Чанги “пуҳантун”-у “донишгоҳ”
Вожаи “пуҳантун”-ро бори нахуст дар давраи шўравй шунида
будам ва тасаввурам ин буд, ки “Пуҳантун” исми хос аст; номи донишгоҳ аст. Мепиндоштам,
ки мисли “Донишгоҳи Ленин” дар Душанбе мардуми Кобул “Донишгоҳи Пуҳантун”
доранд. Лобуд номи касест.
Дертар, басе дертар, дарёфтам, ки “пуҳантун” як вожаи
паштуст ба маънии “донишгоҳ”; дар воқеъ, тарчумаи дақиқи вожаи “донишгоҳ” ба
забони паштуст ва дуруст ба монанди “донишгоҳ” ду бахш дорад: “пуҳан” – дониш ва
“тун” – гоҳ. Ҳар ду вожа бо порсй пайванди танготанг дорад: “пуҳан” бо “панд”-и порсй ва “тун”
бо пасванди “дон”-и порсй. “Пуҳан” дар забони афғонй (пашту) ба маънои “дониш аст ва “панд”
дар забони порсй ба маънои андарз. Пасванди “-тун” дуруст ба монанди “-дон”-и порсй
пасванди маконист. Дар бисёре аз гўишҳои порсй ҳам “-дон”-ро “-дун” гўянд, ки
бисёр шабеҳтар ба “-тун” аст.
Тафовути “-дон”-и порсй бо “-тун”-и пашту ин аст, ки
аввалй дар мавриди маконҳои кўчак (гулдун, қаламдун) ба кор меравад ва дувумй
барои маконҳои бузургтар, монанди пасванди “-гоҳ” дар забони порсй (пуҳантун –
донишгоҳ; роғтун – бемористон). Ва акнун боварам намешавад, ки ҳамин вожа шуда
мояи чанги сардие ъазим байни қавмҳои бародару ҳамтабор дар Афғонистон (точикҳо
ва паштунҳо ҳамтабору ҳамрешаанд, ҳамон гуна ки забонҳояшон долл бар ин ҳақиқат
аст).
Худо биёмурзод Басири Бобай, рўзноманигори балхиро, ки
ҳамин чанд ҳафта пеш сактаи қалбй карду даргузашт. Ҳамў буд, ки чанд сол пеш ба
хотири корбурди вожаи “донишгоҳ” дар телевизюни Балх тавбех шуд ва ин оташи
зери хокистарро рў кард. Ва то кунун бисёре аз арчмандони паштун ҳам
дарёфтаанд, ки корбурди вожаи порсй ҳаққи мусаллами як порсигўст ва ҳеч
нопорсигўе кўчактарин ҳаққи таъйини вожагон барои порсигўёнро надорад. Ин
ҳақиқат дар мавриди ҳар забони дигаре ҳам сидқ мекунад. Чунончи порсигўёни
Афғонистон ҳаргиз хостори таҳмили вожаи “донишгоҳ” бар ҳамагон нашудаанд. Ин ба
он монад, ки ба омрикоиҳои муқими Афғонистон бигўед, ки дигар University
нагўянд ва ба чои он “пуҳантун” бигўянд. Хандадор ва дар ъайни ҳол асафнок аст.
Таъйини “мусталаҳоти миллй” (ки худаш истилоҳи масхараест
ва санаде аз он “мусталаҳот” вучуди хоричй надорад) барои тамоми ақвоми як
кишвар иқдоме комилан фошистй ва ба дур аз тасаввури инсони имрўзист. Ҳар
забоне роҳи пешрафт ва печухамҳои худро паймуда ва бо ўст, ки барои ниҳоде чун
донишгоҳ чи номе биниҳад. Ин ки рўзи сешанбе (04.09.2012) Масъуди Тараштвол,
раиси муассисоти таҳсилоти ъолии Афғонистонро аъзои Кумисиюни умури фарҳангию
динии Мачлиси Намояндагон ба далели корбурди вожаи “донишгоҳ” задаанд, як
рухдоди шармовари дигар дар ҳамин боб аст.
Бисёр дўст дорам, ки забони пашту ҳам ба авчи такомул
бирасад, бирўяд, рушд кунад, андеша офаринад. Ба суди башарият аст. Эй кош
кўбандагони мехи “пуҳантун” бар мух (мағз)-и миллат ин ҳама нерўро харчи роҳи
такмилу пешрафти забони пашту мекарданд. Ба суди ҳамагон мешуд. Аммо ин ки бо
монеътарошиҳои фошистона нагзоранд, ки забоне дигар (ки забони аслии кишвар
аст) роҳи такомулро бипаймояд, ба он монад, ки дар мусобиқаи дав ман мучи
давандаи бартарро бигирам ва нагзорам, ки чилавтар аз ман биравад... ки ъайни
номардист. Хичолат ҳам хуб чизест. Дигар вақташ аст, ки домани донишгоҳу
донишчўву додситонию додсарою додгоҳро раҳо кунед ва дар канори эчоди вожаҳое
чун пуҳантуну соронволию ҳоказо андешаҳои созанда ҳам халқ кунед.
No comments:
Post a Comment