Яке аз
ғалатҳои мусталаҳ (роич) дар забоншиносии эронй “паҳлавй” хондани забони порсии
миёна ё сосонй аст. Забони паҳлавии ростин ҳамон забони портист, ки бар порсии
миёна таъсири мустақим дошта, ва на танҳо бар он. Ҳузури паҳлавй (портй/ашконй) дар
порсии имрўз ва забонҳои матраҳи чаҳон ҳамчунон маҳсус аст. Яке аз вожагони
пурчилваи портй “газн” аст, ки ба шакли “ганч” ба порсии сосонй (порсии миёна)
роҳ ёфт. Имрўза дар номномаҳои инглисй решаи номи писаронаи “Чоспер” (Jasper)-ро
порсй медонанд, аммо камтар касе медонад, ки ин ҳамон “ганчур” аст, бо таҳрифи
талаффуз, аммо бо ҳамон маъно:
Он ганчи
ашкониро дар масдари “гунчондан” ва исми “гунчоиш” ҳам мебинем, бо ин ки “забар”-аш “пеш” шудааст.
Пеш аз ислом буд, ки “ганч” аз порсии миёна ба ъарабй роҳ
ёфт. Ба чандин гуна. Шакли аввалияи он дар забони ъарабй “канз” буд, ба ҳамон
маънии дақиқи вожа: ганч. Шакли дувуми он дар забони ъарабй масдари “хазана” ба
маънии “анбоштан, пасандоз кардан” аст, ки вожаҳои бисёре ба монанди махзану
махозин, хизонаву хазина аз он рўидаанд. Ин вожаи порсии тозишуда ба
Фарангистон роҳ гушуд ва дар забони итолиёйи mazazzino (анбор), дар фаронсавй ва русй magasin
(анбор, фурўшгоҳ) ва дар инглисй magazine (мачалла) шуд. Туркҳо онро ба шакли “мағоза”
(фурўшгоҳ) пазируфтанд ва ба эрониён бозпас содир карданд.
Шакли севуми “ганч”-и ашконй дар забони ъарабй “чаназа” аст, ба маънои
пўшондан, нуҳуфтан. Ва “чаноза” ҳам ки пайкари бечони нуҳуфта аст, аз ҳамон
меояд.
Юнониҳо “ганч”-и порсиро ба шакли gaza пазируфтанд, ба
ҳамон маънии аслии вожа. Забони лотин онро аз юнонй ба шакли gazette вом
гирифт, ки воҳиди пули фарангиҳо шуд ва сипас ба маънои “рўзнома” (газета)
даромад, чун қимати он баргаҳо, ки “гозет” ном дошт, як гозет беш набуд...
No comments:
Post a Comment