Tuesday, January 18, 2011

Adios, My Ceded Land

Дар видоъ бо порае аз хоки покам

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Дар як сухангоҳи интернетии чинӣ бо номи бомусаммои The Beijinger (Пекинӣ) гурӯҳе чинию чинитабор нишастаанду бо ҳам гап мезананд. Мавзӯъи суҳбат Тоҷикистон аст ва беш аз як ҳазор килуметр хоки он ки давлати Чин ситондааст.

Корбаре бо лақаби Walls, ки баҳсро оғоз кардааст, мепурсад: “Оё фикр мекунед Чин ҳаққи тақозои пас гирифтани ин хок бо гузашти беш аз 100 солро дорад?” Корбаре дигар бо номи Foreign.lecturer тоҷикҳоеро, ки бино ба тасаввури ӯ, акнун атбоъи Чин шудаанд, хушбахт медонад ва мегӯяд: “Ман мутмаиннам, ки он чӯпонҳои хушахлоқ бо камоли майл чинӣ хоҳанд шуд”.

Корбари севум бо лақаби KZ пешгӯӣ мекунад, ки “Ба назари ман, тайи 200 соли оянда Чин, ҳар ду Куре (Корея), Жопун ва Тойвон ва ҳамчунин шояд кишварҳои ҷануби шарқӣ як федеросиюни воҳидро ташкил хоҳанд дод, аммо на ба монанди Иттиҳоди Урупо, балки бештар шабеҳи як кишвари воҳид хоҳанд буд”.

Alishan мепурсад: “Ин пора аз замин пеш аз он сад соле, ки мутаъаллиқ ба тоҷикҳо буда, барои чи муддате моли Чин будааст?” Пурсиши ӯ дар ҳаво муъаллақ мемонад ва гӯё таваҷҷуҳи ҳеч як корбарро ба худ ҷалб намекунад, чун зоҳиран касе барояш посух надорад.

Саранҷом Sereneselchie вориди баҳс мешаваду бо дард мегӯяд: “Ба гуфтаи давлати ман, Тоҷикистон қарор буд 28.5 ҳазор килуметри мураббаъ хоки Чинро ба мо пас диҳад, аммо дар амал онҳо танҳо як ҳазор килуметри мураббаъро баргардондаанд!”

Ин баҳси интернетӣ ҳамчунон идома дорад, бидуни он ки бештари ширкаткунандагони он кӯчактарин тасаввуре аз ҳамсояи кӯчаки шимоли ғарбии Чин дошта бошанд.

Интернет ин рӯзҳо саршор аз баҳсҳои вогузории 1.1 ҳазор килуметри мураббаъ аз хоки Тоҷикистон ба Чин аст. Тазодди дидгоҳҳо гичкунанда аст, ки бозтобест аз тазодди дидгоҳҳои баёншуда дар нишасти ахири порлумони Тоҷикистон: дар ҳоле ки вазири хориҷа имзои қарордоди марзии нав бо Чинро “дастоварди диплумосии тоҷик” тавсиф мекард, Муҳйиддини Кабирӣ онро “шикасти диплумосии тоҷик” медонист ва ҳар як барои иддаъои худ далелҳое ироа мекарданд.

Бо нигоҳи ғайримусаллаҳ ҳам мешавад дарёфт, ки суҳбатҳои вазири хориҷа аз рӯи ночорӣ буд. Ба ҳеч рӯй бохтани порае аз хоки кишвар барои давлати он наметавонад “бурд” ё “пирӯзӣ” талаққӣ шавад; чи он хок як метр бошаду чи як ҳазор килуметри мураббаъ. Аз ин рӯ “бурд” номидани ин шикасти фоҳишу возеҳ намак пошидан бар захми бози ҳувияту худшиносии шикаста-бастаи мост.

Ирҷоъи норозиён ба қарордоди “Марғелони Нав”-и соли 1884 миёни импротурии Русияи тезорӣ ва Чин ҳам дардеро даво намекунад. Чун аз он ду импротурӣ дигар ному нишоне намондааст. Русия дар соли 1917 тағйири ному намо дод ва дар соли 1991 дар ҳайъату ҳайбате дигар зоҳир шуд. Импротурии Чин ҳам дар соли 1912 ба торих пайваст ва дар соли 1949 Ҷумҳурии Чин ба ҳидояти Моу Зедунг (Mao Zedong) табдил ба Ҷумҳурии Халқи Чин шуд. Бо такя ба ин тавҷеҳ мешавад нақшаи сиёсии ҷаҳонро бакуллӣ баҳам зад ва, масалан, кулли Қафқозро ба Эрон доду Олоскоро ба Русия. Гузашта аз ин, дар қарордоди мазкур ҳарфу ҳадисе аз минтақаи Мурғоб нест, ки бар мабнои он порае аз ин минтақа ба Чин таъаллуқ бигирад. Ин ҳарфро намешавад ба ҳеч навъе ба мантиқи тикка-пораи ин иқдом бахя зад.

