. Яъне беш аз як милюн тан аз ин кишвари панҷмилюнӣ туркзабононе ҳастанд, бо фарҳангу омехтагии қавмии эронӣ, ки ҳувияти “узбакӣ” ба онҳо нисбат дода мешавад. Танҳо ваҷҳи иштироки ин ду қавм гурӯҳи забонии онҳост ва дар боқии мавридҳо узбакҳо бо тоҷикҳо иштирокоти бештар доранд, то бо таборҳои турку муғул. Аз ин рӯ узбакҳо аз дигар қавмҳои турку муғул мутамоизанд, вале ба далели тафовути забонӣ бо тоҷикҳо ҳам унси андаке доранд ва мавқеъияташон дар минтақа чизе ҳамонанди ҷойгоҳи тоҷикон аст, бо тафовутҳои камтар.

Як ҳақиқати ошкор аст, ки давлати Узбакистон дар баробари мардуми Тоҷикистон сиёсати ғалатеро ихтиёр карда ва дар садад аст, ки бо эъмоли зӯру фишор ҷилави сохтмони нерӯгоҳи Роғунро бигирад. Дар баробари он давлати табаҳкор бояд истод. Аммо дар мавриди мусибате, ки суроғи мардуми узбактабори Қирғизистон омадааст, бояд ҳисоби давлати узбакҳоро аз ҳисоби мардуми узбак ҷудо кард. Чи басо ин ки давлати Узбакистон ҳам бо шуморе аз узбактаборони Қирғизистон, ки аз дасти Тошканд фирор карда буданд, миёнаи хубе надорад ва мумкин аст азияту озори бештареро бар онон раво бидонад. Тоҷикистон ба унвони як кишвари ҷангдидаву обдида метавонад дар ҳадди имкон ба узбакҳои фирорӣ паноҳгоҳ диҳад, то обҳо аз осиёб биуфтаду вазъият сарусомон биёбад ва паноҳҷӯён ба хонаву кошонаашон баргарданд.

Аз сӯи дигар, ба қирғизтаборони муқими Узбакистон, ки дар миёни обу оташ гирифтор мондаанд ва талош мекунанд аз роҳи Тоҷикистон ба бахшҳои дигари Қирғизистон паноҳ баранд, бояд ин имконро дод. Ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳимоят аз дармондагон ҷузъи мавридҳоест, ки аз зеҳни ҳеч ҷангзадае сутурда намешавад ва фитрати инсонӣ ҳам ҳукм мекунад, ки дасти фитодаеро бигирем. Бад-ин гуна метавон дар зеҳнҳои ҳамсоягон нақши нозудудании дӯстию ҳимоятро кошт ва ҳомили ин нақши нозудуданӣ метавонад мардум бошад, на давлатҳо, ки бақояшон ҳамвора зери суол аст.

Бо дароз кардани дасти ёрӣ ба дармондагон Тоҷикистон метавонад собит кунад, ки танҳо як кишвари кумакпазир нест, балки дар мавридҳои изтирорӣ метавонад паноҳгоҳи бепаноҳон бошад. Гузашта аз ин, мушорикати мустақими Тоҷикистон барои одисозии вазъият дар Қирғизистон дар чорчӯби барномаҳои Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ногузир аст, то Тоҷикистон ба унвони як кишвари корсозу муассир дар минтақа ба расмият шинохта шавад. Фиристодани нерӯ ба Қирғизистон дар чорчӯби барномаи имдоди низомии ин паймон ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар минтақа ва арсаи байнулмилалӣ устувортар мекунад. Тоҷикистон бояд тамоми талоши худро кунад, ки ин даргириҳо аз Қирғизистон ба боқии бахшҳои водии Фарғона фаварон накунад; Фарғона минтақаест тақсимшуда миёни се кишвари Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон, ки ошуфтагии он метавонад тамоми минтақаро барошуфта кунад.

Давлати навпои Қирғизистон барои ҳалли ихтилофот дастбадомони Русия шудааст. Мусалламан, қудрате чун Русия бидуни дарназардошти манофеъи тангназаронаи худ даст ба ҳаллу фасли масоили минтақае ҳошияӣ намезанад. Подармиёнии мустақими Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ин қазия метавонад заминаро барои ҳалли мушкилоти кишварҳои Осиёи Миёна тавассути худи онҳо фароҳам кунад ва Русияро аз дахолат дар умури минтақа канор бизанад.

Муҳимтарин дарсе, ки мешавад аз хунрезиҳои Уши Қирғизистон гирифт, таваҷҷуҳ ба мавзӯъи ақаллиятҳои қавмӣ ва зарурати эҷоди як ҷомеъаи шаҳрвандии мунсаҷим аст, то ҷилави вуқӯъи чунин рӯйдодҳо дар ояндаро бигирад. Риъояти ҳуқуқи башар – чи дар аксарият бошаду чи дар ақаллият – зомини суботи вазъияти ҳар ҷомеъаест.

7 comments:

Firdavsi Azam said...

