Tuesday, June 01, 2010

IRS: Illegal Road Solutions

Роҳбонӣ ё роҳзанӣ?

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Муддатҳост, ки моҷарои “роҳи пулакӣ” дар Тоҷикистон идома дорад, аммо ҳар чи мегузарад, бар ибҳому печидагии мавзӯъ меафзояд. Кӣ пул меситонад? Барои чӣ меситонад? Ширкати пулситон бегона аст ё худӣ? Ин пул ба хориҷ меравад ё дар Тоҷикистон мемонад? Давлат аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад ё намекунад?.. Ба ин пурсишҳо ба теъдоди афроди коршинос дар Тоҷикистон посух дорем, аммо иттифоқи назаре басахтӣ мушоҳида мешавад.

Ҷолиб ин ҷост, ки ҳувияти ширкати пулситон мавсум ба “Инноватив Роуд Солюшенз” (IRS - Innovative Road Solutions) ҳам чандон равшан нест. Ҳатто хабаргузориҳои муътабар бо истифода аз истилоҳоти гӯлзанандае чун “гуфта мешавад” ё “маълумоте мавҷуд аст” дар бораи ҳувияти ин ширкат изҳори назар мекунанд. Гӯӣ ин ширкат чун қорч (замбурӯғ)-е аз зери хок руста ё чун борон аз осмон фурӯ уфтода, ки пас аз соъатҳо канкошу ковишу ҷустучӯ ҳам андозаи як мисқол иттилоъи дурусту ҳисобӣ дар бораи он ба даст намеояд.

“Инноватив роуд солюшенз”, яъне “чорасозии навоварона барои роҳҳо”. Ин ширкат, ки боз ҳам “гуфта мешавад” соли 2009 дар ҷазираҳои Вирҷини Бритониё номнавис шуда, танҳо чора барои беҳбуди вазъи роҳҳои моро божситонӣ аз мусофирони ғолибан нодораш донистааст. Албатта, мешавад баҳона кард, ки бо пуле, ки ҷамъоварӣ мекунанд, метавон роҳҳои беҳтаре сохт, то дар оянда ҳангоми ронандагӣ дар роҳҳои Тоҷикистон эҳсоси шиноварӣ ба мо даст надиҳад. Аммо пеш аз ҳама бояд асолати ин ширкат барои мардуми ин сарзамин ошкор шавад ва мақсаду наҳваи истифода аз кӯчактарин дирамҳои мусофирони роҳҳо бояд ба таври шаффоф дар маърази диду таваҷҷуҳи якояки шаҳрвандони Тоҷикистон қарор бигирад.

Агар ин ширкат дар Бритониё сабти ном шуда, молики он кист? Чаро дар Бритониё номнавис шудаву дар Тоҷикистон бож меситонад? Поярезони он киҳо будаанд? Тоҷиканд ё хориҷӣ? Даромади ҳосил аз рафту омади мардум ба ҷайби чи касоне меравад ва молиёти он ба сандуқи чи кишваре рехта мешавад?

Бо шунидани номи ҷазираҳои Вирҷини Бритониё нохудогоҳ ба ёди додгоҳи нангини Талкову Ансолу Русал меуфтем, ки ду сол пеш дар ҳамон ҷазоир баргузор шуда буд. Ҳамон додгоҳе, ки давлати Тоҷикистонро сабти торихи Бритониё кард; чун ба унвони яке аз фақиртарин давлатҳои ҷаҳон ҳазинаи яке аз гаронтарин муҳокимаҳои торихи додрасии он кишварро пардохта буд. Чи пайванде метавонад миёни ҳузури аъзои давлати Тоҷикистон дар ҷазираҳои Вирҷин таи солҳои 2008-2009 ва таъсиси ширкати IRS дар соли 2009 дар ҳамон ҷазираҳо вуҷуд дошта бошад? Оё ба ростӣ, ҳамон гуна ки “гуфта мешавад”, бунёдгузорони ин ширкат шаҳрвандони Тоҷикистонанд? Агар чунин аст, ному мақомашон чист?.. Ба кӣ метавон бо ин пурсишҳо рӯ овард? Ба вижа акнун, ки ба назар мерасад як ниҳоди давлатӣ ҳам аз ширкати вирҷинӣ дили хуше надорад.