Тасаллои дигаре, ки аз мақомот шунидем, ин буд, ки кишварҳои дигар маҷбур шудаанд ба Чин божи бештаре бипардозанд. Чун маълум аст, ки Чин алайҳи ҳамаи кишварҳои атрофаш иддаъои арзӣ дорад. Мешавад ин мавридро ҳам санҷид. Қазоқистон бо Чин сари 944 килуметри мураббаъ низоъ доштанд ва соли 1999 порлумони Қазоқистон танҳо 407 килуметри мураббаъро таслими Чин кард. Қирғизистон тайи солҳои 1996 ва 1999 дувоздаҳ килуметри мураббаъ аз хоки худро ба Чин дод. Русия бо он азамате, ки дорад, соли 2005 бо вогузории 337 килуметри мураббаъаш мувофиқат кард. Пас дар ин миён боз ҳам сарзамини камзамини Тоҷикистон аст, ки бо саховати тоҷикона бештарин миқдори заминро ба Аждаҳои Сурх пешкаш кардааст.

Иддаъоҳои арзии Чин як масъалаи решадор аст ва ба гузаштаҳои устураӣ бармегардад ва ба ин бовари нажодпарастонаи ҳокимони Чин, ки худро нофи Замин ва фармонравоёни шаръии ҷаҳон медонанд. Ин иддаъои бепоя борҳо баҳонаи ҷангҳои хунин миёни Чин ва Ҳиндустону Вйетному Русия шудааст. Тайи солҳои 1916 ва 1932 дар Чин адабиёте мунташир шуд, ки зарурати бозпас гирифтани “заминҳои аздастрафта”-ро матраҳ мекард. Манзур аз “заминҳои аздастрафта” сарзаминҳоеанд, ки бино ба тасаввури онҳо, таҳти султаи импротурии сарнагуншудаи Тзин қарор доштанд ва минтақаи васеъеро аз Ховари Дур то Куре (Корея), Сангопур, Непол, Бутон, Қирғизистон, ҷануби Қазоқистон, шимоли Ҳиндустон ва дар кул беш аз 10 милюн килуметри мураббаъро дарбар мегирад. Дар феҳрести баланду болои “заминҳои аздастрафта”-и Чин номи “Бадахшон” ҳам худнамоӣ мекунад, ки порае аз хоки онро ҳамин чанд рӯз пеш чиниҳо бедардисар ба даст оварданд.

Он корбари баҳси интернетӣ, ки аз “кишварҳои ҷануби шарқӣ” суҳбат мекард, бегумон аз суханони Моу Зедунг дар соли 1965 илҳом гирифта буд, ки мегуфт: “Мо ҳатман бояд Осиёи Ҷануби Шарқӣ, аз ҷумла ҷануби Вйетном, Тойланд, Барма, Молезӣ ва Сангопурро бозпас бигирем.” Ва баъдтарҳо, ки бар нерӯи Чини сурх афзуда шуд, ин импротури кумунист иддаъо карда буд, ки “Мо бояд кураи Заминро фатҳ кунем… ва абарқудрате тавонманд биофаринем” (ба нақл аз Рожинцев А. Четыре стороны мира под одной крышей, или где воевал Китай).

Аммо ҳеч кас маҷоли онро надорад, ки аз ин ташнагони хоку қудрату сарват бипурсад, ки “чаро?!” Ба чи далели мувассақи торихӣ бояд чанги озу тамаъи Чин ба хоки Тоҷикистон дароз шавад? Магар мо дар Тоҷикистон ақаллияти чинитабор дорем? Дуруст баръакс, сарзамини Чин аст, ки ақаллияти тоҷик дорад. Дар ҳамин Туркистони Чин, ки 1142 км мураббаъ аз хоки Тоҷикистон ҳам ба он васл шуд, минтақае ҳаст бо номи уйғурии “Тоҷик Тошқурғон Аптоном Ноҳияси” (Ноҳияи Худмухтори Тошқурғони Тоҷик), ки 60 дарсади ҷамъияташ тоҷиканд. Дар кул 50 ҳазор тоҷики бумӣ сокини Туркистони Шарқианд, ки ба забони помирии сарикулӣ такаллум мекунанд ва худашонро “тоҷик” меноманд. Агар қарор буд касе бар мабнои далелҳои мувассақ иддаъои арзӣ дошта бошад, ин моем ё онҳо? Мақомоти Чин то имрӯз ба худ иҷоза намедиҳанд Туркистони Шарқӣ - бузургтарин иёлати сарзаминашонро бо номи торихиаш бихонанд ва онро Синкиёнг (Xinjiang) ё “Марзи Нав” меноманд, чун тоза дар садаи 18 тасарруфаш кардаанд ва то кунун натавонистаанд қалбу зеҳни мардуми онро ба даст оваранд.

