Порсинома
Бахши 1
Ёддоштҳо дар бораи забони порсии сад соли ахир дар Фарорӯд

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Дар замоне ки нахустин нашрияи порсии Осиёи Миёна дар Бухоро мунташир шуд, забони мо бас бузургтар буд. Рӯзномаи «Бухорои шариф» (Bukhara-i Sharif) дуруст сад сол пеш дар қалби аморате мунташир мешуд, ки акнун аҷзои он се чумҳурии мустақилро шакл медиҳад. Ва «Бухорои шариф»-ро аз Самарқанду Бухоро гирифта то Кобулу Теҳрону Лоҳуру Калкаттаву Деҳлӣ ҳама мехонданду мефаҳмиданд ва бад-ин гуна пайванди порсиён бо яке аз марказҳои тамаддуну фарҳанги порсӣ, ки ҳамоно Бухоро буд, барқарор монда буд. Калиди аслӣ, ки роҳгушои ин пайванд буд, ҳамоно хатти порсӣ буд, ки имрӯза мо онро “алифбои ниёкон” меномем ва дар воқеъ, танҳо алифбои худии мост ва дар сурати бозгашти мо ба он хатти худӣ забони худии мо ба ҷойгоҳи сазовори худ боз хоҳад гашт.
Яъне ҳамин сад сол пеш забони ману шумо дар ҳамин минтақаи будубоши мо доманае фарохтар дошт ва акнун маҳдудтар шуда ва ҳатто ба оташ кашида шудани китобҳояш дар хостгоҳи он – Бухорову Самарқанд аз ҳеч гулӯе садоеро барнамекашад. Мо, чун гунҷишкони беболупари он Бухорои шариф, ки дар кӯҳистони Тоҷикистон паноҳ бурдаем, гоҳу гудор наҷвое ба осмон сар медиҳем, аммо то кунун барои ҳифзи забони модарӣ дар паҳнаи суннатии он кори сутурге накардаем. Наҷво карданро мурғон ҳам баладанд ва мо то кунун кори мурғон кардаем. Шояд акнун муносиб бошад, ки ба гулӯҳо фурҷа диҳем ва аз андеша бихоҳем, ки пасту баланди ин роҳро бисанҷад ва бигӯяд, ки чун шуд, ки чунин шуд.
Барои он даста аз забоншиносоне, ки ба дурустии эътиқодашон ба чудоии “тоҷикӣ” аз “порсӣ” ҳамчунон пойбанданд, як вазифаи кӯтоҳ дорем: лутфан бигӯед, ки ин пора шеър мутаъаллиқ ба кадом сарзамини порсигӯст?
Потии порисӣ, он сарвқади зуҳраҷабин,
Дар табассум сӯи доман зи даҳан гул мерехт.
Зулфи пурчину хам андар хами ӯ дар буни гӯш,
Обрӯи тара аз ҷабҳаи сунбул мерехт.
Диданаш он ҳама кайфияти ҳайрат медод,
К-ӯ зи саҳбои нигаҳ дар кафи он мул мерехт.
Лаҳну овози вай он сон ки ба гӯши ушшоқ,
Гаҳ хаши саъва, гаҳе чаҳ-чаҳи булбул мерехт.
Аз Фетербург ъазимат чу ба Амрико кард,
Нолаҳо аз сару аз по ҳама гулгул мерехт.
Ин ғазал дар тавсифи Оделино Потӣ (Adelina Patti), овозхони уперои фаронсавии садаи 19 аст, ба қалами Аҳмади Дониши бухороӣ, ки соли 1897 даргузашт. Ин ғазал метавонист ба ҳамин шакл аз қалами шоъире дар Теҳрону Кобулу Лоҳуру Калкатта ҳам битаровад. Ҳеч шохисе дар ин ғазал нест, ки онро ба як шаҳри бахусуси порсигӯ маҳдуд кунад. Ғазалест порсӣ, ки метавонад дар ҳар як аз шаҳрҳои паҳнаи порсигӯ суруда шуда бошад.
Аммо дар сарзамини наводагони Аҳмади Дониш, ки акнун мову шумо бошандагонаш ҳастем, агар бихоҳанд аз овозхоне Потӣ (Adelina Patti) ном тавсиф бикунанд, ҳатман русмаобона ӯро «Патти» хоҳанд номид ва шаҳрашро на «Порис», балки «Париж» ъунвон хоҳанд кард. Оё ин тафовут танҳо дар сарзамини наводагони Аҳмади Дониш падид омада? Бале. Чаро? Чун порсӣ дар сарзамини Аҳмади Дониш дастхуши сарнавишт шуд ва аз колбуди худӣ ба колбуде бегона ворез шуд. Ин иттифоқе буд, ки батадриҷ уфтод, аммо муассир буд. Ба гунае, ки акнун агар “Порис”-ро ба шеваи Аҳмади Дониш ба забон оваред, бо ҳаҷмае густарда дучор хоҳед омад, аз сӯи наводагони Аҳмади Дониш, ки муътақиданд, падарбузург иштибоҳ мекарда ва тарзи дурусти имлову талаффузи номи пойтахти Фаронса ҳамонест, ки русҳо гӯянд: Париж.
Аммо ин бовар ҳамин чанд даҳа бештар ъумр надорад. Яъне то чанд даҳа пеш ҳамагон дар ҷомеъаи порсигӯи инҷову онҷо “Париж”-и русиро “Порис” мегуфтанду менавиштанд. Ва далеле муҳкамтар ин ки то кунун тамоми порсигӯёни порсихони мо “Париж”-и русиро “Порис” гӯянду нависанд. Пас мушкил бояд дар бовари “париж”-гӯён бошад, на “порис”-гӯён.
Баҳси мо дар ин ҷустор ба “Порис”-у “Потӣ” маҳдуд намешавад, албатта. Басе густардатар аз инҳост. Аммо “Порис”-у “Потӣ” ҳусни ифтитоҳи муносибест, чун басодагӣ баёнгари бозича шудани забони мо ба дасти бегонагон аст ва танҳо муштест намунаи харвор.
Дар сароғози ин риштанавишторҳо, ки аз Аҳмади Дониш оғоз гирифт, аз гирдоварандагони маҷмӯъаи “Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо”, бавижа Ъабдулхолиқи Набавӣ, ниҳояти сипосгузориро дорам, чун дар идома аз матолиби он ки дар Бойгонии Давлатии Тоҷикистон маҳфуз аст, ниҳояти истифода сурат хоҳад гирифт.
Дар ин гӯшаи нави ҳафтаномаи “Нигоҳ” ба фарозу нишебҳои порсии Фарорӯд дар сад соли ахир хоҳем пардохт; ба мушкилоти забоне, ки сад сол пеш дар минтақа ҳарфи аввалу охирро мезад ва акнун дар охири охири сафф аст; ва бар сари ин масъала, ки оё мешавад порсиро дар минтақа ба ҷойгоҳи сазовораш баргардонд (оре, мешавад) ва чигуна, таваққуфе сарнавиштсоз хоҳем дошт.

No comments:
Post a Comment