Tuesday, August 16, 2011

Who's to Lead Islam in Tajikistan?

Дил ба ёру даст ба кор

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Нишастаам дар гӯшаи узлати ғурбат ва меандешам, ки хондани чи матлабе метавонад барои рӯзномахоне дар Тоҷикистон ҷолиб бошад? Нооромиҳои фаҷеъу боварнакардании Бритониё? Китоби тозаи Барзу Абдурраззоқи азиз, ки дили торикиро бо ҳарфи равшанаш мекишофад? Ё боз ҳам ба баҳси талоши Русия барои боз фиристодани марзбононаш ба марзи “пурдаромад”-и Тоҷикистон бо Афғонистон баргардем?.. Аммо ҳамаи ин мавзӯъҳоро занҷирае ба ҳам пайванд медиҳад: ҳимоят аз манофеъи Тоҷикистон ва мардуми он.

Дӯсте аз дурнои ҳазорфарсангӣ аз роҳи маҷозӣ (Интернет) нидо медиҳад, ки мавзӯъҳо ҳар чи дохилитар бошад, хонандаи бештар дорад. Чун Тоҷикистон як ҷомеъаи дарунгарост ва ба берун камтар нигоҳ меандозад. Муҳим он аст, ки авзоъ дар даруни хона басомон бошад... Аммо чи басо рӯйдодҳои хориҷӣ, ки метавонад таъсири мустақиме ба даруни кишвар дошта бошад. Ва ҳамин тавр воруна, чи басо рӯйдодҳои дарунӣ, ки метавонад тасвире дигар аз як кишвар ба ҷаҳониён ироа диҳад. Барои намуна, мешавад рӯи яке аз мавзӯъоти батамом дохилии Тоҷикистон тамаркуз кард ва паёмадҳои эҳтимолии он барои ваҷҳаи кишвари мо дар ҷаҳонро санҷид.

Моҳи оянда (24 септомбр) яке аз аҳзоби сиёсии умдаи Тоҷикистон пешорӯи гузиниши раҳбари худ қарор мегирад. Чи мувофиқу чи мухолиф ин нуктаро мепазиранд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тайи 20 соли истиқлол аз нерӯҳои сарнавиштсози мо буда ва ҳаст. Ҳизбе, ки пешгоми ташаккулҳои ғайрикумунистӣ ва ҳатто зиддикумунистӣ дар даврони шӯравӣ буд ва пас аз он низ кӯшид раҳбарии нерӯҳои мухолифи давлатро аз даст надиҳад. То замоне ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёнгузор ва раиси фақиди ҳизб, зинда буд, то охирҳои соли 2006, ҲНИТ таҷассуми як ниҳоди сиёсии якпорча буд; чун чеҳраву пайкари сиёсию рӯҳонии барҷастаи Абдуллоҳи Нурӣ бар он соя афканда буд. Бо омадани Муҳйиддини Кабирӣ ба мақоми раёсати ҲНИТ бархе дам аз тақсиму иншиъоби ҳизб заданд, ки бо гузашти панҷ сол иттифоқ науфтод. Аммо он чи мусаллам аст, тақсими таҳтонӣ ё дарунии ҳизб ба пайравони усулгаро ё муҳофизакор ва аъзои навгаро ё таҷаддудталаб аст. То кунун равшан нашудааст, ки кадом як аз ин ду ҷараёни таҳтонӣ дасти боло хоҳанд дошт, аммо раёсати Муҳйиддини Кабирӣ аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ чеҳрае таҷаддудхоҳ ва навгароро аз ин ҳизб ба ҷаҳониён ироа медиҳад.

Расонаҳои чи дохилию чи хориҷӣ ҳамеша риштарошии Кабириро ба унвони нишони боризи таҷаддудхоҳии ӯ унвон мекунанд, ки ба назар бисёр содалавҳона ва сатҳӣ мерасад. Чи басо инсони фарангинамои софсурат, ки дар сар хиёли бозгашт ба садҳо сол пешро мепарварад. Яъне зоҳир ҳамеша гӯёи ботин нест. Аммо дар таҷаддудхоҳию навгароии Кабирӣ ҳам наметавон шакке раво донист, чун дидгоҳҳои ӯ аз суҳбатҳояш бо расонаҳо дар ақсо нуқоти ҷаҳон берун метаровад. Кабирӣ хостори низомест, ки дар он инсон сарфи назар аз пойбандиаш ба ин ё он эътиқоде зиндагии шоистаи шаъну шарафи инсонӣ дошта бошад. Гоҳ барои тафаннуну дилхушии ришдӯстон риш ҳам мегузорад ва то ҳавсала мекунад, дубора ба намои маъмулии мураттабаш бармегардад. Яъне иҷоза намедиҳад, ки ришаш ҳувияташро таъйин кунад, балки худашро қодир мебинад, ки барои риш ё беришиаш таърифе вазъ кунад; худро вобаста ба ришу зоҳир намебинад, балки завоҳирашро мутеъи шахсияти дарунии худаш мекунад.

Агар ба корномаи панҷсолаи Кабирӣ нигоҳ биандозем, ин ҳақиқатро мусаллам мебинем, ки бо тамоми талоши ӯ барои беаҳаммият вонамудани ҷилваҳои сурӣ, зоҳиран ришу беришии ӯ бар дидгоҳи пайравони ӯву ҳизбаш таъсиргузор будааст. Ба гунае, ки борҳо аз пайравони роҳи ҲНИТ шунидаам, ки дареғ, раҳбарашон ришписанд нест. Ва тамҷид ҳам шунидаам, ки дуруд бар шарофати ин мард, ки гӯшаш бидеҳкори ҳарфи муфт нест. Чун саранҷом ин риши Кабирӣ нест, ки сиёсатҳои ҳизбашро ба сарманзили мақсуд мерасонад, балки решаи боварҳои сиёсию эътиқодии ӯст.