Дуруд дусти бузургворам.
Тархи хуберо баргузидаед.
Бо умеди хушрузиву саодатмандихо.
Монову поянда бошед дустам

D said...

Сипосгузорам, Фирдавси гиромй. Комраво бошед.

Умед Ҷайҳонӣ said...

Дуруд бар бузургвор Дориюш!
Офарин бар Шумо ки дар парешонҳоливу дармондагӣ ба узбакҳову қирғизҳо дасти дӯстиву ёрӣ дароз мекунед. Худо кунад ки кишвардорони Тоҷикистон ҳамандешатон бошанд. Ман ҳам бар ин боварам ки Тоҷикистон набояд марзҳояшро ба руи гурезаҳо бандад, чунон ки Узбакистон марзҳояшро ҳангоми ҷанги Тоҷикистон баста буд. Қирғизистон он замон дӯстонатар рафтор карда буд.

Аммо аз он метарсам ки сазои некии Тоҷикистон бадӣ бошад. Ҷанги қирғизҳо бо узбакҳо дар Қирғизистон аз барои зистгоҳ аст. Қирғизҳо узбакҳоро бегона ва кучида мешуморанд ва бо ҷанг сарзаминашонро ситонданиянд. Худо накунад ки қирғизҳо дар гармогарми ҷанг ёрии тоҷикон ба гурезаҳои узбакро пуштибонӣ аз душманони худ бишморанд ва бар Тоҷикистон ҳамла кунанд. Миёни тоҷикон ва қирғизҳо дар соли 1990 дар шаҳристони Исфара ва деҳистони Ворух чунин як ҷанҷоле аз барои замин сар зада буд ва то кунун пасларзаҳояш падиданд.

D said...

Дуруд бар Умеди фарзонаю арчманд. Сипос аз хусни назаратон.

Гузашта аз буъди инсонии казия, чашм пушидан бар он чи акнун бар узбактаборони Киргизистон мегузарад, метавонад паёмадхои бадтаре дошта бошад. Бо таваччух ба ин ки худуди 15 дарсади чамъияти Точикистон хам узбактабор хастанд, химоят аз дармондагони узбак дар бехбуди равобити миёни ду кавми точику узбак низ корсоз хохад буд. Аз суи дигар, кумак ба киргизхое, ки мехоханд аз тарики хоки Точикистон ба Киргизистон панох бибаранд, метавонад хар навъ бадгумонии эхтимолии киргизхо дар мавриди точикхоро хунсо кунад. Бетафовутии давлати Точикистон дар як чунин вазъияти хассос метавонад хамл бар тамошои хунсардонаи руйдодхои хунину кушта шудани мардум танхо ба далели таъаллуки кавмишон шавад.

Умед Ҷайҳонӣ said...

Дусти арҷмандам, Дориюш!
Он чи ман аз он нигарон будам, имрӯз аз забони Қуботбек Байболов, муовини аввали раиси Созмони амнияти кишварии Қирғизистон ва шаҳрбони Ҷалолобод, садо дод. Ин кас имрӯз тоҷиконро муттаҳам дар ҷангафрӯзи миёни кирғизҳову узбакҳо кард. Хабарашро инҷо метавонед хондед:
http://www.itar-tass.com/level2.html?NewsID=15226201&PageNum=0

Ин иттиҳомот бехуда нест. Худо нигаҳ дорад аз ҷанги тоҷику кирғиз...

Қирғизҳо дар авоили даҳаи 2000-ум кӯшише барои ҷудосозии шаҳристони кирғизнишини Мурғоб аз Тоҷикистон карда буданд, аммо Худоро шукр нируҳояшон торумор шуданд.

D said...

Умеди гиромӣ. Бегумон, мақомоти қирғиз маҷбуранд баҳонаҳое битарошанд, то аз ин вонафсо дастикам ҳайсияташонро наҷот диҳанд. Кишварҳои заъифе чун Тоҷикистон маъмулан дар чунин маворид саркуфти беҷиҳат мехуранд. Наворҳои видеуӣ ошкоро нишон медоданд, ки нерӯҳои амниятии Қирғизистон савор бар зиреҳпӯшҳо ба ҷои дифоъ аз мардуми бедифоъ дар ҳоли шиллик ба самти мардум буданд. Хусумати миёни қирғизу узбак чизи тозае нест ва решадортар аз рӯйдодҳои ин чанд рӯзи ахир аст. Ба ҳар рӯй, Тоҷикистон барои изуле кардани хунрезиҳо ва чилавгирӣ аз сирояти он ба ҷойҳои дигар ҳамроҳ бо дигар кишварҳои минтақа бояд ҳамаи чораҳои мумкинро анҷом диҳад ва то ҳадди имкон ба мардуми бесилоҳи гурезон, чи узбаку чи қирғиз, кумак кунад. Некӣ кунаду ба Даҷла афканад.

D said...

Хуб аст, ки ин бор мақомоти тоҷик зудтар аз маъмул ба иттиҳомот вокуниш нишон додааанд:

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/06/100615_sq-tajik-kyrgyz.shtml