Посух ба як пурсиши хабарнигори ҳафтаномаи "Самак"
- Азбаски Шумо яке аз фаъолони гурухи Забони порси дар Фейсбук хастед,
хостем бо як суол ба Шумо мурочиат намоем(назарпурси): Чанде пеш
парлумони Точикистон донистани забони точикиро ба вакилон хатми кунонид.
Чун огахем аксар мансабдорони точик забони точикиро хуб намедонанд. Як
суол пеш меояд: "Вакти он нарасидааст, ки Президент ва аъзои хукумат аз
забони точики имтихон супоранд?" Агар малол набошад, посух медодед.
Ташаккур.
Дар мавриди ин мавзўъ ҳудуди ду сол пеш изҳори назар карда будам ва назарам чандон тағйир накардааст. Шакке нест, ки вазъияти забони мо дар кишвар низор аст. Ва ин вазъият
танҳо ба намояндагони мардум ва мақомҳои давлат маҳдуд намешавад, балки
бар саросари чомеъа сироят кардааст. Шерозаҳои забони порсй дар
Точикистон аз ҳам гусехта ва ин раванди табиъии дурии забон аз рўҳи худ
аст. Рўҳи забони мо чизе чуз хатти порсй нест, ки аз оғози пайдоиши
порсии навин то кунун бо он ҳамроҳ буда. Пас ба чои таъмиру тармими
девор пеш аз ҳама бояд ба пойбаст (фундамент) пардохт, ки ҳамоно бозгашт
ба хатти порсй аст. Бидуни хатти порсй на танҳо намояндагони мардум ва
мақомҳои точик, балки ҳеч фарде қодир нест забони модарии моро сад
дарсад ва бахубй фаро бигирад. Пешниҳоди ман ин аст, ки ба чои таъйини
имтиҳони забон барои мақомҳо ба хатти порсй баргардем. Он гоҳ ҳам
мақомҳо ва ҳам миллат ба омўзиш ва такаллуми дуруст ба забони порсй даст
хоҳанд ёфт.
No comments:
Post a Comment