Аз оғози моҳи гузашта то кунун Амонуллоҳи Ашӯр, раиси Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон, борҳо гуфтаасту мегӯяд, ки фаъъолияти IRS ғайриқонунист ва бояд ҷилави божситониҳои он бар сари роҳҳои Тоҷикистонро гирифт. Аммо тасвире, ки мебинем, ширкати IRS-ро тавонмандтар аз ин ниҳоди давлатӣ нишон медиҳад. IRS бо сарпечии густохона аз дастури Ожонси зиддиинҳисорӣ бепарво ҳамчунон дар ҳоли божситонӣ аз мусофирони роҳи Душанбе-Чаноқ аст. Ин ширкат пуштгарми чи мақомест, ки ин қадр бебокона даст ба ҷайби мардуми мо мебарад ва ҳатто як ниҳоди давлатӣ қодир нест ҷилави роҳзании онро бигирад?

Ва аслан чаро бояд аз роҳе, ки бо пули молиёт (андоз)-и мардум сохта шуда, бож ситонанд? Камтарин маблағе, ки бояд дар ин “шоҳроҳ” бипардозед, 30 дирам барои ҳар килуметр аст. Дар ҳоле ки дар кишвари нисбатан мураффаҳтаре чун Русия ин рақам муъодили 2 дирам аст. Мақомоте ҷор задаанд, ки дар кишварҳои пешрафта мардум барои убур аз шоҳроҳҳо пул мепардозанд. Аҷиб аст, ки то суҳбат аз пул мешавад, мо ҳам худ ба худ худро дар радифи кишварҳои пешрафта мебинем. Аммо агар суҳбат аз арзишҳои иҷтимоъӣ ва озодиҳои марсум дар кишварҳои пешрафта бошад, ҳамон жожи мудомро мешунавем, ки “Тоҷикистон ҳанӯз омода нест ба ин урдӯгоҳ бипайвандад”. Ғофил аз ин ки озодиҳои башарӣ ғаризӣ (интуитивӣ) аст ва ҳама омодагии онро доранд ё худ ба худ касб мекунанд. Аммо пардохти божу андози сангин омодагии иқтисодӣ мехоҳад, ки мардуми Тоҷикистон аз он бенасибанд. Агар дар баробари “роҳи пулакӣ” роҳҳои ройгон ҳам вуҷуд медошт, нисфи мушкил ҳал мешуд, ки чунин нест.

Вале муҳимтар аз он наҳваи иҷрои ин барнома аст, ки амалкарди давлатро бакуллӣ зери суол мебарад. Барномаи божситонӣ аз ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рӯзи 1 апрел расмӣ шуд; мисли як дурӯғи рӯзи аблаҳон (ё рӯзи ханда), ки рост аз об даромад. Пас аз он буд, ки шикоёти мардум ба рӯи мизи Ожонси зиддиинҳисорӣ рехтан гирифту доди ин ниҳоди давлатӣ баланд шуд. Ҳузури ширкати IRS дар майдони божситонӣ чунон қавист, ки кас намедонад ба доди мардум бирасад ё ба доди ин ниҳоди давлатӣ. Ба вижа ин ки раиси ожонс ҳам ба мардум гилоя мебарад, ки аз 18 навъи молиёти давлатӣ ширкати IRS танҳо як навъашро мепардозад, ки он ҳам молиёти иҷтимоъии кормандонаш аст. Магар роҳҳои Тоҷикистон таҳти назорати давлати он нестанд? Чи касе ин барномаи булҳавасонаро пиёда карда ва посухгӯи шикоёти мардум аст?..

Доманаи васеъи пурсишҳое, ки дар ин навиштор баён шуд ва бисёре ҳам ногуфта монд, гӯёи ибҳом ва печидагии мавзӯъ аст, ки зоҳиран шохаҳои бисёре аз худи давлат ҳам дар лобалои он гирифтор мондаанд. Танҳо роҳкоре, ки мантиқӣ ба назар меояд, гушудани асрори ширкати IRS, посухгӯ кардани он дар баробари қонунҳои Тоҷикистон ва коҳиши чандинбаробари нархҳои хаёлпарваронаест, ки ин ширкати нокуҷоободӣ рӯи роҳҳои мо гузоштааст.

4 comments:

Anonymous said...

Снайпер:
Ба хамагон маълум аст, ки "боми" ин ширкат кист. Чаноби олии холи обруи набударо резонда ба интихоботи президенти тайёр мешавад.

Anonymous said...

Illegal Road Solution

Super, az khandaya klet shudam, in sarlavharo dar kabinet ba hama ta'ris kardam, super, looooooooooool

Follower

Anonymous said...

Переворот и революция здесь и начинается.

Anonymous said...

Many thanks.