Муҳйиддини Кабирӣ то кунун боварҳои худро ба гунае дар миён гузоштааст, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ин шеваи бархурди як сиёсатмадор аст. Ва агар ҲНИТ худро аз бозигарони сиёсии умда медонад, ки ҳаст, бояд дар раъси он раҳбаре сиёсатпеша қарор дошта бошад. Вале агар афроде хостори раёсати як фарди рӯҳонӣ бошанд, пас хиёли бақои як ҳизби сиёсиро канор бигзоранд. Аҳзоби сиёсиро чеҳраҳо ва зеҳнҳои сиёсӣ идора мекунанд.

Дар паи мусоҳибаҳои Кабирӣ бо расонаҳои хориҷӣ борҳо аз хабарнигорони хориҷии мусоҳибаш шунидаам, ки “Аҷаб раҳбари боҳуше дорад ҳизби исломии Тоҷикистон!” Яъне Кабирӣ тавонистааст аз ҷомеъаи мусалмони Тоҷикистон тасвири мусбатеро ба хориҷиҳо ироа диҳад, ки барои сарзамини мо матлуб аст. Зимнан, Кабирӣ дар канори порсӣ ба забонҳои инглисию арабӣ ҳам мусоҳиба медиҳад, ки мояи шигифтӣ ва иродати бештари хабарнигорони хориҷӣ мешавад. Гузашта аз ин ки дониши забонҳои хориҷӣ ба раҳбари як ҳизб имкон медиҳад, ки диди фарогиртари ҷаҳонӣ дошта бошад ва дар тангнои кишвари худаш гирифтор намонад.

Дар баробари номзадии дубораи Кабирӣ ба мақоми раҳбарии ҲНИТ мумкин аст номзадии Муҳаммадҷони Нурӣ, фарзанди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, матраҳ шавад, ки акнун раёсати ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ба дӯши ӯст. Интихоби як фард ба мақоми раёсат сирфан ба хотири таъаллуқи хонаводагии ӯ ба бунёнгузори ҳизб кори дурусте нест. Магар ин ки фарзанди бунёнгузор аз худ мояе гузошта бошад, дархури таҷлилу тавсиф; ба монанди Индиро Гондӣ, ки ҳатто агар духтари Неҳру намебуд, шоистаи нахуствазирии Ҳинд буд, ба хотири кардаҳои худаш. На ба монанди Илҳом Алиеви Озарбойҷон, ки танҳо истеъдоди ӯ бахти зода шудан дар хонаводаи Ҳайдар Алиев буд. Дар мавриди раёсатҳои маврусӣ (ирсӣ) бояд хеле муҳтот буд, то барои раҳбарони вақт бадомӯзӣ нашавад.

Аммо барои сарнавишти кишвари ман чи омиле муҳимтар ва чи суде аз Кабирӣ сохта аст? Бо рушди эҳсосоти мазҳабӣ дар минтақа ва бурузи гароишҳои инҳирофии мазҳабӣ метавон ҳизби Кабириро неъмате барои Тоҷикистон арзёбӣ кард. Як давлати хирадманд набояд аз аҳзоби қонунманду муътадил ҳаросе дошта бошад, чун ин аҳзоб пайрави мантиқи замонанд. Ба ҷои маҳдуд кардани фаъъолиятҳои ҳизби муътадиле чун Неҳзати Исломӣ беҳ он аст, ки ба ин ташаккули сиёсӣ маҷол дода шавад, то нерӯҳои мунҳариф ва гумроҳи мазҳабиро ба роҳи эътидол ҷалб кунад. Агар ҲНИТ дасту боли бозтаре медошт, шояд то кунун аз Ҳизбуттаҳриру ҷунбишҳои салафимаоб, ки кӯчактарин манфиъати Тоҷикистон мадди назарашон нест, ному нишоне боқӣ намемонд. Аксари пайравони ҷунбишҳои исломии тундрав дар Тоҷикистон аз даступобастагии ҲНИТ сархурда шудаанд ва нерӯи худро вақфи ташаккулҳои зеризаминии хатарнок кардаанд, ки натиҷаи маҳдудиятҳои эъмолшуда аз сӯи давлат аст. Барои тарвиҷи эътидол ё миёнгини заррин бояд нерӯҳои пайрави эътидол подоше дар ҳадди озодии тамому камоли фаъъолият дарёфт кунанд. Чун сарнавишти ҳеч кадом аз ин аҳзоб, аз ҷумла ҲНИТ, муҳимтар аз ояндаи равшани Тоҷикистон нест. ҲНИТ ҳам то кунун кӯшидааст собит кунад, ки пойбанди Бундод (Қонуни Асосӣ)-и Тоҷикистон аст. Аз ин ба баъд ҳам, сарфи назар аз ин ки чи касе ба курсии раҳбарии он такя хоҳад зад, ҲНИТ бояд ин асли Бундоди Тоҷикистонро бипазирад, ки ҳеч ҳукумате набояд идеулужӣ ё эътиқоде хосро бар оҳоди ҷомеъа таҳмил кунад. Дил ба ёру даст ба кори худ бошем.

2 comments:

FONUS said...

Kitobi Barzu chi nom dorad va dar kujo chop shud?

D said...

"Долгая дорога в Мекку", маҷмӯъаи намоишномаҳо, чопи Душанбе.