Ва боз як дилдории дигаре, ки аз мақомоти тоҷик шунидем, ин буд, ки хоки аздастрафта номаскун аст. Аммо касе ишорае ҳам накард, ки чи ганҷе зери он хок нуҳуфта аст ва чи маъданҳоеро фардо чиниҳо аз Мурғоби мо ба бозори ҷаҳонӣ хоҳанд кашонд. Дар мавриди маскун ё номаскун будани он ҳам ниёзе ба нигаронӣ нест. То кунун мо бо Чин марзи “маскун” надоштем. Аз ин ба баъд Чин бо истифода аз қудрати иқтисодиаш дар он тикка аз сангу хок ҳам шаҳракҳое хоҳад сохт, ба гунае, ки дигар дилтанги дидани ҳамсояҳои чиниамон нахоҳем шуд ва аз ин сӯи Мурғоб ба он сӯ нидои “Ni hao!” (Дуруд!) сар хоҳем дод.

Аммо муҳимтар аз ҳама, ҳамон гуна ки М. Кабирӣ ҳам ишора кард, ин иқдоми давлат ва порлумони Тоҷикистон муқаддастарин унсури давлатдорӣ - Қонуни Асосии моро зери по гузошт, ки асли 7-уми он сарзамини Тоҷикистонро тақсимнопазир ва ғасбнопазир медонад. Пас ин хокро ҳам мешавад муъомила кард? Вақте ки вазири хориҷа, раиси Маркази мутолеъоти роҳбурдӣ (стратегӣ) ва бадтар аз ҳама, намояндагони порлумон ошкоро ин муъомиларо мепазиранду меписанданд, аз тақаддуси Қонуни Асосӣ оё нишоне хоҳад монд? Ва ку замонати он ки ҳамин посбонони номуси сарзамини тоҷикон фардо дар баробари фишори ҳамин Чин ё ҳамсояи пурзӯри дигар дубора курниш (таъзим) накунанд?

Гузашта аз ин, иқдоме, ки анҷом гирифт, хилофи усули Маншури Созмони Милали Муттаҳид аст, ки тамомияти арзии кишварҳоро тазмин кардааст. Оё баростӣ, мешавад бовар кард, ки Чин дар сурати рӯй овардани Тоҷикистон ба Созмони Милал ва шикоят аз иддаъоҳои арзии номуваҷҷаҳи он даст ба ҳамлаи низомӣ мезад? Чине, ки бо муроъоти тавозуни қувво ва абзорҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ ҳанӯз натавонистааст Тойвонро таҳти фармони тамому камоли худ дароварад. Дар ҳоле, ки мардуми Тойвон ҳам чинианд ва дар воқеъ, номи “Тойвон” ба кулли Чин ҳам итлоқ мешавад. Пас оё баростӣ омиле, ки Тоҷикистонро ба вогузории он ҳама хок водошт, тарс аз Чин буд ё ангезае дигар ҳам дошт? Инро доноёни ҳол донанду Худо. Барои мо ҳамин кофӣ, ки ҳасрати ниёамонро бихурем, ки гуфта буд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

1 comment:

Умед Ҷайҳонӣ said...

Дориюшҷон, ҳамдардиямро бипазир.
Ин дувум бор аст ки маҷлисиён даст ба номуси Модарамон мезананд ва мо хомушем. Оё ин Модар фарзанде надорад ки пуштибонияш кунад? Дареғо ки дар Тоҷикистон нестам, вагарна ягон коре мекардам... чун медонам ки Чин ҳеч гуна ҳаққу ҳуқуқе надошту надорад ки замини моро ситонад.
21 сол пеш аз барои чанд хонае, ки гӯё ҳукумат ба арманиҳо вогузор карда буд, мардум бар по хосту даст ба гиребони ҳукумат шуд. Имрӯз ки ҳамон ҳукумат Тоҷикистонамонро тика-тика ба Чин вогузор мекунад, касеро тӯшу тавоне нест ки овоз барорад... Дареғ аз мардуму дареғ аз ин кишвар... Офарин бар қирғизҳову тунисиён...
Ин маҷлисро агар ҳарчӣ зудтар барканор накунем, фардо ҳама Тоҷикистонро ба бегонагон хоҳад бахшид. Нест бод маҷлиси меҳанфурӯш!!! Нест бод!!! Нест бод!!!